ЗИНДАГИИ ПАС АЗ МАРГИ АЛМОСИ ШАРҚ Ё нигоҳи тоза ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир

Фарҳанг ва адаб 06.11.2009 15:36

Сабти ин суруд бо садои гирои Абдураҳими Сорбон, яке аз маъруфтарин овозхонҳое, ки Аҳмад Зоҳир ҳунари ӯро барои хеш намуна медонист ва чанд сурудашро низ хонда буд, дастраси оммаи васеи алоқамандони сурудҳои афғонӣ мебошад. Хулоса, агарчи навори суруди дуввуми Абдуллоҳ Қодирӣ дар иҷрои Аҳмад Зоҳир ҳанӯз пайдо нашуда бошад ҳам, вале боварӣ дорем, ки он вуҷуд дорад. Зеро ба гуфтаи шоир ӯ онро шахсан худаш бо садои Аҳмад Зоҳир шунидааст.

Шоире, ки то он ҳад садои Аҳмад Зоҳирро дӯст медоштааст, ки ҳатто дар васфи найнавози ӯ, (Абдуллоҳ Қодирӣ бо Масҳур Ҷамол мутриб ва овозхони машҳури Афғонистон ифтихори дӯстӣ дошт), шеъри алоҳида гуфтааст, наметавонист дар ин масъала иштибоҳ кунад.

Исфандиёр агарчи бо далели набудани навори ин суруд ва ё сурудҳои дигар аз овардани матни онҳо ва зикри номи шоир ва ё шоирон дар китобаш худдорӣ карда бошад ҳам, вале бояд ақаллан суруди «Аввалин ишқам ту будӣ»-ро ба китоб ворид мекард. Бад ин васила мегуфт, ки таронаи боз як шоири дигари тоҷик мавриди писанди ин хунёгари беҳамто қарор гирифтааст. Зеро ҳам навори он мавҷуд ҳасту ҳам матни он дар китобҳои шодравон Абдуллоҳ Қодирӣ ба табъ расидааст. Воқеан, Аҳмад Зоҳир ин таронаро дар қатори дигар таронаҳои дӯстдоштаи худ ду маротиба дар студиёҳо сабт кардааст. Бори аввал дар студияи «Афғон Музик» онро таҳти роҳбарии мутриб ва оҳансози маъруф устод Нангиёлай сабт кардааст. Устод Нангиёлай ҳини иҷрои ин суруд трумпет (труба)-ро бисёр бо як ҷаҳон сӯзу гудоз менавозад. Бори дуввум он дар студияи «Музик сантар» сабт шудааст. Дар ин навор пианино нисбат ба дигар созҳои мусиқӣ фаъолтар аст.

ЯК МУШТ ШЕЪР, БАЛЕ! ЯК МУШТ ОҲАНГ КУҶОСТ?

Номи китоб «Як мушти шеъру як мушти оҳанг…» аз дохили матни як таронаи машҳури Аҳмад Зоҳир «Ман найнавозам» гирифта шудааст. Дар ҳақиқат, дар ин китоб на танҳо як мушти шеър, балки намунаи ашъори чанд пушт шоиронро низ мебинему мехонем. Вале мутаассифона, аз оҳанг на танҳо муште, балки нишоне ба қадри нӯги ангуштеро низ дар ин маҷмӯа намеёбем. Дақиқан, Исфандиёр дар ин самт кореро кардааст ин аст, ки дар поварақҳои аксари ашъори ба китоб воридкардааш, нишон додааст, ки кадом байтҳои онро Аҳмад Зоҳир хондааст. Инчунин дар якчанд маврид нақароти таронаҳои Аҳмад Зоҳирро низ дар дохили ин ашъор нишон додааст. Ва танҳо дар охири китоб чанд оҳанги таронаҳои Аҳмад Зоҳирро моли мардум гуфтааст, ки албатта дуруст ишора шудааст. Ва аммо дар муайян кардани нақароти ин ва ё он тарона мураттиби ин маҷмӯа чандон муваффақ набудааст. Масалан, таронаи «Ай тири ғамат дили ушшоқ нишона» (дар китоб «Дар талаби Худо», саҳ. 95)-ро, ки матнаш аз як ғазали Мавлоно Хаёлии Бухороӣ гирифта шудааст, мисол мегирем. Дар поварақ дар шарҳи мисраи дуввуми байти саввуми ин тарона, яъне мисраъи «Яъне, ки туро металабам хона ба хона» гуфтааст, ки «ин мисраъро ба сифати нақарот паси ҳар байт сурудааст». Вале дар асл чунин нест. Аввалан бояд гуфт, ки нақароти ин тарона на як мисраъ, балки панҷ мисраъ ҳаст. Ва ин панҷ мисраъи нақаротро ду байти аввали ғазал ва мисраъи дуввуми байти саввуми ғазал ташкил медиҳанд. Ва муҳимтар он аст, ки мисраъи панҷуми нақарот дар китоб ҳатто ба матни таронаи мазкур ворид нашудааст, Панҷ мисраъи нақарот инҳо ҳастанд:

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,

Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.

Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,

Яъне, ки туро металабам хона ба хона.

Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Такрор мекунам, ана ҳамин панҷ мисраъи болоиро Аҳмад Зоҳир дар оғози тарона ва баъди ҳар байти зерин ба сифати нақарот хондааст:

Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона Туӣ Ту,

Мақсуд Туӣ, Каъбаву бутхона баҳона.

***

Яъне ҳама ҷо акси рухи Ёр тавон дид,

Девона наям ман, ки равам хона ба хона.

Воқеан, Исфандиёр ин ғазалро дар ҳаҷми панҷ байт бо истинод ба китоби «Гулшани адаб» (нашриёти «Ирфон», с. 1977, саҳ.77) дар ҳамин маҷмӯа дар саҳифаи зиндагиномаи Хаёлии Бухороӣ низ овардааст. Дар ҳамон ҷо мисраи «Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона» мисраи дуввуми байти чоруми ғазалро ташкил медиҳад:

Зоҳид ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,

Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Дар маҷмӯаи таронаҳои Аҳмад Зоҳир «Садои қарн», ки дар Кобул ба нашр расидааст ва дар бораи он поёнтар муфассалтар хоҳем истод, ин мисраъ мисраъи дуввуми байти саввуми тарона аст:

Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,

Ӯ хона ҳамеҷуяду ман соҳиби хона.

ОҲАНГСОЗРО ЧУ ШОИР

ЁД БОЯД КАРД!

Бояд гуфт, ки Аҳмад Зоҳир чанд таронаашро дугона (дуэт) хондааст.Сеадад чунин тарона вориди ин китоб шудаанд. Муаллиф дар ду маврид, яъне ҳангоми овардани матни таронаҳои «Забонамро намефаҳмӣ, нигоҳамро намебинӣ» (Саҳ. 99). «Вафо накардиву кардам, хато надидиву дидам» (саҳ. 163) ёдовар шудааст, ки ин сурудҳоро Аҳмад Зоҳир дар ҳамовозӣ бо хонуме сурудааст. Вале дар мавриди сеюм ( суруди «Гуфтӣ, ки мебӯсам туро, гуфтам таманно мекунам», саҳ.132) ин чиз фаромӯш шудааст. Баръакс, дар поварақ таъкид шудааст, ки Аҳмад Зоҳир фалон байтҳои ин сурудро хондааст.

Ба ҳамин монанд дар ягон ҷои китоб зикр нашудааст, ки оҳангҳои таронаҳои Аҳмад Зоҳирро киҳо аз оҳангсозон сохтаанд. Ҳатто номи як оҳангсози таронаҳои Аҳмад Зоҳирро мо дар ин китоб намебинем. Ҳол он ки номи китоб тақозо дорад, муаллиф дар бораи оҳангсозон ва ҳатто мутрибони хунёгар бояд маълумоте медод. Чуноне, ки ин корро дар мавриди шоирон кардааст. Он гоҳ ба чашми хонанда дар баробари «як мушти шеър як мушти оҳанг низ» намудор мешуд.

Хулоса, китоби «Як мушти шеъру як мушт оҳанг…» бовуҷуди доштани навоқисе, ки аз бархе аз онҳо ёдовар шудем, барои дӯстдорони шеъру тарона, бахусус алоқамандони садои гирои Аҳмад Зоҳир, тӯҳфаи сазоворе ба ҳисоб меравад.

Рӯзи 7-уми июни соли ҷорӣ ба муносибати 63-юмин солгарди таваллуд ва 30 солагии ба шаҳодат расидани ин овозхони маҳбуб дар ҳавлии сарояндаи номии кишвар шодравон Алиҷон Солеҳов бо ибтикори як иддаъ аз ҳаводорони садои Аҳмад Зоҳир дар ҳамкорӣ бо телевизиони Симои Мустақили Тоҷикистон маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир бо ширкати овозхонҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, олимон, шоирон ва алоқамандони ҳунари мусиқӣ, баргузор гардид. Зимнан аз фурсати мусоид истифода бурда боз як бори дигар аз аҳли ин хонавода, ба хусус хонуми Алиҷон Солеҳов, фарзандони ӯ ва дигар созмондиҳандагон ва ширкаткунандагони ин маҳфил ибрози миннатдорӣ менамоем. Бандаи камтарин, ки яке аз масъулони баргузории ин маҳфил будам, муаллифи ин китоби дар умум хубу хонданӣ, яъне бародари гиромӣ Исфандиёрро, низ шахсан ба ҷои кораш рафта ба ин маъракаи зебо даъват намудем. Мутаассифона, бо сабаби сафари эҷодӣ доштан ба Афғонистон вай дар ин маҳфил ширкат карда натавонист. Дар сӯҳбати кӯтоҳе, ки он рӯз бори аввал бо бародар Исфандиёр дар коргоҳаш доштем, ӯ аз мо хоҳиш кард, ки фикрамонро дар бораи китоби ахираш бигӯем. Ба ӯ ваъда дода будем, ки дар ин бора тақризе хоҳем навишт. Ва инак, чи тавре ки мегӯянд, мо ба ваъдаи худ вафо кардем. Худо кунад, ки навиштаи холисонаи мо боиси малоли хотири эшон нашуда бошад.

Камбудӣ ва хато кардан хоси инсонҳост. Танҳо Худованд аст, ки хато намекунад.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта баъди аз чоп баромадани шумораи навбатии «Миллат» яке аз ҳаводорони садои Аҳмад Зоҳир бо номи Бозоралӣ, ки дур аз соҳаи фарҳангу ҳунар фаъолият мекунад, вале ба назар ҷавони ниҳоят фарҳангдӯст менамояд, бароям занг зада баъди ибрози миннатдорӣ кардан аз чопи силсиламақолаи «Зиндагии пас аз марги Алмоси Шарқ ё нигоҳи тоза ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир» бо як хушодобӣ иброз дошт, ки ба фикри ӯ Аҳмад Зоҳир як байтеро, ки мо дар мақолаамон аз як суруди Аҳмад Зоҳир мисол овардаем, каме дигархелтар мехонад. Байте, ки мо дар мақола мисол овардаем ин аст:

Шудам зарду афсурда аз офати дил,

Чу пажмурда шохе, гиёҳе, Илоҳӣ.

Ба гуфтаи Бозоралӣ Аҳмад Зоҳир ба ҷои калимаи дил калимаи ишқ; гуфтааст. Рости гап, баъди ибрози ташаккур кардан фавран ду навори суруди «Агар ишқ бошад гуноҳе, Илоҳӣ»-ро мукарраран аз нав шунидам. Ва билохира баъди борҳо шунидани навори сабти маҳфилии ҳамин суруд, ки сифаташ на он қадар хуб буд, ба хулоса омадам, ки гапи Бозоралӣ дуруст аст, Аҳмад Зоҳир «Шудам зарду афсурда аз офати Ишқ мегӯяд». Ҳамин тариқ бо овардани ин тасҳеҳи ғайриоддӣ ман гуфтаниям, ки хурдагириҳои мо беҳуда набудааст. Хонандагоне будаанд, ки матлабҳои моро бо диққат мехондаанд ва истифода ҳам мекардаанд. Аз ин рӯ моро лозим аст дақиқкору амиқназар бошем.

«КИТОБИ ИШҚ»

Акнун мегузарем ба таҳлили он ду китобе, ки дар хориҷ аз кишвар ба табъ расидаанд. Таҳлили ин китобҳо чун китоби қаблӣ чандон муфассал нахоҳад буд. Сабаби асосӣ он аст, ки оммаи васеи хонандагони тоҷик ба ин китобҳо дастрасӣ надоранд ва шояд аз ин рӯ, ба фикри мо, хондани маводи муфассал дар бораи китобҳое, ки онҳоро имконияти дар вақти дилхоҳ ба даст гирифтан надоранд, барояшон чандон муҳим набошад. Ба ҳар ҳол мо талош меварзем андешаҳои худро оиди нуктаҳои ҷолиби ин китобҳо низ барои хонандагони гиромӣ, арза дорем.

Соли 2006 дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Ирон таҳти унвони «Китоби ишқ» маҷмӯаи таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз сӯйи муҳаққиқ ва аҳмадзоҳиршинос Муҳаммад Зоҳири Сипос таҳия ва ба чоп расидааст.

НУКТАҲОЕ, КИ ДИГАРОН

НАГУФТААНД

Қабл аз ҳама муаллиф дар сарсухани китобаш нуктаҳоеро аз зиндагиномаи Аҳмад Зоҳир меорад, ки муалифони дигар дар навиштаҳои худ аз онҳо ёдовар нашудаанд ва ё дар бораашон камтар гуфтаанд. Чунончи Муҳаммад Зоҳири Сипос менависад, ки Аҳмад Зоҳир «дар синни ҳафтсолагӣ мутаваҷҷеҳи хат ва одоби муоширати иҷтимоӣ буд. Баъд вайро шомили мактаб намуданд ва чанде нагузашта бо падар ва хонавода озими Ҳиндустон ва дар он ҷо машғули таҳсил гардид ва баъд аз муддате дар назди устодони Ҳинд ба омӯхтани мусиқӣ, аккордион ва ҳармония пардохт».

Ба гуфтаи оқои Сипос Аҳмад Зоҳир баъд аз он ки хонаводаашон ба Афғонистон бармегардад, омӯзиши мусиқиро дар назди яке аз донандагони хуби ин ҳунари нафиса Фурӯғи Афандӣ, ки яке аз мусиқидонони турктабори Кобул буд, идома медиҳад. Ҳамин тариқ ба ақидаи оқои Сипос Аҳмад Зоҳир аз дигар нухбагони мусиқии афғон, аз қабили оҳангсозони маъруф Салими Сармаст, Фақирмуҳаммади Нангиёлай, Фазлаҳмади Найнавоз, Исмоили Аъзамӣ, Таронасоз ва ғайра низ сабақҳо гирифтааст.

(идома дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97