Чаро бояд масҷид рафт?!

Фарҳанг ва адаб 05.11.2009 20:37
Чун бо баракати таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам(р) ва зоҳир гаштани таваҷҷӯҳӣ олии расмӣ ба мавзӯи масҷид ин масъала бори дигар дар зеҳни ҷомеа тоза гаштааст, зарур медонем, ки чанд нуктаи муҳими амалиро дар мавриди нақши масҷид дар ҷомеа ва ҷойгоҳу зарфиятҳои масҷидҳо дар раванди фарҳангсозию ҷомеадорӣ баён созем. Зеро бе шинохти нақши воқеии масҷид ва бо ғофил мондан аз зарфиятҳои бузурги инсонсозу ҷомеасози масҷид мо фурсатҳои бисёр бузургеро дар масири ислоҳу такмили ҷомеа ва таҳкими ваҳдату давлатдории миллии худ аз даст хоҳем дод. Нақшу ҷойгоҳи масҷид дар ҷомеаи мусулмонон бояд чӣ гуна бошад? Оё имрӯз масҷидҳои мо нақши худро нисбати ҷомеа анҷом медиҳанд? Омӯзиши ин масъала нишон медиҳад, ки нақшу ҷойгоҳи воқеии масҷид дар ҷомеаи мусулмонон бисёр васеътару ҷиддитар аз он чизест, ки имрӯз мо тасаввур мекунем. Пас, масҷид чӣ нақшу ҷойгоҳ дорад?
  1. Нақши ибодатию маънавӣ: Муҳимтарин нақши масҷид нақши ибодию маънавии он аст. Намоз, ки сутуни ислом ва асоситарин ибодати мусулмонон ба ҳисоб меравад, тибқи таълимоти исломӣ, бояд пеш аз ҳама дар масҷид ва ба таври ҷамоат анҷом шавад. Аз ин рӯ, зиндагии як фарди мусулмон ва як ҷомеаи мусулмониро бе масҷид ва бе макони ибодати дастаҷамъӣ тасаввур кардан бисёр мушкил аст. Маҳз масҷид ҳамон макони хосаест, ки бандаи мӯъмин дар фазои маънавии он бо Парвардигори худ ба мулоқот медарояд ва рози дил мекунад ва талаби бахшиши гуноҳон ва баровардани ниёзҳо менамояд.
    Илова бар макони гузоштани намозҳои фарзии панҷвақта, масҷид макони амн ва паноҳгоҳи поки маънавиест, ки инсон дар соатҳои гирифтории рӯҳӣ ва дар лаҳзаҳои дилозурдагии худ метавонад он ҷо хилват ёбад ва бо зикру ёди Худованд рӯҳи худро поку ғами худро рафъ намояд. Мутаассифона, имрӯз бисёр кам дида мешавад, ки мо дар соатҳои ғайр аз намоз ба масҷид дароем ва чанд лаҳза ба розу ниёз машғул гардем ва зангор аз рӯҳи худ бизудоем. Ва бояд донист, ки гузаронидани чанд лаҳзаи маънавӣ ва поксозию сайқали рӯҳ дар масҷид на танҳо ба фаъолияти кори мо халал намерасонад, балки боиси баракат ва рушди корҳои дунёии мо низ мегардад. Ин ҳақиқатест борҳо озмудашуда ва сазост, ки ҳар фарди мӯъмин онро дар рӯзгори худ эҳё бикунад.    
  2. Нақши тарбиявию ахлоқӣ: Масҷид чун муҳимтарин ниҳоди исломӣ, нақши бузурги тарбиявию ахлоқиро дорост, ки аз ин назар ҳеҷ ниҳоди дигаре бо он қобили муқоиса нест. Аз як тараф, худи рафтан ба масҷид инсонро водор мекунад, ки ӯ барои ворид шудан ба фазои поки масҷид, чӣ аз назари ҷисмонӣ ва чӣ аз назари маънавӣ, ботаҳорату покиза бошад. Аз сӯи дигар, дар масҷид ӯ ҳамвора аз сарчашмаҳои исломӣ дарси некӯкорӣ ва ахлоқи ҳамида мешунавад, ки дар рафтори шахсию ҷамъиятии ӯ таъсири бузург дорад. Ҳамин тавр, нақши масҷид дар ислоҳи ахлоқи ҷомеа ва пешгирии тамоми намудҳои фасоду ҷинояту бадахлоқӣ ниҳоят бузург буда, хусусан, имрӯз метавонад дар ҳалли ин масъалаҳо дар ҷомеаи мо кумаки асосӣ бирасонад.
    Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки гарчӣ имрӯз миқдори масҷидҳо кам нест, вале сифати кору коргузорӣ ва таъсири ахлоқии онҳо ҳанӯз камтар мебошад, зеро ҷомеае, ки ин миқдор масҷид дорад, бояд то ин ҳад фасоду каҷравии ахлоқӣ намедошт. Пас, эҳёи нақши ахлоқии масҷидҳо на танҳо савоби бузурги динӣ, балки аҳамияти бузурги тарбиявию ахлоқӣ ва таъсири мусбати сиёсиву амниятӣ низ хоҳад дошт. Аз ин рӯ, баъзе андешаҳо дар бораи аз масҷид дур сохтани ҷавонону навҷавонон дар амал кӯшишҳои аз имкони гирифтани дарси ахлоқи ҳамида дур доштани онҳост, ки бешубҳа, он боиси таассуф аст. Таҷрибаи баъзе кишварҳои рушдёфтаи аврупоӣ ва таҷрибаи кишвари Русия нишон медиҳад, ки бо дур доштани ҷавонон аз ибодату маънавият онҳо акнун бо бӯҳрони амиқи ахлоқӣ дар ҷомеа рӯбарӯ шуда, бадахлоқии ҳамагонӣ суботу амнияту ояндаи ин ҷомеаҳоро зери хатар гузоштааст. Аз ин рӯ, акнун давлатҳои ин кишварҳо ночор бо пешгирии барномаҳои вижаи эҳёи ахлоқу маънавият ҷавонони худро ташвиқ мекунанд, ки ҳарчи бештар дину маънавият омӯзанд ва ба масҷиду ибодатгоҳҳо бираванд. Намунаи чунин амал чанд муроҷиати пуризтироби президенти Русия Д.Медведев ба мардуми худ дар соли ҷорӣ буд. Ӯ коҳиши эътиқоду маънавият, густариши фасоди ахлоқӣ, истеъмоли шаробу сигор миёни ҷавонон ва паҳншавии бемориҳои ҷинсиро хатари воқеие ба ҳастии миллат ва кишвари Русия хонда, масъалаи бунёди масҷиду ибодатгоҳҳои бештар ва ташвиқи ҷавонон ба наҷоти маънавиро дар сатҳи олӣ ба миён гузошт. Агар мо низ масҷидравии худҷӯши ҷавононамонро ҳифз ва ташвиқ накунем, шояд рӯзе мо низ аз онҳо илтимос хоҳем кард, ки ба масҷидҳо бираванд. Зеро дар оянда ин ҳақиқати бебаҳс боз ҳам рӯшантар хоҳад шуд, ки фақат як ҷомеаи мӯъмин ва боахлоқу маънавият як ҷомеаи амну босубот аст. Дар ҷомеае, ки ахлоқу маънавият коста гардад, ҳатто инсонҳо барои ҳамдигар ба таҳдиду хатари билқуввае табдил мешаванд.         
  3. Нақши илмию омӯзишӣ: Масҷид аз оғози ислом дар канори нақши ибодатию ахлоқӣ ҳамеша нақши бузурги илмию рӯшангарӣ низ доштааст. Илова бар он, ки худи мавъизаву хутбаи исломӣ як дарси илмию ахлоқист, дар вақтҳои ғайринамоз низ дар масҷидҳо ҳамеша ҳалқаҳои илмию дарсӣ фаъолият менамудаанд, ки дар он тамоми намудаҳои илмҳо омӯхта мешуданд. Бисёре аз шахсиятҳои илмӣ ва пешвоёни динӣ дар таърихи ислом дар ҳалқаҳои дарсии масҷидҳо тарбият ёфтаанд. Масалан, масҷиди Расули Худо, алайҳиссалом, як зумра шахсиятҳои бузурги таърихиро тарбия кард ва ё таърихи масҷид-донишгоҳи номдори Ал-азҳари Миср худ як намунаи рӯшани ин нақши масҷид аст. Имоми Аъзам(р) низ ҳалқаҳои дарсии худро дар масҷид доир менамуданд. 
    Хусусан, дар таълиму фарогирии илму маърифати динӣ, ки камбудии он дар ҷомеаи имрӯзи мо ба рӯшанӣ эҳсос мешавад, масҷидҳо метавонанд нақши бисёр фаъоле дошта бошанд. Имрӯз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат медиҳад, ки гурӯҳҳои таълимии назди масҷидҳо фаъолият дошта бошанд ва дар он шаҳрвандони синну сол ва касбу кори гуногун дар вақтҳои барояшон муносиб асосҳои таълимоти исломиро фаро гиранд. Ба ин восита, масҷидҳо метавонанд дар ба роҳ мондани ҳаракати маҳви бесаводии динии ҷомеаи мо саҳми ҷиддӣ бигиранд. Зарурати пеш гирифтани чунин ҳаракат пеш аз ҳама дар он аст, ки аксари вақтҳо маҳз набудани саводи минималии динӣ дар ҷомеа боиси сӯиистифодаҳои шахсиятҳо ва ҷонибҳои гуногун аз дин ва эътиқодоти динии мардум мегардад. Пас саводи динӣ худ як омили таъмини амният аст.

    Хушбахтона, дар тарҳи масҷиди азиме, ки бунёди он дар Душанбе оғоз гаштааст, дар канори биноҳои ибодатӣ эҳдоси марказҳои илмӣю пажӯҳишӣ ва донишгоҳи муосири исломӣ низ дар назар гирифта шудааст, ки ин як маънии бузурги рамзӣ дорад. Ба ин тариқ, мо дину донишро дубора бо ҳам мепайвандем, ин ду асли наҷоту растагориро, ки зери таъсири таълимоти ғайр солҳо онҳоро аз ҳам ҷудо мепиндоштем. Инсон ва ҷомеае, ки дину донишро бо ҳам пайвастааст, растагор аст, зеро бо ду бол парвоз мекунад, чуноне, ки Ҳаким Фирдавсӣ фармуда буд: 

    Туро донишу дин раҳонад нахуст,
    Раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст.


  4. Нақши фарҳангию рӯшангарӣ: Илова бар нуктаҳои зикршуда, масҷидҳо метавонанд вазифаи бузурги фарҳангию рӯшангариро низ ба ҷой оваранд. Аввалан, худи бинои масҷид, ки аксаран таҷассумгари санъати меъморӣ ва ҳунарҳои наҷҷорию кандакорию хаттотии мусулмонон аст, дар маҷмӯъ як асари арзишманди фарҳангист. Бисёре аз намунаҳои волотарини ҳунарҳои мусулмонон, аз ҷумла гузаштагони мардуми тоҷик маҳз дар  биноҳои масҷиду мадрасаҳо маҳфуз мондаанд. Хушбахтона, Президенти кишвар низ ҳангоми шиносоӣ бо тарҳи масҷиде, ки дар пойтахти давлати мо сохта мешавад, ба меъморони ширкати «Аднон Сафаринӣ» супориш доданд, ки дар тарроҳии ин масҷиди бузург ҳамзамон бо фановарии пешрафта, беҳтарин намунаҳои ҳунари хаттотию наҷҷорию кандакорӣ ва санъати меъмории суннатии тоҷиконро ба кор гиранд. Аз ин рӯ, умед меравад, ки ин масҷиди бузург дар маркази пойтахт ҳамчун як голерея ё намоишгоҳи доимии ҳунару меъмории исломии тоҷикон қомат меафрозад ва ба яке аз мавзеъҳои зебои пойтахт ва макони дидании сокинону меҳмонони он табдил мешавад.   
    Сониян, масҷидҳо метавонанд як силсила фаъолиятҳои фарҳангиро анҷом диҳанд. Масалан, зарур ва сазовор аст, ки ҳар масҷид барои худ китобхонае дошта бошад, то алоқамандон битавонанд аз он истифодаи нек бикунанд. Имрӯз дар аксари масҷидҳои кишварҳои мусулмоннишин ва хусусан, дар масҷидҳои мусулмонони Аврупою Амрико як гӯша ва ё ҳуҷраи ҷудогона ба китобу филму наворҳо ихтисос дода шудааст ва мусулмонон имкон доранд, ки дар вақтҳои холӣ ва ё дар фосилаи байни намозҳо ба мутолиа машғул гарданд. Ҳамчунин, мусулмонон метавонанд аз бахш ё гӯшаи фарҳангии масҷид китоб, филм ё наворҳои илмию омӯзишӣ ё тарбиятию ахлоқиро иҷора гирифта, аз он истифодаи маънавӣ баранд. Ба шаҳодати манбаъҳои таърихӣ, мавҷудияту фаъолияти китобхонаҳо дар назди масҷидҳо дар таърихи тоҷикон низ бисёр маъмул будааст. Вале бо коста шудани фарҳанги масҷиддории мо дар даврони шӯравӣ ва ҳатто пештар аз он, дар замони амирони манғитӣ, ин суннати нек низ фаромӯш гашт ва метавон гуфт, ки имрӯз масҷидҳои бекитоб асосан хоси ҷомеаҳои мусулмонони пасазшӯравӣ мебошад.
    Ҳамчунин, масҷидҳо метавонанд макони муносибе барои баргузории чорабиниҳои илмию тарбиятӣ ва маросимҳои маънавию фарҳангӣ бошанд. Масалан, гиромидошти идҳои исломӣ, мавлуди Пайғамбар, алайҳиссалом ва дигар санаҳои муҳимми таърихи ислом, доир намудани семинару суханрониҳои илмию маърифатӣ дар масоили исломӣ, муаррифии китобҳои навин, баргузории маърӯза ва соатҳои тарбиявӣ барои мактабиён ва ҷавонон ва ғайраро метавон бо истифода аз макон ва фазои муносиб ва маънавии масҷид баргузор намуд. Баргузории фаъолиятҳои маънавию рӯшангаронаи зикршуда дар масҷид бо таълимоти исломӣ дар бораи масҷид ҳеҷ мухолифате надошта, дар эҳёи нақши фарҳангию ахлоқофарии масҷидҳо мусоидат менамояд.
  5. Нақши иҷтимоӣ: Масҷидҳо ҳамчунин метавонанд нақши муҳими иҷтимоӣ дошта бошанд ва дар масъалаҳое чун рушди фарҳанги хайрияву некӯкорӣ, дастгирии қишрҳои эҳтиёҷманди ҷомеа, танзими расму оинҳои мардумӣ ва ғайра саҳми ҷиддӣ бигузоранд. Аз ин рӯ, масҷидҳо метавонанд дар масъалаи ба эҳтиёҷмандони воқеӣ расонидани хайру садақаҳои мардум мусоидати бузург намоянд. Он вақт, ҳам ин асли муҳимми исломӣ ба таври дурусти шаръӣ анҷом мешуд ва ҳам нақши иҷтимоии масҷидҳо амалӣ мегардад. Дар канори ин, масҷидҳо метавонанд даҳҳо нақши дигарро дар самти хайрия ва некӯкорӣ ифо намоянд.       
  6. Нақши пайвандгару ваҳдатбахш: Масҷид ҳамчун макони гирд омадани мардуми зиёд дар эҷоди ошноиву ҳамдигаршиносии одамон низ нақши муҳим дорад. Ҷамъ омадан дар масҷид фурсати муносибест, ки мардуми як маҳалл ва як шаҳр ҳамдигарро мебинанд, аз вазъияту аҳволи ҳам бохабар мегарданд, бо ҳамдигар дӯсту маънус мешаванд. Хусусан, дар маҳаллаҳои шаҳрӣ, ки имрӯз мутаассифона, баъзе сокинон ҳатто ҳамсояҳои худро намешиносанд, масҷид нақши муҳимми пайвандгари инсонҳоро хоҳад дошт. Дидори доимӣ дар масҷид дар дарозмуддат дар инсонҳо як навъ ҳисси умумият ва дӯстию ҳамарзиширо ба вуҷуд меоварад, ки онро метавон «ҳамнамозӣ» ё «ҳаммасҷидӣ» номид, ки он низ чун ҳамсинфию ҳамкурсию ҳамхидматӣ як навъи пайванди амиқу устувор мебошад. Илова бар ин, гирд омадани мардуми маҳалла ё деҳа дар масҷид имкон медиҳад, ки дар вақтҳои ғайр аз намозҳо, масъалаҳои ҳалталаби он маҳалла миёни онҳо баррасӣ гашта, бо тавофуқи умумӣ ҳалли худро биёбанд ё мардуми он маҳалла ба анҷоми кори хайре ё ободонии маконе сафарбар гарданд.  
  7. Нақши сиёсии масҷид: Ва масҷид нақши азими сиёсӣ низ дорад. Албатта, ин фикри ғайрисаҳеҳ аст, ки гӯё масҷид ҷои баёни сиёсат ва масоили ҷамъиятию сиёсӣ набошад. Паёмбари ислом(с) аксари қарору барномаҳои сиёсии худро маҳз аз минбари масҷид баён мекарданд, ҳатто таъйини сафиронашонро дар масҷид эълон медоштанд. Масҷид дар замони Эшон (с) ва дар аҳди Хулафои Рошидини ислом ҷои шӯрову машварати мусулмонон дар масоили ҷомеа ва аз ҷумла, дар масоили сиёсии он буд. Дар тӯли таърих низ масҷид нақши таъйинкунандаи сиёсӣ дошт ва ҳатто ҳукумати амирону подшоҳон фақат замоне расмияти воқеӣ меёфт, ки номи онҳо дар масҷид дар хутбаи намози ҷумъа гирифта шавад, ё ба ибораи маъмули таърихӣ «хутба ба номашон хонда шавад». 

Ҳамин тавр, имрӯз ҳам масҷид нақшу ҷойгоҳи ҷиддии сиёсӣ дорад. Сиёсат фақат баҳсу манфиату муборизаҳои сиёсӣ нест, балки таблиғи арзишҳои баланди пайвандгару суботофарин низ бахше аз сиёсати созанда аст Аз ин рӯ, ҳамин, ки масҷид ба мардум ахлоқу саводу маърифату таҳаммул меомӯзад, худ таъминкунанди заминаҳои зарурии рушду оромиши ҷомеа аст. Ё ҳамин, ки дар сафи намоз фақиру ғанӣ, раису тобеъ ва вазиру дабир ҳама баробар қарор мегиранд, барои инсони огоҳ таъкиди бисёр ҷиддиест бар баробарии инсонҳо ва зарурати ҳифзи адолати иҷтимоӣ. Илова бар ин, масҷид метавонад дар таблиғи арзишҳое чун сулҳу ваҳдат, суботу амният, меҳнату ватандӯстӣ ва ҳимоят аз барномаҳои созандаву ободкории давлат нақши ҷиддӣ ифо намояд. Имомон метавонанд бисёре аз паёмҳои зарурии давлатро, ки барои рушду ободии кишвар равона шуда бошад, ба мардум бирасонанд ва таваҷҷӯҳи онҳоро ба ин равандҳо ҷалб намоянд.  
Илова бар нуктаҳои зикршуда, масҷид дар ҷомеаи мусулмонон нақшҳои зиёди дигареро низ дорад ва ё метавонад дошта бошад. Аз баски тасаввури аксари мо дар мавриди нақш ва ҷойгоҳи масҷид маҳдуд аст, бо мулоҳизаи нуктаҳои боло дар зеҳнамон чунин саволе пеш меояд, ки модоме, ки имрӯз нақшу вазифаҳои зикршударо мактабу донишгоҳҳо, китобхонаю муассисаҳои фарҳангӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ анҷом медиҳанд, чӣ ҳоҷат аст, ки масҷид низ дар чунин фаъолиятҳо саҳм дошта бошад? Оё масҷид бояд ҷойгузини муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ мешавад? Чун дар даврони Шӯравӣ ҳамеша масҷид дар муқобили чунин муассисаҳо тасаввур мешуд, имкон дорад, ки имрӯз низ чунин тарзи тафаккур дар бахше аз ҷомеа боқӣ монда бошад.
Барои рӯшантар шудани ин нукта бояд гуфт, ки муқобилгузории масҷид бо ниҳодҳои илмию фарҳангию иҷтимоие чун мактаб, донишгоҳ, клуб, китобхона, фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра куллан саҳеҳ нест. Масҷид маҷмӯаи вазифаҳои худро дар шаклу сатҳи хоссае анҷом медиҳад, ки на танҳо мухолифи нақши ниҳодҳои дигари ҳамвазифаи худ дар ҷомеа нест, балки такмилдиҳандаи фаъолияти онҳост. Масалан, масҷид мактаб нест ва мактабро иваз намекунад, аммо дар кори илмомӯзию рӯшангарӣ мутаммим ё пурракунандаи фаъолияти мактаб аст. Масҷид ва имоми воқеӣ бояд дар намозгузорон ишқу алоқа нисбат ба илм эҷод намояд ва ҳамеша фарзияти илмомӯзиро дар канори фарзҳои дигари исломӣ таъкид бикунад, то як ҷавони мусулмон бо сабаби ба масҷид рафтан мактабгурез нашавад, балки дар масҷид аз имоми масҷид то чӣ ҳадд муҳимм ва ҳатмӣ будани касби илм ва мактабро дарк намояд. Ё масҷид фонди ҳифзи иҷтимоӣ нест ва онро иваз намекунад, вале он марказест, ки дар сатҳи худ ва бо усули муассири худ аввалан, дар ҷомеа рӯҳияву фарҳанги некӯкориро ташаккул медиҳад ва сониян, метавонад дар қабулу тақсими шаръии хайру садақаи мусулмонон саҳм гузорад.


Хулоса, метавон гуфт, ки масҷид дар айни ҷойгоҳи муқаддас доштан, аз назари функсионалӣ аз бисёр ҷиҳатҳо нақши як ниҳоди бисёрманзураи шаҳрвандиро иҷро мекунад ва бисёре аз он нақшу вазифаҳоеро дорад, ки имрӯз барои анҷом шудани онҳо башарият ба таъсиси ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ё ташкилотҳои ғайридавлатӣ рӯй овардааст. Ин механизми бисёр зарифест, ки ислом аз ҳамон оғоз дар фалсафа ва нақши масҷид гузоштааст. 


Таҳияи Абдуллоҳи Раҳнамо
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97