БИЁ БАР НЕШХАНДИ ҒАМ БИХАНДЕМ

Фарҳанг ва адаб 05.11.2009 14:05

АГАР ТОҲИРА АЛОВ МОНЕМ…

Тоҳири Абдуҷаббор марди китобдӯст аст. Чун аз хиёбонҳои Теҳрон қадам мезадем, ба фурӯшгоҳҳои китоб ворид шуда, соатҳо берун намеомад. Ва баҳ- баҳ ваҳ- ваҳкунон китоби зёде ҳам мехарид. Аз баски ҷою имкони китобнигаҳдорӣ надошт баъди мутолиа онҳоро ё ба нафаре аз мо тақдим мекард ё мо худ ба ними нарх аз устод мехаридем (медонистем, ки устод ба пул сахт эҳтиёҷ дорад).

…Ҳамроҳи Шодмон Юсуф ба фурӯшгоҳи китоб ворид шудем. Куллиёти форсии Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро дида, чашмам барқ зад. Онро ба даст гирифта, хеле варақ задам. Қиматаш гарон буд, аз ин рӯ дудила шудам, ки бихарамаш ё не. Устод Шодмон аз мақсадам огоҳ шуда гуфт:

-Беҳуда пул сарф карда мегардӣ. Биё, рафта Тоҳира алов мемонем. Ҳатман омада мегирад, баъд ту ба ними нарх аз ӯ харида мегирӣ.

Воқиан ҳам, баъди ягон ҳафта ин китоби бебаҳо қариб муфт насиби банда гашт.

АРЗОН НАКАРД

Ҳамроҳи устод Тоҳир дар Теҳрон ба мағозае даромадем. Аз фурӯшанда хоҳиш кард, ки куртаеро нишонаш бидиҳад. Устод аз курта чашм наканда ба фурӯшанда гуфт:

-Оғо, ҳамина ба ҳаштсад туман ба ман бидиҳед.

Фурӯшанда мутаҳайир сар то қадами устодро нигаҳче кард. Намедонам аз нигаҳи ӯ устод чӣ рамуз гирифт, ки афзуд:

-Хайр ана ҳаштсаду панҷоҳ…

Фурӯшанда бе гапу ҳарф куртаро печонда ба ӯ дод.

Аз мағоза берун шуда, дар витрина айнан ҳамин хел куртаро дидем, ки қиматаш дар рӯяш насб шуда буд:750 туман.

Аввал хуб хандидем, баъд аз устод сабаби якбора аз ҳаштсад сар карданашро пурсидам. Гуфт: -Як кӯча он сӯтар айнан чунин куртаро нӯҳсад туман мефурӯшанд. Ҳарчанд панҷоҳ туман арзон кардам, надод…

ХОНДА НАМЕТАВОНАМ

Устод Тоҳир пурсид:

-Ҳусни хати форсии ту чӣ тур аст?

Рӯирост иқрор шудам:

-Навиштанам бад нест, вале хондааш наметавонам.

ЯК ҲАФТА ПЕШ

Дар мағозаи китоб "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро, ки ҳам маънану ҳам вазнан бузург аст, ба даст гирифта гуфтам:

-Ман мехарам ҳамин китоба ва иншооллоҳ то рӯзи сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон хатмаш мекунам.

Устод Тоҳир боумед пурсид:

-Суръати хонданат чӣ тур аст; тез ё миёна.

Гуфтам:

-Як ҳафта пеш омӯзиши алифбои форсиро сар кардам…

Дуд аз димоғи устод баромад.

УМР ВАФО МЕКУНАД?

Дар фурӯшгоҳҳои Теҳрон чун молро ба даст мегирифтем, ҳамроҳон зуд ба кӯмаки фурӯшанда камар баста нимшӯхиву нимҷиддӣ онро ба сарамон бор мекарданд ва гоҳо ноилоҷ мехаридем.

Дар мағозаи китоб якҷилдаи бузургу хушсифату қадимаи "Шоҳнома"-ро ба даст гирифтам. Ҳамроҳон талқин карданд, ки дигар чунин китоб нахоҳӣ ёфт, ҳатман бигир. Ба нархномааш нигаристам, ки хеле гарон аст. Чӣ баҳона ёбам: Ҳамроҳон фурсатам намедоданд. Баҳона пеш овардам, ки:

-О, ин қадар ғафсу вазнин аст ин китоб?

Устод Тоҳир гуфтанд:

-Ҳазрати Фирдавсӣ дар эҷоди ин шоҳасар сӣ сол заҳмат кашидаанд, домулло!

Гуфтам:

-Устод, пас маро лозим меояд, ки барои мутолааш ягон чиҳил сол заҳмат бикашам, ки гумон аст умр вафо бикунад.

Китобдор ба завқ хандиду "Шоҳнома"-ро аз дастам гирифт.

ХОБ БУДАМ

Гӯши бадбӯе хӯрдему диламон чанд муддат шӯрид. Аз устод Тоҳир пурсидем, ки аҳволи шумо бад нашуд.

Гуфт:

-Намедонам, манн хоб будам…

ҲОЛАМОН ЧӢ МЕШАВАД?

Ҳамроҳи устод Тоҳир бозор рафтем ва ҳар навъ либосе ки харид, манн ҳам харидам.

Пурсид:

-Чаро ту ҳам айнан мисли ман либос харидӣ?

Гуфтам:

-Аз паси Шодмон Юсуф рафта, ба ҷое нарасидем, ку як бор ба шумо пайравӣ кунем, ҳоламон чӣ мешавад?


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97