ЗИНДА БОД 2-ЮМИ АПРЕЛ!

Фарҳанг ва адаб 01.11.2009 16:48

Муҳлати ивази шиноснома то 1-уми апрел. Вақти ивази пули миллӣ то 1-уми апрел. Муҳлати охирини пардохти пули газ, барқ, мактаб, андоз, об, хоктӯда то 1-уми апрел. Баргардонидани қарзи Кадушоҳ то 1-уми апрел... -Додо, чаро ҳамаи муҳлат то 1-уми апрел муқаррар шудааст?-суол кард писарам. Ҳамин замон ба гaп яке аз беҳтарин фолбини маҳаллаамон Сафархотун ҳамроҳ шуд: -Якуми апрел қиёмат мешудааст. Барои тамоми сайёраи мо 24 соат вақт мондааст. Сайёраи Замин ба гард мубаддал мешавад.

Барои инсоният фақат як шабонарӯз, аниқтараш 23 соату 35 дақиқаю 16 сония вақт мондааст.

Ҳафтавори "Миллат" дафъатан воқеаи аҷоибро шунида, пурсиш гузаронд. Ба ҳама бо як савол: "Дар охирин 24 соати боқимондаи сайёра инсоният чӣкор мекунад?".

Ширкати Пайпоқ -ЛТД:

-Мо тамоми сарватамонро ба коргарон тақсим намудем, бигузор дар се соати умри охирашон маишат кунанд.

Ширкати Деҳқон-Продакши:

-Мо маҷлиси машваратӣ даъват намуда, масъаларо муҳокима мекунем. Дар шаш соати охирин, ки муҳлати хеле зиёд аст, проблемаи заминкушоиро дар сайёраи Муштарӣ ҳал мекунем. Аллакай чанд нафар сармоягузор аз Зуҳал маблағ ваъда кардаанд.

Ҳизби Наҳзати демократӣ:

-Мо, албатта, фурсат дорем. Кӯшиш мекунем, ки дар се соати боқимонда аъзои бештарро ҷалб намоем.

Иттифоқи касабаи коркунони тарабхонаҳо:

-Ташкилоти мо ба ин ҷашн чанд сол боз омодагӣ мебинад ва мо тамоми аҳолиро бо витаминҳои К, С, Ч таъмин мекунем.

Ҳизби коммунистӣ:

-Чӣ қадар вақт мондааст?

-6 соату 30 дақиқа!

-Ҳизби мо нақшаи панҷсоларо дар 6 соату 29 дақиқа пурраю барзиёд иҷро мекунад!

ГАДО

Рақобат дар бозори иқтисоди даврони капитализми мутараққӣ соат ба соат авҷ мегирад. Аммо бист сол пеш чунин рақобати шадид дар ҷомеаи мо байни гадоҳои кӯча буд. Ёд дорам, дар назди бинои таълимии мо ду гадои доимӣ (мо онҳоро гадоҳои "штатный" меномидем) қароргоҳ доштанд. Ба фикрам, онҳо дар бухгалтерияи донишгоҳи мо одами махсусе доштанд. Ҳамеша сари вақт аз рӯзу соати стипендиягирии мо бохабар шуда, нархи садақаро аз 15 тин то ба 30 тин мерасониданд. Ана, ҳамин ду гадо ба ҳам хеле сахт рақобат доштанд.

Боре Сафдар ба дастакосаи испандудкунии гадои лоғарандом гугирдпораҳо майда карда партофт. Гугирдмайда таркиш ба амал оварда, нисфи риши гадоро сӯзонд. Моҷароҳои гадоҳо хеле шавқовар буд. Он солҳо филмҳои ҷангии амрикоӣ набуданд. Часпон-часпон ҷанги гадоён барои мо хеле даҳшатовар буд. Дар ҳамин ҷо лейтнанти хурд Хаскашов ном милитсионер, (ҳоло барои хизмати содиқонааш унвони лейтенант додаанд), ба тартибот назорат мекард. Гадоҳо аз ӯ беҳад метарсиданд. Танҳо пас аз бисту панҷ сол фаҳмидем, ки Хаскашов ҳар рӯз аз гадоҳо се сумӣ ҳаққи ҳалолашро меситондааст. Гадоҳо ҳунарварони шоистаи театри мазҳакаи зиндагии мо буданд. Онҳо ба мо шабу рӯз бо амалашон далолат мекарданд, ки: "Ҳой, бачаҳо, хонед, одам шавед. Вагарна мисли мо хоҳед шуд".

Гадоҳо, гадоҳо! Шумо классикони зиндагии даврони мо будед.

Афсус, қадру қимат, сифати касбии гадо низ имрӯз паст шудааст. Ҷомеаи мо дар баробари мутахассиси беҳунар гадоёни ноуҳдабаро низ мебарорад. Боз бадтараш ин аст, ки гадоҳои имрӯза мусаллаҳ мебошанд. Садақа надеҳиву қандата хӯр. Ба наздикӣ дида будам, ки лӯлизани гадое бо гранатамёт мегашт. Урдуи гадоён ҳоло аз кӯча ба ҳавлӣ рӯ овардаанд. Рӯзона соат дар миён дарро мекӯбанд.

Рӯзи истроҳат буд. Навакак сари мизи корӣ нишаста будам, ки дарро кӯфтанд. Дарро кушодам.

-Хуш, хидмат, додар!-гуфтам дар рӯ ба рӯям ба одами ношинос.

-Ман гадо! Садақа диҳед. Илоҳо сафаратон бехатар шавад.

-Сафари ман бе дуои Шумо ҳам аз ошхона то мизи кориам бехатар аст,-гуфтам ба гадо.

Гадо бе пурсиш даруни хона даромад. Ман дар дилам ба гул-гулшукуфии шаҳрамон "офаринҳо" мехондам. Бубинед, гадоҳои мо аз нигоҳи қаду қомат, либос нисбат ба дигар шаҳру вилоятҳо аз замин то ба осмон фарқ доранд.

Гадо туфлии напа-нави итолиёвии "Валентина"-ашро кашида, ба хонаи дарун даромад. Бо карру фар пиҷаки зангории белгиягиашро ба дасташ овехта, ба курсӣ нишаст. Шими олиҷаноби "левис" низ ба танаш мезебид. Гадо аз кисааш сигаретаи "Малборо супра" бароварда, даргиронд. Ва даст ба дуо кушод. Ман охирин нонҳои хонаро ба латта печонда, наздаш гузоштам.

-Не, хуҷаин! Ман нон намегирам,-гуфта, ба соати "Сейко"-аш назар кард.

-Мебахшед,-гуфта ба ошхона бурда, ду қутӣ чойи "Сулаймон"-ро ба ӯ доданӣ шудам. Гадо бо ғазаб ба ман нигоҳ карда:

-Ман чой намехӯрам. Қаҳваи "Нескафе" бошад дигар гап,-оташинона гуфт гадо.

Ман ноилоҷ аз кисаам се сомонӣ бароварда, ба кафаш гузоштам.

-Ҷӯра, пули тоҷикӣ намегирам. Росийски бошад, те.

-Агар доллар доданӣ бошед, ба солаш нигоҳ кунед, -таъкид кард гадо.

Ман калавидам. Аз ҷайби завҷаам сад рубли Русия, ки охирин захираи ман буд, ба гадо додам.

-Шумо, мардум садақая масхара накунед. Наход, ки дуои ман сад рубл арзиш дорад?!

Гадо бо ғазаб аз хона баромада, ба мошини БМВ-аш нишаста рафт.

Шукри беҳад. Гадоёни мо хеле пеш рафтанд. Кай Худо раҳм кунаду мани муаллим ҳам гадо шавам.

МИНА ВА МУҲАББАТ

-Ана, ин тугмаро зер кунам, дар ҳавлии ман овози саг баланд мешавад. Ин тугмачаи сурхро агар пахш кунам, аз хонаи хобам садои тир баланд мегардад,-фаҳмонд ба ман Қароқули кафш.

Ман хеле ба завқ ба ин мӯъҷизаҳо гӯш мекардам. Дар ҳақиқат ҳам Қароқулбой тамоми мӯъҷизаи охирини техникаро дорост.

-Инаш чи?-булҳавасона пурсидам, чароғаки майдаи назди мизашро нишон дода.

-Инаш дӯстам, агар ба мошинам касе дасташро дароз кунад, бонги хатар мезанад.

Ман аз ҳайрат носро фурӯ бурдам.

-Ваяш, ҳу ҳамун чароғаки сурх чӣ бало будааст?

-Додар, ин агар дар кӯча касе ба келин, яъне завҷаам гaп партояд, даррав огоҳ мешавам. Ана он программаи чароғаки кабуд, тамоми гуфтугузори занонро дар кӯчаю бозор сабт менамояд. Албатта, ин хеле қимат аст.

-Чӣ хел, аз тилло-мӣ?-пурсидам.

-Не, занҳо чунон мелақанд, ки ҳар рӯз даҳ боторея иваз мекунам.

-Қанд занед, Қароқул. Ҳу, ана вай қуттичаи ҷилодор чӣ будааст?

-Инаш охирин дастоварди техника аст. Ин асбоб бо мавҷ бо транзистори хеле майдаи зери дандони тиллои келин пайваст аст. Агар келин бо очааш дар бораи ман ғайбат cap кунад, даррав ин дастгоҳ дандонашро ба дард меоварад...

-Раҳмат, ман аз дунё бехабар будаам. Расо одами хушбахт будаед.

Ҳаяҷони ман Қароқулро мулзам кард. Ӯ хомӯш шуд. Қатраи ашк аз чашмонаш шорид. Ва беовоз дасти маро гирифта, бо ишора гуфт:

-Бародар, дар ин ҷо гапи ман сабт мешавад. Ман одами хеле бадбахт. Ана, ин занҷири тиллои гарданам ба дастгоҳи №15-03 пайваст аст. Агар дар як лаҳза аз гапи занам cap печам, даррав гулӯямро хафа мекунад. Ана ин соати тиллоии дасти ман баробари даст дароз кардан ба занҳо даррав устухонашро то дод гуфтанам мефишорад. Инаш-ку ҳеч, гaп не. Ана вай тугмаи туфлии ман. Агар занам қаҳр кунад, ман метаркам.Сад килотонн маводи тарканда! Гумон мекунӣ ин дандонҳои тиллои ман савлат аст. Агар баногоҳ занеро бӯса кунам, чун мина метарканд.

ТИЛИСМ

Баъзе кайфиятҳои зиндагии мардонро худи мардон медонанду халос. Танҳоӣ дар хона ҳангоми сафари завҷаатон ба хонаи модараш ҳаловати хосае дорад. Ман ду шиша пиворо нӯши ҷон карда, телевизорро оғӯш гирифтам. Ҳамин лаҳза садои занги дар баланд шуд. Наход завҷаам Мағалмо ин қадар зуд баргашт. Дарро кушодам.

-Мебахшанд, салом.

-Барои салом узр намепурсанд. Ба шумо чӣ даркор?-пурсидам аз марди ношиноси ришдор.

-Шумо Улмасбой-мӣ?

-Бале, Улмасхон. Ба бой буданам худам шубҳа дорам, чӣ мехоҳед?

-Шумо аз афташ маро нашинохтед?!

-Фикратон дуруст, нашинохтам. Ва ҳоло барои шинохтан низ имкон надорам. Чунки бозии шавқовар идома дорад. Мақсадатонро гӯед?

-Ман Тоштемир. Агар дар ёдатон бошад, соли 1972 шумо дар вокзали Гулистон ба ман 5 сум дода будед...

-Дар ёдам нест ҷӯра, шумо возеҳтар мақсадатонро фаҳмонед?

-Ман ягон мақсади дигар надорам. Ана, марҳамат 50 долларро гиред. Аз рӯи курси соли 1972 ва ҳисоби инфилятсияи ивази пул, ивази пули миллӣ ин 50 доллар мешавад. Марҳамат гиред!

Ман аз ҳайрат ҳатто ташаккур гуфтанро фаромӯш кардам. Шахси ришдор дарро пӯшида рафт. Навакак ба курсӣ нишастам, ки боз садои занги дар баланд шуд.

Акрам-почо дар таги дар маро оғӯш кашида:

-Базур адресата ёфтам. Ту дуруст-мӣ?

-Раҳмат, ягон гaп буд-мӣ?

-Додар, ман узр мепурсам. Ана сад рубли Русия овардам.

-Барои чӣ?-бо ғазаб пурсидам.

-Ин қадар асабӣ нашавед. Соли 1965 дар қаҳвахонаи "Лаззати ҷон" ба ман се сум дода будед-ку,-фаҳмонд узрхохона ӯ.

-Худаш чи гaп? Ё қиёмат наздик-мӣ?

Базӯр аз дасти Акрам халос шудам.Боз ҷирингоси занги дар.

Ин даъфа дарро накушода, аз дурбини дар нигоҳ кардам. Зани зебои мӯдкуши дилшикор меистод. Худоё, наход ин Маҳинҷон бошад? Саросемавор дарро кушодам.

-Салом, азизам,-гуфт ҷавонзани зебо.

-Ба шумо ҳам.

-Марҳамат, ба хона,-худамро базӯр ба даст гирифта гуфтам.

-Ин гапи дигар. Ба шумо ҳама ҷо рафтан мумкин.

-Бубахшед, ман шуморо намефаҳмам,-пурсидам бо ҳаяҷон.

-Ин шӯхӣ не. Аз ёдатон рафтагӣ чи барин. Ман Сурайёхон 25 сол пеш шумо сумкаатонро дар хобгоҳи ман монда будед. Ман он вақт ҷиннигӣ карда, аз сумкаатон як дона пудраи занона гирифта будам. "Ордлет".

Ба болои китфонам савор будани сарамро ҳис намекардам. Ба гӯшам садои ваҳмангез меомад. Ман дар назди занони хушрӯй худамро гум намекардам. Вале ин чӣ гaп, чӣ муъҷиза имрӯз...

Бовар кунед ҳанӯз ҳам сарам гич, навакак ба хонаи дарун даромадам, ки боз... боз садои занги дар...

Дарро кушодам. Табиби номии мардумӣ Фозилхуҷа. Ин одами машҳур дар баробари табобат бо фол тақдири одамонро пешгӯӣ мекард. Барои омади кор мушкилкушо, тумор медод.

-Мебахшед, ако ман.

-Шинохтам, ако марҳамат дароед!

-Не, дӯстам. Бисёр узр. Дирӯз завҷаатон назди ман омада, барои муҳаббати гарм тумор гирифта буд. Иштибоҳ шуд. Ман саросемавор тумори баргардондани қарзро ба ӯ додам. Тумори шумо иштибоҳан ба дасти Додарбек афтидааст. Имрӯз омада, хеле ҷанол кард. Зани ҷудошудааш, ки Додарбек ба зӯр аз ӯ халос шуда буд, ба хонааш баргаштааст…

АРЗИ ЗАНИ ШАВҲАРИ МУҲОҶИР

-Азизам бе ту буда наметавонам! Бароям бе ту зиндагӣ ҳаром аст! Бе ту даҳшат аст! Бе ту як луқма ноне аз гулӯям намегузарад!

-Азизам, чӣ кор кунам,- пурсид муҳоҷир аз он сӯйи гушӣ аз Русия.

-Пул фиристон аҳмақ!

ВАЗН

Сабаби мағлубияти вазнбардори машҳури тими Олимпии моро дар Пекин муайян карданд. Мураббӣ пеш аз мусобиқа штангаро ба фулузотхона фурӯхтааст. Нархи метал дар Чин хеле қиммат аст.

ДИДОР АЗ ИНТЕРНАТ

Раиси ноҳия ба интернати бепарасторон омад.

Аз тифлаки хандонрӯ пурсид:

-Чӣ хел ба Шумо хӯрок медиҳанд?

-Аввал як бурда нон деҳ, баъд мегӯям - гуфт тифлак.

ҶУРМ

Нозири роҳ мошинро манъ карда амр дод:

-Бормонаки ақибро кушо!

Ронанда бормонро кушод.

-Ин чӣ пурсид нозир.

-Мурда! - ҷавоб дод ронанда.

-Аҳмақ не ман, фаҳмидам мурда аст!

Канӣ ҳуҷҷати иҷозааи мурдакашонӣ?

ЯРМАРКАИ ҶОИ ХОЛӢ

Агар ба тоҷири муваффақ, бонкдори сарватманд, сардори ширкат духтари зебо писанд ояд, боз як ҷои корӣ пайдо шуд.

ДУ ХАБАР

-Нозим Саидович ду хабар аст. Яке хӯш, дигаре хеле бад. Аз кадомаш сар кунам? - пурсид котиба.

-Фарқаш не, гуфтан гир. Бадаш он ки зани шумо дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуданд!

Нағзаш; сари ҷилави мошин шавҳарам буданд…


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97