СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН

Фарҳанг ва адаб 19.10.2009 15:42

Шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузашти замон симои худро дигаргун мекунад. Ин дигаргунӣ бештар аз ҳама дар сохтмони биноҳои наву замонавӣ ба мушоҳида мерасад. Дар чанд соли ахир чандин меҳмонхонаи наву боҳашамат бо меъмориву ҳандасаи хонасозии навин дар нуқоти гуногун, асосан дар нуқтаҳои марказии Душанбе қомат афрохтанд ва як теъдоди дигар ҳанӯз ҳам сохтмонашон идома дорад. Ногуфта намонад, ки сохтмони боғи устод Рудакӣ бо шакли навин ва ҳамчунон таъмири роҳҳо низ дар ин шаҳр ба мушоҳида мерасанд, ки ин ҳама дар дигаргунии симои шаҳри Душанбе саҳми худро хоҳад гузошт.

Дар ҳафтаи равон бинои нави Маркази исмоилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосае ифтитоҳ шуд, ки дар расми кушоиши он Оғохони 4 пешвои рӯҳонии исмоилиҳо ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ин бино, ки бо меъмории аҷибе сохта шудааст, дар ҳандасаи худ унсурҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва диниро ҷой додааст.

Аммо он чӣ бештар аз ҳама диққатҷалбкунанда ва иқдоми хабарсоз аст, тасмими раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба сохтмони масҷиди бузурге дар пойтахти тоҷикон аст, ки санги бунёди он дар рӯзҳои симпозиюми байналмилалии Имоми Аъзам дар Душанбе гузошта шуд.

Қарор аст, ин масҷид дар масоҳати 7,5 га замин рӯйи харитаи Тоҷикистон бунёд шавад ва дар ин сохтмон инчунин донишгоҳи исломӣ ва маркази байналмилалии ҳифзи қуръон ҳам бунёд гардад. Ин масҷиди бузург, ки дар қаламрави ҳадди ақал Иттиҳоди Шӯравии собиқ беҳамто мебошад, аз тарафи давлати Қатар сохта мешавад.

Ба назари ман, ин муҳимтарин пружаи сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе мебошад ва дар сурати такмил шудани он на танҳо ҳусни наве ба Душанбе зам мекунад, балки симои онро дигаргун намуда, Душанберо ба шаҳри симболик табдил хоҳад дод.

Усулан шаҳрҳои бузурги машриқзамин ва ҳатто ҷаҳон шаҳрҳои симболик мебошанд. Аз дидгоҳи ҷомеашиносон шаҳри симболик шаҳре ҳаст, ки дар атрофи ягон символи таърихӣ, мазҳабӣ обод мешавад. Барои мисол агар шаҳри Маккаро бигирем; шаҳрест, ки дар атрофи хонаи худо бо номи Масҷид-ал-Ҳаром обод шудааст.

Барои ифодаи ин шаҳр ё ба таъбири истилоҳоти компутарӣ айкон ё барчаспи (icon) он ҳатман намуде ё ҳатто минорае аз Масҷид-ул-Ҳаром аст. Агар шаҳри Мадинаро бигирем ҳатман минораву қуббае аз Масҷиди Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам метавонанд ифодагар ё айкони ин шаҳри таърихӣ ва барои мусулмонон азиз бошад.

Айни ин мисолро дар шаҳри Машҳади Ирон ҳам метавон дид, ки дар атрофи ҳарами Имом Ризо бунёд шудааст. Кофист минорае аз ин ҳарам истифода шавад то ифодагари шаҳре ба бузургии Машҳад шавад.

Шаҳрҳои қадимии тоҷикон, мисли Бухоро ва Самарқандро аслан бе минбару манора тасаввур кардан душвор аст. Бе тардид метавон гуфт, ки ин шаҳрҳо дар асоси тамаддун ва тамаддуне дар асоси Ислом падид омаданд.

Санъати хиштсозӣ ва кошигарӣ, хаттотӣ ва наққошиҳое, ки рӯйи деворҳои мадорису манозил, масҷиду хонақоҳ ва дигар амокин дар ин шаҳрҳо мавҷуд аст ҳатто меъморони асри ХХ1-ро дар ҳайрат меандозад.

Дар муаррифии Маркази исмоилӣ ба хабарнигорон роҳбаладони довталаб ва ҳатто муҳандис ҷаноби Музаффар ҳам бо ифтихор мегуфтанд, ки дар ин бино хиштҳое аз Самарқанд ва бо усули самарқандӣ сохташуда истифода шудаанд.

Оғӯши гарми минораву минбарҳо ва масҷиду мадрасаҳои Бухорову Самарқанд буданд, ки нобиғаҳоеро ба олами Ислом ва ба ин гетӣ эҳдо намуданд. Дар ҳама илму фан. На танҳо дар улуми дину мазҳаб, балки дар фалаку ҷуғрофиё ва фалсафаву тиб, нуҷуму риёзӣ ва ғайра.

Ҳатто падари наҳзату бедорӣ ва соҳиби андешаҳои мутараққӣ ва дигаргуна Сайид Ҷамолиддини афғонӣ ҳам ба эҳтимоли қавӣ андешаҳои мутараққӣ ва ислоҳталабонаи худро аз Аҳмади Дониш гирифтааст.

Аҳмади Дониш маорифпарвари барҷастаи тоҷик ҳам парвардаи ҳамин шаҳри торихӣ ва фарҳангии Бухорост, ки дар замони рукуд, пусидагӣ, карахтии Бухоро зиндагӣ мекард, вале боз ҳам бо илҳом аз гузаштаҳои ин шаҳр тавонист андешаҳои бикру маорифпарваронаеро барои бедорӣ, пешрафт ва тараққии мардуми худ пешниҳод намояд.

Агар масҷиди нави бузург бино шавад, Душанбе симои наве ва симболи наве ба худ мегирад.

Устод Лоиқ замони барҳаёт буданаш дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе сайру гашт менамуду орзу дошт рӯзе биноҳои шарқӣ сохта шавад. Ва афсус, ки ӯ дигар намерӯяд, барнамехезад то бубинад, ки чӣ гуна шаҳри Душанбе симои шарқӣ ба худ мегирад:

Душанбе мешавад шаҳри ҳумоюн,

Душанбе мешавад шаҳри ҷаҳонӣ.

Ба шарте, ки қасрҳои шарқӣ созанд,

Ба ҷои ин катакҳои битонӣ.

Умуман мардуми араб дар бинои маҷиду мадраса дар нуқоту гӯшаву канорҳои мухталифи олам саховатмандона даст ба ҷайб мебаранд. Дар кишвари Итолиё ҳам, ки шаҳрҳояш пур аз пайкараву тандисҳоянд, Арабистони саъудӣ яке аз ҷолибтарин ва зеботарин масҷидҳоро барои мусулмонони ин сарзамин обод намудааст.

Таҷрибаи масҷидсозии арабҳо дар Покистон ҳам ҷолиб аст. Дар шаҳри Исломобод масҷиди зебое қомат афрохтааст, ки воқеан ҳам аз диданитарин манзараҳои ин шаҳр аст. Аз ҳандасаву сохтмонаш ҳар чӣ бигӯем, кам аст. Масҷид бо номи шоҳи фақиди Арабистон номгузорӣ шудааст: "Масҷиди Файсал".

Дар зери ин масҷид бинои донишгоҳе ҳам вуҷуд дорад, ки имрӯз дар рӯйхтаи беҳтарин донишгоҳҳои исломӣ дар ҷаҳон номаш сабт аст ва аз 75 кишвари ҷаҳон донишҷӯ дорад, ба шумули донишҷӯёни араб, Русия, Амрико ва дигар кишварҳо.

Ва ҷолиб аст, ки машҳуртарин нусхаи Қуръони карим ба хат ва забони тоҷикӣ маҳз дар ҳамин донишгоҳ ба табъ расидааст ва барои мардуми мо бе пул фиристода шудааст, гарчанде тоҷирони мо аз он суд ҷӯстанду меҷӯянд.

Илова бар ин риштаҳои улуми дақиқи ин донишгоҳи исломӣ, ки асосан дар идомаи бинои масҷиде пай афканда шудааст, забонзади хосу оми мардуми Покистон гаштааст.

Акнун ва дар ин рӯзу рӯзгорон Душанбе мизбони сохтмони бинои бузургу нодире мешавад. Ва акнун ва аз худи ҳамин ҳоло моро лозим аст, ки рӯйи наҳваи истифодабарии донишгоҳ ва маркази илмӣ биандешем.

Худо кунад, ки такмили сохтмони масҷид милоди як донишгоҳи бузургтарини исломии минтақаро бо худ дошта бошад. Маркази илму маорифи диниву дунявӣ дар сатҳи байналмилалӣ бошад.

Мутмаинам, ки бунёди ин масҷиди бузург бо доштани донишгоҳи бузурги исломӣ ва маркази қуръонӣ метавонад бузургтарин посух ба ҳама ниёзҳо ва ташнагиҳои динии мардуми мо бошад ва халои рӯҳоние, ки дар замони ҳукумати шӯравӣ дар мо эҷод шуд аз байн биравад.


Саъдии ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97