ЗИНДАГИИ ПАС АЗ МАРГИ АЛМОСИ ШАРҚ Ё нигоҳи тоза ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир

Фарҳанг ва адаб 17.10.2009 18:08

"ВАҲ ЧӢ ХУБ" ДУРУСТ АСТ Ё "ОҲ, ЧӢ ХУШ"?

Исфандиёр дар китоби "Як мушти шеъру як мушти оҳанг…" дар муқоиса бо маҷмӯаи қаблиаш як шеваи ҷадиду хуби корро пеш гирифтааст. Аксаран баъди овардани матни пурраи шеър аз девони ин ва ё он шоир дар поварақ шарҳ медиҳад, ки Аҳмад Зоҳир кадом бандҳои ин шеърро хондааст. Агар Аҳмад Зоҳир дар тафовут аз нигоштаи шоир шеърро бо тағйирот хонда бошад, аксаран ин чизро муҳаққиқ дар поварақ нишон додааст. Ин усули кор барои чунин як китобе айни муддаост.

Вале мутаассифона, ҳамин шеваи корро мо ҳангоми хондани на ҳамаи таронаҳои овозхон мебинем. Чунончи дар мавриди суруди "Охир ай дарё" низ ҳамин чизро гуфтан мумкин аст. Аҳмад Зоҳир як мисраъи шеърро на ба он тарзе, ки шоир Зиё Қоризода дар китоб овардааст, сурудааст. Хунёгар дар банди ахири суруд ба ҷойи "То куҷо хоҳӣ дамидан?" "То куҷо хоҳӣ рамидан?" хондааст. Ин тафовутро Исфандиёр ё надидааст ё нодида гирифтааст. Варна тибқи шеваи кори пешгирифтааш дар ин бора бояд дар поварақ шарҳ медод.

Эродҳои се сол пеш гирифтаи мо дар робита бо суруди "Оҳ, чӣ хуш омадӣ, сафо кардӣ!" бар матни Эраҷ Мирзо (шеъри "Хушомадгӯйӣ", саҳ. 33) низ ба эътибор гирифта нашудааст. Тарона дар китоб бо байти зерин оғоз мешавад:

Ваҳ чи хуб омадӣ, сафо кардӣ,

Чӣ аҷаб шуд, ки ёди мо кардӣ?

Исфандиёр бо ишора ба се калимаи аввали байти мазкур дар поварақ навиштааст, ки "ба гумонам Аҳмад Зоҳир "Ваҳ, чи хуш…" мехонад. "Дуруст дар ёдам нест". Тааҷҷубовар он аст, ки Исфандиёр дар дурустии навиштаи хеш худ шубҳа доштааст, вале боз ҳам ҳозир ба он нашудааст, ки як бори дигар навори ҳамин суруди Аҳмад Зоҳирро бишунавад ва баъдан барои хонанда иттилои дуруст ва санҷидашударо ироа кунад. Агар чунин мекард, яъне сабти сурудро як бори дигар мешунид, на танҳо мефаҳмид, ки байт на бо он калимаҳои навишта ва ё ҳатто ҳадс задаи ӯ, балки бо ибораи "Оҳ, чӣ хуш…" оғоз мегардаду инчунин худро боз аз як ғалати дигар низ эмин месохт. Мисраи сеюми байти чоруми шеъри мазкурро низ Исфандиёр дар китоб ба ин шакл овардааст:

Аз чи дасте саҳар баланд шудӣ,

Ки тафаққуд ба бенаво кардӣ?

Аҳмад Зоҳир онро дар таронааш баъди нақарот ҳамчун байти дуввум ба ин тарз хондааст:

Аз чи паҳлӯ саҳар баланд шудӣ,

Ки тафаққуд ба бенаво кардӣ?

Дар бораи ин тафовут низ Исфандиёр шарҳу эзоҳ надодааст.

"ШАҲРИ ЁДҲО" НИЗ АЗ ЁД РАФТААСТ

Мураттиб ҳангоми таҳияи таронаҳои Аҳмад Зоҳир як усули хоси пешниҳоди матни ашъорро пеш нагирифтааст. Дар баъзе ҳолатҳо агар навиштаи шоирро ба китоб ворид карда бошад, дар бархе ҳолатҳои дигар матни сурудаи Аҳмад Зоҳирро пешкаши хонандагон кардааст. Баъзан ҳатто ҳангоми пешкаши як шеър аз ин ду шева истифода намудааст. Як қисми шеърро ба он тарзе овардааст, ки Аҳмад Зоҳир хондааст, қисми дигари ҳамон шеърро ба он шакле овардааст, ки шоир дар девонаш ҷо кардааст. Агар ҳамаи ин дигаргуниҳоро шарҳ медод ё барои хонанда ошкор мекард, ҷойи суол набуд. Вале мутаассифона, ин кор на ҳама вақт сурат гирифтааст.

Масалан шеъри Фаридуни Муширӣ "Пур кун пиёларо" (дар китоб "Ҷодуи беасар", саҳ. 39) мисол шуда метавонад:

Пур кун пиёларо,

К-ин оби оташин,

Дерест раҳ ба ҳолихаробам намебарад.

Ин ҷомҳо, ки дар пайи ҳам мешавад тиҳӣ,

Дарёи оташ аст, кирезам ба коми хеш,

Гирдоб мерабояду обам намебарад!

Ман бо саманди саркаши ҷодуии шароб,

То дурдасти олами пиндор рафтаам,

То дашти пурситораи андешаҳои гарм,

То марзи ношинохтаи маргу зиндагӣ,

То кӯчаҳои хотираҳои гурезпо,

То шаҳри ёдҳо

Дигар шароб ҳам,

Ҷуз то канори бистари хобам намебарад.

Мисраи чорум, яъне "Ин ҷомҳо, ки дар пайи ҳам мешаванд тиҳӣ"-ро чӣ тавре, ки шоир навиштааст, Исфандиёр ҳамон хел дар китоб овардааст. Аммо Аҳмад Зоҳир ин мисраъро дар сурудаш ба ин тарз месарояд:

Ин ҷомҳо, ки аз пайи ҳам мешавад тиҳӣ,

Вале мисраъи ҳаштум, яъне "То дурдасти олами пиндор рафтаам"-ро муаллиф дар шакли дар тарона сурудаи Аҳмад Зоҳир овардааст.

Дар поварақ омадаст, ки "ба ҷойи "то дурдасти" дар асл "то бекарони" омадааст ва Аҳмад Зоҳир мисраъҳои сиёҳи курсившударо хондааст". Бояд бигӯем, ки дар ин шарҳ низ иштибоҳе рафтааст. Он мисраъҳоеро, ки Аҳмад Зоҳир аз ин шеър дар таронааш мехонад на ҳамаашон бо курсив ишора шудаанд. Масалан мисраи "То шаҳри ёдҳо"-ро Аҳмад Зоҳир дар сурудаш мехонад, вале дар китоб ин мисраъ бо курсив ишора нашудааст. Чунин камбудиҳо хонандаеро, ки сурудро нашунида бошад, ба иштибоҳ меандозад.

Ӯ ЗИЁДТАР АЗ ОН АСТ,

КИ МО ТАВАҚҚУЪ ДОРЕМ

Дар таронаҳои матнашон аз ашъори Ҷалолиддини Балхӣ ба китоб воридшуда низ чунин иштибоҳот зиёд ба назар мерасанд. Барои мисол мо шеъри "Даъват" (Биёед, биёед, ки гулзор дамидаст")-ро мегирем. Дар саҳифаи 52-и китоб онро Исфандиёр ба ин шакл овардааст:

Биёед, биёед, ки гулзор дамида-ст,

Биёед, биёед, ки дилдор расида-ст.

Бар он зишт бихандед, ки ӯ ноз намояд,

Бар он ёр бигирйед, ки аз ёр бурида-ст.

Ҳама шаҳр бишӯрид, чу овоза дарафтод,

Ки девона дигар бор зи занҷир раҳида-ст.

Чӣ рӯз асту чӣ рӯз аст? Чунин рӯзи қиёмат,

Магар номаи аъмол зи офоқ парида-ст?

Дар поварақ дар шарҳи ин ғазал муаллиф бо ишора ба байти дуввуми порчаи болоӣ ҳамин қадар гуфтааст, ки "ин байти 7-уми ғазал аст". Бо ишора ба байти чорум бошад навиштааст, ки "ин байти 9-уми ғазал аст ва дар баъзе сабтҳои маҳфилӣ онро намехонад. Ҳамчунин, ин ғазал аз 12 байт иборат аст ва барои матни комили он ба "Куллиёти девони Шамси Табрезӣ" (интишороти "Пажӯҳиш", чопи дуввум, 1385), ҷилди1, саҳ. 152-153 муроҷиат намоед".

Тамом, дар бораи ин тарона дар ин китоб ҳамин қадар иттилоот дода шудааст. Шарҳу эзоҳи дигаре нест. Аз ин навиштаи Исфандиёр чунин бармеояд, ки Аҳмад Зоҳир дар таронаи худ ҳамин чор байтро сурудаасту бас.

Акнун биёед бубинем, ки Аҳмад Зоҳир бо истифода аз кадом байтҳои ин ғазал ин таронаро хондааст. Аввал бояд бигӯем, ки се намуд навори мухталифи ҳамин суруд маълум аст. Навори аввал сабти студияи "Музик сантар" мебошад, ки матни суруд дар ин навор чунин омадааст:

Биёед, биёед, ки гулзор дамидаст,

Биёед, биёед, ки дилдор расидаст.

Ҳама шаҳр бишӯред, чу овоза дарафтод,

Ки девона дигар бор зи занҷир раҳидаст.

Хамӯш бош, хамӯш бош, макун фош, макун фош,

Махӯр ғӯраву мафшор, ки ангур расидаст.

Навори дуввум сабти студияи "Ориёно музик" мебошад, ки дар он таронаро овозхон ба ин тарз хондааст:

Биёед, биёед, ки гулзор дамидаст,

Биёед, биёед, ки дилдор расидаст.

Ҳама шаҳр бишӯред, чу овоза дарафтод,

Ки девона дигар бор зи занҷир раҳидаст.

Бар он зишт бихандед, ки аз ёр бимондаст,

Бар он ёр бигирйед, ки аз ёр буридаст.

Навори саввум сабти як нишасти маҳфилии Аҳмад Зоҳир аст, ки дар он таронаро ба ин шакл сурудааст:

Биёед, биёед, ки гулзор дамидаст,

Биёед, биёед, ки дилдор расидаст.

Ҳама шаҳр бишӯред, чу овоза дарафтод,

Ки девона дигар бор зи занҷир раҳидаст.

Бар он зишт бихандед, ки аз ёр бимондаст,

Бар он ёр бигирйед, ки аз ёр буридаст.

Чӣ рӯз аст, чӣ рӯз аст? Чунин рӯзи қиёмат,

Магар номаи аъмол зи офоқ паридаст?

Чи тавре ки мебинем, матнҳои ҳамаи ин се навор аз матне, ки мураттиб дар китобаш ҷо додааст, дар бархе маврид фарқи ҷиддӣ мекунанд.

(идома дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97