МУҲАММАДСОЛЕҲ ПУРДИЛ: АЗ ЗИЁРАТИ ТОҶИКИСТОН ЭҲСОСИ САОДАТ МЕКУНАМ

Фарҳанг ва адаб 12.10.2009 13:45

- Оқои Пурдил, чун ин нахустин сафари Шумо ба Тоҷикистон аст, қабл аз ҳар чизе моилам бидонам, ки кишвари моро чигуна ёфтед?

- Тоҷикистон бидуни муболиға як кишвари хеле хуб ва дӯстдоштанист. Банда аз муддатҳо пеш қалбан мардуми азизи Тоҷикистонро дӯст доштам ва қалбан онҳоро зиёрат мекардам ва ҳамеша бо онҳо дар иртибот будам. Вале пайваста орзуи зиёрати ин сарзамини меҳрубонро доштам ва саодати ман буд, ки билохира даъват шудам ва ба дидори ин мардуми хуб, алоқаманд, ошиқ ва пок расидам.

- Нақши Конфронси байналмилалии "Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар гуфтугӯи тамаддунҳо"-ро дар ваҳдати ҷаҳони Ислом ва бавижа ду кишвари дӯсту ҳамзабони Тоҷикистон ва Ирон чигуна арзёбӣ мекунед?

- Саъодати музоаф ва дучанди банда ҳамин буд, ки бо дидор аз Тоҷикистон дар ин ҳамоиши бузурги илмӣ низ ҳузур ёфтам ва файз бурдам.

Дар лобалои мушоҳидаҳо ва гуфтугӯҳоям бо шахсиятҳо ба ояндаи ин кишвари хуб ва мардуми азизи он хеле умедвор шудам. Бахусус насли ҷавон ва ояндасози ин миллатро ба илму уламо бисёр алоқаманд, ҳамзамон муаддаб, дорои тавозуъ ва фурутанӣ ёфтам, ки аз сифоти муҳим аст.

Банда фикр мекунам, ки агар иншоаллоҳ раис ҷумҳури маҳбубу азизи Тоҷикистон, ки ин гуна ҳиммат ва хайрхоҳӣ мекунад, дар ҷиҳати афзоиши ин тавфиқ гом бардорад ва онро ҳифз бикунад, Тоҷикистон он ақибафтодагӣ ё рукуди 70-80 соларо ҷуброн хоҳад кард ва бо ҷаҳиши бузург рушди муносиберо ба даст хоҳад овард.

Тоҷикистон ва Ирон бо ҳам муштаракоти фаровоне доранд. Аҳли суннати Ирон низ наздик ва 15 миллион нафар аст, ки бештарашон ҳанафимазҳаб ҳастанд. Вале имом Абуҳанифа мутаалиқ ба ҷомеаи исломӣ ва инсонист. Чун уламо мазҳабашон ҷаҳонӣ буда, мазҳаби хосе надоранд ва барои ҳама ҳастанд. Дар луғату фарҳанг ва хеле аз масоили дигар низ муштарокоти зиёде дорем, ки қатъан ин ҳама барӯи равобит ва наздик шудани мо таъсиргузор мебошад. Равобити дипломатии Ирон бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳо ва бавижа умронӣ, ободонӣ ва иқтисодӣ бисёр олист.

Ҳоло равобити мардум ва миллати Тоҷикистон бо қишри азими дигар аз Ирон, яъне ҳудуди 15 миллион аҳли суннат, ки намояндагонашон дар ин ҳамоиш ҳузур ёфтанд, барқарор шудааст. Дар маҷмӯъ равобити ду кишвари ҳамдину ҳамзабон равобити ҳасана буда, умедворем, ки аз тариқи ин нишастҳову конфронсҳо ва диду боздидҳо риштаҳои ухувват ва ҳамдилии мо бештар тақвият бишавад. Аз ин ки ба Тоҷикистон омадам, хеле ва хеле хушҳол ҳастам.

- Ташаккур, оқои Пурдил Тоҷикистон хонаи Шумост ва мутмаин бошед, ки мардуми ин кишвар ҳамеша мунтазири дидори муҷаддад бо Шумо хоҳанд буд.

- Ин эҳсосотро банда ҳам дорам.

- Саломат бошед!


Мусоҳиб Солеҳ ЮСУФ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97