УСТОДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПЕШНИҲОД МЕКУНАД: БАРОИ МАОРИФ ЯК АСР НИЗ КАМ АСТ

Фарҳанг ва адаб 10.10.2009 14:45

Бо супориши нашрия бояд дар мавриди омӯзгори варзида лавҳаеро тайёр мекардам. Дар замони пас аз хусусӣ шудани минбари сухан аз духтур, омӯзгор сухан гирифтан, амри маҳол аст. Бо чанд нафар омӯзгори воқеан маъруф занг задам. Яке туй дораду дигаре маризӣ ва саввумӣ дар бозор равған мефурӯшад. Ба ҷустуҷӯи омӯзгори варзида Зафар Умаров шитофтам. Чанд сол боз бо устод Умаров дар ақсои масоили доғи рӯз баҳс мекунем. Зафар Ҳоҷизода аз зумраи зиёиёне аст, ки сиёҳу сафеди ҷомеаро аз сензураи вақт намегузаронад. Дар ҳар мавзӯъ мавқеи хоса дошта, ошкоро сӯҳбат мекунад.

Зафар Ҳоҷизода чанд сол қабл чун яке аз устодони Президент ( С. Абдулоев, А. Сайфулоев "Эмомалӣ Раҳмонов: Истиқлоли Тоҷикистон", Хуҷанд 1996.) муаррифӣ шуда буд.

Муаллифони ин китоб, ки нахустин асари таҳлили сиёсӣ дар мавриди Президент буд, Зафар Ҳочиевичро чун устоди фанни омори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, факултаи иқтисодӣ ном бурдаанд. Ба бахти неки Зафар Ҳоҷизода Раиси ҷумҳур низ ҳаққи устодӣ доштани ишонро инкор намекунад. Вале бар иллати фурӯтанӣ ва хоксорӣ устод аз ин тақдири таърихӣ ҳеч гоҳе сӯистифода намекунад. Ва агар каме дуртар ба умқи таърих назар кунем, падари Зафар чун яке аз нахустин омӯзгорони ибтидои қарни бист дар Осиёи марказӣ шӯҳрати беандоза дошт.

Ангушт ба занги дари хонаи устод задам. Аммо дарро ба зудӣ накушоданд. Имрӯз дар паси ҳар занги дар хазинадори пули газу барқ поида нишастааст. Чун ба устод аз ин идораҳо набудани маро гуфтанд, зуд ба истиқболам шитофт.

- Канӣ шунавем?! Кайҳо боз сафсатаҳои шуморо нашунидаам.

- Профессори пир аз кӯча вазнин-вазнин қадам мезад. Ногаҳон аз мошини Ҷипи қимматбаҳо марде сар бароварда:

- Уктам Нишонович! Маро нашинохтед?

- Не, писарам - ҷавоб дод профессор.

- Ман дар кафедраи шумо шогирд будам. Маош нарасид ба тиҷорати пахта сар кардам. Чӣ хизмат кунам?!

- Бо тиҷорати пахта ба ватан ва ба касе хизмат карда наметавонед, писарам!

Каме дуртар дар наздаш автомашинаи дигар истод:

- Ҷаноби профессор, монда нашавед! Биёед савор шавед, ба Чукотка ҳам хоҳед мебарам, ман собиқ асистенти кафедраи шумо. Ҳоло ба ҷумҳурӣ сӯзишворӣ ворид мекунам.

- Аз сӯхтор эҳтиёт кунед бачам. Ман пиёда мегардам.

Дар назди фурӯшгоҳи "Супермаркет" марди олуфтаи шикамбузург профессорро зӯран ба оғӯш гирифт:

- Ҳоло ҳам тағйир наёфтед, Уктам - ако. Нашинохтед? Ман собиқ аспиранти Шумо. Ҳоло дар Дубай тиҷорат мекунам.

Профессор роҳашро давом дода, аз назди биное гузашт. Ва пойинтар дид, ки гадое дар партобгоҳ бо чӯбча аз он ҷо ғанимат мекофт. Профессорро дида, салом дод.

- Чӣ Шумо ҳам собиқ муаллим аз кафедари ман?!

- Чаро собиқ? Ман ҳоло ҳам дар он ҷо кор мекунам!

Зафар Ҳоҷизода ин тӯҳфаи дағали маро ба ҳар ҳол чун падидаи анъанавии ҷомеа қабул намуд.

- Устоди азиз! Ҳафтаномаи "Миллат" шуморо ба иди муаллим табрик карда, андешаи шуморо дар остонаи "Соли маориф ва фанноварӣ" фаҳмиданист?

- Аслан барои маориф як сол кофӣ нест. Бояд тамоми қарн ба маориф бахшида шавад. Аммо иқдоми хуб аст. Дар як сол ҳам кори зиёдеро анҷом додан мумкин аст. Аз таҷрибаи соли гузашта маълум шуд, ки агар қавлу амал ба як маҷро равона бошад, натиҷаҳо афзун хоҳанд шуд. Дар як сол дар вилояти Суғд 150 иншооти мухталифи истеҳсолӣ, маданӣ, таълимӣ ба истифода дода шуд. Ба ақидаи ман дар соли маориф бештар ба "таъмири" усули таълим таваҷҷуҳ зоҳир шавад беҳтар аст. Аввалан мо бояд аз шуури одамон "дипломгункунӣ"-ро гум кунем. Ҳар як шаҳрванди ҷавон кӯшиш мекунад, ки ақкалан як диплом дошта бошад. Вале дар асл ин диплом фақат ёдгорӣ аз солҳои донишомӯзӣ боқӣ мемонаду халос. Ман чанд шогирдамро мисол оварда метавонам, ки ду диплом гирифта, дар бозори Сомониён газвор мефурӯшанд. Ана мо бояд ҳақи маоши газворфурӯш ва мутахассиси ҷавонро баробар кунем. Он гоҳ дипломҳо аз ҷевонҳо берун мебароянд.

Ислоҳоти имрӯзаи маориф бомақсад аст. Вале мутаассифона ин ҷабҳаи мушкилро танҳо ба дӯши як вазорати маориф партофтан беинсофист. Омма бояд васеъ ба таъғирот, навҷӯӣ ҷалб шавад. Имрӯз зарур аст, ки мардум маорифро идора кунад. Тиҷорати пахта хуб аст. Аммо тиҷорати зеҳн боз ҳам фоидаовартар аст. Чанде пеш бори нахуст дар шахри Хуҷанд соҳибкор Анвар Саидмуродов мактаби хусусӣ кушод. Дар ин мактаб беҳтарин омӯзгорон бо маоши баланд кор мекунанд. Мохе ба ҳисоби молӣ аз таълим то 3 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меояд. Мо ҳанӯз ҳам маънои пурраи таълими пулакиро дарк накардаем. Дар ҷаҳони имрӯза шогирд донишро аз устод мехарад. Ва устод сифати моли зеҳнии худро баъди фурӯш низ назорат мекунад.

-Устод, яъне Шумо усули таълими пулакиро дастгирӣ мекунед?

- Умуман таълими бепул вуҷуд надорад. Буҷа низ аз пули мардум таркиб ёфтааст. Ба рақамҳои молиявӣ агар назар кунем, дар панҷ соли охир нисбат ба даҳ соли замони Шӯравӣ ба маориф 3 маротиба бештар маблағ ҷудо шуда буд. Имрӯз ба ҳар як талаба 4 маротиба бештар нисбат ба солҳои 80- уми даврони Шӯравӣ маблағ сарф мешавад. Муҳим он аст, ки ин маблағ бояд ба паҳлуҳои муҳимми таълим нигаронида шавад. Барномаи таълим, васоити он кулан бояд тағйир ёбад. Мо бояд васоити таълимро ба раванди замон мутобиқ кунем. Ба тифли имрӯза дар баробари мактаб, волидон маърифати мазҳабӣ, равия ва ҷараёнҳои тундрави мазҳабӣ, интернетҷӯӣ, бозиҳои компутерӣ, мусиқии ҷаз, варзиши қуввасолорӣ, инқилоби шаҳвонӣ таъсир мерасонад. Мутаассифона аз ҳар гуна равияҳои манфӣ мо тифл, насли наврасро ҳифз карда наметавонем. Зеро мо ҳанӯз аниқ накардаем, ки дар ташаккули ин тифл кадоме аз ин равияҳо бештар таъсир мерасонанд. Масалан, мо ба таълими исломшиносӣ шурӯъ кардем. Аммо тамоми васоити таълимии мо дар пояи материализми ғарбӣ асос ёфтааст. Яъне дар дарси физика мо ба тифл офариниши материалистии оламро таълим дода, дар дарси исломшиносӣ офариниши олами кулро тавассути қудрати илоҳӣ ёд медиҳем. Кӯдак ба кадомаш бовар кунад?! Ҳамзамон дар васоити таълимии макотиби олӣ низ таззодҳои ақидавӣ зиёд аст.

Хеле хуб мешуд, ки дар соли маориф аз "компютеркунонӣ" ба компютерфаҳмонӣ гузарем. Аз нигоҳи омор суръати бо компютер таъмин кардан мо анқариб аз Урупо ҳам гузаштаем. Аммо дониши компютерӣ ҳанӯз дар сатҳи пойин қарор дорад.

Усули муассири таълим ва гузариш ба таҳсилоти замонавиро бе пойгоҳи таълимӣ тасаввур кардан мумкин нест. Ман дар бахши Хуҷандии Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дарс мегӯям. Дар муддати кутоҳ ин донишгоҳ мутахассисони хубро тайёр кард. Имрӯз низ ҷавонони Хуҷанд ин донишгоҳро интихоб мекунанд. Вале ду сол пеш бинои донишгоҳ дар тахтабозор буд. Ҳоло донишгоҳ дар бинои "Торгмаш"-и Хуҷанд иҷоранишин аст. Агар дар Соли маориф мо соҳиби бинои худӣ бигардем дар сад соли охир соли маориф аз ёдҳо нахоҳад рафт.

- Устод, барои сӯҳбат арзи супос ва Соли маориф бароятон кмогориҳо таманно дорам.


Наҷмиддини Шоҳинбод
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97