ЗИНДАГИИ ПАС АЗ МАРГИ АЛМОСИ ШАРҚ Ё нигоҳи тоза ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир

Фарҳанг ва адаб 09.10.2009 14:02

Аҳмад Зоҳир азҷумлаи он шахсиятҳои бисёр машҳури фарҳангӣ ба шумор меравад, ки пайваста дар борааш нависандагону журналистон, муҳаққиқон дар он кишварҳое, ки умдатан бо форсӣ ҳарф мезананд ва ҳатто берун аз он кишварҳо ҳам, китобу рисолаҳои зиёде менависанд. Ин маводҳо паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва эҷодиёти ӯро дар бар мегиранд. Мо дар ин мақолаи хеш мехоҳем дар бораи се китобе, ки ахиран дар Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ин нобиғаи ҳунари мусиқӣ ба нашр расиданд, нуқтаи назари хешро изҳор намоем.

Ҳар сеи ин китоб дар робита бо осори Аҳмад Зоҳир, аниқтараш таронаҳои сурудаи ӯ навишта шудаанд. Дурустараш ин китобҳоро як навъ тадвин ва таҳияи сурудҳои Аҳмад Зоҳир номидан мумкин аст.Таҳлил ва муқоисаи ин китобҳо андешаҳои тозаеро ба бор овардаанд,ки иншоаллоҳ, пешкаши табъи нуктасанҷи шумо хонандаи гиромии ҳафтаномаи "Миллат" хоҳанд шуд. Нахуст дар бораи китобе ҳарф мезанем, ки дар Тоҷикистон ба нашр расидааст.

"ЯК МУШТИ ШЕЪРУ ЯК МУШТИ ОҲАНГ…"

БАЪДИ СЕ СОЛ

Беш аз се сол пеш бо шоир Исфандиёр пиромуни китоби ӯ "Аҳмад Зоҳир- хунёгари солҳову садаҳо" дар саҳифаҳои ҳафтаномаи "Миллат" баҳсе доштем. Мавсуф он замон аз саҳифаи матбуот хоҳиши бо банда мулоқот карданро изҳор карда буд. Мо низ омодагии хешро барои сӯҳбат бо ӯ иброз дошта ба ӯ аз тариқи матбуот хабар дода будем, ки суроға ва шумораи телефони моро метавонад аз идораи нашрияи мазкур бигирад. Мақсади Исфандиёрро аз ин мулоқот танҳо ҳадс зада метавонистам, ки чӣ буд. Шояд ӯ дар ҳақиқат,ба маслиҳати банда дар навиштани ҷилди дуввуми китобаш, ки онро тибқи ваъдаҳое, ки дар мақолаи ҷавобиаш дода буд, дар фурсати наздик бояд чоп мекард, зарурат дошт. Хулоса беш аз се сол гузашту мулоқоти мо доир нагашт. Рости гап, чун ба баргузории чунин мулоқот на ҳавас доштаму на эҳтиёҷ, аз ҷониби ман низ кӯшише барои барпо шудани он сурат нагирифт. Шояд Исфандиёр низ баъдтар чунин фикр карда бошад, ки ба мулоқоте, ки аланан дархости баргузориашро мекард, наомад.

Вале бо гузашти қариб се сол баъди ин радду бадалҳо аз мағозаи китобфурӯшӣ китоберо харидам, ки он "Як мушти шеъру як мушти оҳанг…" ном дошт ва таҳиягараш ҳамон бародар Исфандиёр буд. Чун нек нигаристам китоб ҳамон китоби "Аҳмад Зоҳир- хунёгари солҳову садаҳо" буд (на ҷилди дуввум, ки ваъдаи чопи қарибалвуқӯъашро дар мақолаи "Ман қотили Аҳмад Зоҳир нестам!" (ҳафтаномаи "Миллат", шумораи 1-и соли 2006) дода буд), вале бо иловаву тағйиротҳо. Бароям бисёр ҷолиб буд, ки бубинам муаллифи китоби "Як мушти шеъру як мушти оҳанг…", ки онро худи ӯ дар сарсухани китобаш тазкира номидааст, оё эродҳои гирифтаи моро дар мақолаҳои танқидии се сол пеш чоп шуда ба инобат гирифтааст ё не. Зеро китоби аввала камбудиҳои ҷиддӣ дошт ва ба ҳусни маҷмӯаи таронаҳои бузургтарин овозхони форсигӯйи Шарқ халал ворид мекард. Китобро ба диққат хондам.

ЯК ҚАДАМ БА ПЕШ…

Бале, пешравиҳои ҷолиберо дар таҳияи китоби нав ба мушоҳида гирифтам. Масалан, дар китоби қаблӣ муаллиф 96 суруди Аҳмад Зоҳирро бо мушаххасан нишон додани номи 47 нафар муаллифи матни онҳо зикр карда бошад, дар ин китоби тозаэҷодаш Исфандиёр акнун 134 шеъри 63 шоир форсу тоҷикро, ки Аҳмад Зоҳир ашъори онҳоро дар барномаҳои консертии худ ҷой додааст, ворид кардааст. Аз ҷумлаи 63 шоир таҳиягар дар бораи аҳвол ва осори 58 нафари онҳо маълумоти муфиде додааст, ки ин худ як тағйироти хеле мусбате дар муқоиса бо китоби аввала ҳаст. Дар нашри аввали китоб як саҳлангорие, саросемагие дар таҳияи матнҳои таронаҳо мушоҳида мешуд. Баъзе таронаҳо нопурра, ноқис ба китоб ворид карда шуда буданд. Тайи ин се сол муаллиф вақт пайдо кардааст, ки аксари камбудиҳоро ислоҳ кунад, матни баъзе таронаҳоро пурра созад, муаллифони як қатор таронаҳои дигари Аҳмад Зоҳирро пайдо намояд. Масалан аз Халилуллоҳи Халилӣ дар китоби аввал ҳамагӣ як суруд ворид шуда буд. Дар китоби дуввум се суруди устод Халилӣ дохил карда шудааст. Ҳамин чизро дар бораи ашъори шоирон Ҳилолӣ, Мирзо Бедил, Раҳии Муъайирӣ, Имоди Хуросонӣ, Симини Беҳбаҳонӣ ва дигарон гуфтан мумкин аст. Хулоса, ҳатто барои мане, ки муддатҳост осори ин бузургмарди олами ҳунари мусиқиро меомӯзам ва то андозае бо он ошно ҳастам, китоби дуввуми Исфандиёр дар бораи Аҳмад Зоҳир як манбаъи ҷолиб ва муфид ба назар расид. Маълумоти наверо барои худ дар бораи зиндагиномаи якчанд шоире, ки ашъорашонро Аҳмад Зоҳир сурудааст, пайдо кардам. Муаллифони матни баъзе аз таронаҳоеро, ки бароям то он рӯз номаълум буданд, аз ин китоб кашф намудам. Барои мисол ман бо такя ба китоби "Танҳо садост, ки мемонад", ки дар Пешовари Покистон борҳо ба табъ расидааст, матни таронаи "Чи хоҳӣ гуфт рӯзи ҳашр дар пеши Худои ман"-ро моли Фурӯғии Бастомӣ меҳисобидам, вале далелҳои бародар Исфандиёр моро мутмаин сохт, ки ин ғазал маҳсули эҷоди шоири таронанависи бузурги Эрон Бежан Тараққӣ аст.

Хулоса, ин китоб нишон медиҳад, ки муҳаққиқ Ифандиёр дар муайян кардани муаллифони таронаҳои Аҳмад Зоҳир ва пешкаши алоқамандони мусиқӣ намудани матни ашъори онҳо заҳмати зиёде кашидааст.

Фаъолияти эҷодии Аҳмад Зоҳир самтҳо ва паҳлӯҳои гуногуну густурдаеро дар бар мегирад. Мавзӯъҳои мухталифи зиндагинома ва осори безаволи ӯ интизори тадқиқотҳои бунёдианд. Муайян кардани муаллифони ашъори сурудҳои Аҳмад Зоҳир танҳо як самти кӯчак, вале муҳими мавзӯи бисёр ҳам калони "Интихоби шеър барои суруд аз нигоҳи Аҳмад Зоҳир" мебошад. Исфандиёр ана дар ҳамин самт, яъне дар самти муайян кардани муаллифони номаълуми ашъори сурудаи Аҳмад Зоҳир бо ин китоби худ хизмати пурарзише кардааст. Ӯ барои муҳаққиқон ва алоқамандони таронаҳои ин овозхони номӣ исм, шарҳи зиндагӣ ва осори 10-12 шоиреро овардааст, ки то ба имрӯз барои доираи васеи мухлисони садои Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон номаълум буданд.

ДИЛИ ДЕВОНА Ё ШӮРИДА

Ва аммо, мутаассифона, дар ин китоб ҳам камбудиҳое низ ба чашм мехӯранд, ки донистану дар оянда ислоҳ кардани онҳо, ба фикри мо, барои ҳама, ҳам барои муаллиф, ҳам барои хонанда ва ҳам барои он бузургоне, ки сухан дар бораашон меравад, яъне ҳам шоирон ва ҳам Аҳмад Зоҳир, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Дар аввал бояд бигӯям, ки то ин лаҳзаҳое, ки мақолаи мо навишта мешавад, дар бораи китоби нави Исфандиёр оиди Аҳмад Зоҳир аллакай чанд тақриз навишта шудааст. Дар байни онҳо мақолаи Холис таҳти унвони "Як мушти шеъру як мушти оҳанг…", ки дар ҳафтаномаи "Нури зиндагӣ" ба нашр расидааст ва навиштаи мунаққид Раҷабалӣ Худоёрзода зери унвони "Гулшани тарона" (дастхаташро хондаам) муҳимтар ва пурратар ба назар мерасанд. Ҳарду муаллиф тибқи фаҳмиши худ ҳусну қубҳи ин китобро ба риштаи таҳлил кашидаанд. Онҳо ҳам дар бораи комёбиҳои муаллиф ҳини эҷоди ин китоб гуфтаанду ҳам то андозае дар бораи нуқсонҳои асари мазкур ибрози андеша кардаанд. Мо мекӯшем, ки гуфтаҳои ин бародарони нуктасанҷро, махсусан дар қисмати танқид такрор накунем. Агарчӣ ба эродҳои гирифтаи ин ҳарду муаллиф мо низ қариб, ки мувофиқ ҳастем.

Чи тавре, ки дар боло гуфтам, Исфандиёр ҳангоми таҳияи китоби "Як мушти шеъру як мушти оҳанг…" он эродҳоеро, ки дар мақолаи "Таҳияи осори бузургон кори саҳл нест" (ҳафтаномаи "Миллат", шумораҳои 16-17-и соли 2005 ) ироа шуда буданд, асосан ба инобат гирифта, камбудиҳоро то ҳадди имкон ислоҳ намудааст. Вале мо ҳамон вақт ба сабабҳои ба дарозо накашидани мақола аз гуфтани баъзе камбудиҳои дигар худдорӣ карда будем, ҳарчанд ба мавҷудияти онҳо ишораҳо ҳама шуда буданд.

Масалан, Аҳмад Зоҳир чор байти ғазали "Кош будам лола то ҷӯянд дар саҳро маро", ки моли шоири машҳури Эрон Ғуломризо Қудсӣ мебошад, ("Як мушт шеъру як мушт оҳанг…", Душанбе, 2008. саҳ. 126) хондааст ва Исфандиёр ҳам ҳамчун дар китоби қаблиаш дар ин китоб низ ҳамин чор байтро овардааст. Мутаассифона, байти чорум чӣ тавре, ки дар китоби "Аҳмад Зоҳир- хунёгари солҳову садаҳо" қаблан хато чоп шуда буд, бо ҳамон саҳв дар китоби "Як мушти шеъру як мушти оҳанг…" такроран ба табъ расидааст. Дар китобҳои мазкур ин байт чунин омадааст:

Кош будам шамъ, то баҳри нигоҳи дигарон,

Дар миёни ҷамъ сӯзонанд сар то по маро.

Вале Аҳмад Зоҳир онро ба ин тарз хондааст:

Кош будам ҳамчу шамъ, то баҳри нигоҳи дигарон,

Дар миёни ҷамъ сӯзонанд сар то по маро.

Мисоли дигар. Исфандиёр эродҳои оиди таронаи "Охир эй дарё" (ҳамон ҷо, саҳ. 21) гирифтаамонро асосан ислоҳ кардааст. Аммо он камбудиҳоеро, ки мушаххасан он замон ёдовар нашуда будем, ҳамон хел гузоштааст, ислоҳ накардааст. Мисол меорем.

Аҳмад Зоҳир хондани таронаро ин тавр шурӯъ мекунад:

Охир, эй дарё!

Ту ҳамчун ман дили девона дорӣ.

Ва ин шеъри марҳум Зиё Қоризода дар ҳамон китоби "Мушоира", ки Исфандиёр дар маҷмӯаи ахираш ба он истинод меорад, бо ҳамин тарзе, ки Аҳмад Зоҳир хондааст, оғоз мешавад. Вале Исфандиёри мӯҳтарам бо сабабҳои номаълум дар ҳар ду китобаш мисраи дуввуми ин порчаи шеъриро дар шакле овардааст, ки на Зиё Қоризода гуфтаасту на Аҳмад Зоҳир сурудааст:

Охир, эй дарё!

Ту ҳамчун ман дили шӯрида дорӣ.

Шояд касе гумон кунад, ки Аҳмад Зоҳир эҳтимолан дар ягон навораш ба ҳамин тарзе, ки Исфандиёр овардааст, хондани ин сурудро оғоз карда бошад. Бо боварии комил мегӯям, ки чунин навор вуҷуд надорад. Аҳмад Зоҳир ин таронаро ду бор сабт кардааст. Як маротиба ҳини ҷавониаш ва онро дар албоми нахустинаш ҷой додааст. Ин суруд яке аз таронаҳои аввалини Аҳмад Зоҳир аст ва ҳангоми хондани ин суруд гурӯҳи ҳофизони радиои Кобул таҳти роҳбарии овозхони маъруф Зоҳир Ҳувайдо ба ӯ ҳамовозӣ кардаанд. Суруд бори аввал дар студияи 48-уми радиои Кобул сабт шудааст. Бархе аз муҳаққиқин ин сурудро ҳатто нахустин суруди дар студияи радио сабтнамудаи Аҳмад Зоҳир номидаанд.

Бори дуввум ин сурудро Аҳмад Зоҳир бо оранжировкаи нав қариб даҳ сол баъд, солҳои қабл аз маргаш дар студияи "Афғон Музик" сабт мекунад. Ҳарду суруд аз ҷиҳати матну оҳанг аз ҳамдигар фарқе надоранд. Танҳо дар истифодаи асбобҳои мусиқӣ ва шеваи хондани суруд тағйиротеро ба мушоҳида мегирем.

(идома дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97