МУЛЛОҲО ҲАМ МЕХАНДАНД

Фарҳанг ва адаб 09.10.2009 14:00

Дар ривояте аз Пайғамбар алайҳиссалом аст, ки боре пирзане бо пушти хамидаву мушкили роҳрафтан наздаш омаду гуфт; "эй Пайғамбар дуъоям бикун вориди биҳишт шавам". Ҳазрати Рисолатпаноҳ ба он пирзан гуфт, ки кампир вориди биҳишт намешавад. Пирзан сахт андӯҳгин шуд ва ин ҳарфи Пайғамбарро, ки шӯхиомез буд дигаргуна фаҳмид ва бар рӯяш осори ҳам намудор шуд. Ҳазрати Расул аз ӯ пурсид ба ту чӣ шуд, ки ғамгин шудӣ? Пиразан гуфт; "охир фармудӣ, ки кампир биҳишт намедарояд". Пайғамбар бо табассуме бар лаб гуфт; "оре чун ту ҷавон шуда ба биҳишт медароӣ". Он пиразан аз шодӣ мисли гул дар мавсими баҳорон шукуфт.

Дар ривояти дигаре ҳам омадааст, ки боре ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом бо ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳу якҷо нишаста хурмо мехӯрданд. Ҳазрати Алӣ хурмо мехӯрду донаашро гирифта, рӯйи донаҳое, ки назди Пайғамбар буд, мегузошт. Баъди тамом шудани хурмоҳо назди Расуллулоҳ анбори хурди донаи хурмо падид омад ва назди ҳазрати Алӣ ҳеҷ донаи хурмое набуд.

Ҳазрати Алӣ ба Пайғамбар алайҳиссалом рӯй оварда, бо шухӣ гуфт: "Ту ҳамаи хурмоҳоро хурдӣ". Пайғамбар дар ҷавоб гуфт: "Ту хурмоҳоятро бо донааш хурдӣ?".

Яке аз ёрони Пайғамбар алайҳиссалом шахси бисёр ҳам шӯхе буд ва ҳамеша ва ҳар ҷо шӯхӣ мекард. Гоҳе саҳобагони дигар аз ин ки дар ҳузури Пай?амбар ҳам даст аз аъмоли шӯхиангезаш барнамедошт нороҳат шуда, хостанд ҷилави ӯро бигиранд, ҳазрати Расул монеа шуд ва гуфт ӯро ба ҳолаш бигузоред, зеро табиаташ чунин аст.

Шинохтеро, ки мо аз саҳобагони Пайғамбар дорем, бештар ҷанбаи тақаддусӣ дорад. Онҳоро мо ҳамчун дӯстони худо, авлиёи илоҳӣ ва афроди ҷиддӣ мешиносем, дар ҳоле ки онҳо низ лаҳзаҳои шӯху шод дар зиндагияшон фаровон доштанд. Дар умури ибодату тақвову парҳезкорӣ албатта беҳамто буданду сахт кушо.

Порсоёни шабу шерони рӯз дар тамоми майдонҳо обу тоб ёфта буданд ва ба дасти онҳо Худованд дини мубини исломро дар сарзаминҳои мухталифу гуногуне густариш дод.

Бо ин ҳама ровиёни ахбор аз зиндагии онҳо саҳнаҳои шодеро ба мо нақл намудаанд. Аз ҷумлаи шӯхиҳои онҳо яке ҳам ин саҳна буд, ки бо пӯсти тарбуз ҳамдигарро мезаданду шӯхӣ мекарданд. Хулоса ҳам худи ҳазрати Пайғамбар ва ҳам саҳобагонаш зиндагияшон ингуна набуд, ки ҳамааш пур аз ҷиддияту хомӯшӣ, тоату ибодат, зикру фикр ва илму донишу маърифат бошад, балки лаҳзаҳову манзараҳои шоду пур аз шодие ҳам дошт. Тасаввури онҳо низ дар зеҳн боистӣ тасаввури як чеҳраи нуронии бо табассум бошад.

КОМЕДИЯИ ИСЛОМӢ

Чанде қабл дар шаҳри Вошингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, намоиши комедӣ баргузор шуд, ки дар овезаи рӯйи дари толори намоиш навишта шуда буд; "нӯшобаҳои спиртӣ мамнӯъ". Намоиш кӯтоҳ буд ва дар васат танаффуси 90 дақиқаӣ барои вузу ва намоз дошт. Дар менюи хӯрокҳо маҳсулоти гӯшти хукдошта дида намешуд. Ин намоиши пурбинандаро гурӯҳи комедияи исломӣ дар ИМА бо номи "Allah made me funny- Аллоҳ маро шӯх офаридааст" баргузор намуд.

Ду ҳунарманд дар оғози намоиш ба саҳна мебароянд ва бо садои баланд мегӯянд: "Ассалому алайкум" бархе толорнишинон, ки мусулмон буданд, ҷавоб гуфтанд: "Во алайкумуссалом", аммо бархеи дигар, ки ғайри мусулмон буданд, хомӯш нишастанд.

Яке аз ҳунармандон вақте ин хомӯширо мулоҳиза кард гуфт; "мебинам, ки ғайри мусулмонҳо ҳам барои дидани намоиши мо омадаанд, вале чун бо истилоҳоти динӣ ошно нестанд, иҷозат диҳед лафзи "Ассалому алйкум"-ро барои шумо тарҷума кунам. Ин маънояш "Ман туро мекушам аст".

Мусулмонҳо хандиданд ва ?айри мусулмонҳо ҳайрон шуданд чун ҳанӯз намоиш шурӯъ нашуда буд. Ҳунарманде, ки чунин гуфт баъди таваққуфи андаке гуфт; "шӯхӣ дорам. Ташаккур, ки барои тамошои намоиши мо омадед. Маънои салом-сулҳ аст".

Азҳар Усмон узви гурӯҳи "Аллоҳ маро шух офаридааст", аз мусулмонҳои амрикоии асли ҳиндӣ дошта дар мусоҳибааш бо шабакаи интернетии islamonline.net мегӯяд; "мо мусулмонҳо худро беҳад ҷиддӣ мегирем".

Ӯ ва гурӯҳаш бо намоишҳои комедии худ натанҳо сар то сари Амрико, балки ба бархе кишварҳои исломӣ низ сафари ҳунарӣ намуда, худро аллакай муаррифӣ намудаанд.

Азҳар Усмон аз рӯйи тахассус ҳуқуқшинос аст, вале саҳнаи ҳунар ва лаҳзае дилҳоро шод намудану дар рӯйҳо табассуму ханда эҷод намуданро бар ҳуқуқшиносӣ тарҷеҳ медиҳад ва ҳамингуна қасд дорад тамоми ҳаёту ҳастии худро ба ин касби аз навъи худ нодир, яъне бо мафҳуми исломияш бубахшад.

Гурӯҳи онҳо аз шӯхиҳои Паёмбар ва асҳобаш илҳом мегиранду ба саҳнаи ҳунар мебароянд ва нозукиҳои касби худро медонанд. Онҳо беҳтарин намунаи омезиши ҳунару дин ва он ҳам ҳунари комедии исломӣ мебошанд.

Гурӯҳи "Аллоҳ маро шӯх офаридааст" дар диёри Мағриб ба мусулмонҳо ва дар умум дар тасаввуру нигоҳи наву тоза ба дини Ислом саҳми арзандае мегузорад.

Комедистони исломӣ дар дохили Амрико барои мисол дар мавзӯъоти бисёр ҳам ҳассосу ҳаросангез шӯхиву бозӣ мекунанд: "терроризм, экстремизм, табъизҳои нажодӣ" ва масоили ба инҳо монанд.

Гур?ҳи мазкур дар сафари ҳунарияшон ба Ҷумҳурии арабии Миср бештар рӯйи мавзӯи дигаре тамаркуз доштанд. Онҳо лаҳҷаҳои гуногуни мусулмонҳоро тақлид намуда, тамошогаронро механдонанд.

Намоишашон дар Миср ба ҳадде ба тамошогарон маъқул уфтод, ки мувофиқи талаб ин гуруҳи ҳунарӣ боз намоишашонро такроран ба саҳна гузоштанд.

КОМЕДИЯИ ИСЛОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар баробари ингуна хабару навгониҳои ҷолиб, ки дар гӯшае аз ҷаҳони ислом ва ин гетӣ ба вуқуъ мепайванданд, кас ба худ ин суолҳоро медиҳад, ки оё рӯзе мешавад, ки мо ҳам дар кишвари худ чунин гурӯҳҳои ҳунарӣ дошта бошем? Оё касе аз ташаббускорони маҳаллӣ пайдо мешавад, ки гурӯҳи "Аллоҳ маро шӯх офаридааст"-ро ба Душанбе даъват намояд? Оё рӯзе фаро мерасад, ки дар Душанбе дар рӯзи иди Фитр ё иди қурбон ҷамъи муллоҳову муллобачаҳову ҳиҷобпӯшону дар умум ҳар фарди хоҳишманди мусулмони тоҷик дар қатори хариди билети намоиши исломӣ дар кохи Борбад ё Ҷомӣ дар навбати тӯлонӣ биистад?

Бо умеди он рӯзе, ки мо чунинҳоро дар ватани азизамон дошта бошем ва ақлу тафаккури мубтакири мо фаъол шавад. Корҳое бикунем, ки дигарон дар ҳайрат биуфтанд.

Дар охир баҷост аз шӯхиҳои як рӯҳонии сиёсатмадори тоҷик бо яке аз дӯстонаш, ки корманди яке аз вазоратҳост, ёдовар шавам.

Рӯҳонии сиёсатмадор: Чӣ хел шумо?

Дӯсташ: Гаштем ба дуъоҳои шумо домуллоҳо.

Рӯҳонии сиёсатмадор: Агар ба дуъоҳои ман бошад, шумо бояд кайҳо боз аз гаштан мемондед.


С. ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97