ОЁ ДИНИ МО БОЯД ИСЛОҲ ШАВАД?

Фарҳанг ва адаб 07.10.2009 13:53

ё нигоҳе ба чанд мушкилаи фаҳми ислоҳталабии динӣ дар Тоҷикистон

Ислоҳи тарзи тафаккури динӣ ва тасҳеҳи тарзи динфаҳмии мардум ва хусусан, баҳсу гуфтумони анъана ва ислоҳ аз ҳассостарин масъалаҳоест, ки дар тамоми давраҳо дар фазои динӣ ва аз ҷумла, дар ҷомеаҳои исломӣ идома доштааст. Гарчӣ ин баҳс дар ҳар замон рӯи заминаву масъалаҳои мухталиф ва дар сатҳҳои гуногун сурат мегирад, вале сужаву манзараи он тақрибан ҳамеша яксон буда, дар шакли рӯёрӯии уламои анъанавӣ, яъне посдорони суннату расму оину анъанаҳои устуворшудаи динӣ ва уламои ислоҳталаб, яъне тарафдорони тағйиру ислоҳи вазъияту тафаккури мавҷудаи динӣ ҷараён мегирад.

Бо вуҷуди он, ки вобаста ба сатҳи рушди фарҳанги умумӣ ва маърифати динии ҳар ҷомеа, набарди анъанаву ислоҳ дар муҳити динӣ гоҳо нарму гоҳо шадид, гоҳо мустақиму гоҳо мунҳариф ва гоҳо осоиштаву гоҳо хунбор мегузарад, вале дар кулл, ин рӯёрӯӣ навъе қонуни абадии муҳити динӣ буда, ҳамчун зарурати рушду таҳаввулу таҷдид такрор ба такрор пеш меояд.

Зеро гарчӣ тӯли умри ислом ва усули бунёдини он абадист, вале тӯли баъзе аз урфу анъанаҳо ва тарзи тафаккури динию навъи динфаҳмии ҳар насл баробари ҳаёти он ё ҳадди аксар, ҳаёти фарзандон ва наберагони он насл аст. Ин аст, ки сари ҳар садсолаву дусадсола наслҳои нави мусулмонон дубора ба сарчашмаҳои ноб ва усулу таълимоти бунёдии дини худ рӯ меоранд ва бо номҳои ислоҳу таҷдиду эҳё баъзе ширку хурофот ва инҳирофу олудагиҳои башариасли пешомадаро аз пайкари дин пок сохта, баъзе дастуру суннатҳои фаромӯшгаштаи диниро таҷдид намуда, бардошти тозаеро аз он усули устувору абадии дин ироа менамоянд. Ва нақши аслии шахсиятҳои бузурги илмию фарҳангию сиёсие, ки дар таърихи тамаддуни исломӣ бо унвонҳои баланди муҷаддид, муслеҳ ва эҳёгар эътироф шудаанд, пеш аз ҳама дар ҳамин хулоса мегардад. Ин аст, ки дар як нигоҳи пайваста метавон гуфт, ки таърихи андешаю тамаддуни исломӣ силсилаи тӯлоние аз ислоҳу таҷдиду эҳёҳо будааст. Ва фалсафаи амиқи ҳадиси Паёмбари ислом(с) дар бораи ин, ки сари ҳар садсола фарде зуҳур мекунад, то дини ин мардумро таҷдид намояд, маҳз дар ҳамин зоҳир мешавад.

Аз он ҷо, ки масъалаи ислоҳталабии динӣ дар Тоҷикистон ба таври зарурӣ омӯхта нашуда ва адабиёти методологии он ба вуҷуд наомадааст, гоҳо дар маҳфилҳои гуногун дар ин мавзӯъ андешаҳое шунида мешаванд, ки ба усул ва моҳияти аслии эҳёгариву ислоҳталабии динӣ созгор нестанд. Аз ин рӯ, бисёр бамаврид мебуд, ки аз тариқи посухи кӯтоҳ ба чанд саволи усулӣ, ба мушкилоти асосии фаҳмиши мафҳуму моҳияти ислоҳталабии динӣ дар ҷомеаи мо ишора шавад:

ЧӢ ЧИЗ БОЯД ИСЛОҲ ШАВАД?

Ин савол масъалаи марказии ислоҳталабии динист ва посухи он на танҳо як баҳси илмӣ, балки як мавзӯи эътиқодӣ низ мебошад. Мутаассифона, ҳатто дар баъзе аз доираҳои илмӣ низ ислоҳталабии динӣ гоҳо ба маънои ба миён гузоштани масъалаи ислоҳи ин ё он усулу таълимоти исломӣ фаҳмида мешавад. Ин навъи фаҳмиш хусусан, ҳангоми аз тарафи баъзе аз муҳаққиқони мо арзёбӣ шудани фаъолият ва дидгоҳҳои муҷаддидону ислоҳталабони исломӣ ба назар мерасад. Вале воқеият ин аст, ки ҳеҷ як муҷаддид, муслеҳ ва ислоҳталаби исломӣ ҳаргиз масъалаи ислоҳи таълимоти исломӣ ва усулу меъёрҳои он, яъне ислоҳи худи исломро дар миён намегузорад. Зеро аз назари ислом, даъвои ислоҳ дар дин ва талоши тағйир намудани таълимоти динӣ маънои иснод овардан ба ҳаққонияту дурустии он дин ва ҳатто хориҷ шудан аз онро мегирад. Пас, на худи дин ва таълимоти он, балки фақат тарзи фаҳмиши аҳком ва масоили динӣ, тарзи тафаккури динӣ, расму одатҳо ва афзудаҳои инсонӣ бар дин метавонанд ислоҳ шаванд. Аз ин рӯ, дар ислоҳталабии исломӣ масъалаи ислоҳ маҳз ба тарзи динфаҳмию диндорӣ, ба маърифат ва шуури динӣ ва анъанаҳои дар тӯли замон ба дин нисбатёфтаи инсонӣ тааллуқ мегирад. Шиори машҳури ислоҳгари бузурги исломӣ Сайид Ҷамолиддин низ ба ҳамин ишора мекунад:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

ЧАРО БОЯД ИСЛОҲ ШАВАД?

Яъне, вақте масъалаи ислоҳи динӣ дар миён гузошта мешавад, бояд мушаххас гардад, ки чаро бояд тарзи мавҷудаи тафаккури динӣ ва тарзи мавҷудаи диндорӣ ва расму оинҳои мавҷудаи ҷомеа тағйир ёбанд: ба сабаби писанд набудан ба завқи мо, рост наомадан ба ақли мо ё сангинии замонӣ, ҷисмонӣ ё молии онҳо барои мо? Аз назари фалсафаи дин, ҳеҷ яке аз ин далелҳо наметавонанд зарурати ислоҳро собит ва тавҷеҳ намоянд. Муҳиммтарин далеле, ки зарурати ислоҳи ин ё он падидаи динӣ, расму оин ва умуман, тарзи бовару тафаккури диниро собит месозад, исбот шудани мувофиқ набудани он бо асли таълимоти динӣ, омезиши он бо хурофоту боварҳои ғайриисломӣ ва дур шудан ё мунҳариф гаштанаш аз шаклу маънову моҳияти нахустини динии он мебошад. Дар ин сурат, мақсади ислоҳот на мувофиқи ақлу завқу нафсу хостаи худ ислоҳ намудани таълимоти дин, балки ислоҳи иловаю инҳирофу ғафлатҳои инсонӣ ба хотири эҳёву барқарории асли таълим ва фармудаи дин мебошад. Яъне аз зери ғубори ғафлату хурофот ва аз ҳолати рукуду фаромӯшӣ берун овардан ва дубора зинда кардани бахшҳои фаромӯшшудаи таълимоти дин. Масалан, вақте ислоҳгарони исломӣ чун Ғаззолӣ асари "Эҳёи улуми дин"-ро ва ё Иқбол китоби "Эҳёи фикри динӣ дар ислом"-ро менависанд, манзур на ислоҳи дин, балки ислоҳи инҳирофҳои башарӣ дар дарки дин ва эҳёи фаромӯшшудаҳои таълимоти динӣ мебошад.

Аз ин рӯ, худи ислоҳгарӣ низ маънои як масъулияти динӣ ва як ибодатро гирифта, бисёре аз муслеҳони динӣ ба амалу ҳаракати худ ҳамчун амали динӣ ва эътиқодӣ нигоҳ кардаанд. Пас маънои ислоҳталабии динӣ на ислоҳи дин ва мутобиқсозии дин ба хоставу талаботи худ, балки ислоҳу мутобиқсозии тарзи динфаҳмӣ ва тарзи диндории худ ва ҷомеа ба таълимоти аслии дин аст. Агар мақсад аз ислоҳталабӣ ҳамин нест, пас он як амали берунии ғайридинӣ ё динситезист, на ислоҳталабии динӣ.

КӢ БОЯД ИСЛОҲ БИКУНАД?

Ин пурсиш низ бисёр муҳимм аст, ки чӣ касоне метавонанд дар бораи ислоҳи динӣ ҳарф зананд ва ба он иқдом намоянд? Дар ин маврид низ бояд гуфт, гоҳо шиори ислоҳталабии динӣ аз миёни доираҳои ғайридинӣ, олимону зиёиёну файласуфони ба истилоҳ "дунявӣ" низ бармехезад. Ё ҳатто баъзе аз шарқшиносони шӯравӣ низ ҳамвора аз ислоҳи динӣ сӯҳбат мекарданд. Албатта, ҳар кас метавонад дар бораи ин масъала изҳори назар намояд, аммо барои иқдом намудан ба ислоҳи динӣ ҳадди ақалл ду навъи салоҳият зарур аст: яке, салоҳияти илмӣ ва дигаре салоҳияти динӣ.

Манзур аз салоҳияти илмӣ он аст, ки ислоҳгар бояд пеш аз ҳама худаш таълимоти олию тахассусии динӣ ва дониши комил дар улуми динӣ дошта бошад, то бо салоҳияти томм ташхис бидиҳад, ки куҷое аз урфу тафаккури динии ҷомеааш ба хурофот олудаву куҷои он аз таълимоти аслии дин дур шудаву ба инҳироф рафтааст. Манзур аз салоҳияти динӣ он аст, ки ислоҳгар худ бояд амалан фарди динӣ бошад ва ҳамчун чеҳраи динӣ дар муҳити динӣ шинохта шавад ва дар он ҷойгоҳи устувор дошта бошад, то диндорон ба сухани ӯ ҳамчун сухани худӣ ва машрӯъ нигаранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, мо дар таърих шоҳиди андешаҳои ислоҳхоҳии бисёре ҳастем, ки пеш аз ҳама бо сабаби аз ин ду салоҳият бархӯрдор набудани иқдомгаронаш муваффақият наёфтаанд. Пас яке аз шартҳои муҳимми ислоҳталабии динӣ машрӯияти илмиву шаръии худи ислоҳгар аст.

ЧӢ ГУНА БОЯД ИСЛОҲ ШАВАД?

Масъалаи чигунагии ислоҳ низ мавзӯи бисёр муҳимм аст, зеро дар таърихи ислоҳгарӣ мушоҳида шудааст, ки басе ҳадафҳои неку холисона низ қурбонии равишҳои ғалат гаштаанд. Яъне бисёре аз онҳое, ки бо нийяти ислоҳи инҳирофҳо ва бо шиори тағйирот ба майдони фаъолияти динӣ меоянд, таҷрибаи таърихиву ҷаҳонии эҳёву ислоҳи диниро наомӯхта, боз ҳам ба хатоҳои маъмули ҳаракатҳои пешин дар ин самт роҳ медиҳанд. Мавқеи шадид ва оштинопазир дар баробари насли пойбанд ба анъанаҳо, танқиду таҳқири намояндагони он, талошҳои дар ҷомеа ва дар назди пайравон беобрӯ намудани пешвоёни суннатии динӣ, сураъати баланди ислоҳу тағйир, сӯиистифоди раванди ислоҳталабӣ аз сӯи нирӯҳои сеюм ва ғайра, аз ҷумлаи осебҳо ва иштибоҳоти маъмуле ҳастанд, ки бисёре аз шахсиятҳо ва ҳарактҳои ислоҳталаби динӣ ба он дучор гаштаанд.

Пас, шарти дигари ислоҳталабӣ ба кор гирифтани равишҳои дуруст, ақлонӣ, мантиқӣ ва мӯътадили ҳаракат аст, зеро набояд фаромӯш кард, ки вақте урфу одату андешаҳои инсонӣ ба ҳавзаи дин ворид шуда, дар назари ҷомеа ба тадриҷ ба анъанаи динӣ табдил мегарданд, диндорон аз онҳо маҳз ба унвони як амри динӣ пайравӣ мекунанд. Аз ин рӯ, як эҳёгару ислоҳталаб набояд бо маҳзи дарки ин, ки фалон амал аз ҷумлаи таълимоти дин нест ва фалон анъана дар асл хурофот аст, чунин пиндорад, ки ҳамагон ба осонӣ инро хоҳанд фаҳмид ва аз он даст хоҳанд кашид. Баръакс, набояд фаромӯш кард, ки пайравони дин аз анъанаҳои "динишуда" низ ҳамчун ҷузъе аз дини худ ҳимоя хоҳанд кард ва ин аст, ки ҳама гуна ислоҳталабии динии тунду шитобзадаву носуфта бо мухолифати ҷиддии динӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ҳамин тавр, масъалаи эҳёгарӣ ва ислоҳталабии динӣ як мавзӯи печида ва ҳассос буда, ҳам ҳангоми омӯзиши илмии он ва ҳам ҳангоми рӯ овардан ба амалияи ислоҳталабӣ дар муҳити динӣ дар назар гирифтани мулоҳизоти зикршуда бисёр зарурӣ мебошад. Зеро андаке беусуливу бетаваҷҷӯҳӣ дар ин масъалаи ҳассос метавонад на танҳо пайомадҳои ҷиддии фикриву эътиқодӣ, балки оқибатҳои сангини ҷамъиятиву сиёсӣ низ дошта бошад.


Абдуллоҳи Раҳнамо,
номзади илмҳои сиёсӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97