АБДУФАТТОҲ ҲОТАМОВ: ФУРСАТИ "ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ" ФАРО РАСИДААСТ

Фарҳанг ва адаб 06.10.2009 14:21

Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори "Миллат" бо яке аз омӯзгорони навовар ва андешаманд Абдуфаттоҳ Ҳотамов, ки муассис ва сарвари гимназияи пуровозаи "Ҳотам ва П.В" мебошад.

ҚАҲРАМОНИИ АФЗАЛӢ БЕҲРӮЗ

- Дар таърихи Тоҷикистон дар олимпиадаи ҷаҳонии барномасозӣ миёни мактабиён шогирди шумо Афзалӣ Беҳрӯз нахустин медалро овард, яъне ӯ соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ин дастовард дар кишвари азизамон чӣ гуна истиқбол шуд?

- Воқеан нахустин дастовард шоистаи таҳсин аст. Алабатта мо дар оянда соҳиби медалҳои нуқраю тилло низ хоҳем шуд, аммо ҳеч яке аз онҳо аввалин медал нахоҳад буд. Бар замми ин, бояд ба инобат бигирем, ки Тоҷикистон ҳамагӣ бори сеюм аст, ки дар чунин озмуни бонуфуз ширкат меварзад. Дар ҳоле ки аксари 78 давлати ширкаткунандаи ин озмун ҳадди ақал 15 -20 сол боз дар он иштирок мекунанд ва бо вуҷуди ин зиёда аз 30 давлат то ҳол сазовори ҳеч медале нагардидаанд.

Беҳрӯз бо натиҷаи нишондодааш тақрибан чемпиони 40 давлати ҷаҳон метавонист бигардид, зеро шумораи холҳои гирифтааш аз шумораи холҳои беҳтарин иштирокчиёни ин 40 давлат бештар аст. Ғайр аз ин шояд тааҷҷубовар бошад, ки чаро намояндагони зиёда аз 40 давлати ҷаҳон сазовори ҳатто медали биринҷӣ нагардиданд ва ин ҳам дар ҳоле ки дар ин кишварҳо хароҷоти соҳаи маориф даҳҳо маротиб бештар аст? Оре, ин кори осон нест. Агарчӣ борҳо шунидаем, ки гӯё медали биринҷӣ сазовори таҳсину офарин нест, аммо шахсоне, ки чунин натиҷаро нодида мегиранд, аз олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ва сатҳи мураккабии масъалаҳо аслан тасаввуроте надоранд. Ҳар сол вақте ки озмуни барномасозӣ оғоз мешавад, тақрибан пас аз як соат дар тамоми ҷаҳон тавассути Интернет ҳар хоҳишманд метавонад новобаста аз синну сол дар он иштирок намояд ва ин натиҷаҳо низ дар Интернет нашр мешаванд. Кош, дар кишвари мо лоақал як нафар новобаста аз синну сол ва дараҷаи дониши илмӣ нисфе аз натиҷаи нишондодаи Беҳрӯзро ба даст меовард, ки пайдош нест.

- Ширкат дар чунин олимпиадаҳо ба донишомӯз чӣ медиҳад?

- Худи олимпиадаҳо аз фанҳои дақиқу техникӣ олимпиадаҳои илмӣ ном доранд. Аслан ҳалли ҳар як масъала дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, як тадқиқоти хурди илмӣ аст, чунки қариб, ки дониши пурраи университетӣ ва ақлу мантиқи ғайримуқарариро талаб мекунад. Аз ин рӯ ҳар талабае, ки дар чунин озмунҳо медал мегирад, бешубҳа қобилияти фавқулодда дорад. Бовар кунед, ҳама чизи техникиеро, ки Шумо мебинед, ин маҳсули ақлу дониш, истодагарию меҳнатдӯстӣ ва заҳамоти дастони ҳамин қабил одамонанд.

НАҚШИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА "СИТОРАМАНИЯ"

- Дарёфти медал дар олимпиадаи фаннӣ аз олимпиадаи варзишӣ оё қобили қиёс аст?

- Дар тамоми мактабҳои ҷаҳон масалан, фанҳои риёзӣ, кимиё, информатика ва физикаро меомӯзанд ва шумораи донишомӯзони ҳар кадом синф тақрибан 120 миллионро ташкил медиҳад. Бинобарон, агар дар олимпиада тақрибан аз синни 16 то 20 солагӣ ширкат биварзанд, пас гирифтани медал маънои дар байни 500-600 миллион мактаббача, ба маънии яке аз беҳтаринҳо буданро дорад. Ва ба кадом намуди варзиш ҳамин теъдод мардум машғуланд? Бар замми он, тавре ки иброз доштем, ҳар як барандаи медали олимпиадаи илмӣ, агар самти фаъолияташро тағйир надиҳад, барои башарият дастовардеро пешниҳод менамояд ва кори назаррасеро ба анҷом мерасонад. Акнун худ хулоса намоед, ки дар кадом маврид гирифтани медал осон асту дар кадом маврид мушкил?! Ба ҳар сурат, ба назари ман ҳар шахсе, ки барои шарафи кишвар кори назаррасеро ба анҷом мерасонад ва Тоҷикистонро барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, ин хоҳ дар мусобиқаи варзишӣ бошад ва хоҳ дар мусобиқаҳои илмӣ, новобаста аз синну сол, ӯ бояд ҳамчун фарзанди қаҳрамон ва фарзонаи миллат дониста шавад ва мувофиқи ҳамин ном қадрдонӣ шавад. Ҳар қадар ки чунин фарзандони фарзона зиёд бошанд, обрӯю эътибор, шаъну шараф ва дар маҷмӯъ пешравии иқтисодию технологии кишвари мо бештар мешавад.

Аммо медонед, ки барои бештар шудани сафи онҳо чӣ бояд кард?! Аввалан, аз онҳо қадрдонӣ бояд кард ва дуввум онҳоро тавассути васоити ахбори умум ташвиқу тарғиб кардан лозим, ки ҳарду маврид ҳам бештар ба нафъи ҷомеа аст то ба фард. Медонед, барои чӣ дар Тоҷикистон дар баробари як олим даҳҳо овозхон ё ба қавле сароянда рост меояд?! На танҳо барои он, ки табиатан ҳамин тавр аст ва умуман аз 1000 одам танҳо як одам дар ягон соҳа қобилияти баланди эҷодӣ дорад ва ба замми он, дар байни ҳамин шумораи ками соҳибистеъдодҳо, шумораи дорандагони қобилияти баланди риёзӣ боз ҳам камтар аст, барои он ки ҳар шом, ҳади ақал ҳофизии 10 овозхон аз тариқи телевизион намоиш дода мешавад. Дар ҳоле ки дар як сол танҳо як ё ду бор як олими риёзидону физикидон дар намоише иштирок мекунад. Кӯдакон инро ҳар шом мебинанд ва гумон мекунанд, ки воқеан барои обрӯманду серпул шудан, овозхон шудан лозим аст. Завқу шавқи кӯдакон ба сӯйи тафреҳ ҷалб мешавад ва дар натиҷа риёзиву физика бесоҳиб мемонад.

ПИРӮЗӢ БАР 40 КИШВАРИ ҶАҲОН

- Биёед боз ба олимпиадаи барномасозон бармегардем. Тоҷикистон дар ин озмун аз кадом кишварҳо пеш гузашт ?

- Аз ҳамаи ҳамсоякишварҳо.

- Аз Қазоқистон низ?

- Бале, натиҷаи ба дастовардаи Беҳрӯз аз натиҷаи иштирокчии беҳтарини Қазоқистон низ болотар аст. - Боз аз кадом давлатҳо?

- Ҳамаи он 40 давлатро номбар кунам?!

- Лоақал қисмате аз онҳоро ном бубаред?

- Хуб, масалан; аз Шветсия, Финляндия, Норвегия, Дания, Голандия, Аргентина, Англия, Чили, Малайзия, Швейтсария, Венгрия, Юнон, Словения, Венусуэла, Покистон…

МОРО БО ДАВЛАТИҲО ЗИД НАГУЗОРЕД!

- Чаро аз Тоҷикистон танҳо гимназияи шумо ва литсейҳои муштараки тоҷикию туркӣ намояндагӣ мекунанд, ки ҳарду мактабҳои хусусӣ мебошанд? Чаро аз мактабҳои давлатӣ Тоҷикистонро касе намояндагӣ намекунад?

- Хоҳиш мекунам, моро бо мактабҳои давлатӣ зид нагузоред. Бе ин ҳам, мо эҳсос мекунем, ки аксари кули онҳо ба мо на он қадар назари хайрхоҳона доранд. Агарчӣ барои ҳамаи мо - ҳам шаҳрвандон ва ҳам сохторҳои давлатии соҳаи маориф бояд муҳим он бошад, ки шарафи Ватани азизамонро дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ҳамон ҷавононе ҳифз намоянд, ки дар ҳамин рӯз аз ин ё он фан дониши беҳтарин доранд. Аз ин рӯ шогирдони мо аз Тоҷикистон барои он намояндагӣ мекунанд, ки дониши фаннии онҳо беҳтар аст. Ба ғайр аз ин рохи шогирдонро аз дигар мактабхо хеч кас набастааст. Бояд аз Тоҷикистон ҳамон шогирдоне намояндагӣ намоянд, ки шарафи онро беҳтар ҳимоя карда тавонанд. Имрӯз ин корро шогирдони гимназияи мо ва литсейҳои Тоҷикию Туркӣ беҳтар мекунанд.

ДАВЛАТИҲОИ ҲАМ МЕТАВОНАНД, АГАР…

- Пас чаро дониши шогирдони Шумо беҳтар аст?

- Аввалан мо ва Литсейҳои муштараки тоҷикию туркӣ шогирдонро тавассути имтиҳон қабул мекунем. Яъне аз шумораи зиёди хоҳишмандони довталаб беҳтаринҳоро қабул мекунем. Ин маънои онро надорад, ки дар мактабҳои мо воқеан донишомӯзони беҳтарини тамоми кишвар таҳсил мекунанд. Онҳо беҳтарин дар байни довталабони ба имтиҳон омада ҳастанд, на беҳтаринҳо дар байни ҳама. Шояд даҳҳо ва садҳо донишомӯзони воқеан соҳибистеъдод бошанд, ки мо бо онҳо умуман вонахӯрдаем, чунки онҳо ба имтиҳони мо наомадаанд.

Сабаби дигар дар он аст, ки мо ҳар як рӯз бештар дарс мехонем, яъне дар рӯз 6 дарс не, балки 7 - 8 дарс тадрис мешавад ва ҳар рӯз, ғайр аз рӯзи шанбе 1-2 соат бештар дарс мегузарем. Умуман дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон шогирдони боистеъдод 10-14 соат ба омӯзишу таҳсил машғуланд. Албатта, онҳо пас аз 3 - 4 соат таҳсил танаффус мекунанд, хӯрок мехӯранд тафеҳ ё бозӣ мекунанд. Яъне мо беҳтар медонем, ки аз кӯчагардӣ дида, омӯзиш беҳтар аст. Сабаби саввум, ин ки мо мехоҳем дар зеҳни шогирдон зиёдтар меҳнат карданро ҷо кунем ва мунтазам таъкид мекунем, ки агар онҳо хоҳиши ба ягон дастоварди назаррас ноил гардиданро дошта бошанд, новобаста аз пешаи интихобкардаашон, бояд ҳар рӯз лоақал 10 - 14 соат заҳмат бикашанд. Дар акси ҳол новобаста аз истеъдоди табиӣ, онҳо кори назаррасеро дар умри худ ба сомон расонида наметавонанд ва ба ягон дастоварди бузург ҳам ноил намешаванд. Мо мехоҳем, ки онҳо ҳар рӯз барои худ нақшаи зиёдтар хонданро бикашанд ва барои аз рафиқаш зиёдтар хондану донистан мусобиқа кунанд. Аммо шогирдони дигар асосан барои зиёдтар маишат кардан мусобиқа мекунанд. Ман чандин бор аз худи онҳо шунидаам, ки дар ҷавонӣ бояд зиёдтар маишат кард, гӯё дар калонсолӣ ба инсон маишат лозим набошад. Онҳо намефаҳманд, ки ҳар қадар дар ҷавонӣ онҳо вақти худро ба маишат зиёдтар сарф кунанд, ҳамон қадар зиёдтар дар калонсолӣ аз маишат маҳрум мегарданд ва боқимондаи умри худро дар хорию зорӣ ва ҳиллагариву фиребгарӣ мегузаронанд, чунки ба ягон кори арзишманду созандагӣ қодир нахоҳанд буд. Хулас, мо аз ҳоли ҳозир ба наврасон одати бунёдкорӣ ва созандагиро меомӯзем, на истеъмолкунандаро. Шояд сабаби дигари муваффақ будани шогирдони мо дар он бошад, ки адабиёти зарурӣ кифоя аст ва шогирдон озодона аз адабиётҳо бо забони русию англисӣ истифода бурда метавонанд.

Пушида нест, ки адабиёти хуб аз фанҳои дақиқу техникӣ бо забони тоҷикӣ амалан вуҷуд надорад. Дигар сабаб дар он аст, ки мо ба шогирдон мустақилона ва эҷодкорона аз худ кардани донишро меомӯзонем. Дигар ин ки барои барвақттар интихоб намудани пешаи оянда, мо ба шогирдон кӯмак менамоем. Барои ин ҳамон соатҳои зиёдатӣ кӯмак менамояд, ки дар як сол тақрибан 340 соат ва дар 5 сол 1700 соатро ташкил медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки шогирдони мо дар 5 сол қариб якуним сол пеш мераванд. Ман аслан намефаҳмам, ки чаро дар мактабҳои давлатӣ ҳамин корро ташкил намекунанд. Барои ин кифоя аст, ки падару модар барои ҳар рӯз як соат бештар хондани фарзандаш моҳе 4 сомонӣ сарф намояд, ки нисфи хӯроки нимарӯзиро ҳам ташкил намекунад ё кифоя аст, ки дар дар зарфи як сол 2 кг гӯшт камтар бихаранд. Боз як фарқияти муҳимми гимназияи мо аз дигар мактабҳо дар ҳамин аст, ки ба ақидаи мо ба ҳама илмҳо мактаббачаро то вақте шинос кардан лозим аст, ки ӯ илми дӯстдоштаашро муайян накунад. Пас аз ин ба ӯ имконият додан лозим аст, то ки илми дӯстдошта ва дигар илмҳои ба он алоқамандро зиёдтар омӯзад ва соҳибкасби намоён гардад. Системаи таълими мо дар айни замон ҳамин тавр аст, ки ҷавонон 16-17 соли умрашонро қариб, ки беҳуда мегузаронанд ва асосан пас аз хатми университет соҳибихтисос мешаванд. Ба назари ман ин нодуруст аст ва барабас кардани вақт асту бас. Худатон метавонед бисанҷед ва боварӣ ҳосил кунед, ки қисми зиёди ҷавонон, шояд на камтар аз 90 фоизи онҳо 11 соли умрашонро дар мактаб ва боз 5 соли умрашонро дар донишгоҳу донишкадаҳо гузаронида, дар муддати ин 16 сол ҳатто аз ӯҳдаи ҳалли муодилаи одитарини тригонометрӣ ва ё масъалаи одитарини мантиқии синфҳои панҷу шаш намебароянд. Ҳатто як қисми назаррасӣ онҳо аз ӯҳдаи ҷамъу тарҳи маъмулӣ ҳам намебароянд. Ба назари банда, ин аз рӯи инсоф нест. Ва шояд ҳамин сабаби асосии беҳунарию камбизоатии мо бошад. Сатҳи зиндагии мардуми мо пас аз 10 - 20 соли дигар пурра аз сатҳи дониши имрӯзаи мо вобаста аст, тавре ки сатҳи зиндагии имрӯзаи мо аз дониши 10 - 20 соли пешдоштаи мо вобаста аст. Шумо ҳоло ҷавон ҳастед ва насибатон бошад, пас аз 10 сол натиҷаи дониши пасти ҷавонони моро бо чашмони худ мебинед. Ҳаминро мо бояд фаромӯш накунем, ки агар дониши илмию техникии мо паст бошад ва мо зиёдтар меҳнат карданро ёд нагирем, ҳеч чиз ва ҳеч кас барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мо ба мо кӯмак расонида наметавонад. Бинобарин беҳтар кардани таълими фанҳои дақиқу техникӣ на танҳо талаботи замон, балки воситаи асосии ҳастӣ, устуворӣ ва пешравии миллии мо мебошад.

БА ТӮЙ БЕДАЪВАТ НАМЕРАВАНД

- Дар мулоқоти президенти кишвар бо донишчуён рузи 1-уми мохи сентябр аз ҷумлаи он ҷавононе, ки чандин медал доштанд ва дар сафи пеш нишаста буданд, чанд нафарашон шогирдони Шумо буданд?

- Панҷ нафарашон шогирдони мо буданд ва он шогирдоне буданд, ки лоақал як бор дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ соҳиби медал шудаанд.

- Дар ҳоле ки дар ин мулоқот чанд нафар аз масъулини литсейҳои тоҷикию туркӣ ширкат доштанд, Шумо дар он ҷо ширкат надоштед, бубахшед, вале ин нишонаи ҳавобаландист ё ягон сабаби дигар дорад?

- Ман фикр мекунам, барои иштирок дар чунин вохӯриҳо одамонро даъват мекунанд, не?!

- Яъне Шумо даъват нашуда будед?!

- Не.

- Хуб, вале Шумо лоақал ягон мукофоти давлатӣ доред?

- Не. Аммо ду сол пеш бо ташаббуси Абдуҷаббор Азизович, вазири мӯҳтарами маориф барои гирифтани мукофоти давлатӣ бандаро пешбарӣ карда буданд, аммо кадом ҳуҷҷате нодуруст будааст ва комиссияи давлатӣ барои додани мукофот тавсия надодааст.

ТО ҲОЛ КОРИ АРЗИШМАНДЕ НАКАРДААМ

- Ва дигар кӯшише ҳам накардед?

- Аввалан барои гирифтани мукофоти давлатӣ кӯшиш кардани ман аз рӯи одоб нест. Дуюм, чунин намеҳисобам, ки сазовори ягон мукофоти давлатӣ бошам, зеро то ҳоло ҳеч кори арзишмандеро барои мардум накардаам. Сониян, умуман, ба назари ман, шумораи муаллимони дорандаи мукофоти давлатӣ ангуштшумор ҳаст, агарчи шояд саҳв бикунам. Шумо худатон рӯйхати ҳамаи дорандагони мукофотҳои давлатиро дар зарфи солҳои истиқлол доред ва ё медонед дар куҷо онро дастрас кардан мумкин аст? Ман гумон мекунам, ки мову Шумо бояд фарзандони шоистаи миллатро донем ва ҳаёту фаъолияти онҳоро барои тарбияи насли наврас истифода намоем. Маҳз ҳамин аст, яке аз мақсадҳои асосии бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонидани фарзандони шоистаи миллат. Бинобарон, агар мабодо Шумо чунин рӯйхатро дастрас намоед ва ба мо расонед, мо аз Шумо хеле миннатдор хоҳем шуд.

ХАЙРХОҲИИ ВАЗИРИ МАОРИФ

- Устод, бо вуҷуди ин ҳама дастовард, ки шогирдони Шумо дар арсаи байналмилалӣ касб кардаанд, дар мавриди ин ки фаъолияти гимназияи Шумо ба осонӣ даст намедиҳад, сарусадо зиёд аст, лутфан бигӯед, ки муносибати Вазорати маориф ва худи шахси вазири мӯҳтарам ба гимназияи Шумо ва шахси Шумо чӣ гуна аст?

- Барои ман муносибатҳои шахсӣ чандон аҳамияти зиёд надоранд. Аммо ба назари ман, новобаста аз камбудию норасогиҳои дар гимназия ҷой дошта, муносибати вазири маориф нисбат ба дигар кормандони Вазорати маориф хеле хайрхоҳона аст. Баъзан чунин менамояд, ки агар ӯ дар раъси ин вазорат намебуд, шояд муносибати Вазорати маориф ба мо бадтар мебуд ва шояд якчанд шахсони воломақоми вазорат бо мақсадҳои ба мо номаълум, масъалаи бастани мактаби моро низ ба миён мегузоштанд. Ба ҳар сурат мо аз Вазорати маориф хайрхоҳӣ ва дастгирии бештарро интизорем.

- Яъне дарвоқеъ ташаббусҳои Шумо аз ҷониби Вазорати маориф дастгирӣ меёбанд?

- На ҳама вақт, аммо дар бисёр маврид ташаббусҳои мо дастгирӣ меёбанд ва он ҳам асосан ба туфайли вазири маориф.

БА ПРЕЗИДЕНТ САВОЛ ДОДАН ОСОН НЕСТ

- Мехостам дар мавриди суоли яке аз шогирдони гимназияи шумо аз раиси ҷумҳур, ки барои бунёди бинои нав бо мақсади зиёд кардани синфхонаҳо буд, таваққуф кунем, ки чаро нутқи ин шогирд бурро набуд, ки дар ин бора гуфтугузорҳое ҳам ба гӯш мерасанд ва дуюм, шахсони мутасаддӣ ҳеч вокунише доир ба ҳалли масъалаи ҷудо кардани замин нишон доданд, ё не?

- Дуруст аст, ки аз раиси ҷумҳур суол кардан кори осоне нест ва он ҳам барои шогирди як мактаб. Дигар ин ки аксар риёзидонҳои бузург сухандонҳои хуб набуданд. Аммо ман умед дорам, ки Олимҷон низ яке аз риёзидонҳои бузург хоҳад шуд. Дар мавриди масъалаи ҷудо кардани замин бошад, ҳанӯз он ҳалли худро наёфтааст ва сохтани бинои нави гимназия ба тавфиқ афтодааст. Ба ҳар ҳол умед дорем, ки он ҳалли худро пайдо мекунад ва ҳукумати шаҳри Душанбе ё яке аз ноҳияҳои атрофи Душанбе барои бунёди бинои гимназия замин ҷудо хоҳанд кард. Ва пас аз ба итмом расидани сохтмони бинои нав шароити таълим боз беҳтар шуда, дастовардҳои шогирдон низ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ беҳтар мешаванд ва имкони таълиму тарбияи шумораи бештари шогирдон фароҳам хоҳад шуд.

- Яъне мушкил дар суол набуд?

- Фикр мекунам, савол дуруст буд, аммо ба маврид буд ё не, инро Худо медонад. Ва ба назари ман бояд барои сохтани мактаб ҳеч гунна маҳдудият набошад ва ҳар як шаҳрванд имконияти ройгон гирифтан ва ё харидани заминро бояд дошта бошад. Аммо ӯ бояд ӯҳдадор бошад, ки сари вақт андози заминро бисупорад. Зеро ин ба манфиати давлат ва ҷомеае аст, ки дар он ба сар мебарем. Садҳо ҷои нави кор пайдо мешавад, шояд моҳе даҳҳо ва садҳо ҳазор сомонӣ аз ин роҳ ба буҷаи давлат ворид шавад. Ба ғайр аз ин он қадар манфиати илмию технологие, ки чунин мактабҳо ва ё донишгоҳҳо ба мардуми мо медиҳанду пешравии технологию иқтисодии давлати моро дар оянда таъмин менамоянд, аз даҳҳо миллион доллар бештар аст.

ФУРСАТИ "ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ" АСТ

- Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки бидуни фурухтани замин, бидуни дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ҳама самтҳо, масъалаи ҷалби сармоягузорӣ, пешравии технологию иқтисодӣ ва ҳатто масъалаи коррупсияро ҳал кардан мумкин нест. Шумо чӣ фикр доред?

- Каме аз мавзӯъ дур рафтем, аммо фикрронии Шумо дуруст ва мантиқӣ аст ва аз ҳама муҳиммаш қисми зиёди масъалаҳое, ки шумо қайд кардед, борҳо дар қарорҳои ҳукумат дарҷ гардидаанд ва борҳо президенти мӯҳтарами мо дар бораи онҳо изҳори ақида намуда, ба мутасаддиёни марбута супоришу дастурҳо додааст. Ба замми гуфтаҳои Шумо, агар боз "Ҳукумати электронӣ", ки доир ба он дер боз гуфтугузор сурат гирифтааст, ҷорӣ мешуд, вазъият боз ҳам беҳтар мегардид.

ХУРСАД ЁРОВ ЁРИ ИЛМ ШУД

- Доир ба пешниҳоди яке аз шогирдони дигари Шумо Ёров Хурсанд, ки ғолиби олимпиада аз нанотехнология гардида буд, мехостам, як каме тавзеҳ бидиҳед?

- Пешниҳоди Хурсанд дар хусуси он буд, ки асбобҳои ҳозиразамони тадқиқотӣ нархи гарон доранд ва ҳар як донишгоҳ дар танҳоӣ барои хариди он мушкилӣ мекашад. Аз ин рӯ барои хариди чунин асбобҳо беҳтар мебуд, ки донишгоҳҳо якҷоя саҳмгузорӣ карда, якчанд асбоби ҳозиразамони тадқиқотӣ харидорӣ бикунанд ва як озмоишгоҳи нисбатан тавоноро ташкил намоянд то донишҷӯёни хоҳишманд новобаста аз мансубияташон ба ин ё он донишгоҳ дар чунин озмоишгоҳҳо озодона тадқиқотҳои илмӣ гузаронанд. Ба назари ман пешниҳоди хуб аст ва мо чораи дигаре надорем. Кишвари мо мутаассифона барои илму маориф ба монанди Амрико имконияти сарф кардани як триллион долларро надорад. Аз ин рӯ мо бояд аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода намоем. Аҷоибии корро бинед, ки як-ду рӯз пеш барои ҳалли масъалаи муҷаҳҳаз кардани озмоишгоҳҳои донишгоҳҳои Русия низ онҳо айнан, тавре ки Хурсанд пешниҳод намуда буд, ба чунин қарор омаданд, ки якчанд донишгоҳ якҷоя шуда, озмоишгоҳҳои замонавиро ташкил намоянд ва он мавриди истифодаи ҳамаашон қарор бигирад.

1 ТРИЛЛИОН ДОЛЛАРИ АМРИКО БАРОИ МАОРИФ

- Шумо гуфтед, ки Амрико дар як сол барои илму маориф 1 триллион доллар сарф мекунад, не?

- Ҳайрон нашавед. Ҳамаи ин танҳо хароҷоти давлат аст. Шояд боз ҳамин миқдор ё ҳатто аз ин бештар хароҷотҳои ғайридавлатӣ бошад, чунки агарчи шумораи мактабҳои олии давлатӣ ва шахсӣ тақрибан баробар бошанд ҳам, донишгоҳҳои хусуси иқтидор ва буҷаи бештар доранд. Дар яке аз донишкадаи беҳтарини ҷаҳон Донишкадаи технологии Масачусетс, ки асосгузораш В. Б. Рочерс аст, 72 нафар дорандаи мукофоти ба номи Нобел кор кардаанд ва ё мекунанд, ки аз шумораи барандагони ҳамин мукофот дар тамоми кишварҳои ҷаҳон зиёдтар аст. Он қадаре ки ҳамин донишкада барои пешравии илм, технология ва иқтисоди Амрико кардааст, ҳамто надорад ва ҳисобу китоб карда ҳам намешавад. Агар хато накунам, буҷаи солонаи ин донишкада тақрибан 10 миллиард доллар аст. Дар байни 500 донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон қисми зиёдашон донишгоҳҳои шахсӣ мебошанд. Ба наздикӣ президенти ИМА Барак Обама дар суханрониаш дар маҷлиси солонаи Академяи миллии Амрико аз Конгресс даъват кард, ки маблағгузории тадқиқотҳои илмӣ ва эҷодии технологияҳои навинро, ки алҳол тақрибан 400 миллиард долларро ташкил медиҳад, боз ҳам зиёдтар кунад. Ӯ дар нутқаш инчунин барои куллан зиёд намудани омӯзиши фанҳои дақиқ аз мактаби ибтидоӣ то донишгоҳҳо, барои беҳтар кардани сифати таълими худи муаллимони фанҳои дақиқ, иштироки мактаббачагони Амрико дар олимпиадаҳо, дар фурсати кӯтоҳтарин тавассути эҷоди технологияҳои нав, аз вобастагии нафту газ берун кашидани Амрико ва ғайраҳо сухан рондааст.

КОШ, ҲАМА ЧУН ПРЕЗИДЕНТ ДАРК МЕКАРДАНД

- Раиси ҷумҳури кишварамон низ дар паёми солонааш ва ҳам дар мулоқот бо донишҷӯён барои беҳтар кардани омӯзиши фанҳои дақиқу техникӣ таъкид дошт ва ҳатто соли 2010- ро "Соли маориф ва фарҳанги фанноварӣ" эълом кард. Ва шояд пас аз паси сар шудани бумбасти иқтисодӣ дар ин раванд мутассадиёни соҳаи маориф иқдоми ҷиддиеро пеш бигиранд?

- Ин савол аст?

- Бале, ҷавобаш бояд пеши шумо бошад?

- Дуруст аст. Шумо огаҳ ҳастед, ки рӯзи 18-уми сентябр президенти кишвар фармон барои "Соли маориф ва фарҳанги фанноварӣ" эълон кардани соли 2010-ро ба имзо расонд. Кошкӣ тамоми ҷомеа, бахусус мутасаддиёни соҳаи маориф муҳиммияти омӯзиши амиқи илмҳои дақиқу техникиро чун президенти муҳтарами мо дарк мекарданд ва мефаҳмиданд, ки барои пешравии ҳар як миллату давлат ин то кадом андоза муҳим аст.

- Шумо дар остонаи пешвози ин сол пешниҳодҳои мушаххасе надоред?

- Чаро, дорам, ва пешниҳодҳои муҳим, ки беҳтар медонам инро муфассалтар дар як мақолаи ҷудогона ба миён бигузорам, вале муҳимтар аз ҳама, аввал бояд ба дарки ин мавзӯъ амиқ сарфаҳм рафт ва дар ин сол қадами устуворе аз шиор ба амал бояд ниҳод.

БОЗГАШТ

- Хуб, бармегардем, ба гимназияи шумо. Имсол хатмкунандагони гимназия ба чӣ натиҷаҳое ноил шуданд? Шунидем, ки тамоми хатмкунандагони ин гимназия дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон дохил шудаанд, ин то куҷо воқеият дорад?

- Имсол ҳам мисоли солҳои пешин ҳамаи хатмкунандагони гимназия ба донишгоҳҳои Тоҷикистон, Русия, Украина, Амрико дохил шуданд. Шояд 2 нафари онҳо барои таҳсил ба Ҷопон бираванд ва то он ҷое, ки ман иттилоъ дорам, ин масъала то моҳи декабр мушаххас мешавад. Алҳол ин ду нафар дар донишгоҳҳои кишварамон таҳсил доранд. Аз миёни ҳамаи хатмкунандагони имсола, танҳо ду нафар, ки ба "Ориёнбонк" ба симмати барномасоз ба кор даъват шудаанд, ба шӯъбаҳои ғоибона ва дигарон ҳама ба шӯъбаҳои рӯзона дохил шудаанд. Дар маҷмӯъ ҳамаи 79 нафар хатмкунандагони гимназия пурра ба донишгоҳҳо дохил шудаанд ва имсол чанд нафар аз хатмкунандагони собиқи гимназия донишгоҳҳоро хатм намуда, ба Ватан барои кор бармегарданд. Ман дақиқ намедонам, ки чанд фоизи хатмкунандагони мактабҳои давлатӣ ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд, аммо дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна тақрибан 8% -ро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон шояд фоизи шогирдони мактабхои давлати, ки ба макотиби оли дохил мешаванд, бо сабаби тамоман кам будани шумораи мактабхои шахси, каме аз ин рақам бештар бошад.

МАКТАББАЧАҲОИ БАРНОМАСОЗ ДАР "ОРИЁНБОНК"

- Шумо гуфтед, ки пас аз хатми мактаби миёна 2 нафар шогирди Шуморо ба симмати барномасоз ба яке аз бонкҳои бонуфузи кишвар "Ориёнбонк" ба кор кабул карданд. Ин магар имконпазир аст, ё чи гуна имкон дорад, ки дар мактаби миёна талабаро ҳамчун кадр барои корхонаву ширкатҳои бонуфуз омода кард ва он ҳам ба симмати мутахассиси дувумдараҷа не, балки ба симмати барномасоз? Зеро ҳама медонад, ки барои омода кардани чунин мутахассисон волидон ва давлат маблағ ва вақти зиёде сарф мекунанд, ҳатто донишомӯзонро ба хориҷа мефиристанд (ҳол он ки гумон аст, ки боз онҳо мутахассиси ҳирфаӣ бишаванд!), аммо аз таҷрибаи шумо бармеояд, ки дар шароити Тоҷикистон ва он ҳам дар пушти мизи матаби миёна ҳам метавон мутахассисон варзидаро омода кардан мумкин аст. Агар махфӣ нест, Шумо ба ин чӣ гуна даст ёфтед?

- Ин як амали гӯшношунид нест. Шогирдони моро тариқи озмун ба "Ориёнбонк" ба кор қабул карданд. Соли гузашта 2 нафар хатмкунандаи гимназия боз ҳам аз тариқи озмун ба "Агроинвестбонк" ба симмати барномасоз ба кор қабул шуда буданд. Аслан ин ҷо ҳеч ҷои тааҷҷуб нест. Онҳо дониши хуби риёзӣ доранд ва боз чанд забони барномасозии ҳозиразамонро аз қабили Паскал, Делфи ва С+ хуб аз худ кардаанд. Барои ҳар як барномасоз новобаста аз он ки дар куҷо тахсил мекунад, асос ҳамин аст ва баъд дониши мукаммал доир ба объекти барномасозӣ. Умуман ҳар як инсон ҳама чизро худаш ёд мегирад. Муаллим танҳо ба ӯ кӯмак мерасонад. Аз ин рӯ, агар мактаббача ё ҷавоне дар назди худ мақсад гузорад, ки ин ё он илмро аз худ мекунад ва баҳри амалӣ гардидани он пайваста кӯшиш намояд, ӯ ҳатман ба мақсади дар пеш гузоштааш хоҳад расид. Бахусус бо истифода аз технологияҳои иттилоотию иртиботии ҳозиразамон дар Тоҷикистон истода амалан барномаи донишгоҳи дилхоҳро аз худ кардан мумкин аст. Барои ин танҳо хоҳиш ва кӯшиш кифоят мекунад.

КАДРҲОИ БЕДИПЛОМ, ВАЛЕ МУТАХАССИС

- Шумораи чунин шогирдоне, ки ҳоло соҳиби чунин дониш гардидаанд, то ба бонкҳо ба симмати барномасоз ба кор ҷалб шаванд, чи қадар аст?

- Ман барои мушаххасан посух додан ба ин савол каме мушкилӣ мекашам, аммо ҳади ақал шумораи онҳо дар синфҳои гуногун аз 20 нафар бештар аст.

- Магар онҳо дар синфҳои аз 11ҳам пойин ҳастанд?

- Бале, ҳастанд ва хело зиёд ҳам.

- Бубахшед, ин барои ман нофаҳмо аст. То ҳол фикр мекардам, мактаби олӣ мутахассиси олиро тарбия менамояд. Шумо иддаъо доред ва далел пеш овардед, ки мутахассиси олимақомро ҳатто пушти мизи мактаби миёна низ тарбият кардан мумкин аст. Оё ҳамаи ин дастовардҳои Шуморо дар дигар мактабҳои Тоҷикистон ҷорӣ кардан имкон дорад?

- Боке нест. Ва на ҳамаи инсонҳо ба дарки ҳама чиз мерасанд ва бисёр чизро ҳам намедонанд. Одаме, ки ҳама чизро мефаҳмад ва ҳама чизро медонад, таваллуд нашудааст ва намешавад. Ҳаҷми донише, ки ҳар сол инсоният ҷамъ меоварад, тақрибан 5 миллиард китобро ташкил медиҳад. Табиист, ки ҳеч кас қудрати аз худ кардани чунин ҳаҷми донишро надорад ва аз ҳама муҳиммаш он аст, ки донистани он зарурат ҳам надорад. Ҳар як инсон мувофиқи қобилият, завқ ва вақти сарф кардааш дониши муайянро аз худ карда метавонад. Мақсади асосии мактаби миёна маҳз кӯмак расонидан ба наврас барои муайян кардани самти завқ ва қобилияташ мебошад.

Боз такрор мекунам, ки пас аз он, ки мактаббача ихтисоси ояндаашро барвақт муайян кард, ба ӯ имконият додан лозим аст, ки барои омӯзиши илмҳои интихоб кардааш зиёдтар вақт сарф намояд. Дар ин маврид як қисми қобилияти баланд доштаи онҳо метавонанд асосҳои дониши донишгоҳиро ҳанӯз дар мактаб аз худ намоянд. Аммо ин маънои онро надорад, ки зарурати маълумоти олӣ аз байн меравад, донишомӯзӣ дар мактаби олӣ характери илмӣ дорад ва ба замми он маданияти баланди муомила, корбарӣ, муошира ва ғайраҳо маҳз дар мактаби олӣ омӯзонида мешавад. Проблема дар дигар ҷо ҳаст, ки оё донишгоҳҳои мо ҷавононеро, ки алакай 40-80 % барномаи донишгоҳро медонанд, чи тавр таълим медиҳанд? Ҳол он ки қисми зиёди шогирдоне, ки аз дигар мактабҳо меоянд, ҳатто асосҳои донишҳои мактабиро хуб намедонанд. Ана маҳз барои идома додани таълими шогирдони гимназия, мо азм дорем, ки дар оянда донишгоҳ ё донишкадаи худро таъсис бидиҳем. Умед дорем, ки ин азми мо аз ҷониби Вазорати маориф ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ меёбад. Дар акси ҳол қариб аксарияти шогирдони мо барои идомаи таҳсил бояд ба хориҷи кишвар бираванд, аммо ин ба манфиати кишвари мо нест.

ТАЛОШ БАРОИ ТИЛЛО

- Барои он, ки шогирдони Шумо дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ соҳиби медали тилло бишаванд, чӣ бояд кард?

- Барои ин ҳади ақал се корро анҷом додан лозим аст, ки ҳеч гуна хароҷоти зиёдатиро талаб намекунад. Аввалан, тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки барои дар яке аз олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби медал гардидан, мактаббача бояд 4-5 сол ҳамин фанро биомӯзад. Маҳз аз ин рӯ қисми зиёди ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ мактаббачагони синни 19-20 солаанд, яъне хонандагони синфҳои 12-13 мебошанд. Аммо дар мо танҳо соли 2014 таҳсили дувоздаҳсола ҷорӣ хоҳад шуд. Аз ин рӯ ба мактабҳои тахассусӣ бояд иҷозат дода шавад, ки агар волидайн зид набошанд, худи мактаббачаи аллакай натиҷаҳои умедбахшро ба даст оварда, ки хоҳиши дар синфи 12 таҳсил карданро дошта бошад ва мактаб тавонад, ки аз ҳисоби имкониятҳои дохилиаш мактаббачаро бо таълими хоса таъмин кунад, синфи 12 таъсиси бидиҳад. Дуюм, шумораи матабҳои тахассусӣ новобаста аз мансубияти моликияташон, яъне хоҳ давлатӣ бошанд ва хоҳ хусусӣ, зиёд карда шаванд ва сеюм, ба онҳо имконияти бештари таҳияи барнома ва нақшаи таълимӣ дода шавад. Боз якчанд кори дигари муҳим аст, ки хароҷоти зиёдро талаб мекунад ва на ҳар мактаб аз ӯҳдаи иҷрои он мебарояд. Сухан дар бораи даъвати донишмандони ниҳоят баландихтисос меравад, то ки онҳо талаботи иштирокчиёни олимпиадаҳои байналмилалиро қаноат карда тавонанд ва мутаассифона дар кишвари мо ниҳоят камшуморанд. Даъвати чунин ихтисосмандон аз хориҷи кишвар, хароҷоти ниҳоят зиёдро талаб мекунад. Таҷрибаи гимназияи мо нишон медиҳад, ки барои нишон додани натиҷаҳои дилхоҳ иҷрои шарти чорум ҳатмӣ нест. Ғайр аз ин боз адабиётҳои зиёд ва дастрасии доимӣ ба Интернет зарур аст.

НАҚШАҲОИ МО МАХФӢ НЕСТАНД

- Дар охир, агар махфӣ набошад, дар бораи орзую нақшаҳоятон мехостам бипурсам…

- Тамоми нақшаю орзуҳои мо махфӣ нестанд ва борҳо онҳоро баён кардаем. Онҳоро пай дар пай, на аз рӯи дараҷаи аҳамияташон, балки аз рӯи ба ёд омаданашон номбар мекунам. Сохтмони бинои нави гимназия, то ки шумораи бештари хоҳишмандонро бо таълим фаро гирифта тавонем. Ҳади ақал дар 2-3 олимпиадаи ҷаҳонӣ сазовори медали тилло гардидани мактаббачагони Тоҷикистон, таъсиси донишкада ё донишгоҳи Илм ва Технология, таъсиси як ду Технопарки тахассусӣ,. эътироф шудани Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳиби технологияҳои баландтарин ва ихтироъкунандаи маҳсулоти ақлонӣ ва технологӣ, лоақал дар минтақаи Осиёи Марказӣ. Пайдо кардани шароит, то ки ягон нафар фарзанди лаёқатманди Тоҷикистон аз мадди назар дур намонад ва бо таълими баландсифати хоса ва ройгон фаро гирифта шавад.

- Агар медали тиллоро аз гимназияи Шумо не, балки аз дигар мактаб бигиранд, Шумо худатонро ба мақсад расида меҳисобед?

- Дӯсти азиз, ман Тоҷикам ва кишвари мо Тоҷикистон ном дорад, бинобарин муваффақияту комронии ҳар як ҳамватан маро хурсанд ва бохту нобарории ҳар як сокини Тоҷикистон маро ғамгин месозад. Бовар мекунед ё не, ин ҳақи Шумост.

АЗ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ЧӢ МЕХОҲАМ?

- Дар остонаи Рӯзи муаллим ва Соли маориф ва фарҳанги фанноварӣ, аз Вазорати маориф чи дархост доред?

- Ба масъалаҳои дуюмдараҷа камтар диққат дода шавад ва бештар ба масъалаи асосии худ -тарбияи мутахассисони варзида ва шаҳрвандони комил, ба хусус дар партави супоришҳои ахири президенти кишвар-андишидани чораҳои судманд барои беҳтар кардани таълими фанҳои дақиқу техникӣ таваҷҷуҳ шавад.

ВАТАНХОҲӢ БА КИРДОР АСТ

- Тарбияи ватанхоҳӣ чӣ?

- Барои ман ватанхоҳ будан - ин кори арзишмандеро барои миллати худ ба сомон расондан ё оғоз кардан, на фақат гуфтан. Аммо аз ӯҳдаи кори арзишманд танҳо мутахассиси хуб ва шаҳрванди комил баромада метавонад.

- Муваффақ бошед!

- Шумо, Зинда бошед!


Мусоҳибаи
Ситораи Саъдон
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97