АЗ ТАРҲИ НАВИ ҚОНУНИ ЗАБОН ҶОНИБДОРӢ МЕКУНЕД Ё НЕ?

Фарҳанг ва адаб 24.09.2009 14:22

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ:

- Таҳия ва қабули Қонуни забони давлатии Тоҷикистонро Ҳизби сотсиал-демократи Точикистон албатта дастгирӣ мекунад. Аммо, қабули қонун ин муқаррар кардани шакл ё ки девори муносибатҳои ҷамъиятӣ, на мазмуни он аст. Мазмуни онро имконият ва кӯшишу ғайрати сараввал мақомоти давлатӣ, олимони забоншинос, базаи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва давлат ва ғайра муқаррар менамояд. Яъне, танҳо дар асоси шакл, мазмуну моҳияти устувории забони давлатиро таъмин намудан ғайримкон аст.

Ҳар як қонун сиёсат аст. Қонуни забон ду чандон сиёсат аст. Аммо, имрӯза лоиҳаи қонуни забон бештар ба инструксияи бюрократӣ ва декларатсия монанд шудааст. Дар ин ҳолат он такмилталаб мебошад. Хусусан қонуни забон моҳиятан бояд маҳсули фарҳанг ва воқеияти ҷомеа, қонуни тақвият ва такмил додани муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз нигоҳи ҳуқуқӣ бошад, он бояд худ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, мутобиқ бошад. Дар ин маврид худи меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон такмилталаб ҳастанд.

Дар давоми 20 сол аз июли соли 1989 то имрӯз, хусусан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиш, устуворӣ ва маҳбубияти забони давлатии Тоҷикистон шароити лозимро муҳайё карда натавонист. Аз ин рӯ, бояд дар қонуни забон ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ оид ба таъмини шароити омӯзиш, устувории табиӣи забони давлатӣ муқаррар карда шавад ва барои ноӯҳдабароии мақомоти давлатӣ аз иҷрои ин вазифа чораҳои ҷиддӣ пешбинӣ карда шавад. Дар маҷмуъ бояд қайд кард, ки ғайр аз забони коргузории расмӣ, ба танзим даровардани забони муоширату муносибатҳо, хусусан дар хонавода ё дар ҷомеа, ё ки байни миллатҳо ё давлатҳо, ин мавзӯи қонун нест. Ин зидди ҳуқуқҳои башар мебошад. Забони муносибати байни давлатҳоро дар асоси шартнома ё созиши байнидавлатӣ давлатҳо ё дигар субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ муқаррар менамоянд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97