ФАЗИЛАТҲОИ НАМОЗИ ҶУМЪА

Фарҳанг ва адаб 22.09.2009 16:42

Ҷумъа рӯзе аст, ки Худои азза ва ҷалла исломро бад-он муъаззам кардааст ва мусулмононро бад-он махсус гардонидааст. Пайғомбар (с) гуфт: - Ҳақтаъоло бар Шумо дар ин рӯз ва дар ин мақом намози ҷумъа фарз кардааст. Ҳар ки се ҷумъаро бе узр бигзорад, Ҳақтаъоло дили вайро мӯҳр кунад. Машғул шудан ба корҳои дунё дар вақти намози ҷумъа ҳаром гардонида шудааст. Пайғомбар (с) гуфт: - Беҳтарин рӯзе, ки офтоб бар он тулӯъ кунад, рӯзи Одина (ҷумъа) аст.

Офаридани Одам ва бурдани ӯ ба биҳишт ва фуруд омадани ӯ бар замин дар он рӯз буд ва қиёмат дар он қоим шавад ва ӯро наздики Худои азза ва ҷалла рӯзи мазид хонанд ва ҳамчунин малоика дар осмон ва ӯ рӯзи дидани Ҳақтаъоло аст дар биҳишт.

ОДОБИ ҶУМЪА:

Аввал: - Он ки рӯзи одинаро омода шавад ба азимат ва истиқболи фазли он ва пас аз намози дигари (асри) панҷшанбе ба дуову тасбиҳ ва истиғфор машғул гардад. Яке аз салаф гуфт, ки Ҳақтаъолоро фазле аст беруни рӯзиҳои бандагон, ки аз он насиб нафармояд, магар касеро, ки шабонгаҳи панҷшанбе ва Одина онро бихоҳад ва рӯзи панҷшанбе ҷомаҳо бишӯяд ва сапед кунад ва атрҳо муҳайё дорад ва дили худро аз шуғлҳое, ки монеъи пагоҳ рафтани ҷумъа бошад, фориғ гардонад.

Дувум: - Он ки пас аз тулӯи субҳ ғусл кунад агар хоҳад, ки он замон ба масҷид равад ва агар не, ғусл наздики вақти рафтан ба масҷид кунад, то ба покизагӣ наздиктар бошад. Ғусл кардан дар рӯзи ҷумъа зиёд савоб дорад. Дашноми аҳли Мадина ин буд, ки ту бадтар аз он каси, ки рӯзи Одина ғусл накунад. Ва ҳар ки аз ҷанобат ғусл хоҳад кард, бояд ки бар нияти ғусли ҷумъа бори дигар об бар андоми худ резад ва агар бар як ғусл иқтисор намояд раво бошад ва агар нияти ҳар ду кунад фазилати ғусли ҷумъа ҳам ҳосил ояд ва ғусли ҷумъа дар ғусли ҷанобат дохил гардад.

Саввум: - Зиннат ва он мустаҳаб аст дар ин рӯз дар се чиз ; - ҷома, назофат ва бӯи хуш.

Ҷома - беҳтар он ки сапед бошад, зеро сапед беҳтарин ҷомаҳо назди Ҳақтаъоло аст. Пӯшидани ҷомаи сиёҳ на аз суннат аст ва на дар он фазле аст. Бастани аммома (салла) дар ин рӯз мустаҳаб аст.

Назофат он аст, ки ба мисвок дандонҳои худ бишӯяд, мӯйи худ шона кунад, нохунҳои худ бигирад, муйлабҳои худ бибурад ва дигар амокини покизагиро ба ҷой биорад. Ибни Масъуд гуфт: - Ҳар ки рӯзи Одина нохун чинад, Худои азза ва ҷал дардро аз вай берун барад ва шифоро дар вай дарорад. Ва агар панҷшанбе ва ё чаҳоршанбе ба ҳаммом рафта бошад, ин мақсуд ҳосил шавад.

Атр - ба хушбӯйтарин атр худро хушбӯй кунад ва роҳат ба машоми ҳозирин расонад. Ва Шофеӣ (р) гуфт: - Ҳар ки ҷомаи вай покиза бошад, ғамаш андак шавад ва ҳар киро бӯи хуш бувад, ақлаш зиёдат гардад.

Чаҳорум: - Пагоҳ рафтан ба масҷид ва оғози пагоҳ омадан аз дамидани субҳ бошад, ки фазли он азим аст ва нияташ танҳо ба хотири хондани намози ҷумъа дар масҷид бошад. Пайғомбар (с) фармуд: - Ҳар ки соати аввал ба ҷомеъ равад, чунонасти, ки шутуреро забҳ намуда бошад ва дар соати дуввум ба забҳи гове ва дар саввум ба забҳи гӯсфанде ва дар чаҳорум ба мокиёне ва дар панҷум ба байзае (тухм). Ва чун имом ба масҷид дарояд саҳифаҳои савоб боз гардад ва фариштагон наздики минбар ҷамъ шаванд барои шунидани зикр ва ҳар ки пас аз он ояд барои намоз гузоридан аз савоби пагоҳ омадан маҳрум гардад. Соати аввали омадан ба масҷид то баромадани хуршед ва соати панҷум пеш аз шурӯъи намози ҷумъа бошад.

Панҷум: - Ҳангоми дохил шудан ба масҷид бояд, ки пой бар гардани мардумон нанҳад ва пеши ишон нагзарад ва ҳар ки пагоҳ равад ин маънӣ вайро муяссар бошад. (Ашхосе, ки барвақттар омадаанд, дар сафҳои аввал ҷой мегиранд ва баъдомадагон аз паси аввалиҳо саф мекашанд) Шахсе, ки пой бар гардани мардумон мениҳад (ба маънии қасдан аз пеши ҷамъият гузаштан аст), рӯзи қиёмат вайро пуле созанд то мардумон бар вай гузаранд.

Шашум: - Он ки пеши намозкунандагон нагзарад, наздики сутуне ва ё деворе нишинад то дигарон аз пеши вай нагзаранд. Пайғомбар (а) гуфт: - То чиҳил сол истода монад беҳ аз он ки аз пеши намозкунанда бигзарад.

Ҳафтум: - Он ки сафи аввал талабад, фазли вай бисёр аст ва ба имом наздик шавад ва хутбаро саҳиҳ истимоъ кунад. Дар ривояте омадааст, ки то намози ҷумъаи дигарӣ Худованд вайро аз гуноҳон биёмурзад, машрут бар ин ки дил ба тоат наздик дошта бошад. Онҳое, ки дар пушти сари ишон ҳастанд ва ин ниётро доранд, аз ҷумлаи омурзандагон ҳастанд. Бишри Ҳорисро гуфтанд, ки пагоҳ меоӣ ва дар сафи охир меистӣ? Гуфт: - Матлуб наздикии дилҳост, на наздикии танҳо ва ин ишоратест бад-он чи пас истодан ба саломати дили вай наздиктар аст.

Ҳаштум: - Чун хатиб берун ояд, (дохили масҷид шавад) намозгузорон беш намоз накунад (ягон хел намоз нахонанд) ва сухан нагӯянд, балки ба ҷавоби муаззин машғул шаванд, пас ба гӯш кардани хутба машғул шаванд. Одоти баъзе авом он аст, ки дар вақти истодани муаззин ва хондани азон саҷда мекунанд ва дар ахбору осор инро асле нест, валекин агар дар ин вақт саҷдаи тиловат бошад боке набувад.

Нуҳум: - Мустаҳаб аст, ки пас аз намози ҷумъа ин дуъо бигӯяд. Аллоҳума ё ғанию ё ҳамиду ё мубдию ё муъиду ё раҳиму ё вадуду ағнини биҳалолика ъан ҳаромика ва бифазлика амман сивока. Ва гуфтаанд: - Ҳар ки бад-ин дуъо мудовимат (давомдор бихонад) намояд, Ҳақтаъоло вайро аз халқ бениёз гардонад ва рӯзии вайро аз ҷое, ки чашм надорад, бирасонад.


Таҳияи И. ОҚИЛПУР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97