НАҶОТИ МАҒЗҲО ё Раиси Ҷумҳур аз пешниҳоди "Миллат" истиқбол кард

Фарҳанг ва адаб 16.09.2009 12:52

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар як иқдоми созандаи дигар соли 2010-ро чун соли "Маориф ва фарҳанги фановарӣ" эълон кард. Ин иқдоми сардори давлат аз ҳамакнун бо истиқбол ва дилгармии мардум, бахусус доираҳои омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ рӯ ба рӯ гардида ва сатҳи умедвориҳоро дар ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ ва мушаххас барои беҳбуди вазъияти соҳаи маориф ва таҳқиқу пажӯҳиш боло бурдааст. Гуфтугузор дар бораи ислоҳи вазъи маориф дар Тоҷикистон солиёни дароз аст, ки вуҷуд дорад. Дар ин замина баҳсҳои фаровоне аз тариқи маҳфилҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ ва албатта васоити ахбори умум сурат гирифтанд, ки ба таври хулоса ҳадафи аслии ин баҳсу гуфтугузорҳо анҷоми ислоҳоти ҷиддӣ ва фарогир дар соҳаи илму маориф аст.

Зарурати пиёда кардани ислоҳот дар соҳаи ёдшуда аз ин лиҳоз бештар эҳсос мешавад, ки Тоҷикистони азиз барои расидан ба истиқлоли воқеӣ ва сатҳи болои рушду тараққиёт ниёзи ҳаётӣ ба пешрафти илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ дорад. Ин зарурат акнун беш аз пеш эҳсос мешавад ва дарки масьала ба қавле "пухта расидааст" ва аз ҳамин рӯст, ки умедвории ҳамагонӣ аз иқдоми охири Раиси ҷумҳур дар ҳоли тақвият ёфтан аст...

Нашрияи "Миллат" ҳанӯз чанд сол қабл дар бораи зарурати анҷоми ислоҳот дар соҳаи илму маориф ва беҳбуд ёфтани фаъолияти сохторҳои дахлдори ҳукуматӣ, ба вежа Вазорати маориф ва Академияи илмҳ силсиламатолибе ба нашр расонда буд. Аз ҷумлаи ин матолиб, мақолае бо сарлавҳаи "Хуш ояд сухани нағз ба такрор" ба қалами ин ҳақир буд, ки дар шумораи 11(29) / 23 марти соли 2006, дар ҳафтаномаи "Миллат" рӯи чоп омад. Дар ибтидои ин мақола зикр шуда буд, ки "Ҳамагон ба хубӣ огоҳ ҳастем, ки бахши омӯзишу парвариш дорои каму костиҳои фаровоне аст, ки тӯли даҳсолаҳо болои ҳам зам шудаанд... Ончи рӯшан аст, агар мушкилиҳо ва нобасомониҳои мавҷуд дар ин бахш ҳаллу фасл нашавад, наметавон бо дилпурӣ ба ояндаи дурахшони кишвар нигоҳ кард..." Дар идома бо таъкид бар ин ки барои ислоҳи соҳаи илму маориф боястӣ як азми миллӣ ва мушорикати умумии давлат ва мардум сурат гирад, 8 пешниҳоди мушаххас дар ин замина матраҳ шуд. Қисмати поёнии мақола ҳам ба ин шакл аст: "Бо умеди он, ки дигарон низ назароту пешниҳодҳои худро дар миён бигзоранд, ин дархостро аз сардори давлат дорем, ки... яке аз солҳои ояндаро чун "Соли илму дониш" номгузорӣ кунад то бошад, ки дар ин чаҳорчӯб хезиши бузурги илмӣ, омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон сурат гирад!"

Бо ёдоварии пешниҳоди чанд соли пеши нашрияи "Миллат" зикри ин матлабро ҳам бемаврид намедонем, ки нашрия иқдомоти мушобеҳе дар масъалаи такмили сохти ниругоҳи Роғун, миллӣ кардани иншоотҳо ва корхонаҳои бузург, ҷилавгирӣ аз "фирори мағзҳо", ислоҳи "Қонуни забон" поён додан ба кашмакашҳои лафзии қаламкашон... ва ғайра кардааст, ки аксарияташон барои пиёда шудан дар дастури кори давлат, ниҳодҳои дахлдор ва аҳли ҷомеа қарор гирифтаанд. Албатта, аз ҳақ нагузарем, ингуна назароти созанда ва зарурӣ дар дигар нашрияҳо ва расонаҳои гурӯҳӣ низ каму беш ба миён гузошта мешаванд ва дар маҷмӯъ як раванди умедворкунанда ва мусбате перомуни тарҳи назару андешаҳои корсоз ва истиқболи роҳбарони масъул аз онҳо падид омада, ки дар ҳоли дунбол шудан аст.

Дар ҳамин замина эълони соли 2010 ба унвони "Соли маориф ва фарҳанги фановарӣ" аз сӯи Раиси ҷумҳурро иқдоми амалӣ, зарурӣ ва муфид барои ояндаи кишвар ва як навъ посухи сардори давлат ба интизороти миллат, ба вежа табақаҳои донишгоҳӣ ва илмӣ арзёбӣ мекунем. Ин гуна иқдомот ва даркҳои мутақобил моро ба ояндаи рӯшани ҷомеа ва осеб мондан аз газандҳои рӯзгор ва тамаъварзиҳои бадхоҳону душманон умедвор мекунад. Дар охир чун зодаи хоку буми шарифи Тоҷикистон ва яке аз аҳли қалами аз ҳамаи ҳамватанон, ҳампешагон ва давлатмардон интизор дорам эълони мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси "Соли маориф ва фарҳанги фановарӣ"-ро бо ҳамоҳангӣ, ҳамёрӣ ва корҳои амалӣ пазиро бошанд ва ба дастандаркорони нашрияи "Миллат" пешниҳод мекунем, сафҳаеро бо номи "Маорифи миллат", ки дарбаргирандаи матолиби муҳим ва хонданбоб аз илму маориф бошад, пешкаши алоқамандон гардонанд.


Ҳошим Холзодаи НЕКВАРЗ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97