ИМОМИ АЪЗАМ МУРАББИИ ИНСОНПАРВАР

Фарҳанг ва адаб 16.09.2009 12:46

Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит соли 80 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 699 милодӣ, дар замони Абумалик ибни Марвонии Уммавӣ дар шаҳри Куфта таваллуд шудааст. Ба қавли Иноятуллоҳи Иблоғ Имоми Аъзам аслан форсизабон, аз қавми тоҷикон будааст ва гузаштагони ӯ аз Афғонистон, вилояти Парвон мебошанд, ки он дар қисмати шимоли Кобул қарор дорад. Абӯҳанифа дар беҳтарин аср, яъне асри зиндагии Расули акрам (с) умр ба сар бурда, дар назди олимони бузурги замон нашъунамо ёфта, бо баъзе аз саҳобагон, аз қабили Анас ибни Молик, Абдуллоҳ ибни Авс ва Сал ибни Саъд вохӯрдааст. қисмати зиёди олимон бар он шаҳодат медиҳанд, ки Имоми Аъзам аз ҷумлаи тобеъин мебошад.

Бинобар таҳқиқоти муфтии Ҷумҳурии Мисри Араб доктор Алӣ Ҷумъа 15 саҳобаи пайғамбарро дидааст.

Имом дар соли 150 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 762 милодӣ бар асари шиканҷае, ки аз тарафи Мансури Аббосӣ ба вай расид, вафот кардааст.

Яке аз машҳуртарин устодони Имоми Аъзам ҳазрати ҳамод ибни Сулаймон (р) аст, ки ӯ дар назди эшон муддати 18 сол ба таҳсили фиқҳу ҳадис машғул гардидааст. ҳамчунин дар назди Иброҳими Нахаъӣ ва Имом Шаъбӣ илми фиқҳ омӯхтааст. Имом Осим ба Абӯҳанифа илми қироати қуръонро омӯзонидааст.

Маҳз гузаштан аз мактабҳои илмию маърифатии абармардони олами ислом ба Абӯҳанифа имконият дод, ки чун шахсияти илмӣ ташаккул ёбад ва хулқу хислати накӯву таълифоти муҳими зиндагиомӯз ва раҳнамои инсоният дар ислом боиси сарфарозиҳо гардад ва ба ҳайси имому раҳнамо пазируфта шавад.

Тӯли зиёде аз ҳазор сол таълифоти Имоми Аъзам, яъне рисолаҳои каломии ӯ "Фиқҳи акбар", "Алолим ва мутааллим", "Алвасият" дар ҳаллу баррасии масоили динию иҷтимоӣ хизмати арзандае кардаанд.

Имоми Аъзам аввалин шахсияти барҷастаи дини ислом аст, ки шариатро бо талқин ҳифз намудааст ва бо кӯшишу ғайрати ӯ суннати Пайғамбар, Расули акрам (салот ва дуруди Худо бар вайбод!) ва тамоми ҳуҷҷати олами ислом интишор ёфтааст. Аз ин ҷост, ӯ ба ҳайси яке аз аркони уламо ва имомони чаҳоргона соҳиби мазоҳиби барҳақ пазируфта шудааст, ки донишмандони баъдина бар илм, зӯҳд ва тақвои ӯ иттифоқ доранд. Худованд ӯро муваффақ гардонидааст, то нисфи мусулмонон ба тақрири ӯ амал намоянд ва гӯш ба суханаш бидиҳанд.

Имом Молик, ки дувумин имоми чаҳоргона аст, мефармояд: "Ба номи Худо қасам, ин мард, Абӯҳанифа, агар бихоҳад, ки туро қонеъ кунад, ки ин сутуни чӯбин аз тиллост, бо далелҳо туро қонеъ хоҳад кард ".

Имом Шофеӣ аз сеюмин имоми чаҳоргона таъкид кардааст, ки касеро фақеҳтар аз Абӯҳанифа надидаам. Як гуруҳ олимони ислом фармудаанд: "Барои ҳар як мусулмони аҳли қибла воҷиб аст, ки дар ҳаққи Имоми Аъзам дуо кунад, зеро ӯ фиқҳи исломиро бар мо оварда расонид".

Фузайл ибни Иёз чунин гуфтааст: "Имом Абӯҳанифа марди дар фиқҳ маъруф буд. Моли зиёде дошт ва бар нафаре, ки ба назди ӯ меомад, хайр мекард. Барои таълим додани илм дар шабу рӯз сабур буд. Сухан кам меронду хомӯшии зиёдро риоя мекард, то ин ки масъаларо дар ҳалол ва ҳаром ҷавоб диҳад".

Имом Зуфар аз Абӯҳанифа ҳикоят карда, мефармояд: "Бо Абӯҳанифа зиёда аз 20 сол ҳамнишин будам. Нафареро бошафқаттар аз ӯ надидаам. Ҷони худро барои ризои Худованд харҷ мекард. ҳамаи рӯзҳои худро барои таълими илм, масъала ва таълими масъала ва ҷавоби саволҳои пурсидашуда сарф менамуд. ҳар гаҳе аз маҷлиси илм бармехост, ба зиёрати беморон ё ба ҷанозахонӣ, ё барои тасалло додани дили камбағалон, ё ба зиёрати бародарон, ё кӯмаки онҳо мерафт. Шабро барои ибодат ё қуръонхонӣ хилват мекард ва ин роҳи пешгирифтаи Имоми Аъзам то рӯзи вафоташ буд".

Дар назди Имоми Аъзам илм ва тарбияи шогирдон мартабаи хеле баланд дошт. ?амин аст, ки ӯ мефармояд: "Агар даҳ сол бидуни касбу қувват мондӣ, аз илм рӯ магардон". "Ба шогирдонат чунон мушфиқона рафтор кун, ки гӯё ҳар як аз эшонро фарзанди худат медонӣ, зеро ин амр рағбату робитаи онҳоро ба илм бештар хоҳад кард".

Имоми Аъзам ба ҳайси як мураббии инсонпарвар пайравони худро аз ҳамагуна аҳлоқи ношоиста парҳез мефармуд ва ба манфиати дину инсоният хидмат карданро ба онҳо талқин менамуд. Масалан, мефармояд: "Аз бухл бипаҳрез, ки инсонро расво мекунад" ва "Аз хандаи зиёд бипаҳрез, ки дилро мемиронад".

ҳамин тариқ, Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар тӯли зиндагии худ дар тарғибу ташвиқи дини мубини ислом, аҳкоми қуръонӣ ва таҳкими суннати Расули акрам корҳои зиёдеро ба сомон расонид ва дар ин замина барои бунёди аввалин мазҳаб, ки то имрӯз зиёда аз ними олами ислом пайрави он аст, саҳми арзишманде гузоштааст. Зиёда аз ҳазор афкори ӯ ба ҳайси ғояҳои пешқадам дар ҳалли масоили фиқҳӣ хидмат карда, аҳли башарро ба роҳи рост, ба одобу ахлоқи ҳамидаи исломӣ, ба омӯзиши илму маърифати исломӣ ба хотири беҳтаргардии имону эътиқоди исломӣ ва зиндагии поку беолоиш ҳидоят кардаанд.

Дар ин замина бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар эълон гардидани соли 2009, ҳамчун Соли бузургдошти Имоми Аъзам иқдоми некест дар роҳи худшиносии миллии мардуми тоҷик. Зеро маҳз тавассути чунин ибтикорот мардуми мо ба асолати хеш рӯ меоранд, худро беҳтару хубтар мешиносанд ва ба фарҳанги маънавиёти худ бештар ошно гардида, аз ҳар гуна равияҳои номатлуби мазҳабию динии ҷаҳони муосир, ки аксаран дорои ғаразҳо ва манфиати сиёсианд, худро дар канор мегузоранд ва барои пешрафту инкишофи Ватану сарзамини аҷдодии худ ва нигаҳбонии он аз ҳар гунна падидаҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ камар мебанданд.

Абдуллоҳ қодирӣ

сардори шӯъбаи робитаҳои

байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ


Абдуллоҳ қодирӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97