МАҲКУМИ ЗУЛМ ДАР ҚУРЪОН

Фарҳанг ва адаб 14.09.2009 16:24

Қуръон бузургтарин китоби осмонӣ аст, ки дар он тамоми ҷузъиёти зиндагии инсон ифода ёфтааст. Сар то сар он аз панду ҳикмат, насиҳат, ҳидоят ба роҳи рост, парҳез аз дурӯғ, ҳимояи бечорагон, дастгирии хешу табори нодор, вафо ба аҳду паймон, сарфакорӣ, ҳурмати падару модарон, гуфтани ҳақиқат, баланд бардоштани қадру қиммати занон ва нигоҳ доштани ҳуқуқи онҳо, маҳкум намуданит ҷабру зулм ва мубориза бар муқобили золимон, адолату одамгарӣ некӯкорӣ ва дигар мавзӯъҳо иборат аст. Боз ҳам шукри ваҳдату мустақилӣ, ки барои ҳар фарди мусулмон барои омӯхтани ин баҳри азими панду андарз шароит ба вуҷуд омад.

Дар давраи Шӯравӣ ин китоби муқаддас дар зери сандуқ пинҳон буд ё дар тоқу ҷевоне зери чанг мехобиду онро касе намекушод ва агар мекушод, хонда наметавонист, аз он чизе намефаҳмид. Баъди истиқлол, ки ин хазинаи панду ҳикмат ба тоҷикӣ ва бо ҳарфҳои кирилӣ баргардонида шуд. Мардуми китобхон аз он то андозае баҳраманд гардиданд. Ақли солим ба ин натиҷа расид, ки агар тамоми мусулмонон ин китобро мутолиа намоянд ва аз рӯйи он амал кунанд, тамоми ноқисиҳои ҷамъият аз байн меравад ва мо дар байни ҳама мамлакатҳои ҷаҳон аз ҳар ҷиҳат ҷойи аввал мегирем.

Дар ояти 75 сураи "Қамар" гуфта шудааст: "Қуръон" ҳикмати болиғаи Худост ва агар аз он панд нагиред, дигар аз ин пас ҳеҷ андарз ва панд шуморо суде нахоҳад кард".

Дар ин мақола ман назди худ вазифа гузоштаам, ки дар бораи баъзе аз оятҳои Қуръон, ки дар он зулм маҳкум карда мешавад, андешаамро баён кунам.

Калимаи "зулм" дар Қуръони азимушшаън ба маънои васеъ ба кор бурда мешавад. Дурӯғгӯӣ кардан, ҳаққи якдигарро хӯрдан, қарзи касеро дар вақташ надодан ва ғ. зулм ҳисоб мешавад.

Вақте ки Биняминро барои ҷоми подшоҳро аз байни бири ӯ ёфтан дар Миср манъ мекунанд, бародарони ӯ ба Юсуф пешниҳод мекунанд, ки ба ҷойи ӯ яке аз моёнро гирифтор кунед. Юсуф ҷавоб медиҳад, ки ин зулмро ман намекунам.

Дар Қуръон дар аксари оятҳое, ки сухан дар бораи зулм меравад, онҳо зулми ҳақиқианд, ки онҳоро золимон ба ҷо меоранд. Мо гуфта наметавонем, ки дар рӯзгори мо зулм ва золимӣ нест. Солҳо, ки деҳқони бечора дар пахтазор заҳмат кашида дар ивази меҳнати миёншиканаш танҳо ғӯзапоя мегирад, зулм аст.

Соҳибкоре коргареро кор фармуда, музди ночизе медиҳад, ин ҳам зулм аст.

Духтари сатрпӯшеро барои сатраш аз мактаб берун мекунанд, ин ҳам зулм аст.

Мавзӯйи мо бошад, маҳкуми зулм дар Қуръон аст. Дар ҳақиқат, чи тавре дар боло гуфтем, Қуръон бузургтарин китоби рӯйи олам аст, ки дар баробари пандҳои зиёд зулму ситамгарӣ сахт маҳкум карда мешавад.

Дар ояти 148 сураи "Нисо" мусулмононро ҳушдор медиҳад: "Эй аҳли имон, нигаҳдори адолат бошед ва барои Худо огаҳӣ диҳед, ҳарчанд бар зарари худ ё падару модару хешони шумо бошад. Барои ҳар кас шаҳодат медиҳед, чи фақир бошад, чи ғанӣ, шумо набояд дар ҳукм ва шаҳодат тарафдоре аз ҳеҷ кадом гурӯҳ аз ҳаққи адл нанамоед, ки Худо ба риояти ҳуқуқи онҳо авло аст. Пас, шумо дар ҳукм ва шаҳодат пайравии ҳавои нафс накунед, то адолат нигоҳ доред. Ва агар забонро дар шаҳодат тавре бигардонед ё аз баёни ҳақ худдорӣ кунед. Худо ба ҳар чи кунед, огоҳ аст."

Агар судҳои мо аз рӯйи ҳамин гуфтаи Худо амал кунанд, ин қадар арзу дод ин қадар хонаи якдигарро кашида гирифтан, ин қадар беадолатӣ дар ҷумҳурии мо авҷ намегирад.

Дар сураи 276 "Наҳл" омадааст: "Ҳамоно Худо халқро фармон ба адл ва атои хешовандон амр мекунад ва аз афъоли зишт ва зулм наҳй мекунад ва ба шумо аз рӯйи меҳрубонӣ панд медиҳад. Бошад, ки мавъизаи Худоро бипазиред".

Тавре аз мазмуни ин оя бармеояд, Худои меҳрубон аз халқ ду чиз талаб дорад; аввал адолат, дуввум, ба хешовандон мадад расонидан.

Сад ҳайф, ки аз ин ду талаб ҳеч кадомаш амалӣ нест. На адолат дар мамлакат пурра ҷорӣ ҳасту на ҳама давлатманд ба хешу табори худ ёрӣ мерасонад.

Он масъалаи раҳму шафқат, дастгирии бечорагон ва танқиди золимон дар Қуръон аз ҳама зиёд ва дар тамоми сураҳо дида мешавад.

Дар ояти 19 сураи "Тавба" омадааст: "Ва Худо золимонро ҳидоят намекунад".

Бузургии Қуръон дар он аст, ки тамоми ҳодисаҳои зиндагӣ дар он таҷассум ёфтааст. Масалан, дар баъзе оятҳои қуръонӣ он одамҳое мазаммат карда мешаванд, ки дилу дидаи онҳо аз ҷамъоварии моли дунё ҳеҷ сер намешавад. Ин гуна мардум дар рӯзгори мо ҳастанд, ки қаср аз паси қаср месозанд, мошин аз паси мошин мехаранд, бӯстонсаро аз паси бӯстонсаро бино мекунанд. Аксари ҳамин молу пулу сарват бе зулм ба даст намеояд. Рӯзи ҷазо, агар тамоми сарвати худ ва рӯйи оламро диҳанд, аз маҷозоти Худо халос нахоҳанд шуд. Ин маънӣ дар ояти 54 сураи "Юнус" дар Қуръон чунин омадааст: "Ва агар мардуми ситамкор молики рӯйи замин бошанд, ҳамаи дороии худро фидо кунанд, то магар хештан аз азоб бираҳонанд, натавонанд ва чун азобро мушоҳида кунанд, ҳасрат ва пушаймонии худро пинҳон доранд ва дар ҳаққи онҳо ҳукми иқоб ба адл шавад ва дар кайфарашон ҳеҷ ситаме нахоҳад шуд".

Дар он оятҳои Қуръон, ки аз зулму ситам сухан меравад таъкид шудааст, ки золимон ҳаргиз аз ҷазои Худо халосӣ намебинанд. Ҳатман ба сазо хоҳанд расид. Масалан, дар ояти 83 сураи "Юнус" омадааст: "Чун субҳ шавад, фармони қаҳри мо диёри он қавми нобакорро вайрон ва зеру забар бисозад ва бар сари онҳо мураттаб аз осмон санги ҳалок фурӯ рехт, ки он сангҳои бало ба сари ситамкорон аз амри Худо нишондор ва муаяйн буд ва албатта, чунин ҳалокат аз золимони олам дур нахоҳад буд".

Дар ҳақиқат Қуръон бузургтарин китоби рӯйи олам аст. Дигар китобе нест, ки инсонро ин қадар дар рӯҳияи одамгарӣ, адолат, ростӣ, вафодарӣ сабру таҳаммул, бечорапарварӣ, эҳтироми инсон, сағирпарварӣ, парҳезкорӣ даъват карда бошад. Гап сари он аст, ки ҳама ба фармудаи ин китоб, яъне ба гуфти Худо амал намекунанд. Чунон ки шоир гутааст:

Ислом ба зоти худ надорад, айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Фиреб додани кас низ зулм аст. Ин гуна фиребгариро дар ҳама ҷо ва ҳама вақт мебинем. Аз ҳама бештар дар бозор, ки ягон кас ба камбудии моли худ ҳангоми фурӯш қоил нест. Баръакс, камбуди молашро мепӯшонад, аз тарозу ҳаққи харидорро мезанад, дурӯғ мегӯяд ва ғ.

Дар ояти 709 сураи "Раҳмон" омадааст: "Ва ҳукм кард, ки эй бандагон, ҳаргиз дар мизони адл таъдӣ ва нофамонӣ накунед ва чизро бо тарозуи адл ва инсоф бисанҷед ва ҳеҷ дар мизон камфурӯшӣ ва нодурустӣ накунед".

Худо дар Қуръон ба бандагон дастур медиҳад, ки ба касе ситам кардан раво нест. Ситам танҳо ба ситамкорон раво мебошад. Аз ҷумла, дар ояти 193 сураи "Бақара" меояд: "Ситам ҷуз ба ситамкорон раво нест".

Дар ояти 194 ҳамин сура дар бораи ба ситамкорон чӣ тавр муомила кардан мефармояд: "Ҳар ки ба ҷавр ва ситамкории шумо даст дароз кунад, ӯро ба муқовамат аз пой дароваред, ба қадри ситаме, ки ба шумо расида". Яъне ба ситами золимон ҷавоб гардондан шарт аст, вале ба андозае ба онҳо бояд кас муқобилият нишон диҳад, ки онҳо ба шумо зулм карда бошанд. Агар дасти шуморо шикаста бошанд, бояд дасти золимро шикаст, агар панҷаи шуморо бурида бошад, бояд панҷаи золимро буред.

Боз ба қассосгиранда тавсия дода мешавад, ки агар ҷабрдида гуноҳи ҷабркунандаро бахшад, кори хубтар аст.

Мувофиқи фармудаи Қуръон, ҳарчанд ҷабрдида зулми ба сараш омадаро фаромӯш кунад ҳам, Худои мутаол он зулмро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва сазои золимро хуб медиҳад. Дар ин бора дар ояти 194 сураи "Бақара" омадааст: "Ҳар ки ба ҷавр ва ситамкории шумо даст дароз кунад, ӯро ба муқовамат даъват кунед." Дар ояти "Иброҳим" сураи 42 омадааст: "Ва ҳаргиз мапиндор, ки Худо аз кирдори ситамкорон ғофил аст, балки кайфари золимонро ба таъхир меафканад, то он рӯзе, ки чашмҳояшон дар он рӯз хира ва ҳайрон аст".

Хулоса, тавре дар боло гуфтем, дар тамоми сураҳои қуръонӣ зулму ситамкорӣ сахт маҳкум шуда, ҳурмати инсон чун махлуқи олӣ ҳимоя карда мешавад ва ситам ба ситамкорон раво дониста мешавад.


Қамари АБДУЛЛОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97