ИСТИҚЛОЛИЯТ

Фарҳанг ва адаб 10.09.2009 15:14

Дар миёни ҷашнҳое, ки мо дар Ҷумҳурии азизамон дорему ҳар якеро ба навбат дар вақту соаташ таҷлил мекунем, ҷашни Истиқлол мавқеъи хоси худро дорад, зеро таҷлили истиқлолият моро ба андешидан ва азизу гиромӣ доштани мафҳумҳои баланде во медорад. Истилоҳи "Истиқлол" лафзи арабист ва аз ду реша меояд. Яке аз решаи "қиллат" яъне "истақалла-талаби қиллат кардан талаби камӣ намудан" ва дигар аз решаи "қалл" яъне "талаби бардоштану бурдан". Ба назари ман аз решаи "қиллат" агар бигирем дурустар меояд. Чаро? Чун масалан мо бо Шуравӣ зиёд будем, калон будем, вале бо худ кам ҳастем. Яъне мо ҳамин камии худро талаб намудем.

Дар маънои истилоҳӣ "истиқлолият" ба маънои озодӣ, ба сари худ будан ва дақиқтар карда бигӯем худро ва худии худро будан, адами вобастагӣ ба дигарон ва бошахсиятии як давлату як кишвару як миллатро ифода мекунад.

Гарчанде сари соли мо аз моҳи январ шурӯъ мешавад, вале сароғозии ҳамаи идҳои мо "Ҷашни истиқлол" аст. Истиқлолият иди хеле асосӣ ва муҳимми мост. Асосан аз истиқлолият идҳои мо сар мешаванд ва ин саршавӣ оғози хуҷаставу мубораке ҳаст.

Агар бо дидаи таамул бингарем ҷашни истиқлоли мо дар муқоиса бо идҳои истиқлоли дигар кишварҳо як тафовути умда ва асосӣ дорад. Ва он тафовути асосӣ инаст, ки мо истиқлолияти худро арзон ва ба осонӣ ба даст овардаем. Вале ҷашни истиқлол барои бисёре аз кишварҳои дигари ҷаҳон чунин нест. Асосан бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон "истиқлолият"-и худро бо қиммати гароне ба даст овардаанд.

Барои ба истиқлолият расидан муборизаҳову талошҳои зиёде намуданд ва дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон истиқлолият ба қиммати ҷону нону хун ба даст омадааст.

Истиқлолият барои мамлакатҳое чун ИМА, Ҳиндустон ва ё Алҷазоирро дар натиҷаи талошҳои зиёду хуни дил хурданҳо, ҷангу муборизаҳои бе амон, шиканҷаҳову зиндону қурбониҳо ба даст омадааст. Аз як сӯ ин муборизаву талошҳо барои миллатҳои мубориз албатта фоидаи зиёде ҳам дошт, чун ин ҷараёни талошҳо миллатҳои мазкурро барои истиқлолият омода намуд ва ҳангоми ба даст овардани истиқлолият онҳо ба хубӣ қадру қиммати истиқлолро донистанд ва барои ҳифзи он кӯшиш намуданд.

Барои мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолият чун туҳфаи осмонӣ ба даст омад. Бо омодагии каму андак. Ин таҷрибаи тақрибан бе собиқае ҳаст. Дигарон мубориза бурданд то ба истиқлол бирасанд ва мо истиқлол гирифтем ва ҳоло барои ҳифзи ин неъмати гаронбаҳо бояд мубориза барем. Мубориза бо ҳар чӣ ин истиқлолро, ин озодиро, ин худӣ ва ба сари худ буданро осебрасон аст.

Мубориза бо ҷаҳл, бесаводӣ, фақр, нодорӣ ва ҳар гуна вобастагӣ ва саъйу талош баҳри баланд бардоштани сатҳи иқтисоду беҳбуди шароити зист. Ин роҳи осон нест, вале боистӣ онро паймуд. Мо дар кишвари куҳистонӣ ва дорои шароити душвор ба сар мебарем, вале боз ҳам роҳҳои обод кардани кишварамонро бояд бештар кашф намуда, онҳоро оқилона истифода барем.

"Мо аз табори Ориёнем ва динамон Ислом, забонамон форсӣ тоҷикист, таъриху тамаддуни куҳанбунёд дорем", ин дебочаи муаррифии мост. Ин муаррифиро мо танҳо вақте мекунем, ки давлату кишвари мустақил дошта бошем. Бе истиқлол ин муаррифӣ ҳам аз байн меравад ва шакли комилан дигаре ба худ мегирад. Мисли як курде, ки масалан дар Туркия зиндагӣ мекунад. ? худро чӣ гуна муаррифӣ мекунад? "Гарчанде ман дар Туркия зиндагӣ дорам, вале ман курдам". Гарчанде таҳсилотам ба туркӣ будааст, вале забони модариам курдист". "Гарчанде…………….".

Пас шукри Худованд, ки мо истиқлолият дорем. Мо давлату кишвари мустақил дорем. Мо худро ба осонӣ ва бе мушкил муаррифӣ мекунем. Ба ҷост дар охир ёде аз аллома Муҳаммад Иқболи рушанзамир намоем, ки дар ҳамин маврид чӣ ҷовидона фармудааст:

Мисли оина машав маҳви ҷамоли дигарон,

Аз дилу дида фуру шӯй хаёли дигарон.

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,

Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

Зинда бод Тоҷикистони мустақилу ободу озод. Ҷашни истиқлол муборак ҳамватанони азиз!!!


Саъдии Юсуфӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97