ОДОБИ ДУЪО

Фарҳанг ва адаб 02.09.2009 14:51

Мардум барои иҷобати дуъоҳои хеш рӯзҳои ҳафтаро интихоб карда, ба мазорҳо ва ҷойҳои муқаддас рафта, бо хондани оёте аз қуръон даст ба сӯи Парвардигори хеш мебардоранд, то дуъояшон мустаҷоб гардад. Воқеан, ин корро мусалмонони рӯи дунё бо тарзу усулҳои ба худ хос анҷом медиҳанд, то дар талаби тақозои худ муваффақ шаванд. Пайғомбар (с) мегӯяд: Дуъо парастиш аст. Мо тасмим гирифтем, ки дар оғози моҳи шарифи рамазон андар боби "Одоби дуъо" ба таври мухтасар матолиберо нашр намоем ва хонандаро ба тарзи дурусти дуъогузорӣ ошно созем ва кӯшидаем, ки одоби дуъо низ риоят гардад.

ОДОБИ ДУЪО ДАҲ АСТ:

Аввал: Он ки барои дуъо вақтҳои шариф тарасуд (интизорӣ кашидан) кунад, чун рӯзи арафа аз сол ва рамазон аз моҳҳо ва Одина (рӯзи ҷумъа) ва вақти саҳар аз соатҳои шаб. Чи Ҳақтаъоло гуфт:-Ва бил-асҳори ҳум ястағфирун (Дар саҳарҳо ишон омурзиш хоҳанд).

Дуввум: Он ки ҳолҳои Шариф (хотирҳои муборак) нигоҳ дорад. Буҳурайра (р) гуфт, ки дар се ҳол дарҳои осмон бикшоянд. Яке саф кашидани ғозиён ва дуввум боридани борон ва саввум гузоридани намози фарз. Пас дар ин ҳол дуъоро ғанимат доред. Муҷоҳид гуфт, ки авқоти намоз беҳтарин соъатҳост ва дуъои пас аз гузоридани намоз муҳим бояд шинохт. Пайғомбар (с) гуфт:-Ад-дуъоъу байна-л-азони вал иқомати ло юрраду. (Миёни бонги намоз ва қомат дуъо рад нашавад). Ва гуфт:-Дуъои рӯзадор рад нашавад.

Ва дар ҳақиқат шарафи вақтро руҷуъ ба шарафи ҳол бошад. Чи вақти саҳар вақти сафои дил аст ва ихлосу фароғат аз мушавашот аст ва рӯзи арафа ва Одина вақти иҷтимоъи (ҷамъ шудан) ҳимматҳову ёрии дилҳост дар истинзоли (талаби нузул, фуруд омадан) раҳмати Бори Таъоло.

Ва ҳоли саҷда низ сазовор аст ба иҷобат. Буҳурайра ривоят кард, ки Пайғомбар гуфт:- Вақте ки дар он банда ба Худой наздиктар бошад, ҳоли суҷуд аст. Пас дар он дуъои бисёр бояд гуфт.

Саввум: Он ки дар дуъо рӯй ба қибла орад ва даст чунон бардорад, ки сапедии зери дасти ӯ дида шавад. Ва Ҷобир Абдуллоҳ ривоят кард, ки Пайғомбар (с) ба ъарафа дар мавқифе (ҷои таваққуф, мақом) омад ва рӯй ба қибла овардӣ ва дуъо мегуфт то хуршед фурӯ шуд. Ва дар охири дуъо бояд, ки дастҳо бар рӯй молад ва чашм сӯи осмон надорад.

Чаҳорум: Он ки овоз миёни баландиву пастӣ дорад. Барои он ки Бумусо Ашъарӣ гуфт:-Дар хидмати Пайғомбар аз сафар боз омадем. Чун ба Мадина наздик шудем мардумон такбир гуфтанд ва овоз баланд карданд. Пайғомбар гуфт: (Он касро, ки мехонед кару ғоиб нест ва миёни Шумо ва гарданҳои марокиби Шумост). Яъне, овоз дар дуъо миёна бошад.

Панҷум: Он ки дар дуъо такаллуфи саҷъ (саъй) накунад, чи ҳоли дуъо гӯянда бояд, ки таззарӯъ (илтиҷо, илтимос) бошад ва таклиф муносиби он нест.

Шашум: Зориву фурутаниву тарс. Чи Ҳақтаъоло гуфт:- Ишонро дар хайрот мусориъат менамуданд ва ба рағбату раҳбат (тарс) моро мехонданд. Ва Пайғомбар гуфт:-Чун Худой бандаро дӯст дорад, вайро мубтало гардонад то зории вай бишнавад.

Ҳафтум: Он ки дуъо ба ҷазм гӯяд ва дар иҷобат мутаяқин бошад ва умедаш дар он содиқ бошад. Пайғомбар (с) гуфт:- Удъуллоҳа ва антум муқинуна бил иҷобати ва аъламу анналоҳа ло ястаҷибу дуъоъа мин қалбин ғофил. (Дар ҳоли дуъо ба иҷобат мутаяқин бошед ва бидонед, ки Ҳақтаъоло дуъоеро, ки аз дил ғофил бошад, иҷобат нафармояд).

Ҳаштум: Он ки дар дуъо илҳоҳ (ба зорӣ, боисрор ва илтиҷо дархост кардан) кунад ва се бор мукаррар гардонад. Ва Ибни Масъуд гуфт, ки Пайғомбар чун дуъо гуфтӣ, се бор гуфтӣ ва чун бихостӣ се бор хостӣ ва бояд, ки ба сабаби таъхири иҷобат истибто (аз таъхири иҷобат дилтанг шудан) накунад ва истеъҷол (беқарорӣ) нанмояд. Пайғомбар гуфт:-Юстаҷобу ли аҳадикум мо лам яъҷал фаяқула даъавту фалам юстаҷаб . (Яке азШуморо иҷобат бошад мудом, ки шитоб накунад ва нагӯяд, ки дуъо гуфтам, иҷобат набувад ва чун бихоҳад бисёр бихоҳад чи аз ҳазрати Кариме мехоҳад).

Нуҳум: ифтитоҳи дуъо ба зикри Худой бошад ва ба суол оғоз накунад. Бусулаймони Доронӣ гуфт:- Ҳар ки хоҳад, ки аз Худой ҳоҷате хоҳад, бояд ки оғозу анҷоми он ба дуруди Пайғомбар бошад ва миёни он ҳоҷат хоҳад, чи Худои аззаваҷалл ҳар ду дурудро қабул кунад ва ӯ каримтар аз он аст, ки миёни онро беиҷобат бигзорад.

Даҳум: Ва он адаби ботин аст ва асли иҷобат он ки тавба кунад ва мазолим боз диҳад ва ба кунҳи (асл, ҷавҳар, ниҳоят) ҳиммат рӯй ба Ҳақтаъоло орад. Суфёни саврӣ гуфт, ки чунин шунидаам, ки дар бани Исроил ҳафт сол қаҳт буд ва кор ба ҷое анҷомид, ки мурдор хӯрданд ва модару падар аз гӯшти атфол сади рамақ (миқдори каме аз хӯрок, ки фақат боиси барҳаёт мондани инсон мешавад, қути лоямут) сохтанд ва бани Исроил бар сари кӯҳҳо мерафтанд ва зорӣ мекарданд. Ҳақтаъоло бар Пайғамбарони ишон ваҳй фиристод, ки агар чандоне ба сӯи ман бихоҳед рафт, ки қадамҳои Шумо то зону суда хоҳад шуд ва дастҳои Шумо ба атрофии осмон бихоҳад расид ва забонҳои Шумо аз дуъо кунд хоҳад шуд, ман дуъогӯяндаеро аз Шумо иҷобат нахоҳам фармуд ва бар гиряндае нахоҳам бахшуд, то аз мазолим берун наоед ва онро ба аҳли он боз нарасонанд. Ишон ҳукми фармонбардорӣ ба ҷое оваранд ва Ҳақтаъоло ҳам дар он рӯз бар ишон борон фиристод.

Ва омадааст, ки Исо (с) барои истисқо ба саҳро рафт ва ҷамоъате, ки ҳозир шуданд ишонро гуфт: -Ҳар ки гуноҳе дорад, боз гардад. Ҳама боз гаштанд ва дар саҳро ҷуз як кас намонд. Исо рӯй бад-у оварду гуфт:-Туро ҳеҷ гуноҳе нест? Гуфт:- Ба Худой, ки ҳеҷ гуноҳе намедонам, магар он ки рӯзе намоз мегузоридам, зане бар ман гузашт, чашмам дар вай нигарист, чандоне, ки аз ман бигзашт ангушт дар чашм кардам ва дида берун кашидам ва дар паси вай андохтам. Исо фармуд, ки дуъо гӯй. Чун ба дуъо машғул шуд, абре баромад ва бороне биборид ва об бисёр ҳосил шуд.


Таҳияи
И. Оқилпур
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97