НАВБАТИ ҲАҶ ТО СОЛИ 2012. НОМНАВИС МЕКУНЕД?

Фарҳанг ва адаб 29.08.2009 14:56

Омодагиҳо барои анҷоми маросими ҳаҷ дар кишвар оғоз шудааст. Вазорати фарҳанг танҳо ниҳоди расмист, ки масъулияти омодагӣ ба маросими ҳаҷ, мусофират ва бозгашти зоиринро ба дӯш дорад. Дар назар аст, ки ҳудуди панҷ ҳазор нафар аз сокинони кишвар барои зиёрати Хона Худо ба Арабистони Саъудӣ сафар кунанд. Қарор аст нахустин парвози ҳавопаймо бо зоирони тоҷик 6 ноябр аз Душанбе ба Ҷидда сурат бигирад. Абдуғаффор Юсуфзода, раиси бахши ҳаҷ ва зиёрати Вазорати фарҳанг, рӯзи 25 август ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар маросими ҳаҷҷи имсол иқдомоти тозае дар назар гирифта шудааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, ҳамакнун алоқамандони сафари ҳаҷ дар бархе аз навоҳии кишвар бояд асомии худро ба феҳристи хоҳишмандони зиёрати амокини муқаддаси исломӣ аз пеш ворид созанд. Зеро, ба гуфтаи вай, таҷрибаи анҷоми сафари ҳаҷ дар соли гузашта собит кардааст, ки теъдоди алоқамандони ин сафар дар муқоиса бо саҳмияе, ки Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ барои Тоҷикистон ихтисос медиҳад, бамаротиб бештар аст. Ба унвони мисол, вай мегӯяд, ки соли гузашта танҳо ҳудуди панҷ ҳазор сокини Тоҷикистон тавонистанд тибқи ин саҳмия ба Маккаву Мадина сафар кунанд. Вале теъдоди аслии алоқамандони сафари ҳаҷ беш аз даҳ ҳазор нафар будааст.

Аз ин рӯ, Вазорати фарҳанги кишвар тасмим гирифтааст дар ноҳияҳое, ки шумори алоқамандони сафари ҳаҷ зиёд аст, аз ин ба баъд нахуст онҳое сафари ҳаҷ кунанд, ки солҳои пеш натавонистаанд ин амрро анҷом диҳанд.

Ба гуфтаи манбаъи мазкур, дар ҳоли ҳозир дар бархе аз ноҳияҳо, аз ҷумла Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва Рӯдакӣ, мардум то соли 2012 барои сафари ҳаҷ дар навбат номнавис шудаанд. Дар ҳукуматҳои ноҳияҳои кишвар китоби махсусе бо мӯҳр ва имзои раиси ноҳия таҳия шудааст ва алоқамандони сафари ҳаҷ метавонанд асомии худро ба он ворид созанд.

Зимнан, тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳоло мавзӯъи пешпардохти сафари ҳаҷ барои зойирин низ мавриди баррасӣ қарор дорад. Гуфта мешавад, чунин таҷриба дар бархе аз кишварҳо, назири Ирон, Туркия ва Индунезия роҳандозӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Абдуғаффор Юсуфзода, дар бархе аз ноҳияҳои кишвар, ба хусус навоҳии вилояти кӯҳистонии Бадахшон, теъдоди алоқамандони сафари ҳаҷ дар муқоиса бо саҳмияе, ки барои сокинони ин минтақа ихтисос мешавад, чандон зиёд нест.

Вижагии дигари маросими ҳаҷҷи имсол ба боло рафтани қимати роҳкиро марбут аст. Агар соле қабл зойирини тоҷик барои ин сафар 2990 доллар пардохт мекарданд, имсол ин рақам то ба 3315 доллар боло рафтааст. Аммо гуфта мешавад, ин рақам ниҳоӣ нест. Зеро бо дархости ҷониби Арабистони Саъудӣ тамоми зойирин ду ҳафта қабл аз оғози сафари ҳаҷ бояд барои ҷилавгирӣ аз гирифтор шудан ба зукоми хукӣ эм карда шаванд ва ин амр низ махориҷеро ба ҳамроҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати фарҳанг барои интиқоли зойирин бо "ТоҷикЭйр", ширкати давлатии ҳавопаймоии кишвар, шартнома бастааст. Парвозҳои ҳавопаймо бо зойирин аз фурӯдгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Ҷидда, пойтахти Арабистони Саъудӣ, сурат мегиранд.

Зимнан, аз чанд сол пеш ба ин сӯ ташкили сафари ҳаҷ барои сокинони Тоҷикистон ба ӯҳдаи Вазорати фарҳанг вогузор шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ин амр ба хотири таъмини низом дар ин бахш сурат гирифтааст.

Дар гузашта ширкатҳои хусусии сайёҳӣ ба анҷоми сафари ҳаҷ машғул буданд ва дар ин замина рақобатҳое мушоҳида мешуд. Ин сафарҳо асосан аз роҳи заминӣ сурат мегирифт, вале ин наҳваи сафар ба Маккаву Мадина барои зойирини тоҷик ҳоло мамнӯъ шудааст.

Бо ин ҳол, ширкатҳои хусусӣ ҳоло танҳо аз ташкили сафари ҳаҷҷи умра бархурдор ҳастанд. Ба гуфтаи Абдуғаффор Юсуфзода, ҳоло ҳашт ширкати сайёҳӣ аз чунин ҳақ бархурдоранд. Вале ба гуфтаи вай, ахиран Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ ироаи раводид ё визо барои алоқамандони сафари ҳаҷҷи умраро мутаваққиф кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин иқдом ба манзури ҷилавгирӣ аз шуюъи зукоми хукӣ сурат гирифта ва муваққатист.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз алоқамандони сафари ҳаҷҷи умра талош мекунанд, ки дар моҳи Рамазон амокини муқаддаси исломиро зиёрат кунанд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97