ИНҶО ТОҶИКИСТОН АСТ. ҲАР КӢ БО МО НЕСТ, ЗИДДИ МОСТ!

Фарҳанг ва адаб 24.08.2009 15:37

Таври маълум лоиҳаи Қонуни нави забони давлатӣ аз ҷониби президенти кишвар ба имзо расида, ба Маҷлиси Олӣ барои тасвиб пешниҳод гардидааст. Қонуне, ки соҳибзабонони дилсӯз ва бо нангу номус дер боз интизораш буданд, зеро қонуни куҳнаи "забонҳо" кайҳо аз кор афтода, танҳо рӯйи коғаз боқӣ монда буд. Илова бар ин, ҳамарӯза мушоҳида мегардид, ки забони миллате, ки давлат бо номи ӯст, бархурдории комилро аз мақоми худ надошт. Надонистани забони давлатӣ натанҳо дар гуфтори баъзе аз соҳибмақомон, балки ровиёни телевизион ва онҳое, ки муддаии тасаллут ба забон ҳастанд, ба мушоҳида мерасад, ки бисёр дилхарош аст.

Заъфи забони модарӣ дар умури табъу нашр низ дида мешавад. Сифати адабиёти чопшуда тайи солҳои охир ба ҳама маълум аст. Барои кӯдакони хурдсол ғайр аз ду се номгӯй чизи дигаре нест. Ҳамон ҳам танҳо ин тобистон пайдо шудааст, дар ҳоле ки рафи мағозаҳои китобфурӯшӣ пур аз маводи чопи Русия ва бо забони русианд. Магар ин таҷовуз бар фазои омӯзишӣ ва иттилоотии кишвари мо нест? Авзои кӯчаю гузарҳо ҷойи шарҳ надорад. Баъзан тасаввур ҳосил мешавад, ки Тоҷикистон ҳамоно яке аз вилоятҳои акибмондаи Русия бо он тавофут аст, ки худи русҳо ва ба истилоҳ, русзабонҳои аврупоӣ ангуштшумор мондаанд. Сари ҳар қадам навиштаҷоти русӣ. Ин уфунат (вирус) дурдасттарин деҳотро низ фаро гирифтааст. Банда дар яке аз чунин рустоҳо навиштаҷоти "Заправка газовых баллонов"-ро дида, ангушти ҳайрат газидам. Чаро русӣ? Охир барои кӣ?

Ин муаммо барои ҷамъият ва равоншиносон аст: Ҷое, ки навиштаҷоти тоҷикист, он ҷо ҳатман чанд хато вуҷуд дорад. Вақтҳои охир навиштани ҳарфҳои "ҳ, қ, ғ" ва "ӯ" бе аломатҳои иловагӣ мӯд шудааст. "Фуруши хонахо", "Кахвахонаи Pardis", магозаи "Бахор"... ин қатрае аз баҳри намунаҳост, ки тавҳин бар имлои забони тоҷикист. Дар партави мушкилоти зикргашта, таҳияи Қонуни нави забони тоҷикӣ амрест бисёр воқеӣ ва ногузир. Маҷлиси Олии кишвар агар ин Қонунро то ҳол тасдиқ накардааст, пас, бояд ҳарчи зудтар ба тасвиб расонад.

Ҳафтаи гузашта ба ин муносибат дар баъзе аз расонаҳои хабарии Русия миллатгароёни рус хашму ғазаб кардаанд, чаро дар Тоҷикистон русиро ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо аз байн бурдаанд? Касе нест, ки ба ин афроди дорои мушкилоти равонӣ бигӯяд: "Инсоф кунед, чаро дар Тоҷикистон забони бегона бояд забони муоширати байни миллатҳо бошад?" Ҳоло қариб ҳамаи миллатҳои ғайритоҷик забони тоҷикиро дар як сатҳ медонанд, ба ҷуз рустаборон, ки умдатан ҳеҷ вақт майли омӯхтани забони моро надоштанд ва ҳоло ҳам надоранд. Магар ин ҷодаи яктарафа нест? Ба хотири чӣ мо русӣ бигӯему омӯзем? Танҳо барои он ки мардикорони мо ба Русия рафта, аробакашӣ мекунанду мавриди ҷабру ситами милисаҳои рус қарор мегиранд? Ё барои он ки садҳо тоҷик аз дасти скинхедҳои парваришёфтаи ин кишвар кушта шудаанду телевизиони Русия ба тоҷикон "Ҷамшуд ва Равшан" ном дода, ҳамарӯза барномаҳои масхараву таҳқиромез пахш мекунад? (Масъалаи ворид ва фурӯхта шудани чунин видеодискҳои шиканандаи ғурури миллии мо дар мағозаҳои кишварамон ниёз ба таҳқиқ на танҳо дар расонаҳо, балки дар ниҳодҳои ҳуқуқиро низ дорад!).

Магар фазои бекарони худи Русия барои забони русӣ кам аст, ки бо ҷузъитарин баҳона сари тоҷикон ин қадар фишор меоранд? Журналисти рус Вячеслав Костиков дар як мақола менависад: "Даже "наше всё" - А. С. Пушкин легче изъяснялся по - французский, чем по - русский". (ниг. А и Ф Таджикистан, №9, с. 2008: "Куда зовут "особисты") Яъне: "Ҳатто А. С. Пушкин, ки "ҳама чизи мост", аз русӣ дида бо франсузӣ беҳтар ҳарф мезад".

Андеша кунед, ки ин дар бораи шоирест, ки сардафтари адбиёти классикиашон мебошад. Пас, Пушкин, ҳоло ки русиро дуруст намедонист, бо кадом забон иншо кардааст? Возеҳ аст, ки бо франсузӣ! Пас, ҳамаи ашъори ӯ тарҷума аст? Ин ҳам муаммост? Акнун, банда аз, ба истилоҳ, ҳомиёни забони русӣ, дар асл миллатгароёни Русияи имрӯза мепурсам, ки; чаро забонеро ба сари мо таҳмил карданиед, ки Пушкини худатон бо он дуруст ҳарф намезад? Инсоф кунед, бародарони бузург!

Шоири тоҷик Файзӣ бисёр бамаврид овардааст:

Аз арбадаҳои девмардум,

Ҳам хона харобу ҳам хирад гум.

Инҷо нуктаи дигаре низ ҳаст, ки бояд ҳадди ақал як маротиба ошкорро баррасӣ шавад. Қонуни нави забони тоҷикӣ на танҳо русҳои миллатгаро ва азаматталабро ба ташвиш овардааст, балки манқуртони шаҳрнишин ва русмаобони тоҷикро низ дар Тоҷикистон ба таҳлука андохтааст. Акнун, ин забони модаргумкардаҳо чӣ мекунанд? Аз сад роҳ ҳомиёнашонро дар Русия шӯр меандозанд. Ҳаминҳо буданд, ки соли 1992 тоҷикро бо тоҷик ҷанг андохтанд ва худ аз дур тамошо карда, соҳиби кор, вазифа ва бизнеси калон шуданд. Тавре ки мегӯянд: "Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам...". Барои ин тоифа манфиатҳои миллӣ бегонаанд! Охир, мо қазоқ, латиш, литвонӣ ва эстон нестем, ки манфиати миллӣ гӯем ва то пойи дор бар мавзеи худ устувор бошем. Оё ҳамаи хонандагони мӯҳтарам медонанд, ки дар кишварҳои назди баҳри Балтика миллатҳои бумӣ (таҳҷоӣ) ақалият ҳастанд? Эстонҳо 40% аҳолии Эстонияро ташкил мекунанд (мувофиқи омори Шӯравӣ). Тоҷикистон чӣ? Куҷост сиёсати тоҷикона? Дар маркази пойтахти кишвар силсилаи мактабҳои узбакӣ ва русӣ (№10, 21, 10, 15 ва ғайра) фаъолият доранд! Магар дар Тошканд ягон мактаби тоҷикӣ дида мешавад?! Тамоми топонимикаҳои тоҷикӣ кайҳост узбакӣ шудаанд, худи точикҳо низ! Дар Тошканд НБО-и "Чарвак" ҳаст. Асли калима "Чорбоғ" аст. Шаҳри куҳнаи Оҳангарони тоҷикӣ, акнун "Ангрен" ном дорад ва ҳоло ҳам маркази оҳангарист ва дорои бузургтарин корхонаи зуби оҳани Осиёи Марказӣ. Ин гуна мисолҳо зиёданд.

Бо тасвиби Қонуни забони давлатӣ, ки банда онро нахустин қадам дар роҳи ирода ва устувории давлати муосири тоҷикон мешуморам, бояд қадамҳои дигар низ дар масири таҳкими сиёсати хориҷӣ, дохилӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ гузошта шавад. Дар ин амр ҳар фарди меҳандӯст бояд дар паҳлӯи сардори давлат бошад, то ӯро аз ҳамлаҳои муғризона ва номардонаи душманон ҳимоя кунад. Муҳим нест, ки рақибон чӣ мегӯянд. Нақли худи русҳост, ки: "Собака лает, а караван идёт...".

Дар ҳафтаномаи "А и Ф Таджикистан" (№31, 2009, саҳ.5) Михаил Леонтев ном ровии телевизиони Русия менависад: "Никакой реальный суверенитет для стран СНГ, по сути, невозможен, их выбор - быть с Россией или против нее". Яъне, "барои кишварҳои СНГ, аслан имконияти воқеии соҳибистиқлолии давлатӣ вуҷуд надорад. Онҳо бояд интихоб кунанд ё бо Русия бошанд, ё муқобили он...".

Тавре мебинед, ин актёри "сиёсатбоз" дар густохӣ аз Жириновский ва дигарон гузаштааст. Дар яке аз шумораҳои ҳамин ҳафтаномаи русӣ, ки дар ҳамин Тоҷикистони худамон чоп мешавад, хондам, ки касе аз оқилони имрӯзии рус гуфта буд: "Наша страна для многих стала исчадием ада". Яъне "Барои хелеҳо кишвари мо ҷаҳаннами сӯзон шудааст". Албатта, манзураш кушта шудани хориҷиён бо дасти милисаҳо ва скинхедҳост. Ва ҳақ бо ӯст ва аёнро ҳоҷати баён нест!

Акнун, мо низ бояд гӯем: "Инҷо Тоҷикистон аст. Ҳар кӣ бо мо нест, зидди мост!" Ва аз таҳдидҳои Русия низ натарсем, балки ба дунболи дӯстони ҳамсанг, балки қавитар аз Русия бошем. Ин вазифа ҳаволаи сиёсатмадорони тоҷик аст, ки бад шудан ё беҳбуд ёфтани вазъ ба онҳо вобаста мебошад.


Ҷ. Фарғонӣ,
омӯзгор, аз шаҳри Душанбе
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97