НАҚШИ АХЛОҚ ДАР СУБОТИ ҶОМЕА

Фарҳанг ва адаб 20.08.2009 15:16

АХЛОҚ ОМИЛИ МУҲИМИ КАМОЛОТИ ИНСОН,

БАҚОИ ДАВЛАТ ВА СУБОТИ ҶОМЕА

Ҳанӯз Афлотун ҳамватанони худро зери тозиёнаи танқид гирифта гуфта буд, ки афинагиҳо ба ҷойи он ки ахлоқу одоб ва олами ботинии худро такмил диҳанд онҳо ба роҳи манфиатҷӯӣ ва бузургманишинӣ рафта истодаанд. Чунин амал метавонад боиси пайдошавии зуҳуротҳои номатлуб ва фоҷиабори сиёсию маънавӣ барои эллиниҳо гардад. Дар гуфтаҳои файласуфи Юнони қадим ҳикмати бузурге ниҳон аст. Яъне файласуф мехоҳад ҳамватанони худро ҳушёрӣ диҳад, ки яке аз монеаҳо ва зиддиятҳои асосие, ки инсон дар роҳи ба даст овардани ваҳдад, ягонагии ҷомеаи башарӣ дучор мешавад.

Ин зиддияти байни инкошофи номутаносиби олами ботинии инсон, яъне ахлоқ ва бемайлон рушд ёфтани дастовардҳои ақлонии вай дар соҳаи техника ва технология бо мақсади ба даст овардани сарват ва боигарӣ мебошад.

Барои сарфаҳм рафтан ба тамоюли инкишофи ҷомеаи ҷаҳони имрӯза ва дарки зуҳуроти аҷибе, яъне ба таври ҳайратангез пайваст шудани дастовардҳои ақлонии тамаддуни муосир, техникаю технологияи навини компютерӣ бо ахлоқу одоби асри санг, бо каннибализму терроризм, тарконидану оташ задан, ғорату куштор намудан ба фикри ман Афлотун ё худ дар сатҳи Афлотун будан шарт нест.

Ҳар як фарди оддӣ ба хубӣ дарк менамояд, ки чи гуна дар асри илму техника, кашфи асрори оламу одам маҷрои бадахлоқӣ ақл ва рӯҳи мардумро тираю беранг карда бадахлоқӣ бадкирдориро равшану рангинтар гардонида истодааст. Ҳар рӯз тавассути матбуоту Интернет бемамоният бадахлоқӣ, фоҳишагӣ, тирпарронӣ, таркондану ба гаравгон гирифтан ба сари мардум фурӯ мерезад.

Дар чунин шароит яъне дар замони ҷаҳонишавӣ, ки ахлоқи башар рӯз то рӯз коста гардида, тархибкорӣ, ришвахӯрию тамаъҷӯӣ ва мансабталошӣ як чизи маъмулӣ гардида, нахуст асоси ҷомеа ва давлатро суст ва хароб карда истодаанд мақолаи тоза нашри бунёдии Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон "Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсонӣ" аҳамияти бузурги амалӣ ва назариявӣ дорад. Муаллиф дар заминаи таҳлили таълимоти ахлоқии Имоми Аъзам ҷомеаи тоҷиконро ба сӯи ахлоқи ҳамида, ба амнияту диёнат, субботу адл, шафқату марҳамат, саховату эҳсон, таҳамулпазирию мушоварат, дурандешӣ, шуҷоат, ғайрат ва фаросат бо дастурҳои мушаххас ҳидоят менамояд.

Дар сароғози мақола омадааст: "ҷомеаи инсонӣ ба ҷуз қонун ва сохторҳои марбутаи идоракунии худ боз дорои маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқӣ мебошад, ки рафтору муносибати аъзоёни онро ба низом медарорад". Дар ҳақиқат агар қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои одамонро дар ҷомеа ба танзим дароранд пас ахлоқ, муносибат, рафтору кирдори одамонро нисбат ба якдигар ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ, умумияти дигари таърихии одамон муайян намуда, ба танзим медарорад. Аз ин ҷост, ки ахлоқ ифодакунандаи сатҳи маънавии ҷомеа буда, омили муҳимтарини рушду нумӯи иҷтимоёт, иқтисодёт ва давлату давлатдорӣ мебошад. Вай дар пойдории ваҳдати миллӣ, давлат, сулҳу суботи ҷомеа ва инкишофи ҳаматарафи шахс нақши муассир дошта, меъёри объективии дараҷаи камолоти муносибатҳои ҷамъиятӣ, нишонаҳои инсону инсонгарӣ дар ҳар як фард мебошад.

Аз ин рӯ дар таърихи башарият шахсиятҳои бузурги фарҳангофарине буданд, ки барои болоравии сатҳи ахлоқии ҷомеа ва дар ин замина таъмини устуворӣ, пойдорӣ ва бегазанд гардонидани давлату давлатдорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, асарҳои арзишманд офаридаанд. Яке аз бузургтарин шахсиятҳои олами ислом, ки дар ошкор намудан ва дастраси аҳли ислом гардонидани ахлоқи ҳамида хизматҳои шоён намудааст Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит мебошад.

Дар мақола омодааст: "таҳлили масъалаи ахлоқ дар таълимоти Имоми Аъзам нишон медиҳад, ки сарчашмаи таълимоти ахлоқии ин фақеҳи бузург Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ мебошад. Панду ҳикматҳое, ки аз Қуръон маншаъ гирифтаанд". Бояд тазаккур дод, ки дар ҳақиқат китобҳои муқаддаси ҷаҳон аз ҷумла Қуръони карим дар заминаи ахлоқ ва бо мақсади тарбияи ахлоқии инсон бунёд шудаанд. Андешаи асосии динҳои ҷаҳонӣ низ тарғиби маънист, ки одам танҳо бо хирад, ахлоқу одобаш аз дигар мавҷудоти зинда фарқ мекунад. Аз ин ҷост, ки ҳамаи динҳо ва ҷараёнҳои идеологӣ дар оғози худ аввал ба сифатҳои ахлоқи инсон такя карда, пайдо шудаанд. Безаволӣ ва ҷовидонии китобҳои муқаддас низ дар ҳамин будааст, ки онҳо фосилаи байни ахлоқи хуб ва бадахлоқиро ба таври равшану фосеҳ муайян кардаанд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки мазмуни ҳамаи китобҳои муқаддас, алахусус, Қуръони карим роҳнамои ахлоқии инсон будааст. Ва агар мо хоҳем кӯтоҳакак дар як ҷумла моҳияти умумияти тамоми китобҳои муқаддасро ифода кунем, пас, бояд чунин гуфт, ки агар одам дар ҳаёт аз пайи некӣ биравад, аз зиндагӣ баҳрае мебарад ва нишонае аз худ боқӣ мегузорад ва агар ба роҳи бад равад, зиндагиаш бебаракат мемонаду умраш беҳуда паси сар мешавад. Яъне ахлоқ ҳадафи аслию абадии инсон буда, вай нафси шаҳвонию ҳайвонӣ, ғазабу ғурури одамро лаҷом мезанад ва мувоширату муомиларо байни одамон, дар ҷомеа ва давлат таъмин менамояд. Дар ин қарина бояд гуфт, ки ҷавҳар ва ҳикмати тамоми ояту сураи Қурони карим адлу инсоф, хислати нек ва рафтори шоиста мебошад, ки онҳо дар навбати худ танзимгари маҷмӯи муноибатҳои байни одамон, дар оила ва ҷомеа буда, инсонро ба ростию ҳақиқат ҳидоят менамоянд. Хизмати барҷастаи Абӯҳанифа ба ифодаи муаллифи мақола дар он аст, ки вай арзишҳои бебаҳои инсониро, ки аз Қуръони карим маншаъ мегиранд, омӯхта, ягона карда дастраси аҳли ҷомеа гардонидааст. Ва пайваста таъкид доштааст, ки ҳақиқат, адолат, ростӣ, росткорӣ, ростқавлӣ бояд меъёри амалҳои ҳар як фард новобаста ба мавқеи ишғолкардааш дар ҷомеа ва сарвату тавоноиаш бошад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки бузургтарин мавзӯе, ки дар таълимоти ахлоқии Имоми Аъзам мақоми барҷаста дорад, мавзӯйи адлу инсоф аст. Чунки «адлу инсоф ин талаботи ахлоқие мебошад, ки ҳам ахлоқи иҷтимоӣ, ҳам сиёсати давлату ҳукуматдорон, ҳам хислатҳои умдаи инсониро муайян мекунад. Онҳо меъёри ҳаргуна муносибати ахлоқӣ мебошанд». Аз ин рӯ, фикрашро идома медиҳад муаллиф, ба гуфтаҳои Қуръони карим такя намуда, адлу инсофро Абӯҳанифа шарти муҳим ва хислати асоситарини мансабдорони давлатӣ медонад. Адлу инсоф дар таълимоти Абӯҳанифа ба ҷузъ маънои иҷтимоӣ, инчунин, ба рафтори ҳар фард алоқамандӣ дорад. Дар асараш «Фиқҳи кабир» се шакли адлро нишон медиҳад; а) адли фардӣ; б) адли иҷтимоӣ; в) адл ҳамчун меъёри дигар рафторҳоро ба таври пурра тавзеҳ додааст. Ин тавзеҳот дар мақола боз ҳам инкишоф дода шуда, дар алоқамандӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ пурра карда шудааст. Ва қайд карда мешавад, ки дар давлату давлатдорӣ бошад маҳфумҳои зерин татбиқи худро дар меъёри қонунҳо пайдо мекунанд ва иҷрои онҳо барои ҳар як шаҳрванд шарт ва зарур аст. Дар шуури ахлоқӣ низ риояи адл ҳатмӣ буда, шарти асосии камолоти инсон мебошад.

Ба ақидаи муаллифи мақола дар таълимоти Абӯҳанифа адлу инсоф бо маҳфумҳои ҳақиқат ва ҳақиқатҷӯӣ зич пайвастагӣ доранд. Чунки худи Абӯҳанифа ҳақиқатро меъёри амалҳои шаръӣ гардонида, дар рафтору кирдораш ҳақиқатро ҷой дода ҳамчун намуна барои одамон рафтор кардааст. Дар ин асос метавон гуфт, ки «Абӯҳанифа яке аз асосгузорони ахлоқи шаръӣ буда, талаботу меъёрҳои ахлоқиро бо аҳкоми меъёрҳои шаръӣ пайвастааст, ки муҳаққиқони баъдӣ аз ӯ илҳом гирифта, осори барҷастаи ахлоқӣ эҷод кардаанд ва таъсири он ба тамоми мазҳабҳои дигар бараъло мушоҳида мешавад». Дар тақвияти фикри муаллифи мақола метавон гуфт, ки он насиҳатномаҳои панду ахлоқие, ки Абӯҳанифа мерос мондааст ва дар онҳо адлу инсоф, росткорӣ, илмомӯзӣ ва созандагию бунёдкориро тараннум намудааст, асоси мазмуну моҳияти адабиёти классики тоҷикро ташкил медиҳанд. Эҷодиёти шоиру нависандагони тоҷик аз Рудакӣ сар карда, то имрӯз саршор аз ғояҳои ахлоқӣ буда, идомаи таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа дар фарҳанги миллӣ мебошад.

Масъалаи дигаре, ки муаллифи мақола мавриди таваҷҷӯҳи хонандагони бешумор гардидааст, ин насиҳатномаи Абӯҳанифа оиди муносибат ба пайравони динҳои дигар, яъне таҳамулпазирӣ мебошад. Дар робита ба масъалаи мазкур Абӯҳанифа таъкид кардааст, ки «бо пайравони динҳои дигар рафтори муносиб ва ҳусни муоширатро бояд ба роҳ монд ва дар пайи ҳамзистӣ ба онҳо бояд буд». Вай ба ходимони давлатӣ ва ба шахсоне, ки ба идоракунии кишвар машғул мебошанд, рафтори шоиста ва камолоти тахассусиро дар идоракунии давлат ҳидоят намуда, таъкид намудааст, ки онҳо бояд аз ҳаргуна зуҳуротҳои номатлуб эмин бошанд.

Ҳусну қубҳ ва саодат, инчунин, масоили марбутаи оилаву оиладорӣ, ки ба ахлоқ пайваст буда, онро хубтар зоҳир мекунад дар таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа ҷойи махсусро ишғол мекунад. Муаллифи мақола масъалаи мазкурро пурра аз лиҳози вазъи ахлоқии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон таҳлил намуда, аҳамияти онро барои пешрафти ахлоқии ҷомеа нишон додаст. Президент Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар партави ин таълимоти ахлоқӣ ба ҳусни ҷомеа ҳусн афзуда, пешрафти онро таъмин месозад ва риояи онҳо ҷомеаи моро аз баъзе мушкилоте, ки имрӯз дорад озод месозад». Ҳамин тавр, муаллифи мақола фикри ҷолиберо пешниҳод менамояд, ки сазовори омӯзиш ва таҳқиқи махсус мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки пешрафти ҷомеа танҳо ба як иқтисодиёт ва иҷтимоиёт вобаста нест. Дар пешравии ҷомеа маънавиёт, аз ҷумла, арзишҳои ахлоқӣ нақши муассир доранд. Агар дар ҷомеа ахлоқ коста гардида бошад, бевиҷдонӣ, баднафсӣ, тамаъҷӯи, ришвахӯрӣ, чашмбандӣ, риёкорӣ ва дигар зуҳуротҳои номатлуб ҷой дошта бошанд, пас, чунин ҷомеа гарчанде дорои техникаю технологияи пешқадам ҳам бошад, аммо оянда надорад, дур намеравад ва ҳатман ба инқироз дучор мешавад.

Вобаста ба масъалаи мазкур муаллифи мақола назарияи муҳмеро пешниҳод менамояд, ки ба ақидаи ман моҳияти амиқи методологӣ дошта бояд диққати аҳли илмро ба худ ҷалб намояд. Муаллиф менависад: «дар фиқҳи Абӯҳанифа хирад, адл, камоли инсон тавсиф гашта, зулм мояи нуқси ахлоқ дониста шудааст, яъне манъи зулму ситам, таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон мақоми хоса пайдо кардааст. Дар он баён шудааст, ки ҳусни адл ва қубҳи зулм сарчашмаи фитрӣ доранд ва аз масоили виҷдонӣ мебошанд». Шахсоне, ки аз илми фалсафа бохабар мебошанд хуб огоҳанд, ки масъалаи мазкур дар таълимоти ахлоқии файласуфони ҷаҳон мақоми хосро ишғол мекунад. Файласуфон вобаста ба мавқеи ишғолкардаашон дар дарки олам масъалаи мазкурро бо тарзи гуногун шарҳу эзоҳ додаанд. Дар тақвияти фикри муаллифи мақола ҳаминро гуфтани ҳастам, ки хусусияти хоси ахлоқ ва маҳфумҳои ахлоқ дар он аст, ки онҳо аз таҷриба бар намеоянд, онҳо берун аз таҷриба «априорӣ», азалӣ буда, дар хиради солими инсон ҷой ва макон доранд. Онҳо танҳо тавассути таълиму тарбия худро зоҳир намуда, воситаи муҳими зиндагии инсон дар ҷомеа мегарданд. То андозае, ки мо аз навиштаҳою таҳқиқотҳо оиди мероси Абӯҳанифа огоҳӣ дорем ба назар чунин мерасад, ки вай ҷо-ҷо дар лаҳзаҳои алоҳида ин фикрро баён кардааст, аммо ба таври қотеъона вайро тасдиқ ва ифода накардааст. Албатта дар ин ҷо ҳам мавқеи Абӯҳанифа ва ҳам мавқеи муаллифи мақоларо ба хубӣ фаҳмидан мумкин аст. Сабаби асосӣ дар он аст, ки Имоми Аъзам масъалаи пайдоиши ахлоқро ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ, ки дар ҳамбастагӣ бо ҷомеа пайдо шуда бо дигаргун шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйир ёфта доимо дар таҳаввулот мебошад, мавриди омӯзиши махсус қарор надодааст. Дар ин ҷо сухан танҳо дар бораи мавқеи ахлоқии ҳар як фард дар ҷомеа меравад. Гувоҳи гуфтаҳои зерин ҳаёт ва фаъолияти шахсии худи Абӯҳанифа мебошад, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон онро бо як таваҷҷӯҳи хоса дар мақола чунин овардааст: «Сарчашмаҳои таърихӣ ва ривоятҳо дар бораи фаъолияти Абӯҳанифа нишон медиҳанд, ки вай на танҳо офарандаи таълимоти ахлоқии шаръӣ мебошад, балки рафтору ахлоқи шахсии ӯ дар тӯли асрҳо намунаи пайравӣ гаштааст. Ӯ дорои сифатҳои беҳтарини ахлоқӣ будааст. Ӯ бисёр зоҳид ва обид буда, аз ғайбат парҳез мекардааст ва забонашро аз олудагӣ нигоҳ медоштааст».

Масъали дигаре, ки бевосита ба ҷомеаи имрӯзаи тоҷикон дахл дорад ва аз ин лиҳоз мавриди таваҷҷӯҳи хосаи муаллифи мақола гардидааст масъалаи таносуби дину ахлоқ дар таълимоти Имоми Аъзам мебошад. Ба ин масъала Президент Эмомалӣ Раҳмон диққати хоса дода қайд намудааст, ки "дину ахлоқ дар таълимоти Имоми Аъзам ду ҷузъи бо ҳам пайваст буда, парвариши фазоил ва рафторҳои неки инсонро зарур медонист ва кӯшиш мекард, ки аз тариқи панду насиҳат ғубори ғафлатро аз чеҳраи фитрат бияфшонад. Дин на танҳо ба парвариши фазлҳои нек мепардозад, балки аз сифатҳои зишту бад пешгирӣ мекунад". Муаллиф овардааст, ки баъзе оятҳо ба монанди дастурҳои ахлоқӣ мебошанд, ки зомини саодати инсон дар зиндагии ӯ ҳастанд ва парҳез аз рафтори зиштро таъкид сохтаанд. Масалан оятҳои 151-153-и сураи Анъом, ки сифатҳои некро таъкид карда, аз сифатҳои зишт дурӣ ҷустанро баён доштааст, даҳ дастури ахлоқиро пешниҳод менамояд. Бо таҳлили даҳ дастури ахлоқӣ муаллифи мақола мехоҳад шаҳрвандони Тоҷикистонро гӯшрас намояд, ки ҳар як шахси диндор, худотарсу худопараст бояд дорои хислатҳои нек, фозилу адолатпеша буда, аз ҳаргуна падидаҳои номатлуб ба монанди зуроварӣ, бадкинагӣ, зарароварӣ, муноқишабозӣ, тархибкорӣ худро дар канор гирад. Онҳо бояд нагузоранд, ки атрофиён ба чунин кирдорҳои нопок даст зада ҷомеаро ноором созанд. Яъне дин ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ дар оромӣ ва пешравии ҷомеа бояд саҳми арзандаи худро гузорад. Дар ин қарина муаллиф фикри ҷолиберо аз таълимоти Имоми Аъзам оиди инсон ва ҷомеа пешкаши хонандагон намуда таъкид месозад: "инсон ва ҷомеа набояд ба бебандубории ҳавою ҳавас, сарватпарастӣ машғул шаванд, зеро дар ин сурат ҷомеа дучори фасоди ахлоқӣ мегардад". Баръакс майлу хоҳиши инсон бояд ҷомеаро ба арзишҳои баланди башарӣ ҳидоят намуда, покию осудагиро ворид намуда ва ба рушду нумӯи ҷомеа мусоидат намояд. Дар ин раванд таъкид менамояд муаллиф, дин хизмати бузургеро анҷом медиҳад. Диндор бояд ҳоким ва фозил бошад ва барои дарёфтҳои арзишҳои баланди ахлоқӣ ба одамон ҳаматарафа ёрӣ расонад.

Дар фароварди мақола муаллиф қайд менамояд, ки ахлоқи ҷомеа масъалаест, ки аз ҳудуди як миллат ва давлат берун рафта, хусусияти умумибашарӣ дорад ва арзишҳои ахлоқӣ ба доираи махсуси одамон маҳдуд намегардад. Аз ин ҷо баҳрамандшавии мардум аз таълимоти бузургони илму фарҳанг, дину мазҳаб, ки на фақат ба арзишҳои ахлоқии ҷомеаи муосир мувофиқат доранд, балки дар аксари маврид ифодагари идеали ахлоқӣ мебошанд, ба пешрафти ахлоқию маънавии ҷомеа ёрӣ мекунанд. Дар ин замина муҳимтарин масъала тарбияи ахлоқии ҷавонон аст. Маҳз аз ахлоқи насли наврас бунёди муҳити солимии ахлоқӣ, такмили маънавии ҷомеа ва ояндаи миллату кишвар вобаста аст.

Андешаҳои худро дар ҳошияҳои мақолаи мазкур ҷамъбаст намуда мехоҳам қайд намоям, ки мақола дар сатҳи баланди илмӣ-назариявӣ навишта шуда дорои аҳамияти бузурги амалӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад. Муаллиф дар илми муосири ҷомеашиносӣ аввалин шуда ба масъалаи аз ҳама муҳими рӯз масъалаи таносуби ахлоқ, шахс ва ҷомеа таваҷҷӯҳ зохир намуда, онро дар партави таълимоти яке аз шахсиятҳои бузурги олами ислом Имоми Аъзам мавриди таҳлили ҷиддии фалсафӣ қарор додаст. Хулосаҳои илмӣ ва дастуру ҳидоятҳое, ки аз мазмуни мақола бармеоянд бояд дар таҳқиқотҳои илмӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа, хусусан ҷавонон ва фаъолияти кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳамаҷониба ба таври васеъ истифода бурда шаванд.

Дар охир мехостам он тасаввуротҳое, ки ман ҳамчун хонанда, аз мақола пайдо намудам ба таври охирсухан ҷамъбаст намуда қайд наоям, ки ҳар як инсон дар ин олам пайраҳаи ахлоқии худро дорад. Мутаассифона ин пайраҳаҳо на ҳамеша ба некӣ мебаранд. Хушбахтарин шахс, ҷомеа ва давлате мебошанд, ки ба бадӣ, бадкирдорӣ, ғоратгарӣ, вайронкорӣ, тамаъҷӯӣ ва ришвахӯрӣ, ки то андозае барои баъзе ашхос мафтункунанда мебошад, муқобилият нишон дода тавонанд ва муборизаи беамон баранд. Оиди масъала зерин мо шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ гуфта метавонем? Бодиққат, мулоҳизакорона 18 соли вазнину сангин, боифтихору рӯҳбахши соҳибистиқлолиро таҳлил намуда, бояд иқрор шуд, ки аз санҷишҳои мураккаби таърихӣ сарбаландона гузашта мо тоҷикон умеду боварии худро аз устуворию пойдории арзишҳои бузурги ахлоқиамон, аз таълимоти ахлоқии гузаштагонамон гум накардаем. Маҳфумҳои "ахлоқ", "адолат", "таҳаммулпазирӣ", "маънавиёт", "идеал", "ваҳдат" имрӯз барои мо ҳамчун муқаддасот мебошанд. Аз дигарон дида мо бештар ва хубтар аҳамияти ин арзишҳои умумибашарии ахлоқиро дарку эҳсос мекунем.

Ахлоқ мӯъҷизаи аҷиб аст. Будани вай ҳис карда намешавад. Аммо набудани ахлоқ дар ҳол ба назар мерасад. Дар мадди аввал гӯё аз ахлоқ чизе вобастагӣ надорад ва риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ гӯё аҳамияте надоранд. Аммо вақте ки инсон ва ҷомеа ба роҳи бадахлоқӣ мераванд, дар ҳол ҳис карда мешавад, ки ин роҳ чи гуна фалокатовар ва фоҷиабор мебошад. Дар ҳол равшан мешавад, ки пешравиҳои иқтисодӣ, оромии иҷтимоӣ, сулҳу субот дар ҷомеа ба вазъи ахлоқ пайвастагии ногусастанӣ доранд. Бояд дар назар дошт, ки ахлоқ низ аз бадахлоқон қасос мегирад. Барои бадахлоқӣ ва бадрафторӣ инсон ҳамеша бояд ҷавоб диҳад. Агар мо моҳияти ҳаводисҳои бузурги тарихии замони гузашта ва ҳозира назар афканем бе ягон мушкилӣ дарк менамоем, ки пайдоиши тамоми ҷараёнҳои иртиҷоӣ ба монанди тархибкории динию сиёсӣ, ҷудоиандозӣ, зӯроварӣ, терроризм, ғоратгарию куштор аз бадахлоқӣ маншаъ мегиранд. Шикаст ва пош хӯрдани империяҳои бузурги ҷаҳон аз ҷумла империяи Рум, давлати Сомониён ва давлати абарқударати Шӯравӣ дар таҳкурсиаш аз бадахлоқӣ сар зада буд.

Ин ҳақиқатест, ки инсоният вайро борҳо аз сари худ гузаронидааст. Мо тоҷикон низ ин ҳақиқати талхро чашидаем. Имрӯз мо бештар нисбат ба гузашта нерӯи арзишҳои ахлоқиро эҳсос намуда, кӯшиш менамоем воқеияти онҳоро дар бунёди давлати миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дарк намоем. Мо таърихи худро бори дигар аз сар гузаронида, эҳсос намуда, роҳҳои мухталифи пешрафти онро, ки аз ҳама бадахлоқию бераҳмӣ, зӯроварию ҷинояткорӣ бояд озод бошад ҷустуҷӯ дорем. Ҳақиққати ахлоқи таърихиро дарк намуда, мо набояд аз ҳақиқати таърихи ахлоқ сарфи назар намоем. Ин маънои онро дорад, ки мо дар гузашта некию бадӣ, адолату беадолатиро бо ҳам дида алоқи ногусастани доштани онҳоро бояд эътироф намоем. Аз иқдомҳои нек ифтихор намуда, аз бадию нокомиҳо афсӯс хӯрда, бори дигар ба таърихи гузаштаи худ аз қуллҳои асри ХХ1 ҷиддан назар карда, муҳокима ронда, хулоса бароварда, сабақ омӯзем. Дар ин кори хайр мо шаҳрвндонро мақолаи бунёдии Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон роҳнамоӣ намуда нерӯи тозаи маънавию ахлоқӣ мебахшад.


Самиев Абдусамад,
доктори илмҳои фалсафа, профессор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97