АСРИ ХХI АСРИ АФСОНАВУ НОЛИШ НЕСТ!

Фарҳанг ва адаб 19.08.2009 14:57

Гуфтем, ҳар ҳафта ба идораи нашрия номаҳои зиёде мерасад, ки мардум дарди дилашонро аз нобасомониҳои рӯзгор ва камбудҳои ҷомеа бо мо дар миён мегузоранд. Ҳамчунин, хеле аз ин муаллифон дар ислоҳи камбудҳо ва вазъият пешниҳодҳои муфиде мекунанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз ин ҳафта сафҳаи наверо барои хонандаи гиромӣ ва соҳибандешаи "Миллат" ихтисос бидиҳем, то ҳарфи онҳо гуфта ва шунида бишавад. Меҳмони сафҳаи нахустини "Минбари андеша" як дӯсти гиромӣ ва хонандаи ҳамешагии нашрияи дӯстдоштании "Миллат" Мирзоалӣ СОДИҚОВ, сокини шаҳри Душанбе аст, ки идомаи андешаҳояшро аз шумораи гузашта бо шумо дар миён мегузорем ва шуморо низ ба меҳмонии ин сафҳа мехонем.

(Идомаи "Фарҳанги масъулиятшиносӣ"

аз шумораи пешӣ)

РОҲҲОИ МАСНӮӢ ВА ТАБИӢ

Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ду роҳи умдаи ҳалли масъалаҳои мухталиф мавҷуд аст; табиӣ ва маснӯӣ.

Дар ҳалли ину он масъала (проблема) аз ҳар ду роҳ ҳам истифода мебаранд. Аммо роҳи дуюм, яъне роҳи табиӣ бештар истифода бурда мешавад. Роҳи маснӯӣ камтар истифода мешавад, асосан, дар ҳолатҳои пайдо шудани зарурат аз ин усул кор мегиранд. Ба мисолҳо рӯ меорем. Бигирем, Қонуни забони тоҷикиро.

Соли равон аз қабули Қонуни забон бист сол сипарӣ мешавад. Аммо вазъи забони тоҷикӣ ҳеҷ не, ки ба беҳбудӣ рӯ орад. Ҳамоно коргузории идорӣ пурра ба забони тоҷикӣ нест. Рекламаю овезаҳо, навиштаҷоти пештоқи мағозаю тарабхонаҳо қариб ҳама ба забони ғайридавлатист.

"Имрӯз забони тоҷикӣ дар қаламрави худ, - мегӯяд Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, - соҳиби хона нест".

Ҳамин муаллиф дар ҷойи дигар низ гуфта: "Хавфу хатар ба сари забони давлатии мо рӯз то рӯз зиёдтар меояд, аммо чорабинии ҷиддии давлатӣ барои пешравии ин хавфу хатар ба назар намерасад!.."

Ба андешаи ин ҷониб, феълан вазъи забони тоҷикӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Бояд ёдовар шуд, ки дар замони Шӯравӣ, бо тамоми бурду бохташ, раванди наздикшавии забони лаҳҷаю шева ба забони адабии тоҷикӣ мушоҳида мешуд. Аммо, ҳоло баръакс. Раванди наздикшавии забони адабӣ ба забони лаҳҷаю шева идома дорад, ки ин, албатта, боиси нигаронист. Агар ин раванд идома ёбад, дар ояндаи наздик забони муошират дар Тоҷикистон комилан забони лаҳҷаю шева хоҳад шуд!

Бояд ошкоро бигӯям, ки дар аксарияти макотиби таълимоти умумӣ, Донишгоҳу Донишкадаҳо, вазоратҳо ва дигар мақомот бо лаҳҷаю шева сӯҳбат мекунанд. Зиёда аз ин, алъон дар захираи луғавии забони тоҷикӣ вожаҳои бемаънию бемантиқ ва ҳатто таҳқиромезу дашномдиҳанда, амсоли: "гапуш нест", "гапуш қоқай"… ва ғайраю ҳоказо дохил шудаанд, ки боиси шармандагист.

СУОЛ БА ҲАМАГОН; КУ ОН ШИРИНИИ

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ?

Ҳамакнун, бармегардем ба мисраи дуюми байти Рӯдакӣ, ки дар боло ишора рафт:

"Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор"

Ба қавли шоир бо насиҳату васият, суханҳои хушку холӣ, умумигӯӣ, гузаронидани ҳаргуна чорабиниҳо, масъала ҳалли худро намеёбад. Бо ибораи дигар, бо роҳҳои маснӯӣ ба ҳадаф нахоҳем расид. Ин ҷо роҳҳои табиӣ ва мушаххаси проблемаро бояд ҷустуҷӯ кард.

Таври мисол, дар соли Бузургдошти забони тоҷикӣ даҳҳо ва садҳо чорабиниҳо гузаронида шуд, аммо натиҷа…

КОРИ МУШАХХАСИ

АМАЛӢ КУ?

"Дерест, ки кишвари мо ба "кишвари чорабиниҳо" табдил ёфтааст", - гуфтааст, шодравон Тоҳири Абдуҷаббор.

"Мо осиёиҳо ва шарқиҳо ба умумигӯӣ, - навиштааст, Комил Бекзода, - куллигӯӣ, бемӯҳтавогӯӣ одат кардаем… Куллигӯӣ бемасъулиятии маънавӣ аст… Бо ҳазён наздик аст… Барои ҳамин мо шарқиёнро мардуми афсонабоф меноманд". Бале, умумигӯӣ шабеҳи афсонабофист!.

Миллатҳои пешрафта ҳеҷ гоҳ умумигӯиву афсонабофӣ намекунанд. Сабаби пешравиашон ҳам маҳз ҳамин аст.

Иқбол ҳам афсонабофиро хуш надошт.

Мапиндоред, ки ман бе бода мастам,

Мисоли шоирон афсона бастам.

Ба андешаи банда, забон ҳамон вақт рушду нумӯъ мекунад, ки агар ба омӯзиши он зарурат пайдо шавад. Ба ибораи дигар, режимеро рӯйи кор бояд овард, ки донистани забони давлатӣ ба ҳама ҳатмӣ бошад. Ҳам ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам ба шаҳрвандони Тоҷикистон. Феълан чунин нест. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба кишвари мо меоянд, бе мамониат ба забони модариашон кору фаъолият мекунанд. Донистани забони давлатиро касе аз онҳо талаб намекунад. Ҳатто, номи мағозаю тарабхонаю корхонаҳои худро ҳам тоҷикӣ намегузоранд.

Хулоса, то роҳҳои табиӣ ва мушаххаси ҳалли масъалаи забони тоҷикӣ пайдо нашавад, забони модариамон рушду нумӯъ нахоҳад кард!

Ба ин навиштаҳо таваҷҷӯҳ кунед:

1. "Банда соли 1990 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як ҳамватани худамро дидам, ки нав ба Амрико кӯчида будааст. Ӯ нақл кард, ки чун дар Амрико аз имтиҳони забони англисӣ нагузашт, моҳонаи ӯро дар корхона 50 фоиз таъйин карданд. Фақат он гоҳ ки курси забони англисиро хатм карда, аз имтиҳон баҳои мусбат гирифт, ҳақ пайдо кард, ки 100 фоиз моҳона бигирад". (Ниг.: "Омӯзгор", №29 (35), 2008, Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ).

2. "Луксембург, ки давлати хеле хурд аст ва аҳолии зиёд надорад, маҷбур аст, ки аз кишварҳои ҳамсоя 80.000 нафарро ба кор даъват бикунад. Қонуни ин кишвар чунин аст, ки ин 80.000 нафар бояд забони луксембургиро бидонанд. Забони луксембургиро надонанд, ба кор қабул намешаванд…" (Ниг.: "Озодагон", №29 (35), 2008, Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ).

Ин навиштаҳо гувоҳ бар онанд, ки дар кишварҳои номбурда, проблемаҳои забонро (на танҳо проблемаи забон, балки инчунин, дигар проблемаҳоро ҳам) бо роҳҳои табиӣ ва мушаххас ҳаллу фасл мекунанд. Мо низ бояд чунин кунем! Дигар аз суханҳои хушку холӣ, гузаронидани чорабиниҳои бамавриду бемаврид, "гирди номи падар" гаштанҳо суде ҳосил нахоҳад шуд!

Хулоса, ин иқдомҳое, ки дар кишварҳои номбурда пиёда кардаанд, заминаи боэътимод дар рӯйи кор омадани режими солим маҳсуб мешаванд.

МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ

ВА ШЕЪР

Аз як шеъри Назри Яздон сар мекунам.

"Эй Худоҷон, эй Худованди Карим,

Эй Худо, Парвардигори кирдугор.

Хурду реза, пиру барноро ҳаме,

Дар паноҳи раҳматат осуда дор…"

Ин шеъри хуб аст. Оҳанги хуб ҳам дорад ва дар иҷрои Муродбек Насриддин бисёр форам садо медиҳад. Аммо шеъри имрӯз нест. Шеъри асри ХХI нест. Шеъри "гиряву нола" аст.

Ҳазорсолаҳо гиряву нола кардем, ғаму андӯҳ хӯрдем, бечораҳолем гуфтем, оқибат ба куҷо расидем? Як насли тоҷики беҷуръати тарсу ва хӯйи ғуломидоштаро ба майдон овардем. Воқеан, беҷуръатем, тарс дар дил дорем, андешаи инфиродӣ надорем. Шеър бояд инсонро ба мубориза даъват кунад, одамро ошиқ кунад. Ошиқи зиндагӣ, ошиқи зебоӣ, ошиқи Худованд, ошиқи одаму одамгарӣ…

"Ишқ мифтоҳи ҳар мушкилест…"

Румӣ

Эй кош, ҳамагон ошиқи зиндагӣ ва зебоӣ буданд!..

Зиёда аз ин, шеъри имрӯзи тоҷикӣ бояд шеъри худшиносии миллӣ бошад. Ин талаботи айём аст.

Зимнан, бояд бигӯям, ки шеъри як зумра шоирони тоҷик (як насли шоирони тоҷик) амсоли Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор… дар тарбияи худшиносии миллии мардуми тоҷик хидмати бузург кардаанд.

Ба забони Гулрухсор гӯям:

"Ҳарфи Миллатро

Ватандорони беёди Ватан,

Ҳамчу пайки зиндагӣ, балки чун савганд,

Аз забони насли нурафзо шуниданд.

Дар ғурури насли озода, асирон

Хешро бебанд диданд.

Худшиносу гурду неруманд диданд…"

Ин шеъри худогоҳии миллист! Ин масъулиятшиносист!

Изофа бар ин, ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз шеъри "Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён"-и Рӯдакӣ подшоҳи (Аҳмад ибни насри Сомонӣ - подшоҳи Бухоро) фориғ аз ёру диёр мондаро дубора ба Ватан (Бухоро) баргардонд. Маҳз ҳамин шеър шоҳро ба ваҷд оварда, дар дили ӯ меҳри меҳандӯстиву масъулиятшиносиро дубора эҳё кард.

АСРИ ХХI АСРИ АСОТИР

ВА НОЛИШ НЕСТ!

Асри XXI - асри афсонабофию афсонагӯиву афсонанигорӣ нест. Асри нолиш нест, балки созандагию эҷодкорӣ ва камолоти маънавии миллатҳост! Асри XXI - асри ҷаҳонишавии босуръат ва робитаи пурмаҳсули тамаддунҳост! Ба асри XXI бо диди нав, бо чашми хирад ва имрӯзӣ бояд ворид шуд.

Дар ин асри ҷаҳонишавӣ ҳар як тоҷики боҳуш бояд аз худ суол кунад: Чӣ бояд кард, ки Тоҷикистон ба як давлати пешрафта ва мутамаддин табдил ёбад? Роҳҳо ва усулҳои расидан ба ин мақсадро мебояд ҷустуҷӯ кард, балки кӯтоҳтарин роҳро.

Ба андешаи ин ҷониб, ташаккули фарҳанги масъулиятшиносии ҳар як фарди ҷомеа умдатарин роҳи расидан ба ин аҳдоф маҳсуб мешавад.


Мирзоалӣ СОДИҚОВ,
сокини шаҳри Душанбе
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97