ДАРАҶОТИ РӮЗА

Фарҳанг ва адаб 17.08.2009 14:27

Пас аз чанде моҳи мубораки Рамазон ба кошонаи мо меҳмон мешавад. Фарорасии ин моҳи шариф барои ҳар мусалмон шодиву фараҳ аст ва муддатҳост мунтазираш ҳастем, то аз меваҳои лазизу шаҳдбораш коми худ ширин намоем. Рӯза рубъи имон аст. Бори Таъоло дар он чи Пайғомбар алайҳиссалом аз вай ҳикоят кардааст, мефармояд:- Ҳар некӯиро даҳ савоб аст то ҳафтсад, магар рӯзаро, ки махсус марост ва ҷазои он ман диҳам. Ва Ҳақтаъоло гуфтааст:- Касоне, ки аз шаҳватҳо сабр кунанд, музди ишон аз ҳисобу андоза берун бошад ва рӯза нимаи сабр аст, пас савоби ӯ беандоза бувад.

Пайғомбар (а) мефармояд:- қасам ба Худое, ки нафси ман дар дасти ӯст, ки бӯйи даҳани рӯзадор назди Ҳақтаъоло аз бӯйи мушк хуштар аст ва Ҳақтаъоло мефармояд, ки шаҳвати таъом ва шароби хеш намегузорад магар аз барои ман, пас, рӯза марост ва подоши он ман диҳам. (сураи Зуммар, ояи 10,29.) Ва Пайғомбар (а) гуфтааст:- Рӯзадорро ду шодӣ аст: -Яке вақти ифтор ва дигаре вақти дидани Парвардигор.

Рӯзаро се дараҷа аст. Рӯзаи ом, рӯзаи хос ва рӯзаи хоси хос.

Рӯзаи ом боз истодан аст аз хуру нушу шаҳват. Рӯзаи хос ба нигоҳдошти чашму гӯш ва дасту пой ва дигар ҷавореҳ (узви бадан) аст аз гуноҳ. Ва аммо рӯзаи хоси хос нигоҳдошти дил аст аз ҳимматҳои фурумоя ва андешаҳои дунё ва боздошти он аз ҳар чи ҷуз худой аст ба куллият ва кушодани он рӯза аст, ки аз ҷуз Худой ва рӯзи қиёмат андешад ва тафаккур кунад дар дунё магар дунёе, ки онро барои дин хоҳад, чи он зоди охират бошад ва аз дунё набувад, то ҳадде, ки аҳли дил гуфтаанд, ки ҳар ки ҳиммати ӯ сӯйи он ҷунбад, ки дар рӯз тасарруфе кунад, ки дар зимни он тадбири ифтор бошад, гуноҳе бар вай набишта шавад. Ва аммо рӯзаи хусус, ки он рӯзаи солеҳон аст ва он боздоштани ҷавореҳ аст аз гуноҳ ва камоли он ба шаш кор аст.

Аввал нигоҳ дошти чашм аз дидани ҳар чи носутуда ва макрӯҳ аст ва ҳар чи дилро аз зикри Худой машғул кунад. Пайғомбар (а) гуфт:- Назар тире аст, заҳробдода аз тирҳои иблис ва ҳар ки онро аз бими Ҳақтаъоло бигзорад, Ҳақтаъоло вайро имоне диҳад, ки ҳаловати он дар дили худ биёбад.

Дуввум, нигоҳдошти забон аз беҳуда ва дурӯғу суханчинӣ ва фаҳшу хусумат, ситезаҷӯӣ ва хомӯш гардонидани он ва машғул кардан ба зикри Ҳақтаъоло ва хондани қуръон. Ва ин рӯзаи забон аст. Бишри Ҳорис аз Суфёни саврӣ ривоят карда, ки ғайбат рӯзаро ботил кунад. Ва Лайс аз Муҷоҳид ривоят кард, ки ду хислат рӯзаро табоҳ кунад:-ғайбат ва дурӯғ.

Саввум, боздошти гӯш аз шунидани ҳар чи макрӯҳ аст, зеро ки ҳар чи Бори Таъоло гуфтани он ҳаром кардааст, шунидани он ҳаром аст. Ва барои ин Ҳақтаъоло миёни шунавандаи дурӯғ ва ҳаромхӯр тасвия фармудааст ва Пайғомбар (а) гуфта:- Ғайбаткунанда ва шунаванда дар гуноҳ шариконанд.

Чаҳорум, боздошти боқии ҷавореҳ, дасту пой аз ҳамаи макрӯҳот ва боздошти шикам аз шубҳаҳо (аз хӯрдани таоме, ки дар он шубҳа бошад) дар вақти ифтор. Агарчи рӯзаро бо таъоми ҳалол боз кардааст, пас, бо ҳаром ифтор карданро ҳеҷ маънӣ набошад ва мисоли ин рӯзадор мисоли касе аст, ки хонае ободон кунад ва шаҳре вайрон. Ҳаром заҳре аст, ки дини туро ҳалок гардонад ва ҳалол доруе аст, ки андаки он судманд аст ва бисёри он зиёнкор.

Панҷум, он ки вақти ифтор аз ҳалол низ бисёр нахӯрад, чунонки мумталӣ (пур, оганда) шавад, ҳеҷ ованде (далел, ҳуҷҷат) назди Ҳақтаъоло душмантар аз шиками пур нест, агарчи аз ҳалол бошад ва ба рӯза душмани худойро чӣ гуна қаҳр тавон кард ва шаҳватро чӣ гуна тавон шикаст.

Чун рӯзадорро он чи дар чошт фавт шуда бошад, дар шом онро андак намояд. Ва дар ин моҳ таъомҳое тановул кунанд, ки дар чанд моҳи дигар тановул карда нашавад ва маълум аст, ки мақсуди рӯза хилои (холӣ кардани) меъда аст ва шикастани қуввати шаҳват, то нафсро бар тақвое қуввате ҳосил шавад ва чун маъҳадаро аз чошт ба шом андозӣ то шаҳвати ӯ барангехта шавад ва рағбати ӯ қуввате гирад.

Пас таъомҳои лазиз диҳӣ то сер шавад, лаззат афзун шавад ва қуввати ӯ тазоиф (заиф, суст) пазирад ва шаҳватҳоро нишоте ҳосил ояд, ки бар одот гузошта шудӣ, ба ҷойи он нишот футур (хастагӣ, мондагӣ) будӣ. Ва руҳи рӯза ва сирри он заъиф кардани қувватҳост, ки ба воситаи он шайтон мардумро ба маъсият мекашад ва он ҳаргиз ҳосил нашавад, магар ба кам кардани таъом ва он чунон бошад, ки ҳамон миқдор хӯрад, ки шабе хӯрдӣ, ки рӯзи он рӯза надошта будӣ.

Яке аз одоби рӯза он аст, ки дар рӯз бисёр нахусбад, то гуруснагиву ташнагӣ эҳсос кунад ва ба заъфи қувватҳо мусташъар бошад ва дили вай бад-он софӣ бишавад ва қадре аз заъфи шабро боқӣ бошад, то бедориву иқомати вирдҳо бар вай осон шавад ва шояд, ки шайтон гирди дили вай нагардад ва ӯ малакути осмонро бибинад ва шаби қадр иборат аст аз шабе, ки дар он чизе аз малакут мункашиф шавад ва мурод аз қавли Худои Таъоло :-Инно анзалноҳу фи лайлатил қадр (Мо ба таҳқиқ қуръонро дар шаби қадр яъне шабе аз шабҳои тоқи охири моҳи Рамазон фуру фиристодем)- ин аст.

Шашум, он ки дили вай пас аз ифтор миёни хавфу риҷо муаллақ бошад, чи маълум нест, ки рӯзаи ӯ мақбул аст ва ӯ аз ҷумлаи муқаррибон аст ва аз ҷумлаи душман доштагон ё дӯстон. Ва дар охир ҳар ибодате, ки аз он фориғ шавад бояд, ки ҳамчунин бошад. Ва ривоят кардаанд, ки Ҳасани Басрӣ (р) рӯзи ид буд бар қавме гузашт, ки ба ханда ва бозӣ машғул буданд, гуфт: Ҳақтаъоло моҳи рамазонро майдоне сохтааст барои бандагон, то ба тоату ибодат дар он мусобиқат ва мусориат намоянд ва гурӯҳе сабқат намуданд ва ба муроди худ бирасиданд ва гурӯҳе тахаллуф карданд ва навмед монданд. Ва аҷаб аз касе, ки ба хандаву бозӣ машғул шавад ва ҳақиқати кори худ надонад.


Таҳияи И. Оқилпур
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97