ДЕМОКРАТҲО БА БАҲСИ ҚОНУНИ ЗАБОН БАРМЕГАРДАНД

Фарҳанг ва адаб 13.08.2009 15:17

Ё чанд пешниҳоди ҲДТ дар мавриди лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон"

Чандест лоиҳаи "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон" барои таҳлил ва пешниҳодҳо байни ташкилотҳою созмонҳо пешбарӣ гардида, ки он ба дафтари Ҳизби демократии Тоҷикистон низ расида. Вобаста ба лоиҳаи мазкур баъзе андеша ва пешниҳодҳо омода шудаанд, ки зарур аст то он пешкаши мардум гардад. Авалан, баъди эълони қонун дар лоиҳа матни зерин омада: "Қонуни мазкур(?) вазъи(?) ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд".

Беҳтар мешуд, ки агар матни овардашуда чунин навишта мешуд: "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон" мавқеи ҳуқуқии забони давлатиро муайян намуда, истифодаи онро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд". Баъдан, банди дуюми моддаи 1-и боби 1 лоиҳа, ки "Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибати шахсӣ танзим намекунад" мебошад, хуб мебуд, агар онро ба матни "Қонуни мазкур наметавонад танзимгар дар муносибати шахсӣ ҳангоми истифодаи забонҳо гардад" иваз намуд.

Матни моддаи 6 -и боби 2-ро, ки "Забони коргузорӣ" ном гирифтаю матни он "Коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад, бо матни "Забони коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатист" иваз намудан беҳтар аст. Ҳамчунин, беҳтар мебуд, ки ба ҷойи калимаи суд калимаи додгоҳ истифода шавад ва калимаи суд мутлақо хоси забони тоҷикӣ нест ва сирф русист. Моддаи 7-и боби 2, ки "Забони коргузории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ном гирифтаю аз ду қисмат иборат аст, бояд аз лоиҳаи қонуни мазкур батамом хориҷ карда шавад, чунки Қувваҳои Мусаллаҳ як сохтор ва ё ҷузъи давлатӣ мебошанд ва иҷрои қонуни номбурда аз тарафи онҳо ҳатмист ва мантиқ низ, наметавонад барои ин бахш моддаи алоҳидаро дар қонун ҷудо намудан созгор бошад. Дар иҷрои машқҳои муштарак бошад, бояд аз созишномаҳои алоҳидаи тарафайни расмӣ истифода бурд.

Моддаи 8-и боби 3 "Забони таҳсил" ном гирифтааст ва он аз се қисм иборат аст. Дар қисми 1-и он омадааст, ки "Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ба забони давлатӣ сурат мегирад" ва ин ифода худ муқаррарот аст. Аммо дар банди 3- и ҳамин модда бар хилофи банди 1 навишта шудааст: "Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миллатҳову халқиятҳои дигари сокини ҷумҳурӣ барои интихоби забони таҳсил шароит фароҳам оварда мешавад". Агар ҳамин бошад, пас, банди 3 бояд ҳамчун шарҳи иловагӣ дар банди 1 ҷой мегирифт ва дар ин ҷо ҳам мантиқ хароб намешуд.

Моддаи 9-и боби 3 низ наметавонад ба мақсад равшанӣ андозад. Банди якуми ин модда чунин аст: "Дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда мешавад". Вале дар банди дуюми ҳамин модда омадааст: "Муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии таълимӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии касбӣ бо забонҳои дигар фаъолияти худро амалӣ намоянд". Боварӣ аст, ки хонанда аз овардан ва мақсади ин ду банд чизеро мушаххас наметавонад дарк намояд ва барои ҳамин моддаи номбурда шарҳи иловагӣ ва ё тасвири мушаххасро талаб менамояд.

Ҷолиб он аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон"-ро гӯё тарҳрезӣ намудаему фаромӯш кардем, ки тарҷумаи калимаи бланк (боби 5, моддаи 20, банди 3)- ро пайдо кунем. Ба фикрам хуб мешуд, агар ба ҷойи калимаи бланк калимаи тарҳ ва ё ягон калимаи мувофиқи дигари тоҷикиро истифода бурд. Дигар ин аст, ки дар забони тоҷикӣ тарҷумаи хуби калимаи "реклама" ҳаст, ки он "тарғиб" мебошад, вале аз истифодаи он дар қонун ҳазар мекунем. Хуб мешуд дар чунин ҳолат дар лоиҳаи қонун ба ҷои "реклама" "тарғиб (реклама)"- ро истифода барем. Дар мавридҳои алоҳидае, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур калимаи "ҳудуд" истифода бурда шудааст (масалан, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон) беҳтар мебуд, агар калимаи "қаламрав" (масалан, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон) истифода бурда шавад.

Дар моддаи 19 (Топонимҳо)-и боби 5 овардани банди дуюм, ки "Номгузории нав, иваз намудани номи вилоят, шаҳру ноҳия, шаҳрак ва деҳот, кӯчаҳо, хиёбонҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд" зарурат надошт, чунки банди якуми моддаи номбурда, ки "Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарорсозӣ ва ҳифзи топонимҳои таърихиро дар қаламрави ҷумҳурӣ таъмин менамояд" мебошад, худ банди дуюм дар он дохил аст ва ҳоҷат ба ҷудо намудани банди алоҳида дар ин маврид нест.

Дар охир, қайд карданиям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон" ба такмил ва таҳияи ҷиддӣ эҳтиёҷ дорад ва қабули он дар ин шакл метавонад дар ояндаи наздик боз тавлидгари муаммоҳо гардад.

Масъуд Собиров,

раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон,

аъзои Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон


Масъуд Собиров
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97