ҚОРИИ ТОҶИК МАСКАВРО ТАСХИР КАРД Аммо сафир ба табрикаш наомад, чаро?!

Фарҳанг ва адаб 10.07.2009 14:25

Санаи 21-уми июни соли ҷорӣ дар толори бошукӯҳи Останкино дар шаҳри Маскав, зери борони коғазпораҳои зарҳалӣ ва кафкӯбиҳои бардавому наъраҳои аллоҳу акбарӣ ва бо ҷилваҳои парчами Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии ҳофизони Қуръони карим намояндаи Тоҷикистон қорӣ Сиротуллоҳ ҷо ва ҷоизаи аввалро соҳиб шуд. Гарчанде дипломотҳо ва сафири Тоҷикистон дар Русия дар ин маҳфили шукӯҳманд иштирок надоштанд, вале муҳоҷирони кории тоҷик барои мухлисии ҳаммиллати худ ба ин толор рафта буданд.

Онҳо қарсак мезаданд, наъраи такбир мегуфтанд ва парчами Тоҷикистонро мебардоштанд, ки рамзи миллату давлати Тоҷикон аст. Мо низ бо хушиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба мухлисии Сиротуллоҳ рафта буданд, мепайвандем ва ӯро самимона табрику таҳният мегӯем ва барояш тавфиқи мазид аз даргоҳи Додори ҷаҳон талабгорем. Умедворем қорӣ Сиротуллоҳ номбардори миллати тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалии дигари қуръонӣ дар нуқоти дигари олам низ мешавад. Дасти ҳақ ёрат булбули хушовози тоҷик. Мусоҳибаи Саъдӣ Юсуфӣ бо қорӣ Сиротуллоҳ барои шумо азизон тақдим мешавад:

- Лутфан, худро барои хонандаҳои ҳафтавори "Миллат" ошно кунед.

- Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Номи ман Сиротуллоҳ, 21 сол дорам, аз ноҳияи Қумсангир ҳастам.

- Шумо дар чанд солагӣ ба омӯхтани Қуръон шурӯъ кардед?

- Дар 6 солагӣ, яъне дар соли 1994. Ва дар соли 1998 алҳамдулиллоҳ Қуръонро хатм намуда ҳофизи Қуръон шудам.

- Устодони шумо кистанд? Дар назди як нафар Қуръонро ҳифз кардед ё бештар аз як устод доштед?

- Бештар назди қорӣ Муҳаммадсаид, ки аз ноҳияи Панҷ аст, назди ӯ ҳифз намудам ва баъзе авқот аз падарам ҳам дарс мегирифтам. Асосан устодам қорӣ Муҳаммадсаид аст.

- Мактаб ҳам рафтаед?

- Мактаб нахондаам. Аммо алҳамдулиллоҳ навиштану хондани англисиро ошноӣ дорам ва навиштаву хонда метавонам.

- Яъне забони англисиро?

- Не, фақат навиштану хонданашро метавонам.

- Хуб, вале ба хатти кириллӣ чӣ?

- Алҳамдулиллоҳ ҳам хонда метавонам ва ҳам навиштан.

- Пеш аз он, ки барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии қориён дар шаҳри Маскав биравед, оё дар мусобиқаи дигари ҳифзу қироати Қуръон иштирок карда будед?

- Бале, қабл аз он дар се мусобиқаи дигар ҳам иштирок карда будам ва дар ҳар се мусобиқа ҳам ҷойи аввал насибам гашт.

- Аввалин мусобиқаи Қуръон, ки иштирок кардед, кай буд ва дар куҷо?

- Ин соли 1998 буд. Соле, ки ман Қуръонро ба пуррагӣ ҳифз намудам, дар худи ҳамон сол як мусобиқаи ҳифзи Қуръон дар сатҳи Осиёи Миёна дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд. Ман дар ҳамон мусобиқа иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал шудам. Дар ин мусобиқа инчунин қориёни Озарбойҷон ва Туркия ҳам ҳузур доштанд. Алҳамдулиллоҳ, ки ҷойи аввал насиби ман шуд.

- Баъдан боз дар кадом мусобиқаи Қуръон иштирок доштед?

- Баъди ин мусобиқаи Қуръон дар кишвари азизамон иштирок кардам. Дар як мусобиқаи Қуръони карим, ки дар маҳаллаи Калинин ташкил шуда буд

- Боз?

- Боз як мусобиқаи дигар буд, ки он ҳам дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси бародарони иронӣ ташкил шуда буд, дар мадрасаи Имом Тирмизӣ. Дар он иштирок намуда, шукри Аллоҳ боз ҳам барандаи ҷойи аввал шудам.

- Ин кай буд?

- Тақрибан 5 сол пеш. Ва баъди он мусобиқае, ки иштирок намудам, ин мусобиқае буд, ки аз сӯйи фонди Президенти Тоҷикистон дар санаи 11-12 июни соли ҷорӣ ташкил шуда буд, ки алҳамдулиллоҳ инҷо ҳам ҷойи аввал насиби ман шуд. Ин мусобиқа дар Кохи ҷавонони шаҳри Душанбе доир шуд. Зимнан, як мусобиқаи дигар ҳам, ки дар он иштирок намудаву сазовори ҷойи аввал шуда будам, ёдам меёяд. Ин соли 2003 дар мусобиқаи Қуръон дар шаҳри Зоҳидони Ирон буд.

- Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон шумо танҳо рафта будед?

- Не, ҳамроҳ бо бародарам.

- Хуб, биёед ҳоло дар бораи мусобиқаи ҳифзи Қуръон, ки дар Маскав шуда гузашт сӯҳбат кунем.

- Бале, ин як мусобиқаи бошукӯҳе буд, ки дар санаи 21 -июни соли ҷорӣ дар Маскав баргузор шуд.

- Шуморо кӣ даъват кард ва чи гуна даъватнома барои иштирок ба дастатон расид?

- Ин мусобиқа аз тарафи муфтиёти Русия ташкил шуд ва аз номи муфтиёт ба мо даъватномаи иштирок фиристода шуд, аз тарафи шайх Раул Ғайнуддин.

- Вақте ба Маскав ворид шудед, дар фурӯдгоҳ шуморо азият накарданд?

- Не алҳамдулиллоҳ мо меҳмони расмӣ будем ва нафароне буданд, ки моро пешвоз мегирифтанд. Аз тарафи ташкилкунандагони мусобиқа моро пешвоз гирифтанд ва мошоаллоҳ бисёр ба хубӣ пешвоз гирифтанд.

- Мусобиқа дар куҷо доир шуд. Масҷид ё кадом мадрасае?

- Не, мусобиқа дар бинои Останкино, студио ва маҳалли пахши барномаҳои телевизионӣ, дар "Королевский зал" барпо шуд.

- Дар ин мусобиқа кӣ шуморо ҳамроҳӣ мекард?

- Аз Тоҷикистон падарам буд.

- Тамом? Магар дигар иштироккунанда аз Тоҷикистон набуд?

- Аз Тоҷикистон танҳо ман даъват шуда будам. Аз ҳар кишвар як нафарӣ даъват шуда буд. Аммо ҳозирин ва толорнишинон аз Тоҷикистон хеле зиёд буданд.

- Дар бораи мусобиқа каме сӯхбат кунед. Дар он аз чанд давлат иштирок мекарданд ва он чанд рӯз давом кард?

- Аз 22 давлати дунё қориёни Қуръон иштирок намуданд ва мусобиқа ҳамагӣ як рӯз давом кард. Ин мусобиқа ду тақсим буд. Яке мусобиқаи ҳофизони кулли Қуръон ва дигар мусобиқаи ҳофизони нисфи Қуръон. Дар мусобиқа ба се чизи муҳим аҳамият медоданд; садо, таҷвид ва ҳифз. Ин мусобиқа як рӯз давом кард.

- Шуморо чанд суол медоданд?

- Се суол буд ва аз даҳ хат зиёдтар мехондем.

- Яъне як сафҳаӣ?

- Бале. Ва ин ҳам буд, ки касеро садояш хуб буд, камтар зиёдтар мехонд.

- Бо рақами оятҳо суол медоданд?

- Не, фақат худи оятро мегуфтанд, баъд ман аз давоми оят қироат карда мерафтам. Тарзи суолҳои мо ингуна буд, ки ба шакли қуръакашӣ лифофаҳоро мегирифтем, ки дар дохили он лифофа суолҳое буд, мавзеъҳое буд, ки бояд мо аз ёд қироат мекардем. Лифофаро ҳайати доварон боз мекарданд ва вақте онро мекушоданд, ки навбати баромадамон меомад. Аз қазо ман охирин нафаре будам, ки ба қуръкашӣ даъват шудам, вале лифофаи рақами як насиби ман шуд ва аввалин нафаре будам, ки дар минбар баромадам.

- Дар чунин минбару толори боҳашамат вақте омадед чӣ эҳсосе шуморо фаро гирифт ва оё ҳаяҷоновар ва бароятон душвор набуд?

- Албатта ҳар касе бошад тарс мехӯрад, ба хотири мардуми зиёде ки онҷо буд ва ваҳшатзада мешавад одам, вале ман аз як тараф яқин боварӣ доштам, ки ҷойи аввалро мегирам ва аз сӯйи дигар бо аввалин ояте, ки хондам тарсу ҳароси андаке, ки дар ман буд оҳиста-оҳиста дур шуд, алҳамдулиллоҳ ва тавре қироат кардам, ки гӯё дар як хона танҳо ҳастам.

- Хуб, қаблан аз ин ҳам дар мусобиқаҳои дигар иштирок намуда будед, он таҷрибаҳо шуморо кӯмак кард?

- Бале, бисёр кӯмак кард. Ҳар қадар, ки бисёр дар мусобиқа иштирок бинамоӣ, ҳамон қадар тарсу ҳарос ҳам дур мешавад.

- Кадом оятро шумо хондед?

- Аз сураи Оли Имрон ояти ... астъизубиллоҳ фанқалабу бини маътим миналлоҳ ва ояти дигар ... ва иннаҳу латанзилу раббилоламин аз сураи Шуаро ва суоли саввум аз сураи Зухруф буд астъизубллоҳ...ам абраму амран фаиннаҳум мубримун... то охир инро хондам.

- Чанд нафар довар буд?

- 5 нафар.

-Аз кадом давлатҳо?

- Аз Арабистони Саъудӣ, Ирон, Туркия, Малайзия ва аз худи Русия.

- Аз Осиёи Миёна боз аз кадом давлатҳо буд?

- Аз Қазоқистону Қирғизистон буданд.

- Бо қориҳои дигар давлатҳо дар ин мусобиқа ошно шудед?

- Бале.

- Мушкили забон надоштед?

- Не. Алҳамдулиллоҳ кам - кам забонҳои русӣ ва арабиро балад ҳастем.

- Ҷойи аввалро шумо гирифтед ва ҷойҳои дуввуму севвум насиби кӣ шуд?

- Ҷойи дуввум насиби намояндаи кишвари Мағриб ва ҷойи севвумро қории Мавритониёӣ гирифт. Аз таҷвид ҷойи аввалро Туркия гирифт, дуввумро Алҷазоир ва ҷойи севвумро Малайзия.

- Кай натиҷаи мусобиқаро эълон намуданд?

-Тақрибан соати 18.30 мусобиқа тамом шуд, баъди он каме истироҳат шудем, баъд сафир ва муфтӣ суханронӣ карданд.

- Кадом сафир?

- Сафири Уммон.

-Сафири Тоҷикистон буд?

- Сафири Тоҷикистон мутаассифона набуд. Сафирони дигар кишварҳое, ки қориҳояшон қироат мекарданд, буданд, вале сафири мо набуд.

- Дар бораи эълоншавии ҷо мегуфтед?

- Соати 19.15 шом буд, ки бо иштироки муфтии Русия, сафири Уммон ва ҳайати доварон доир шуд.

- Ҷойҳоро кӣ эълон мекард? Муфтӣ?

- Не, онҷо хос нафароне буданд, ки эълон мекарданд. Ровиёни барнома буданд, як зан ва як нафари дигар аз шабакаи арабизабони телевизиони Русия "Русия-ал-явм". Як нафар зани тотор буд ба русӣ гап мезад ва баъд он араб ба арабӣ тарҷума мекард. Дар маҷмӯъ барнома ба забонҳои русӣ ва арабӣ доир шуд.

- Барои ҷойи аввал ҷойизае ҳам тақдим карданд?

- Бале, 3000 доллар. Ҳамроҳ бо ин вақте ман ҷоизаро мегирифтам, тоҷикони муҳоҷир ва муқими шаҳри Маскав, ки ба тамошо омада буданд ба нишони мухлисӣ ва хушҳолӣ байрақи Тоҷикистонро дар толор меафшонданд ва такбир ҳам садо медод.

- Дар оянда чӣ нақша доред?

- Аз Худо мехоҳам дар оянда таҳсили илми бештарро ба ман насиб кунад ва таҳсили илм кунам. Маънои Қуръонро бифаҳмам ва илми фиқҳ ҳам биёмӯзам. Илми ҳадису илми Қуръон ҳам дӯст дорам биёмӯзам ва барои Ислому Ватану миллат хидмат кунам. Фарқе надорад хидмат чӣ гуна сурат мегирад тариқи технологияи имрӯзӣ ё бо даъват. Мехоҳам аз ман як нафъе ба ҷомеъаам бирасад.

- Қорӣ Сиротуллоҳ, Ҳаҷ рафтаед?

- Алҳамдулиллоҳ бале.

- Кай?

- Ман се сол дар Арабистони Саъудӣ будам ва дар як мадраса тадрис ҳам кардаам.

- Оё дар оянда талош мекунед, ки дар мусобиқаҳои сатҳи баландтари Қуръон, ки дар давлатҳои арабӣ, Покистону дигар ҷойҳо доир мешавад, иштирок кунед?

- Бале, ният дорам. Иншоаллоҳ дар он мусобиқот ҳам иштирок хоҳам кард.

- Дар охир ба хонандаҳои "Миллат" чӣ гутфанӣ доред. Ин ҳафтавор дар Тоҷикистон ва берун аз он аз тариқи Интернет хонандаҳои бешуморе дорад.

- Касе мехоҳад, ки аз тариқи иштирок дар чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок кунаду ҷойҳои намоёнро бигирад ва обрӯи миллату ватани худро бардорад бояд, ки Қуръон бихонад. Вале албатта мушкилот ҳам вуҷуд дорад.

- Чӣ мушкилот?

- Медонед гоҳҳо мударрисҳо азият мешаванд барои тадриси Қуръон кардан, дар ҳоле ки иштирок дар чунин мусобиқот ин обрӯи миллат аст, ифтихори миллат аст. Аз масъулон ва дастандаркорон хоҳишам ин аст, ки як мадрасаи хуб таъсис диҳанд ва устодони боистеъдодро ҷалб кунанд ва таълими Қуръон озод бошад, ҳамон гуна, ки суруду байтхонӣ дар мо озод аст.

- Агар аз Донишгоҳи Имом Тирмизӣ шуморо даъват кунанд, ки биёед дарси Қуръон бидиҳед, меравед?

- Аввалан ман худам ба дарс хондан эҳтиёҷ дорам ва агар биравам дар онҷо дарс бидиҳам, алҳамдулиллоҳ аз дастам ин кор меояд ва дарс ҳам додагӣ ҳастам ва истеъдод дорам каму беш, вале ман ҳоло зарурат ба омӯхтани илмҳои дигаре мисли фиқҳ ва масоили динӣ дорам. Мехоҳам маънии Қуръонро бифаҳмам, тафсир бихонам.

- Саломат бошед, барои сӯҳбат ва табрики пирӯзӣ.

-Саломат бошед.

P.S. Зимнан ба мухлисони мусобиқоти ҳифзи Қуръон ва онҳое, ки мехоҳанд озмуни музкурро ба пуррагӣ тамошо кунанд, мерасонем, ки DVD ва диски барнома дар бозор дар фурӯш аст.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97