ОЁ МОЙКЛ ҶЕКСОН МУСУЛМОН МУРД?

Фарҳанг ва адаб 03.07.2009 14:12

Ҳафтаи гузашта яке аз хабарҳои муҳиме, ки дар сархати ахбори расонаҳои гуногуни ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ қарор гирифт, ин даргузашти овозхони маъруфи омрикоӣ Мойкл Ҷексон буд. Тибқи ин хабар Мойкл Ҷексон дар синни 50 солагӣ дар Лос Анҷелоси ИМА бар асари ҳамлаи қалбӣ вафот ёфт. Ӯ дар оғози ҳаёту айёми бачагии худ ҳамроҳ бо бародаронаш дастаи мусиқии "Jackson 5"-ро ташкил дода, дар муддати кӯтоҳе ба арши аълои муваффақият ва зинаи болои комёбӣ расид ва ситораи дурахшандатарини муси¬қии поп дар ҷаҳон шуд.

Зоҳиран Мойкл Ҷексон дар баробари расидан ба ин ҳадафи бузурги худ як монеъаи бузурге ҳам дошт ва он ранги пӯсташ буд, зеро дар он рӯзгоре, ки ӯ ҳунарнамоӣ мекард, дар ИМА мушкилоти нажодӣ низ вуҷуд дошт. Ӯ ин монеаро аз сари роҳи худ дур кард. Бо маблағҳое, ки аз овозхонӣ ба даст оварда буд, ранги пӯсти худро бо ҷарроҳӣ иваз намуд. Зоҳиран яке аз сабабҳои даргузашти ӯ низ ҳамин тағйири ранги пӯст ва бемориҳое, ки дар пайи ин тағйирот ӯро пайваста дунбол мекард, ба вуқӯъ пайваста буд.

Акнун ин ҳунарманди овозадор аз ҷаҳон даргузашт ва ҳаводорони худро дар ашку ғам нишонд. Ҳазорон мухлиси Мойкл Ҷексон бо дастагули алвидоъӣ ба назди дарвозаи хонааш омада, барои адои эҳтиром дар пойи девору дарвозаи хонааш гул мегузоштанд. Баъди ин ҳодиса дар кишвари мо бисёриҳо ба далели мусулмон будан аз ҳамдигар ин суолро медоданд, ки оё ӯ мусулмон мурд ё не? Ва оё ӯро ҷанозаи исломӣ карданд ё хайр?

Мусулмон мурдан ва имон бурдан аз ин ҷаҳон барои мо мусулмонҳо ба ин хотир пураҳамият ҳаст, ки имон дар он дунё мутобиқи ривоёти динӣ мояи наҷот аз оташи сӯзони ҷаҳаннам хоҳад буд. Гарчанде як инсони мусулмон дар тӯли ҳаёти худ саҷдае накарда бошаду бар муқтазои дини худ амал накарда бошад, вале ин эътиқод ва ин имонеро, ки Ислом мефармояд дар дили худ ҷо дода бошад, метавонад охирул амр сабаби наҷоти ӯ гардад.

Аз ин ҷост, ки мардуми мусулмони мо дар пурсиши инанд, ки оё ин сарояндаи маъруф, ки лақаби "шоҳи мусиқии поп"-ро ба худ ихтисос додаст, мусулмон буду бо имон мурд ё ин хабарҳо ҳақиқат надоранд. Кофтукови интернетии зиёде дар ин замина анҷом додем ва матолиби фаровонеро тагу рӯ кардем. Хулосааш инаст, ки ахбор ва нақли қавлҳои фаровоне дар шабакаи ҷаҳонии интернет оид ба Ислом гаравидани шоҳи мусиқии поп мавҷуд аст. Аз ҷумла шабакаи www.religionnewsblog. com. менигорад, ки Мойкл Ҷексон ба Ислом гаравидани худро тасдиқ намуд. Вале тафсилоти ин хабар чӣ аз ин шабака ва чӣ аз шабакаҳои дигар хабари аниқеро аз забони худи Мойкл Ҷексон нақли қавл намекунанд, балки қаҳрамони бисёре аз ин овозаҳо бародари ӯ Ҷордон Ҷексон аст.

Асосан агар ин хабар дақиқ бошад, ки Мойкл Ҷексон мусулмон шуд, пас нақши асосиро дар ин замина бародари ӯ Ҷордон Ҷексон бозидааст. Бародараш, ки ҳам овозхон ҳаст, вале пӯсти худро иваз накардааст, солҳо пеш дар даҳаи ҳаштод ба Ислом гаравидааст. Дар шабакаи Youtube наворҳои фаровоне вуҷуд доранд, ки бародари Мойкл Ҷексон дар он сӯҳбат намуда, аз мусулмонии худ ҳарф мезанад. Ҷойе дар рӯйи ҷойнамоз сӯҳбат мекунаду дар дасташ тасбеҳ дорад. Албатта, саҳнаҳои ношоями дигаре ҳам ҳаст. Масалан ҷойе, ки бо як духтараки зебочеҳраи ҳиндӣ сӯҳбату шӯхиҳо дорад. Вале дар зиндагии ҳунармандон ин гуна саҳнаҳо хеле фаровонанд. Ало кулли ҳол ончӣ ҷолибу диққат ҷалбкунанда ҳаст ин нукта ҳаст, ки чаро ҳунармандону афроди машҳуре мисли Ҷоксунҳо ба Ислом мегараванд? Ба Ислом гаравидани ин ҳунармандон бозгӯкунандаи як ҳақиқат аст, ки бо ин ки тамоми қуллаҳои муваффақиятро фатҳ кардаанд, вале боз ҳам рӯҳашон оромиш надорад.

Инро мепазирам, ки мусиқӣ рӯҳро менавозад, вале мусиқӣ оромиш ва итминон ба қалбу рӯҳи одамӣ дода наметавонад. Ин нирӯро танҳо зикри Худо дорад. Танҳо бо зикри Аллоҳ аст, ки қалбу хотирҳо ва рӯҳҳо оромиш меёбанд ва эҳсоси фароғу холигӣ намекунанд. Мисдоқи қавли Худованд: "Ало бизикриллоҳи татмаинулқулуб- ба таҳқиқ бо зикри худост, ки қалбҳо имтиънон меёбанд" ва ё ба таъбири дигар хотирҷамъ мешаванд. Зиндагии моддӣ ва тамаддун ба маънои пешравии моддиёт ба одамӣ хушиҳо эҳдо мекунад, рафоҳу роҳат эҳдо мекунад, мағзу ақлу ҳушашро менавозад вале камбудаш инаст, ки дар одамӣ оромиши рӯҳу қалбро эҷод карда наметавонад.

Инҷо ваҳй ва калому зикри Худовандист, ки ба мадади инсон мешитобаду дасташро мегирад, башарте лаббайкгӯе вуҷуд дошта бошад. Ба суханронии Ҷордон Ҷексон таваҷҷуҳ кунед ва ин ҳақиқатро бармало хоҳед дид. Ҷордон аз ҷумла мегӯяд, ки баъди адои маросими Ҳаҷ дар соли 1989 китобҳои зиёде барои бародараш Мойкл тӯҳфа меорад ва бародараш ҳамаи онро мехонад. Ҷордон мегӯяд, вақте Мойкл Ҷексон ӯро аз дини Ислом мепурсад Ҷордон барояш мегӯяд, ки дар ин дин оромиши аҷибе вуҷуд дорад, яъне он чӣ, ки рӯҳҳои хаста аз ҳунарнамоиву муваффақиятҳои рӯйи саҳнаӣ ба он ниёз доранд.


С. ЮСУФӢ
©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97