ИСЛОМ ДАР ДОМАНИ БАҲСҲОИ СИЁСӢ ВА АҚИДАТӢ (эҳдо ба ҷашнвораи Имоми Аъзам)

Фарҳанг ва адаб 01.07.2009 13:47

Адолат аз шартҳои муҳимтарини дини Худост. Дар таърихи башарӣ Анӯшервони одил рамзи некбахтии шоҳони некбахт аст, ки тимсоли адл шуда. Ба номи Расули акрам ҳадисеро ёд мекунанд, ки гуфта: Дар марги чаҳор кофар ҳайфам омад: Ба Анӯшервон барои адлаш, ба Ҳотам барои хайраш, ба Абумуталиб барои эҳсонаш, ба Қайс барои шеъраш. Агар чунин аст, оё тақсими мазҳаб, таассуби ақидатӣ, ҷабри ҷони бародарони уммат бар хилофи ҳукми "мусалмон бародари мусалмон аст", нест ва оё ин ахлоқ дар муқобили ҳукми Аллоҳи ягона ва Расули соҳибуммати ӯ қарор надорад?

Ин, ки усули ислом барои кулли мазҳаб ягона аст ва танҳо дар фурӯъ бо гузашти айём, назарҳои хилоф эҷод шуданд, кадом муслимро ҳуқуқ бар он дода, ки ҷабр бар ҷони бародари мусалмон намояд.

Таърих ривоят кардааст, ки бархе аз уммат аз аввалин даъвати Расули акрам таслими назар шуда, ба даври ӯ чун асҳоб гирд омаданд ва иддае аз мардум бо ӯ хилоф варзиданд, то он ҷо, ки пирӯзии ислом муқаррар гашт ва он айём гурӯҳе аз сари реву риё барои наҷоти давлату мақом ва ҳамчунин, бенасиб намондан аз дастархони ишрати дунёӣ-яъне рикобнишинии дарбори хилофат ба ислому Расули ӯ байъат карданд ва эшон, табиист, ки ҳеҷ гоҳе соҳибони имон набуданд, ки гироишашон ба ислом барои дунё буд, на барои охират ва на барои муҳаббат ба Худову Расул(он)и вай. Ҳанӯз мушкилписанд аст, ки исломро пазируфтани Абусуфён ва зани ӯ Ҳинд, ки ҷигари амир Ҳамзаро хом-хом хӯрда буд, аз нигоҳи эътиқод ва изҳори пушаймонии ақидатӣ сурат гирифта бошад.

Дар бораи Асвад ал Ъанас (Абҳала ибни Каъб), ки дар Яман худро паёмбар эълон кард ва марзи Яманро тасарруф намуд, Тулайҳа Асадӣ, ки худро паёмбар гуфт ва дар асари ҷанг шикаст хӯрда, боз исломро пазируфт ва дар Ярмук аз пешдастони майдони мубориза "барои ислом" шуд, Саҷоҳи масеҳӣ, ки даъвои паёмбарӣ карду чун Холид ба сӯи ӯ ҳаракат намуд, аз тарси молу ҷон дубора муслим шуд, чӣ мегӯем? Дар ин боб, ки дар замони Абубакри Сиддиқ бештари қаламрави хилофат "муртад" шуд, чӣ андеша метавон кард? Агар эътиқодро кори зӯроварӣ медонем, пас бармеояд, ки гӯё Худованд мӯҳтоҷ аст бар парастиш. Дар он сурате ки заифтарин марди хирад медонад, ки Худованд бениёз аст. Фикр мекунам, муслими дар Амрико исломро пазируфта беҳтарин мусалмон аст, зеро ӯ ба Худову Расули ӯ Муҳаммад аз роҳи огоҳӣ расидааст, на аз тарси Буш, на аз хотири маснаду мансаб ва на ба хотири касби маош.

Ин ҳам дар ҳоле ки ислом то андозае мансухияти динҳои тавонои худовандро, ки худ бар ҳақ будани онҳо шаҳодат додааст-чун дини Мусо ва Исо (яҳудия ва масеҳия)-ро эълон дошт ва табиист, ки пайравони ин адён натавонистанд ин қоидаро қабул кунанд ва бебаҳс аст, ки дар муқобили ислом мақом гирифтанд. Ин ҳам дар ҳоле ки чи миқдор афзун динҳои дигар, чун браҳманияву буддоияву зардуштияву ва ғайра дар ин масир аз эътиқоди нуфуси зиёди мардум буд ва эътиқодро бо зӯр набояд дигар кард, зеро гироиш ба дин, шинохтани худованду расулони вай наметавонад аз роҳи ситам ба вуҷуд ояд.

Дар олам ҳеҷ дине аз динҳои ваҳдонӣ то динҳои ғайриваҳдонӣ қоидаи аз тариқи зулм, ситам ва ҷабр бар сари мардум бор кардани эътиқодро таклиф накардаанд. Пас, ошкор аст, ки иддае аз мардум барои пӯшонидани ғаразҳои дунёхоҳии худ парчами динеро сипар кардаву ба ғорат ва тасхири дигарон пардохтаанд, ки ин аъмол дар фаҳми орифон ва зоҳидон ва фақеҳон ва сӯфиёне, ки ин мақомро берун аз реву риё дар худ доштанд, нағунҷидааст ва нахоҳад ғунҷид.

Ва ҳамин инсони заминии бандаи нафси ҳайвонист, ки чун ҳайвон барои дар панҷа кашидани тӯъмаи худ аз ифлостарин феъли олами ҳайвонӣ истифода карда, бо мураккабтарин найранг Худо ва бандагони Худоро фиребиданӣ мешавад, ки гӯё ин амалро барои ризои Худо кардааст ва ин макри эшон аз назари Худованд пӯшида нест, чун Худованд огаҳонидааст, ки: "Макри Шумо пеши макри ман ҳеҷ аст".

Гӯё, дорандагони эътиқодеро "бе ман" дар Биҳишт иҷозаи ворид намедода бошанд, ки "ман"-ро ҷабран ба дунболи худ мекашанд ва пеш аз бандаи Худо будан бандаи худ мекунанд. Худо аз чунин бандагон безор аст, ки ӯро нашнохтаву аз ҷабри дунёдоре, табарзане "Ло Илоҳа илАллоҳ" гуфтаанд, ки дар воқеъ ин мардум на бандаи Худо, балки бандаи "Ҷон"-и нашнохтаи хешанд.

Пас, даъват ба сӯи Худо бо риояи ҳаққи ҷони бандаи Худо сурат бигирад. Оё, сухани Худо бар Мӯсои калим нест, ки: "Чун ба назди Фиръавн меравӣ, бо ӯ нарм бош"?

Оё имкон бар он набуда, ки инсонҳоро дар доираи ақидатиашон озод бигзорем ва кори ҷомеаро ба нармӣ даст бигирем?

Аён аст, ки давлату ҳуқуқ ҳодисаи ҷамъиятист, ки маншаи худро аз оини Илоҳӣ гирифта. Худ аз номҳои Офаридгор ин маънӣ аён гашта, ки офаридгорро дар лафзи араб "Раб" гуфтаанд ба он маънӣ, ки ӯ офаранда аст ва ин сифат сифати мутлақи ӯст ва "Аллоҳ" гуфтаанд, ба он маънӣ, ки ӯ танзимгар ва эҷодгари қоидаҳост ва ин низ сифати мутлақ аст.

Ва Худованд гуфт: Инсонро дар Замин халифаи худ кардем, то он чиро офаридем идора ва истифода кунад. Ва халифаро мақом ин аст, ки сифатеро аз сифоти устод дошта бошад ва коре аз корҳои ӯро ба сомон расонад. Аз ин ҷост, ки чанд сифате аз сифоти Худо бар инсон гузашта. Он гуна, ки инсон чун Худованд эҷодгари қоида дар замин аст, аммо ин эҷодгарӣ набояд аз андозаи таъин берун бошад, яъне инсон ҳар қоидае, ки дар назми кори замин эҷод мекунад, нашояд, ки хилоф бар қоидаи эҷоди Илоҳӣ ояд, ончунон ки дар қавонини тамоми мамолик омада, ки: "Қонунҳо ва асноди зери қонун наметавонанд бар Қонуни асосӣ (Конститутсия) мухолиф бошанд". Агар инсон қоидаи болоро қабул надорад, яъне қабул надорад, ки қоидаи эҷоди инсонӣ набояд хилофи қоидаи эҷоди Илоҳӣ бошад, пас раият ҳам метавонанд бигӯянд, ки қавонини давлат мақбули мо нест ва мо дар хилофи он қавонин қавонини худро эҷод хоҳем кард. "Ҳудуди илоҳӣ" аз ҳақҳои мутлақи ӯст ва ҳар ки бар ин сарҳад таҷовуз мекунад, Худоро нашнохта ва "худбоз"-е беш нест. Даъво мекунем, ки мусалмонем, аммо дар оддитарин кори дунявӣ ва нафсонӣ "ҳудуди Аллоҳ"-ро сарфи назар мекунем ва дар муқобили он қоидаи дигаре эҷод мекунем.

Ва инсон ҳам чун Офаридгор дар пояи худ сифати офарандагӣ дорад. Ончунон, ки инсоният аз асбоби оддӣ то асбоби фалакӣ офарид. Вале бебаҳс аст, ки инсон сайёрае, моҳу ситорае, мураккабтар аз инсон ҳайвоне, уқёнусе, ҷоне наофарида ва хеҷ гоҳ нахоҳад тавонист офаридан.

Ва Худованд ин замину ин аҷносро барои гурӯҳе, қавме низ наофарида. Ҳарчи аз мавҷуди зинда ва ғайри зинда аст, ҳаққе дорад ва ҳаққи ӯро риоят бояд кард. Вале ин низ наметавон ҷои баҳс бошад, ки Офаридгор офаридаҳои худро дар дараҷаҳо, қудратҳо, сифатҳо, навъҳо офарида, ки яке нусхаи дигаре нест, яке муодили дигар нахоҳад шуд. Агар ҷое муодиле мебинем, ин на муодил аст, балки нобиноии мост дар дарк ва тавони офариниш. Ва аз ин нигоҳ, бани башар аз беақл то ақли мураккаб дорад, вале ҳеҷ аз махлуқ ақли комил нест, зеро камоли кулл танҳо сифати Зоти ӯст. Инсонҳо танҳо мукаллафанд ба сӯи камол роҳ бигиранд ва талош варзанд. Ва зарфи офаридаҳо якҳаҷм нест. Ҳар махлуқе танҳо дар доираи зарфи худ метавонад ба сӯи камол равад. Нусхаи бебаҳси онро мо худ офаридаем. Зарфе барои гром, зарфе барои килло, зарфе барои тон ва зарфе барои беш аз он. Пас, ҳар гоҳ агар мо қасд менамоем, ки дар зарфи громӣ киллоро ғунҷонем, вой бар мо, ки чунин нахоҳад шуд.

Ва яке аз камоли инсон он аст, ки зарфи худ бишносад. Чун дар ин манзар дармеёбем, ки инсонҳо фитран ва зотан дорои зарфҳои гуногуни ақлоният ҳастанд, бояд ба зарфи худ қаноат кунем ва дар ҷои худ бошем. Яъне, ақлҳои мураккабро гӯш андозем, ба онҳо итоат намоем ва ақлҳои тавоно муваззафанд, ки аз ҳоли камақлон биандешанд ва дар кори аз ақли эшон берун чора биҷӯянд ва аз ин мақоми хеш шукргузорӣ намоянд ва эҳсос намоянд, ки ончунон ки камақлонро бар ақли эшон ниёз ҳаст, онҳо низ ба ақли кулл ниёз доранд. Ва ончунон ки худ аз қудрати ақли кулл раҳмат мехоҳанд, бар камақлон раҳм намоянд, ки ин қоидаро таҳриргаре нест. Вале сияҳбахтии олами инсонӣ аз он аст, ки ин ақоидро риояте нест. Камзарфон муддаои калонзарфӣ доранд, калонзарфон бар ҳаққи камзарфон риоят надоранд ва ҳамин аст оғози ҳама азо ва сияҳҷомагии бани башар.

Ва дар кори эътиқод ва дин ҳам ин ақоид аст ва ҳамчунин риояти он барҷой нест.

Шинохтани кори олам басо мураккаб аст. Ва ин шинохтан яктарз нест, чун зарфҳо як нестанд. Кори башар то он ҷо расида, ки ҳастии Холиқи воҳидро инкор кардаем, ҷавоб ёфтаем, ки: Олам буд… Ва ин ҳама барои умри даргузаре.

Косаи обе ва нони таре дар он аз лаззатҳоест, ки гадо дар он ёфтаву Кайхусраве дар мураккабтарин анвоъ наёфта. Ва ноёфтанист қиссае, ки: Гадоеро писар барои он бикушт, ки каҷкули гадоӣ аз ӯ бибарад. Аммо сафҳаи таърих аз ин қисса пӯсида ва бӯйнок шуда, ки: Шоҳро писар, бародар барои тахт бикушт. Худоё, аз Ту паноҳ металабам аз ин сияҳномиву сияҳкомӣ. Ҳамин Мӯсои калимро Фиръавнҳои вақт танҳо аз барои дунё нашнохтанд. Исои рӯҳуллоро яҳудиёни вақт аз хотири бими аз даст додани ин дунёи сархӯр ба салиб овехтанд. Ҳамин ихтилофи аввалин мусалмонон байни ҳам аз барои як тахти хилофат шурӯъ шуд. Ҷони Ҳасани оштихоҳу ваҳдатҷӯро барои ҳамин олами бӯгин ба косаи заҳр задем. Сари Ҳусайни адлу динҷӯйро сари найза кашида тахти аморатро барои худ ҳимоят кардем. Инчунин ҳастем, эй бандаҳои Худо. Ва боз худро сафед мекунем, фатво мекобем, ки зиштиҳои худро ҷомаи "сӯф" пӯшонем.

Кор то он ҷо расид, ки Расулонро куштем, ба хорӣ додем, шиканҷа кардем. Ва Офаранда Расули наве фиристод, то ба худ оем. Ва кор то он ҷо расида, ки Расули дигар наомад, чун Офаридгор то он ҷо расид, ки: Кор бо Расулон нашуд, ҳисобро худ баробар кунам.

Ва мо, ки бар куштан одат кардем, чун Расуле барои куштану хорӣ кардан наомад, мазҳаб сохтем ва одати куштанҳои худро дар домани мазҳаб идома додем ва дода истода.

Мо худ Худо шудем. Ҳукм мебарорем: Кофар шуд! Воҷибулқатл аст! Дар қавонини давлатдории заминии худ қоида дорем, ки: "Ҳеҷ касро бе ҳукми суд ба ҷазо кашидан раво нест". Пас, чаро дар коре, ки "Суд" на инсони офарида, балки эҷодгари қонун аст, мо ҳукм барорем? Медонем, сазо дар қонунҳои мутлақ ду натиҷа аст: Биҳишт, Дӯзах. Аз кадом мақом мо дар ин дунё биҳишту дӯзахӣ меозем, агар ҳукм ба дасти Қозии Ҳақ-Судя аст?

Садам Ҳусайн афроди кишвар ба ҷабри мазҳаб кушт, Буш ӯро ба ҷабри диктатурӣ кардан бар халқаш ва бо "ваъда"-и ба Ироқ бурдани демократия. Бушро ба чӣ ҷабр мекушта бошанд ва барои ба Амрико бурдани чӣ? Намекушанд? Ӯ кайҳо худро кушта… Зеро ӯ худ унвон гирифт: "Қотили Садам"! Ва ҳафт пушти Садам Бушро "дуогӯ" хоҳад буд…

Ва ҳамоно ки Расули акрам Муҳаммади Мустафо оламро падруд гуфт: Хиштҳои сохтмонӣ дар андак фосилае рӯ ба каҷӣ ниҳода шуд. Умматони пасин каҷҳои рӯи ин каҷианд. Меситоем халифаҳои рошидро ва дареғо, ки ихтилофи уммат аз ҳамин айём манша гирифт ва то кунун каҷниҳӣ рӯи каҷӣ. Ва ҳамагон бар ин ҳикмат сари таслим дорем: Девори каҷро бақо нест. Пас, чаро аз он андеша надорем, ки ин девори каҷи мо рӯзе бишканад ва мо зери ин девор бимирем ва агар зинда монем бе сарпаноҳе монем.

Дар он чӣ бояд? Ин деворро қасди кандан кунем, ҳамоно гарду чанги зиёде моро бипечад, ки андар чанги зиёд ҳар бало роҳ ёбад. Пас, чӣ кунем? Магар тавони он надорем то нуқтаи такягоҳи каҷиро пайдо кунем ва боқии деворро рост хишт бигзорем. Имкон надорад? Чи он асбобҳое сохтаем, ки имкон дорад бигӯем, ки "Имкон дорад". Танҳо шарт як аст. Агар дарк кардем…

Ҳанӯз ҳар рӯзе ба гӯш мерасад: Мазҳаби шиа дар Ироқ масҷиди аҳли суннатро бо намозгузорон ба таркиш дод. Мазҳаби суннат боргоҳи масҷиди муқаддаси шиаро бо саҷдакунандагон ба хоку оташ дод. Худоё, рӯҳи Муҳаммади Расул аз ин ахбор ба кадом ҳол аст!? Расуле, ки фахри расулонаш мехонем, чӣ фахре кунад аз кирдори умматон?

(идома дорад)

Муҳаммади Даштиҷумӣ

устоди Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон


Муҳаммади Даштиҷумӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97