Паткуноб деҳи қаҳрамонхез

Донишнома 24.05.2019 17:56

Паткуноб деҳаест, ки дар 15 км дурӣ аз маркази ноҳия, чун дигар деҳаҳои ноҳия дар байни кӯҳҳои осмонбӯс ҷой гирифтааст. Дарёчаи обаш шӯху мусаффое ҳамноми деҳ дорад.

 Агар ба этимологияи вожаи Паткуноб таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки аввалан ба маънои «паҳноб» омадааст. Ин шаҳодат аз он аст, ки агар ба ҷараёни дарёи Панҷ назар афканем, дархоҳем ёфт, ки нисбат ба деҳаҳо ва мавзеъҳои дигар дарё дар ин мавзеъ бисёртар васеъ паҳн шудааст. Дигар ин, ки Паткуноб шакли вайроншудаи Пут(к)-нов мебошад. Ривояте аст, ки гӯё ба деҳа аз дарёчаи шӯх ба воситаи путк аз куҳ нови чӯбин сохта, об гузаронидаанд ва ба ҳамин хотир чунин ном гирифтааст. Дар луғатномаҳо вожаи «паткуном» низ омадааст, ки «пат»-мӯинаи мулоим ва «куном»-мавзеи шикоргоҳи ваҳшии мӯинадор мебошад. Яъне, макони шикоргоҳ аст ва шояд то ҷое ҳақиқат низ дошта бошад, чунки имрӯз ҳам деҳа дорои маконҳои хуби шикорӣ мебошад. Муъмин Қаноат шоири донишманд маънои вожаи «Паткуноб»-ро оби мулоим (гуворо) маънидод кардааст.

Дар гузашта деҳа аз маҳаллаҳои зерин: Пуни ду, Сари боғ, Тори ҷӯ, Ҷангал, Катку, Каш, Яхдуно, Гров (гирдоб) ва Дашт иборат буд, ки то ба имрӯз боқимондаи ҷойхонаҳо мавҷуд буда, чанде аз ин маҳаллаҳо имрӯз боқист.

То аввалҳои солҳои 30-юм шумораи хоҷагиҳо дар деҳаи Паткуноб беш 100 буд, аммо бо оғози аввалин муҳоҷират ҳудуди 50 - 60 хоҷагӣ боқӣ мондааст. Зимнан, мардуми кӯчбаста дар ноҳияи Муъминобод, Ҳамадонӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ имрӯз зиндагӣ ихтиёр кардаанд.

Ин деҳ аз 61 хоҷагӣ бо шумори 378 нафар, аз ин 203 зан ва 175 мард иборат мебошад. Аз як даҳҳа пеш дида, имрӯз  шумораи довталабон барои шомил шудан ба донишкадаю донишгоҳҳои олӣ зиёд гаштааст, ба хусус бо шумули духтарон.

Дар ниҳоди мардуми Паткуноб аз қадимулайём шавқи донишандӯзӣ бармало мушоҳида мешавад. Аксари мардум соҳиби хату савод буданд, зеро дар худи деҳ дар охирҳои солҳои 1890 то солҳои 1925 ва пеш аз ин ҳам се-чор устодони соҳибмактаб буданд. Мулло Рӯзӣ, Мулло Домуллошоҳ, Мулло Сиддиқ, Муфтӣ Мулло Қурбон аз зумраи он нафароне буданд, ки бо дониши худ дар бекигарии Дарвоз ном бароварда буданд. Ҳар яки ин нафарон хату саводро дар шаҳрҳои калони Самарқанду Бухоро гирифта буданд. Зикр бояд намуд, ки ҳар яки ин устодон дар мадрасаи Қалъаихум-маркази шоҳнишин  низ то чанд муддате дарс гуфтанд.

Пас аз барқарор шудани Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон аввалин раиси Кумитаи иҷроияи тумониспалкоми Қалъаихуми вилояти Ғарм зодаи ин деҳаи зебоманзар Абдулҷамил Ниёзов (аз оне, ки дар хурдӣ овози форам дошту ояҳои Қуръонро ба хубӣ қироат менамуд, Мулло Ҷамил мегуфтанд) буд, ки аз соли 1925 то соли 1927 ифои вазифа намудааст. Ӯ аз илмҳои замонаш, ба хусус аз илми тиб ба хубӣ огаҳӣ дошт ва таҳсилдидаи мадрасаҳои Бухоро буд.

Баъдан, Абдуҷамил Ниёзов чанд муддат сардухтури беморхонаи Янгибозор (имрӯза Ваҳдат) шуда кор кардааст. Маҳорати баланди роҳбарии ӯро ба назар гирифта, вайро ба вазифаи пурмасъул Комиссари (вазири) тандурустии ҶМШС Тоҷикистон таъин мекунанд. Солҳои 1931-1932 ба ҳайси вазири кишоварзӣ фаъолият намудааст. Баъдан дубора ӯро вазири тандурустӣ таъин менамоянд. Саҳми А. Ниёзов дар таъсиси аввалин донишкадаи тиббӣ хеле назаррас буд. Соҳаи тандурустӣ дар давраҳои роҳбарии ӯ ба пешравиҳои назаррасе ноил гардида буд. Чашми бадбинон ин пешравиҳоро дида натавониста, оқибат аз ӯ «душмани сохти шӯравӣ» сохтанд ва ӯро дар соли 1937 дар қатори Шириншоҳ Шотемур ва Нусратулло Махсум бо ҳамроҳии домодаш Алӣ Хуш нобуд карданд.

Гарчанде, ки бо ҳукми Коллегияи Суди Олии ИҶШС дар соли 1959 бегуноҳ дониста шуд, аммо ин доғ тавонист фарзандони ӯро, ки аз худ қаҳрамонию ҷонисориҳои зиёд нишон додаанд, домангир бошад.

Ғозӣ Ниёз - фарзанди ин шахси барҷаста, ки зери фишору таъқибҳо ӯ то ба ноҳияи Шуғнон паноҳ бурда буд, дар оғози соли 1942-дар айни авҷи алангаи ҶБВ ихтиёрӣ ба майдони ҷанг рафт ва аз худ корнамоиҳои зиёде нишон дод. Ӯ то анҷоми ин ҷанги хонумонсӯз дар хати пеши ҷабҳа меҷангид. Ғозӣ Ниёз дар қатори гурӯҳи махсуси сарбозону разветкачиён, барои таъмини бехатарии сарони давлатҳои коолитсияи зиддигитлерӣ ба Эрон фиристода шуда, дар безарар кардани дастаи ҷосусони фашистӣ саҳми хубе гузошт. Тибқи баъзе маълумотҳо дар қатори дигар сабозон Ғозӣ Ниёз низ тавонист аз аввалинҳо шуда, парчами Иттиҳоди Шӯравиро болои Рейхстаг парафшон намояд. Ду маротиба барои гирифтани унвонии олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод карда шуд, вале ҳамон «доғ»-и мерос аз падар ӯро аз ин унвон бенасиб гардонид. Ҷуз ин пешниҳодҳо се ордени «Ленин», «Байрақи Сурх» ва даҳҳо ордену медалҳои дигар сари синаи ин ҷавонмарди фидоиро зеб медод.

Баъди ҷанг Ғозӣ Ниёз ба шуғли дӯстдоштаи хеш ҳунарпешагӣ машғул мешавад ва дар филмҳои зиёде нақш бозидааст. Вобаста ба корнамоӣ ва қаҳрамониҳояш филми «Ду қаҳрамон» (Ғозӣ Ниёз ва Ҳодӣ Кенҷаев) ва «Ғозӣ Ниёз» офарида шудааст.

Аз ин деҳа Шарифов Латиф аввалин касе буд, ки раиси совети қишлоқи Қалъаихум ва баъдан раиси комиҷроияи ноҳияи Нулванд таъин гардида буд.

Аз деҳаи Паткуноб 11 нафар дар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ иштирок намудаанд, ки танҳо ду нафар: Қадамов Давлатшо ва Маҳкамов Орзӣ ба Ватан баргаштанд.

Аввалин мактаби нави Шӯравӣ дар соли 1930 кушода шуд, ки шогирдони аввалинаш Исоев Наҷмиддин, Шарифов Вазир, Неъмонов Султон ва боз чанд тани дигар буда, омӯзгоронашон аз Самарқанду Хуҷанд буданд. Соли 1945 мактаби 7-сола кушода шуд, ки дар байни омӯзгорон духтарони маҳаллӣ; Шарифова Шарафмоҳ ва Зокирова Нурбибӣ дарс мегуфтанд.

Дар рӯзи 8-уми марти соли 1960 барои меҳнати шоён ва дастовардҳои меҳнатӣ ба зодаи деҳа Фотима Суфихонова унвони Қаҳрамони Меҳнатӣ Сотсиалистӣ дода шуд. Фотима Суфихонова депутати Совети Олии СССР низ буд. Инчунин, дар ин қатор Калон Бурҳонова, Нозиҳамоҳ Садриддинова, Начидамоҳ Садриддинова бо ордени «Байрақи сурхи меҳнат» қадрдонӣ шуданд.

Дар гузашта деҳа устоҳои зиёде дошта, ки маҳсулоти коркарди онҳо дар тамоми бекигарии Дарвоз ва баъдан дар тамоми қаламрави ноҳияи навтаъсиси Қалъаихум ва берун аз он (асосан Кӯлоб) маъруф гардида буд. Чунин устоҳо; усто Суфихон, усто Садир, усто Мир… буданд.

Аз деҳа омӯзгорони маъруф зиёд буданд, аз қабили; Исоев Наҷмиддин-мудири маориф, Маҳкамов Ҳотам-мудири маорифи ноҳияи Нулванд, Нидоев Розмаҳмад, Лиқоев Одинамаҳмад, Абдулғаффоров Абдураззоқ, Зарипов Шариф, Суфихонов Хоркаш, Қосимов Абдулқодир, Асоева Гулчеҳра, Розиев Ғозӣ, Зарипов Маҳмадзоир. Зикр кардан ба маврид аст, ки аз миёни инҳо Суфихонов Хоркаш ва Қосимов Абдулқодир бо унвони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудаанд.

Дар деҳа ҷои шеъру шоирӣ низ пур аст, ки зебоиҳои зодгоҳ, диёрро тараннум кардаанд. Мавзӯи ашъори шоирон гуногун буда, аз ҷумла, Раҳмат Ташрифзода навиштааст:

Аз оби зулоли Паткуноб нӯш кунӣ,

Аз чашмаи Салсабил фаромӯш кунӣ.

Ё боз менависад:

                Ба деҳи Паткуноб меҳмон чу гардӣ,

                Бувад обаш мисоли ях ба сардӣ.

                Ҳар он, ки дид боғу меваҷоташ,

                Биҳишти нақд онро ёд кардӣ.

Дар қатори нафароне, ки ба шеърнависӣ шуғл доранд, метавонем номи Ҳоҷӣ Хоркаши Суфихон ва Раҳматшо Шарифовро ба забон биорем. Навиштаҳои ин нафарон дар саҳифаҳои рӯзномаи ноҳиявии «Дарвоз» рӯйи чоп омадаанд. Қосимӣ Диловар низ ду китобчаи насрӣ бо номҳои «Мактабе дар куҳистон» ва «Биёву Юсуфистон кун, ту Дарвоз»-ро рӯйи чоп овардааст.

                Зиёвиддини Назриддин-номзади илмҳои педагогӣ, устоди Донишкадаи омӯзгори шаҳри Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ низ аз зумраи донишмандоне аст, бархоста аз хоки ин деҳ.

                Номзади илмҳои филологӣ, дотсент, фолклоршиноси тоҷик Саъдӣ Қосимӣ низ зода ва парвардаи обу хоки ин деҳаи зебову овозадор аст, ки беш аз 40 мақолаи илмӣ-методӣ навишта, муаллифи 20 мақолаҳои илмию оммавӣ, мураттиби зиёда аз 20 барнома ва маҷмӯи мақолаҳо ва дастурҳои таълимию методӣ мебошад. Муҳаррири 3 барнома ва 5 китоби дарсӣ, муқарризи даҳҳо дастуру китобҳои дарсию методӣ ва рисолаҳои илмӣ аст.

                Дар деҳа имрӯз аз ҷониби соҳибкори шинохтаи ноҳия истироҳатгоҳе бо номи «Чорчаман» сохта ба истифода дода шудааст, ки имрӯз номи деҳаро сари забонҳо кардааст. Дар сифати «Чорчаман» манзумае аз тарафи Ҳоҷӣ Хоркаши Суфихон навишта шудааст:

                … Чорчаман чорбоғи пургул шуд,

                Базмгоҳи гулу булбул шуд…

                Ва бояд қайд намоем, ки номгузории ин мавзеъ низ бо ташаббуси ин донишманд сурат гирифтааст.

                Истироҳатгоҳ аз он номи «Чорчаман»-ро гирифтааст, ки ба чор қисмат ҷудо шуда, ҳар як қисмат боду ҳавои аз якдигар фарқунанда дорад.

                Аз забони Ҳоҷӣ Хоркаши Суфихон, ки яке аз донандагони хуби таърих ва фарҳанги диёр аст, шунида будам, ки мегуфт:

-Ин мавзеъ аз қадимулайём шоҳнишин будааст. Мавзеъе буда, ки ба ин ҷо Зардушт пайғамбар аз таъқиби душманонаш муддате паноҳ бурда, мардумро ба дини худ ташвиқ карда, Наврӯзгоҳе низ сохтааст.  Чун иди Наврӯз мешуд, Зардушт ба болои куҳи Фуруш мебаромад ва аз он ҷо тавассути дашту саҳро ба мавзеи Наврӯзгоҳ , ки дар девлохҳои (чарогоҳи тобистона) имрӯзаи деҳаи Паткуноб ҷой дорад, меомад ва маросими Наврӯзро ҳусни оғоз мебахшид. Наврӯзро он ҷо ҷашн мегирифт. Баъди тантанаҳои Наврӯзӣ ба поён мефуромад ва дар Чорчаман муддате истироҳат намуда, пасон бозмегашт.

                «Чорчаман» имрӯз ба яке аз маконҳои дӯстдоштаи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мубаддал гаштаааст.  

                Аз соли 2017 бо қарори раиси ноҳия муассисаи ибтидоии деҳа ба муассисаи таҳсилоти асосӣ табдил дода шуд ва дар соли 2018 дар ин ҷо мактаби нави замонавӣ бунёд гардид.

                Ҳудуди деҳа калон аст. Имрӯз ба чарогоҳҳои деҳа шумораи зиёди чорпои хурду калон аз ноҳияҳои ҳамсарҳад оварда мешаванд. Чашмаҳои зиёди мусаффояш низ лаззатбахши ҷони сокинон ва меҳмонони деҳ мебошад.

                Деҳаи Паткуноб имрӯз ба се қисмати асосӣ ё се маҳаллаи асосӣ; Сари пул, Паткуноб ва Дашти Паткуноб тақсим гашта, шумораи хоҷагиҳо дар ҳоли афзудан аст.

                Мардуми деҳа меҳмоннавоз буда, пайваста баҳри пешрафт ва ободию созандагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

               

               

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97