«Суруди хайрбод»-и Обама дар Маҷмаи умумии Созмони Милал

Дидгоҳ 22.09.2016 14:08

Давраи раёсати ҷумҳурии Барак Обама дар январи соли 2017 ба поён мерасад. Ӯ дар охирин суханронии худ, ҳали масъалаи барномаи атомии Эрон аз тариқи музокираро намунаи муваффақи поён додан ба буҳронҳо аз тариқи мусоламатомез хонд.

Барак Обама, дар ҳаштумин ва охирин суханронии худ ба унвони раиси ҷумҳури Амрико дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе (20 сентябр), ба баррасии ҷиддитарин буҳронҳои ҷаҳонӣ пардохт.

 Ӯ аз ҷумла гуфт, ки буҳрони Сурия бо идомаи ҷанг поён намеёбад. Ба таъкиди вай, танҳо роҳкори сиёсӣ ба ҷанги дохилии 5 сола дар ин кишвар поён медиҳад.

 Обама дар ин робита ҳамчунин бар аҳамияти фароҳам овардани шароити кумакрасонӣ ба ҷангздагон дар Сурия таъкид кард.

 Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки тайи даҳаҳои гузашта бар шумори демукросиҳо дар сатҳиҷаҳон афзуда шудааст ва афзуд: «25 сол пас аз поёниҷанги сард ҷаҳони имрӯз камтар хушунатомез ва мураффаҳтар аз ҳар замони дигаре аст.»

Аз назари Обама «усул ва мабонии бозори озод, ҳуқуқи байналмилал ва демукросӣ ҳамчунон беҳтарин замина барои пешрафти башарият дар садаи кунунӣ аст.»

Раиси ҷумҳури Амрико, сипас дар робита бо масъалаи Ховари миёна ба нақши Исроил ишора кард ва аз мақомоти ин кишвар хост, ба "сиёсатҳои ишғолгаронаи худ" поён диҳанд ва хитоб ба Фаластиниҳо гуфт, ки мавҷудияти Исроилро ба расмият бишносанд.

Обама ҳушдор дод: «Миллате, ки ба даври худ девор кашида, имрӯзи фақат худро маҳдуд сохтааст.» Ӯ афзуд: «Ҳамаи мо имрӯз дар баробари як гузина қарор гирифтаем; метавонем бо як улгуи беҳтари ҳамкорӣ ва ҳампайвандӣ ба пеш биравем ва ё инки худро дар дунёе ба шиддат марзбандишуда маҳбус кунем.»

Раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард, ки марзҳои кишварҳо ва тафовути миллатҳо, ақвом ва адён набояд ба омили ҷудоӣ ва тафриқа дар сиёсати байналмилалӣ бошад.

Обама ҳамчунин ба барраси вазъияти Русия пардохт ва гуфт, ки ин кишвар дар ҳоли ҳозир дар пайи дастёбӣ ба "шуҳрати аз дастрафтаи худ бо роҳи зӯр" аст.

Раиси ҷумҳури Амрико сипас бо баррасии барномаи ҳастаии Куриёи шимолӣ, ба шиддат аз сиёсатҳои ин кишвари коммунистӣ интиқод кард ва онро хатаре барои амнияти ҷаҳонӣ хонд.

 Обама гуфт: «Вақте Куриёяи шимолӣ ба озмоиши атомӣ даст мезанад, мавҷудияти ҳамаи моро таҳдид мекунад.» Обама ҷомеаи ҷаҳониро фаро хонд, аз вуруд ба саҳнаи мусобиқоти таслиҳотӣ бипарҳезанд. Обама ҳамчунин гуфтааст: "Ман фикр намекунам, ки беҳтарин намуна Амрико бошад", аммо роҳ ба сӯи демократия беҳтар аз роҳ ба сӯи худкомагӣ аст.

Раиси ҷумҳури Амрико таъкид кардааст, ки матбуоти мустақил бояд қудратро назорат ва аз сӯистифодаи он пешгирӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол назарҳо ба ин суханронии Барак Обама гуногун аст. Ба навиштаи расонаҳо суханронии Обама дар Маҷмаи умумии СММ ҳамеша ҷалби таваҷҷуҳ мекард, аммо ин бор, ба қавли хабаргузории Associated Press; «Обама аз ин минбари ҷаҳон "суруди хайрбод" хонд.

Аммо дар Тоҷикистон назарҳо чӣ гуна аст. Ба суроғи чанде аз ҳамватанон меравем:

 Сипеҳри Кароматулло, рӯзноманигор:

 – Дар ин суханронии хайрбодӣ, яъне охирин суханронии Барак Обама дар Маҷмаи умумии СММ як нукта возеҳ аст. Ӯ ба сароҳат гуфт, ки роҳ ба сӯйи демократия беҳтар аз роҳ ба худкомагист. Ин назар як навъ нигарониро дар бораи ояндаи демократияи ҷаҳонӣ нишон медиҳад ва ҳарфҳои ӯ баёнгари он аст, ки ҳанӯз натавонист ба он чи мехост, албатта дар ростои тадбиқи демократия, бирасад. Суханони ӯ дар робита ба вазъияти раванди демократия дар ҷаҳон қобили ситоиш аст. Яъне, ӯ бо ин ҳарфҳо як навъ паёми ошкорро ба бархе аз кишварҳо медиҳад, ки роҳ ба сӯйи демократия беҳтарин гузинаи ҷомеъадорӣ аст ва "обро лой кардану моҳӣ гирифтан" намешавад роҳро ба сӯйи диктотрура ҳамвор кард. Албатта, Барак Обама "мусичаи бегуноҳ" ҳам нест, чун ки бо пиёда кардани бархе барномаҳои вайронгари Пентагон ҷаҳонро ба ошӯб кашид. Аммо дар як мақтаи замонӣӯ аз чанд ҷанги дигар, ба вижа ҷанг бо Эрон ҷилавгирӣ кард. Кори дигари ӯ, пеш гирифтани сиёсати оштӣ ва дар ниҳоят дӯстона бо Кубо ҳам ҳаст. Ва ин ки ӯ, бархе корҳои Буши ҷангталабро ислоҳ кард. Масалан, вай сарбозони амрикоиро аз Ироқ берун кашид, ҳамчунин аз Афғонистон, зиндони пуршиканҷаи Гуантанаморо баст. Вале, як чиз рушан аст, ки бо ин ҳама корҳои хуб симои ҷангталабонаи Амрико тағйир накард. Воқеоти Украина ва Сурия симои ҳукумати Барак Обамаро ҷангталабона барои ҷаҳониён рӯнамоӣ кард

 Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос:

– Фикр намекунам, ки ин суханронии охирини ӯ ҳамчун президент дар арсаи байналхалқӣ бошад . Дар ҳақиқат имрӯз матбуоти озод метавонад ба сиёсати ҷаҳонӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Дар масъалаи демократия ва Украина ҳақиқати ҳолро гуфтааст.

 Абдулфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигор:

– Сад дар сад дурусттарин ҳарфҳоро зад. Ҳама воқеъиятҳоро бо исми худашон бигуфт. Доир ба ниру ва саҳми Амрико низ ҳарфаш дуруст буд, доир ба сатҳи зиндагии мардуми Амрико низ ҳарфаш дуруст буд, ва доир ба вазъи имрӯзи ҷаҳон низ ҳарфаш дуруст буд. Доир ба талабҳои мардум, махсусан, ҷавонон дар саросари дунё низ ҳарфаш дуруст буд.

 Фариштамоҳ Гулова, фаъоли ҷомеъаи маданӣ:

– Ростӣ гуфтаҳош хуб аст. Озодӣ, адолат ва демократия. Аммо ҳамчун Президент дар муддати роҳбариаш ноадолатӣ зиёд буд ва демократия кам назаррас аст. Вайрон кардани ҳуқуқи дигар давлату миллату дин ва сухан гуфтан аз адолатро намефаҳмам. Вақте ки маҳбаси Гуантанамо пур аз маҳбусони бегуноҳ, вақте ки пулис бегуноҳонро бар қатл мерасонад. Вақте ки омӯзгор бо шогирдаш ҳамхоба мешавад ва қонун имкони оиладоршавиро ба дилхоҳ шахс навобаста аз ҷинс медиҳад. Гуфтааш писанду аммо на он қадар.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97