ҚАНДИЛ

Дидгоҳ 03.11.2014 16:11

ШАМЪРО БОЯД ФУРӮЗОН  ДОШТ, ҲАТТО СУБҲ, ҲАТТО  РӮЗИ РАВШАН!.

Аз силсилаи "ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ!.."

(Фоҷиаи мухтасар дар ҳошияи мазҳакаи тӯлонии рӯз)

Дӣ шайх гирди шаҳр ҳамегашт бо чароғ,

К- аз деву дад малӯламу инсонам орзуст!

                                   Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Gulrukhsor Safi-qandilСуқроти ҳакимро пурсиданд:

- Чаро бо ин ҳама фазлу хирад ба душманони ҳасуду ҳақири хеш, ки як умр дар пайи бӯҳтону озори туанд, посухе намегӯӣ?

Донои фозил хандида ҷавоб додааст:

- Агар саге пойи маро бигазад, ман ҳам пойи сагро бигазам?

Шоире посухи файласуфро дар рубоии мондание ба ёдгор гузошта аст:

Дар даҳр ба коми дил расидан мушкил,

В-аз нокасу кас сухан шунидан мушкил,

Ногоҳ саге  газад агар пойи туро,

Бар гаштану пойи саг газидан мушкил!

Аз посухи ҳакимонаи Суқроти файласуф ҳазорсолаҳо сипарӣ шудааст, аммо шиша будани ҳунарманду санг будани беҳунару ҳасуд давру замону макон  надорад, ҳамон аст, ҳамон.

Беҳуда ҳакими нуктадон душманони ҷоҳилу қотили хешро ночизу ҳақир дидааст. Маҳз ҳамин сифлагони бӯҳтонгару ҳасудро таърихи башар сабабгори  марги бузургтарин,оқилтарин, фозилтарин инсони сайёра-Суқрот сабт кардааст.

Саггазида ба чиҳил сӯзандору ниёз дорад, барои пешгирӣ аз  бемории ҷунун, аз гази саги девона. Сӯзандоруи аҳли фазлу ҳунар аз заҳри махлуқи ҳасуду бӯҳтонгар сухан аст. Сухане, ки дар ҳама давру замон корагару чорагар будаву ҳаст ва хоҳад буд.

               ***

Аз куҷо ин ҳама рӯсапӣ,

Аз куҷо ин ҳама русиёҳ?

Ин ҳама хору хас, коҷу каҷ,

Ин  ҳама каҷдилу  каҷнигоҳ?

Майзада, сарзада, кӯчагӣ,

Бебасар, бесамар, хоки роҳ.

Душмани  ҷони аҳли ҳунар,

Беҳунар, бадгуҳар, пургуноҳ,

Санг дар ҷайбу  иғво ба лаб,

Пурхатар, кинаҷӯ, кинахоҳ?..

Кист ин тӯдаи бешараф? -

Ҷуз ҳақи ҳақ каломе махоҳ!..

                ***

Давр дигар шуд!

Давр дигар,давр дигар шуд,

Пой сар шуд, хушк тар шуд,

Гилнишаста мӯътабар, маъруф,

Лабдарида соҳиби гап,

Паршикаста пешпар шуд,

Сабқати "хармӯҳраро бо зар баробар кардан"-и довар  муқаррар шуд,

Бо салои "Давр дигар, давр дигар гашт!.."

Гиру дору ҷаҳли чанговарду ҷанговард сар шуд.

Сурату симои худро ҳар ки бинмуд,

Ҳар кӣ қаҳре дошт, қаҳрид,

Ҳар кӣ ҳар чӣ дошт рӯйи суфраи давру замон бигзошт,                

Ҳар кӣ заҳре дошт заҳрид…

Ҳар кӣ ҳар чӣ ёфт аз ганҷинаи ғайр, 

Зуд аз худ кард, моли худ пиндошт,

Бе риё бардошт, бешарму ҳаё бардошт…

Давр дигар на,ту гӯӣ, рӯзи маҳшар шуд!

Сабқати дору бизан, дузду бибар сар шуд.

Дар хурӯши маҳшари бардору бишкаст,

Пеши чашми тӯдаи сармаст,

Ногаҳон аз гӯр боло гашт чандин  даст,

Аз  даруни гӯр, гӯри  кӯҳна рӯ бинмуд,

Хӯсакампири зи сар то пой маснӯӣ,

Тоқа не, бо чанд монанди худаш даъвогару берӯ,

Тоқа не, бо чанд ҳамранги худаш девонаву бадгавҳару бадхӯ,

Тоқа не, бо чанд ҳамсанги худаш ҷодугару бадрӯ,

Фукболо бо ситеза, кард ғавғо:

- Кист ин ҷо соҳибу соҳибдарак, кист ин ҷо хонуму оғо?

Даври мо, даврони мо омад, вале, охир чаро,

Зери гӯри худ фаромӯшем мо?!

Зиндаам аз мурдаам гумномтар ,

То ба кай хору кафанпӯшем мо?

- Кистӣ ту, дар куҷо будӣ, расида  аз куҷо?-

Аз буруни гӯр, аз ҳар сӯ садо омад, садо.

- Ин манам, ман, як , яки ҳич, дасти кутоҳи Шумо!

Мурдам аз гумномӣ, бадномӣ,

Чун шунидам даври мо омад,

Мани пажмурдаву пӯч,

Ҷон даровардам,  арза овардам:

Солҳо шуд зери гӯрам, зеби гӯрам, нестам навмед,

Чун садои табли давронро  шунидам,

Растам, аз хоки сиёҳ,  растам,

-Ё разолат, қудратам деҳ!-

Ку бидеҳ дастат, ку бигир дастам!

Наъшаи  бухлу риёву фитна  эҳё  шуд,

Хӯсае дасти замон дар даст, по-по шуд,

Ҳай паропар шуд, ҳай тамошо шуд!

Чун  баромад наъши маснуии ношуд,

Бо ҳавои боди бадбӯӣ зи ғори кинаи  худ ,

Ҷаҳл сар афрошт, фитна сар  бардошт,

Шӯри маҳшар  дар мазори куҳна барпо шуд,

Ҳамниҳодонаш зи боди доманаш, 

Бӯйи манфури риёро дарк бинмуданд,

Гӯрҳои  куҳна-навро тарк бинмуданд…

Чашмҳо чун тир бар чашмаш расиданд,

Хашмҳо чун теғ бар хашмаш расиданд,

Тӯдаи мағрур иззатхоҳ, муштҳоро карда боло,

Бе ситоиш, бо супориш, бе мадоро,

Бадгумон,  даҳдаста аз домону аз пояш кашиданд;

- То куҷо,  аз мо гурезӣ, беадаб,

То куҷо бе мо, равонӣ, бенасаб?

Мову ту дар банди як бандем, решапайвандем.

Чун расида фасли дери даркушоӣ, худнамои  худсито,

Бо чӣ найрангу риё, мегурезӣ аз сафи вобаставу ворастаи мо?

Мо даҳони бефарозу мағзи холии ту ҳастем,

Аз  худо бигзар, валекин нагзар аз мо!

Мову ту якроҳу якпирем, дар дурӯғу кина  ҳамзотем,

Дар риёву фитна ҳамширем.

Мисли ту ин лаҳзаро якумр будем интизор,

Лаҳзаеро, ки  сало сар додаву фарёд созем,

К- аз барои як фалонӣ, ду фалонӣ, се фалонӣ..,

Қиммати мо, қудрати мо,  гарчи  ҳич аст, лек ҳастем,

Аз барои қатли аркони ҳунар, аз дина то фардо,

                                       теғи хуношом  дар дастем.

Он   фалониву фалониву фалонӣ.., кистанд?

Рӯдакиро кӯр кардем, Маҳситиро ронда аз хоки диёраш,   

Мавлавиро  санг дар даст то ба хоки Рум пешандоз кардем..,

Мо  барои беҳунарҳо роҳи шӯҳрат боз кардем!..

Даври мо омад, намои даври худ хоҳем будан,

Аз туву аз хеш  садҳо Рӯдакиву

Мавлавиву Маҳситӣ.., хоҳем сохт,

Бо як  ҳарза, бо як гунаи бӯҳтон намудан…

Кистӣ ту? Ҳич кас! Худнамои пешпар, девонаи дайду!

Ту аз он ҳастӣ, ки мо  ҳастем!-

Дидаву дониста  пайбастем.

Бо гуноҳу фитнаи худ, бо риёву кинаи ту!

Пешаи  мо фаркушӣ, иғвогарӣ, ғавғогарист,

Худфурӯши шуғли ту, талбандагӣ, савдогарист…

Андар ин  ғавғову савдо, андар ин сангар, дар ин даъво,

Ту сухангӯи саногуфтори моӣ,

Ту  ғулому бардаи мо, дидаи бедори моӣ.

Зар намеёбӣ ту бе мо, пар намегирӣ,

Бе мадори мо  намепоӣ!

Гарчи туф дорем бар афту намуди зишту бенурат,

То ту ҳастӣ, пири беимон, ҳарзабемор,

Мо нахоҳем монд танҳо, мо нахоҳем монд бекор!

Гарчи безорем аз рангу симоти якдигар,

Дар разолат, дар сиёсат, ҳар чӣ кор ояд,

То ту ҳастӣ,то ки мо ҳастем,

Ҳамнафас,ҳамроҳ, ҳамсонем,

Аз фалониву фалониву фалониҳо..,

Бо дасти  ту  қасди хеш  бистонем,

Ҳар киро хоҳем, бо дурӯғу фитна аз зини

                                   баланди давр афтонем..,

Хуб медонӣ, ки чун:

Бар яке мегӯй: маддоҳ аст,

Бар дигар мегӯй: шаттоҳ аст,

Севумин  маст асту девона,

Чорумин мағруру худхоҳ  аст…

Айби аз ҳар чӣ гарони ин фалониву алониву фалониҳо..,ҳамедон,

Нуктаи андеша, дастури нигоҳ аст,

Илму фарҳанг аст, роҳ аст!..

- Айбу шайби ин фалониву 

фалониву  фалониро..,

Бар  даҳони бефаровези ту мемонем.

Дафтари эҷоди эшонро, ҳақири бесаводак,

Мо ба  чашмони ту мехонем!..

- Ҷаҳд кун, фарёд зан, бӯҳтон бибофу худкушӣ кун..,

                                                            зинда хоҳӣ монд!-

Номи ту машҳури дунё мешавад ,

Лаҳзае сарнақшаи сарнақш иҷро мешавад,

Ҳай тамошо мешавад!..

- Ман ба   ҷон, омодаи фармон!

- Зинда бод, аҳсант, аммо..,

Як фалонии фалонтар аз фалониҳо,

Як  фалонии сафеди аз сиёҳии учоқи мо раҳида,

Як  фалоние, ки айбашро намедонем,

Ҳаст дар дунё?

- Садди роҳи мову харсанги

сари роҳи шумо,

- Ҳаст, дардо, ҳаст!

- Дар куҷоҳо?

Дар ҳама ҷо!

- Ҷурму тақсири  фалонӣ чист?

- Ҷурми аввал: ӯ чаро ҳаст?

- Ҷурми дуввум: ӯ чаро ҳаст?

Ҷурми панҷоҳум:  чаро  ҳаст?!..

Ӯ чаро ҳасту  чаро мо нестем?

Бо ҳама ғавғову даъво,

Бо ҳама бӯҳрону бӯҳтон,ӯ чаро ҳаст?

Ӯ чаро ҳасту чаро мо нестем?!

Ҳастии  ӯ нестии мост!

- Ин  аҷуза , гарчи  з-он дунёст, одами мост!-

Гуфт як соҳибсибил, як марди буздил, буз,

Панд  бояд хонд  аз маккории ӯ,

Хасмро бояст бо теғи каҷу ҳарфи маҷи ӯ кушт,

Баҳра бояд бурд  аз айёрии  ӯ!..

- Ӯ ҳақ, аст  алҳақ!

- Ман на танҳо ҳақ, худи ҳақ, балки ҳақбодам!

То кунун беҳуда қадрамро надонистед,

Ман сухангӯи ҳама беобрӯву нотавонам,

Ӣабҳагирам дар дифоъи ин қабила,

                                зӯри худро хуб медонам,

Алғараз, Он Ҳаст, он ҳақҷӯву он ҳақгӯ намебуд,

Мо сафири раъду тӯфон мешудем,

Сокинони саъди кайҳон мешудем,

То ба гардун  мепаридем, ному унвон мерабудем,

Соҳиби унвони инсонии инсон мешудем.

 Зевари гавҳарнамои давру даврон мешудем,

Фарнамои  шӯҳрату шон мешудем,

Ӯ намебуд, ҳич донӣ ҷову гоҳи мо куҷо буд?

Ҷойи мо дар кибриё, дар арши аъло буд!

Ӯ рабуда килки истеъдоди моро, нуктаи эҷоди моро,

Ӯ намебуд, "Маснави"-ҳо менавиштем,

Як ду се "Шоҳнома" мекардем эҷод,

Бо  ҳавои остини кӯтаҳи  дасти чапи худ,

Як ду се "Роғон" ҳамекардем бунёд,

Бо каланду бели буррои гапи худ!

О, ҳасуд аст, сояи моро зи девори таманно метарошад,

Хоки моро бод карда, бар сари мо тунд мепошад,

Сангару пайкори мо бо ӯ пештар аз зодрӯзи ӯст,

Мо зи ҷурми  ин ҳасудак, ин чунин бадрӯ,

                                    чунин бадхӯ, чунин зиштем,

Мо зи шайби ин ҳасудак, хонавайрон,

                            бесаводу беҳунар, макру риёкиштем…

Ӣуз худи худ ҳеч касро ӯ намебинад,

Мо барояш пӯчтар аз донаи пӯчем, ангиштем.

То зи тахти обрӯ  ӯро  наафтонем,

То зи ҳусни оби рӯ ӯро наафшонем,

Пой аз роҳи риё беҷо намемонем,

Андар ин  раҳ лаҳзае танҳо намемонем!..

-  Ҳой, хомӯш, мӯш дорад гӯш!-

Зери дандон кард ангушти рамуз, хӯсаи фарсӯз,

Мо дар ин пайкор танҳо нестем!-

Мисли мо ҳастанд, мардҳо ҳастанд, коромӯз, роҳомӯз,

Мардҳои занмизоҷи занфурӯш!..

Ин ҳасуд, ин ошиқи сангу гулу хори диёр,

Шомгоҳе, к-аз Ватан бо дидаи хунбор мерафт,

Мо ҳама ҷомаву поҷомаи испед пӯшидем,

Аз паяш то бар нагардад, хок, хоки мурда пошидем…

Сад қадаҳ "испед" нӯшидем,

Мо зи пирӯзиву хушкомиву хушбахтӣ..,хурӯшидем!

Шаҳри бе ӯро пиёда сайр кардем,

Худ агарчанде гадоем, бар гадоён "хайр" кардем!

Гирд- гирди манзили бесарпаноҳаш, то саҳар мастона рақсидем,

Ҳамчу соҳибхона рақсидем, бо ҳавои барбати  шукрона рақсидем!..

Рафту майдони муҳаббатро, ҳунарро,

Аз барои мо, кард холӣ ҳамчу саҳро,

Лек,дардо, шуд намоён аз уфуқ то бар уфуқ

Дар ин халоҷо пӯчии мо, ҳечии мо…   

Рафт, аммо  баъд аз рафти замоне,    

Сурхгун  чун  арғавон бар гашт,

Кӯлвораш пур зи себи сурхи хушномӣ,

"Бештар аз пештар сабзу ҷавон" бар гашт.

Ӯ ҳамон буд, мо ҳамон, нобоб, номатлуб, номаҳбуб,

Ӯ ҳамон буд, сабзу ошиқ, мо  ҳамон хушкида мисли чӯб!

Ҳой, охир,  вою вовайло!..,

Мо, фурӯзон ахтарони бефурӯғи сарди симо,

Мо, каломи  ҳикмати  охизамонии садо,

Бо ҳама ҳазён сурудан, худнамудан..,

Сабқату ҷоизаву унвон рабудан.., нестему ӯ чаро ҳаст?!.

Ин ҳасудак, ин ҳунаркуш, гар набудӣ,

Ҳич кас,ҳаргиз намедонист, мо,

Дар утоқи давлатии кории худ,

Пеш аз оғози  коре, пеш аз  саркӯбии шоиста саркоре,

Фоли ҷоду мекушоем, сеҳру ҷоду менамоем,

Қуфли  ҳар дар, ҳар дари озу тамаъро, ҳирсро..,

Бо калиди сеҳру ҷоду мекушоем.

Ин ҳасудак, гар набудӣ, пардаҳои хонаи девонагии хешро

Бо теғи дандон медаридем, дар алафзори

                                            қади раҳ мечаридем, масту беёд,

Дар сари ҳар санг бо хишти китоби ҳарзаи худ,

 Шаҳру шаҳракҳо ҳамекардем бунёд.

Ӯ  набудӣ, мо  набудем инчунин зишту касифу паст,

Доначин аз хони таҳқир, аз шароби

                                          кӯҳнаи пасмондагон сармаст.

Ӯ набудӣ,  ҳич кас асло намедонист, мо

Аз адаб,  аз фазлу имону шараф дурем, тақсирем,

Аз сари  минбар агарчи назмаке дуздида  мелофем,

Кафшдузду ҳарфдузду бесаводу арзатадбирем...

 Мо агарчи сар надорем, ӯ ҳама  дарди сари мост,

Ҳаст ё не, дар сиёҳихонаи аъмоли мо барҷост.

Чашми мо аз чор сӯ ӯро  ҳамебинад,

Ҷомаашро нусхагирем, хандаашро нусхагирем,

Даста - даста шеърҳояшро ҳамедуздем,

Дона -- дона ҳарфҳояшро ҳамечинем…

Ҳаст то ӯ, мо ҳақиру бесадову бенавоем,

Гар ҳазорон қулла паймоем, гар ба саҳми

          сад ҳазору анд минбару дафтар кушоем,

Соҳиби минбар нагардем, соҳиби дафтар нагардем!

Войю вовайло чаро ӯ ҳаст?!-

Ӯ набошад мо фалониву фалониву фалони..., мешудем,

Ин ҳасудак гар набудӣ, мо ҳама ӯ,

                                          мо ҳама ӯ мешудем!..

Давр дигар шуд гаҳи ҷавлони мо омад,

Бандҳои нотавониро зи аъмоллу забони хеш   

                                                канда хоҳем кард,

Мо варо мисли фалониву фалониву фалонӣ, оқибат,

Бо  дурӯғу тӯҳмату макру риё шарманда хоҳем кард!

- Инчунин сайди балоҷӯ, зеби доми мост,

Қуръаи номаш ба номи мост, - каф задандӣ ҳамбасиҷон,

Мо варо шарманда хоҳем кард!

Хешро дар дидаи  аҳли риё рахшанда хоҳем кард, 

Иддао бар хӯсағампирак нафорид,

Захмҳои кӯҳнареши хешро даҳдаста хорид,

Аз ду дида ашк- хуноби маломатбор борид,

Гила кардӣ мурдае аз номи кулли мурдагон,

- Ман магар аз гӯри худ беҳуда берун омадам?

Оташи рашки тамоми умр дар ҷони ғариби хеш сӯзонро,

Оқибат хомӯш хоҳам кард бо тӯфони нафрат,

Ман варо шармандаи имрӯзу фардо мекунам,

Шуҳраташро мезанам оташ, тамошо мекунам!

Айби ӯро, шайби ӯро ман намедонам, ки медонам!

Аз шумову аз худо, мепурсам охир, бори охир, ӯ чаро ҳаст?

То даме ӯ ҳаст, моро ҳар ду дунё торикистон аст, зиндон аст,

Ҷурми беҷурмии ӯро  ман ҳамекобам,

Айби  беайбии ӯро худ ҳамеёбам:

Бо чӣ неру панҷ даҳ сол аст минбаргиру саркор аст?

Бо чӣ чора, бо чӣ пора, бо чӣ матлаб,

                                          то саҳар шабзиндадор аст?

Моҳро аз дидаи шаб мерабояд, мезанад бар ҷайб,

Аз чароғи ахтарон бемузд гирад нур, маккор аст!..

-Ҳарфи ту бемоя, ҳазёнест, пири сарзада!

Ҷой беҷо кардани санги сабури ишқ осон нест!-

                   ғурриданд гӯристониёни ҳарбдида, зарбдида, 

Баҳри ӯ рӯъётарин, расвотарин парванда мебояд!

- Чашм, як парванда не, сад арза, сад парванда гар шояд!-

- Менависем!-кард боло дастҳои кӯтаҳу

                              чиркини худро хӯсаи муздур,

Аз баландии риёву нафрати худ мекашам шайпур:

-Ки эй мардум, ин ҳамоне нест, ки бе болу пар

                                     якумр дорад дар замин парвоз?

Ин ҳамоне нест, ки бо ишваву ноз,

Ҷанги дуввуми ҷаҳонро кард оғоз?

- Ҳой, инсоф, он замона ӯ набуд, ҳазён нагӯ!

-Бар мани худ шубҳа доред?-

- Шубҳа дорем, ӯ набуд!

- Гар набуд, бо ҳилла  будаш мекунам,

Оташ аст ё шӯъла, дудаш  мекунам!..

- Гӯ, чӣ сон?

- Бо тӯҳмати охирзамон!..

- Омаду моро дубора кард бадбахт,

 Омаду бори дигар  бо хандааш гирёнд моро!

Бо  чӣ сеҳру бо чӣ қудрат ӯ сари пост,

То варо шармандаи даврон насозем,

                  бо риё, бо ҳарза, бо бӯҳтон,

Ҳафт пушти хешро бадном хоҳем кард,

Хешро дар гӯр ҳам эъдом хоҳем кард!

-Кӣ ба бӯҳтони каси бенангу бефарҳанг бовар мекунад?

- Ними дунё!

- Ҳой,  эй ҳамкешҳои бадгумон,

Тир берун ҷаст вақте аз камон,

Мерасад бешубҳа охир бар нишон,

Мекунад бар ҳарзаву бӯҳтони мо бовар,

Тӯдаи ҳамгунаи мо бегумон…

Хандаи безебу сардаш то баногӯшаш расид,

Сирати манфури ӯ дар сурататаш омад падид,

Ахтари берӯияш  рахшид,

Аз забонаш заҳри кину фитна борид,

Аз ҷалоли ноҳалоли  хеш болид,

Садзабон аз давр  лофид:-

Лек бо лафзи ҳақиру оҷизона, бо тамаллуқ, азз сари одат,

Бадгумон талбида нолид:-

- Қиммати манро намедонад,

Арзаамро, ҳарза пиндоранд,

Чун табар, чун теша, ҳамчун  дос,

-Дар зарурат, ман шудам, даркор!..

                          ***

Саҳнагири  беҳунар бо зарби бӯҳтон шӯри даф  хост,

Бешараф, берӯй, беимон, арзон,

иззату шаъну шараф  хост…

 Он ки андар ҷодаи аз гӯр то гӯр, тухми бухлу кина мекорид,

Дар гумон аз киштаи худ баҳра бардорид.

В- он   фалониву  фалониву фалониро,

Дар гумони  мурдаи худ мурда пиндорид,

Хешро тоҷи сару фахру фари айём бишморид,

Ҷумларо хидматгузори хеш бигморид..,

Ормонаш болу пар афрошт,

Хандааш шаҳди ҳақорат дошт...

Раҳнамоён шод гаштанд,

Аз гуноҳи ду ҷаҳон озод гаштанд,

Баҳри хидмат омада иллат ба пойи худ,

Бо ҳавои худ, раҳнамои худ.

- Сарзада, савдозада, ҳон, боракаллоҳ!

 Чун расида  навбати  шайтонгарии мо,

Иблиси худхоҳ, шаттоҳ, интизори амру фармон шав,

Гардгири кафши пойи коргардон шав!..

- Бо ду сад ҷон, ҷони ман, ҷони шумо!..

-  Саҳнаоро, коргардон, ҳон!- 

Аз барои саҳна бозигар  накобед,

Хасми ҷонӣ, душмани дигар накобед,    

Омадам бо пои худ, пойтосар кинаву шарр,                     

Дар ду дунё мисли ман  ёвар наёбед,

Баҳри  худ, монанди ман афсар наёбед!..

                            ***

Саҳнаоро, он, ки  асли ин ҳақирон  аст,

Бозие сар кард,

Он ки худ  з-ин фитнакорон аст,

Бозие сар кард,

Чӯҷаҳоро, он ки пеш аз тухм бишморад,

Бозие сар кард,

Он, ки  тухми фитна мекориду мекорад,

Бозие сар кард!..

Бозии зишти тавони нотавониро,

Бозии хунини маргу зиндагониро,

Бозии маҳви  маъониро,

Бозии қатли сухан, қатли фалониву фалониро…

Ҳосидони заҳрноки  мумиёӣ,

Чодари иғвогариро пора карданд,

Ҷини макри хешро аз кӯза сар доданд,

Шармро аз дидани бешармии худ

Музтару бечора карданд…

Тӯда ҳарфи  қосидони хешро ,

Ҳамчунон савганд бовар кард,

Хешро  бемузд довар кард,…

Аз фалониву фалонӣ дар даме як мӯйи

                         бе ҷурму гунаҳ дар сар намонд,

Аз ҷалолу чоҳи  аркони ҳунар, ҷуз мушти хокистар намонд.

Дар тане як пойҷома, як кулаҳ дар сар намонд…

Ин замон дар гӯшаи дигар,

Хаста мекардӣ суоле як фалонӣ

Аз фалонии дигар ҳайрону музтар:

- Моҳ чанд аст?

- Тирамоҳ аст!

- Қарн чанд аст?-

Бисту як!

- На, даҳ!

- Гар ҳамедонӣ, чӣ мепурсӣ, маро хоҳар - бародар?-

-Мо магар ин рӯзро мехостем аз даргаҳи яздон?

-Давр дигар на, бародар, рӯзи маҳшар шуд,

Ҳар навиро куҳнагие ҳаст, аммо,

Куҳнагии аз мағоки қарни вусто растаи мо,

Дастаки иллатнамои баҳру бар шуд!

-Давру даврон, кошки дигар намешуд!- 

                                           дод посухаш фалонӣ,

Маснади шаъну шараф ин гуна зери по намешуд,

Ҳуққабозон сарфарозу бебасар довар,

Дидаи аҳли назар бенуру беозар намешуд.

Аз барои рӯсапии пиру пиронаш,

Аз барои кандани гӯри фазилат ҷоҳу гоҳу

                                        чавкиву минбар намешуд!

- Давр дигар шуд, чӣ ноҷо давр дигар шуд!

Он ки дар бинвиштани номаш хато мекард,

Маҷлисоро, маҳфилоро, фазлахтар шуд…

Пешроҳу пешгоҳу пешоҳанг,

Аз ҳама бологузар шуд…

- Гарчи ин қурбонии арзон кирои гап надорад,

Чун ҳама  қурбониён ӯ сахт бадбахт аст!

Бо ҳама бефаҳмии худ рӯсапии пир-гоҳе меравад сарфаҳм,

Аъмолаш сазои сад ҷазост,

Орзуяш бод дар мушт аст,

К- ӯ  саранҷом аз ҳасад девона хоҳад шуд,

Кину бухлаш заҳр андар заҳра хоҳад шуд,

Бо ҳама пушту паноҳу пораву унвони талбида, рабуда,

Натонад буд маҳбуби халоиқ,

Чун ҳама раҳдори гумроҳаш,

Бо сухан, бар уммати аҳли адаб бегона хоҳад буд.

Ҳарчи буду ҳаст ҳич аст, моли дигарҳост,

Бори кирдораш ба мизони қазо санги ҷазо монад…

Ҳар чи дорад, ҳар чӣ хоҳад дошт, найранг аст,

Ганҷи ганҷураш лаби ноне ба каҷкӯли гадо монад…

Бо ҳама бефаҳмии худ меравад сарфаҳм, ношуд,

Кундаи пӯсида гар сӯзад, барорад дуд,

Ки саводи бесаводӣ нуктаи матлаб нахоҳад шуд,

Бенасаб ақли насаб асло нахоҳад шуд,

Беадаб садри адаб асло нахоҳад шуд,

Ҳарфдузде соҳиби мактаб нахоҳад шуд…

Бо ҳама бефаҳмии худ меравад сарфаҳм,

Корфармоён ба ҳолаш заҳр механданд,

Ҳамчунон як лӯъбати бишкаста ӯро

Шон дар фарҷоми бозӣ дур андозанд,

Раҳнамоёнаш ба гӯри интизораш латтаи нопок мебанданд!

Бо ҳама бефаҳмии худ меравад сарфаҳм гоҳе,

Чоҳканҳо, к-аз барои моҳ ҳам чаҳ мекананд,

Оқибат дар чоҳи макри хештан хоҳӣ фитод!  

Бо ҳама бефаҳмии худ меравад сарфаҳм гоҳе,

"Пистаи холӣ агар лаб во кунад расво шавад!.."

- Лек лаб во кард, бар шаъни адаб, бӯҳтону даъво кард,

Ҷоҳу гоҳи аҳли фарҳангу адабро, беадаб,

                                        бе шарм, дуздона таманно кард,

Хешрову коргардонони худро, лухту расво кард!..

                               ***

Он фалониву фалониву фалониҳои бе давру замон,

"Зиндагиро саҳни бозӣ дида бозигар шуданд..."

Пойи худро ҷойи Суқрот аз даҳони саг кашида,

Дар дифоъи иззати худ дашнаву шашпар шуданд!

Даф заданду каф заданд,

Дар самоъи рақси мавлоии худ шалпар шуданд…

Он фалониву фалониву фалониҳо..,

Арзаи худро ба санги ёдҳо бинмуда ҳаккокӣ,

Ба риши кӯсаи давру замона ханда карданд:

- Мо фалониҳо, фалониҳо, фалониҳо..,

                              ҳамонему ҳамонему ҳамонем!

Як забон, як рӯй будем, як забон, як рӯй дорем,

Як забон, як рӯй мемонем!

Мо  фалониҳо, фалониҳо, фалониҳо!..,

Дар саломи хеш баҳри субҳи нав пайғом дорем:

- Ишқ, танҳо ишқ!-

Офтоби ишқ моро хандаи парвардигор аст,

Чор фасли сол моро навбаҳор аст,

Пур зи гулбун, пур зи арғушти патунӣ,

Чор фасли сол андар марзи хушрангиву зебоӣ,

Гандуми хуршед мекорем!..   

Мо, ки умре ҷоҳу гоҳу ҷойгоҳи кешро,

Маснаду ҷоҳу ҷалоли хешро,

"Ҳамчунон ҷоми булӯрин рӯй каф бардошта,"

Аз риёву аз разолат, аз шару шӯри шумо,

                                             бегазанд овардаем,

Минбари пасти ҷаҳолат минбари мо нест…

Бузироъа Рӯдакӣ не, шайх Мавло нест,

Мис, на, тилло нест, алҳақ, мис, на, тилло нест!..

Дарси маҳви бесаводиро барои ақли кӯри хеш бигзоред,

Мо каломи ростиро аз забони Мавлавӣ омӯхтем.

Сеҳри рамзи ишқро аз Устоди Ишқ*,

Маънавиятро зи фазли "Маснавӣ" омӯхтем…

Дар бари Ҳаллоҷ будем,

Лаҳзае ки шӯъла аз оташ ҳамераст,

Лаҳзае ки ахгар аз ахтар ҳамеҷаст,

Лаҳзае ки зода сӯйи зодгори хеш рах мебаст,

Лаҳзае ки нур бо нурофарини хеш мепайваст…

"Қаҳрамонон"- и пасини даври мо, даврони мо,

Эй аламфарсудагони пири бемоя,

"Нухбагон"-и навқирони навтамаъ, навширк, навчирк,

Шукри давроне кунед, ки шуморо дида,

                                         ҳамчун нури дида.

Шукри дастоне кунед, ношукрҳо,

Ки шуморо, аз даруни халтаи беномҳо,

                                              бадномҳо берун кашида,

Ҳамчу карбоси дарида, бар сари

                                           фарҳанги наворо такида…

Шукри давроне кунед, ношукрҳо,

Ки шумо тоҷи сару сархелҳо хоранд,

То шумо ҳастед чашму гӯшу ҳӯши ин давру замон,

Оқилон аз ақл девона, фозилон аз фазл безоранд…

Бо давидан, бо ҷаҳидан, бо паридан..,

Ҳич мурғи хонагӣ шоҳин нагашта,

Ботил аст ҳар он чӣ андар ҷайбу ҷевони шумост,

Ганҷ аз ганҷури дигарҳост,

Оқибат хоҳед монд, ҳамчунон он 

                         пири моҳигир бо ташти шикаста…

                           ***

Мо фалониву фалониву фалониҳо.., ҳамонем!

Метавон аз кӯҳнаи мо бар тани захмину

                   хуншори муҳаббат ҷомаи нав дӯхт.

Аз  бақову аз вафои мо, ба қадри қудрати хеш,

Дарси неруи ҷигар омӯхт ё н-омӯхт.  

Мо ҳамон гарданбаландонем, ки чену

                                  ченаки гардунписандонро,

Дар марому дар мақоми хеш умре мепазирем.

Пойи моро гар газад ногаҳ саги девонаи дайду,

Пойи худро аз даҳони саг бигирем,

Лек аз пойи саги девона асло газ нагирем!

Мо ба ҷойи ҳарзаву бӯҳтон ба дастархони ирфон,

Ояи неки паёми ишқи Меҳан мегузорем.

Аз худованди сахо миннатпазирем.

Бо риё, бо фитнагар дасти чапи мо низ қаҳрист,

Бо садоқат хеши хешем, аз ҳасодат дури дурем,

Бо ҳақирон  гап надорем.

Мо ҳамонем, гарчи моро мефурӯшанд ҳар нафас, ҳар дам,

Аҳли бозору тиҷорат нестем,

Бо ҳавасхоҳони талбони лаби нони ҳақирӣ,

Мо намакхори надомат нестем!

Рӯзии мо мерасад аз суфраи фазлу ҳунар,

Аз гадоӣ мегурезем!

Нони моро оташи сӯзони ирфон пухта аст,

Бо гадоён меситезем!

Минбари фаҳшу ҳақорат минбари мо нест,                                       

Мис, на, тилло нест ҳаргиз, мис, на, ки тилло нест!

Чун шуморо, ҳақтаъоло сурату сират надодаст,

Бар тани инсоф боре адлро пироя созед,

Оқибат бо ҳечии худ, пӯчии худ, пеши худ, пеши разолат,

Хешро бемоя созед,

Бо ду чашми кӯри худ бӯсед пойи офтоби оламороро,

Аз барои ҳимматаш, аз барои нури ҷонбахшаш,

Аз барои оташи беминнаташ!..

                          ***

Лаъл дар ангуштарии иззати худ, мо ҳамонем,!

Ҳамчу аҳли ҷоҳу гоҳу роҳ таҳдонем, медонем,

Шамъро бояд фурӯзон дошт, ҳатто субҳ,

                                              ҳатто рӯзи равшан!

Дар сиёҳӣ, шамъро бояд фурӯзон дошт,

                                                 шаҳчароғ афрӯхт,

Ҳар кӣ нопок аст аз оташ ҳаметарсад,

Ҳар чӣ нопок аст андар оташи яздонӣ хоҳад сӯхт!..

                           ***

Давр дигар шуд, чӣ шарзо, давр дигар шуд!

Дар самои бенизомӣ ахтари лофазл зоҳир шуд.

"Шоирӣ, гар бо масал, пайғамбарист!" -

Шоирони дарди миллатзод аз

                       шармандагӣ мурданд, бас диданд,

Шеър шуд колои бозорӣ,

Рӯсапӣ, тарёкӣ, даллоли сари бозор шоир шуд!..

                           ***

Лаҳзае ки рӯсапии пир дар бозори беимонӣ,

Бо саҳми яке даллоли песи рӯсиёҳ,

Дар баҳои тӯҳмати аҳли зиё наъши**

          имон мефурӯхт, ному унвон мехарид,

Он фалониву фалонии намурда, сахтҷон,

Аз барои шаҳчароғе, ки зи оташхонаи

Зардушт нури эзадӣ дошт,

Равғани дил мехариданд,

Аз барои сӯхтан, на аз барои сухт!..

                         ***

"Бо дидаи зулмат натавон дид худоро!.."

Рафтан зи пайи шабраву шабкӯр гуноҳ аст,

Фарҷоми раҳи фитнагарон вартаву чоҳ аст,

Таърих гувоҳ аст, ҳала, таърих гувоҳ аст!.."

ШАМЪРО БОЯД ФУРӮЗОН ДОШТ,

     ҲАТТО СУБҲ, ҲАТТО РӮЗИ РАВШАН!..

* Ҳофизи Шерозӣ дар назар аст.

** Наъш, ҷасад, мурда

*** Сухт,хашм, қаҳру ғазаб

Тирамоҳ, 2014

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97