Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

"Далеле барои сар фуруд овардан пеши шеъру шахсияти Гулрухсор"

Дидгоҳ 04.10.2014 12:02

Шеъри Гулрухсор: Посдори инсоният


gulrukhsor 030303Дар муҳити адабии Тоҷикистон, аз миёни шоъирони муъосири тоҷик, шеър ва шахсияти саркорхонум Гулрухсор Сафӣ аз ҷойгоҳи баланде бархурдор аст. Шаъни иҷтимоъӣ ва маҳбубияти милии ин шоъири номдор дар фазои фарҳангии Тоҷикистон то ҳадде аст, ки шояд камтар шоъире аз миёни тоҷикони муъосир дар замони ҳаёти худ бад- он даст ёфта бошад. Ин моя аз шуҳрат ва мақбулияти омм, дар нигоҳи аввал барои касе, ки беш аз ним қарн ба маснади сухани манзуми тоҷик такия зада ва барои худ эътибор гирд овардааст, мумкин аст одӣ ҷилва кунад. Камо ин ки иддае дар канори шеъри дилнишини ӯ, як умр талоши  иҷтимоъӣ ва муҳимтар аз он даҳаҳо фаъолияти сиёсӣ дар яке аз болотарин рутбаҳои мумкин дар як кишварро дар бахти номдории Гулрухсор (яъне таклил додани сарчашмаҳои комравойи ӯ ба заминаҳои ғайри адабӣ)- ро аз зовияи дигар, гувоҳи растагорӣ ва оқибат бахайрии ин шоъир бидонем: Ба заъми ман пиростадомон гузаштан аз лойзори сиёсат ва он гоҳ ҳам чунон маҳбуб ва хостанӣ мондан, на танҳо кори осон нест, балки басе душворёб аст: Ба вижа, ки силсилаи як гуфтумони сиёсӣ расман аз ҳам гусаста бошад ва фазои нав ба одати мо шарқиён нигоҳе мутлақан тирабин ба соликони собиқро талаб кунад.

Аммо агар аз муҳити Тоҷикистон ҳам дуртар биравем, камтар шоъире аз даруни марзҳои Тоҷикистон тавониста ба андозаи хонум Гулрухсор дар дигар қаламравҳои ҷаҳони порсизабон, яъне Ирон ва Афғонистон таъриф ва таблиғ ва тамҷид шавад. Ӯ аз нахустин шоъироне буда, ки дар остонаи истиқлоли сарзаминаш паси ҳафт даҳаи чирагии сиёсӣ ва фарҳангии Шӯравӣ ва чанд сада дурафтодагӣ ва бойкоти фарҳангӣ, зарурати иртибот бо дигар аколими ҷаҳони порсизабонро дарк карда ва зимни ошнотар шудан бо ганҷинаҳои муъосири шеъри Ирон ва Афғонистон, шеъри худро низ ба ҳамзабонони ин сарзаминҳои хешованд арза карда ва шиносондааст. Дар бисёре аз марокизи фарҳангии муътабари байнулмиллалӣ ва ҷаҳонӣ низ имрӯз Гулрухсор ба унвони шоъире решадор ва мардумӣ, дар канори насли маъдуде аз шоъирони пешрави тоҷик, яке аз намояндагони саршиноси шеъри муъосири Тоҷикистон дониста мешавад.

Насле аз шоъирони тоҷик, ки хонум Гулрухсор танҳо зани ҳозир дар он миён аст, (насли пас аз адибоне чун Мирзо Турсунзода ва Ҷалол Икромӣ), аз ҷумла шоъироне монанди Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноъат, Бозор Собир ва …, насли ба худ омада ва бедоргаре буданд, ки кам- кам доштанд мухтасоти шеъри асили худро ва чеҳраи фарҳанги бумии миллати худро боз мешинохтанд ва боз мешиносонданд ва андак- андак онро аз зери сайтара ва чанбараи фарҳанги бегона ва материалистӣ ва таҳмилии Шӯравӣ берун мекашиданд ва эҳё менамуданд. Бо ҳамин нигоҳ агар бихоҳем ду мавзуъи меҳварӣ ва асосию барҷастаро дар фазои ғолиби шеъри ин насл нишон кунем, бе шак он ду, бозгашт ба мафҳуми миллияти тоҷик (бо ҳамаи тавобеъ ва овезаҳояш), ва пурранг шудани мотивҳо бо ҳамаи доманаҳояш аст. Ба баёни дигар, дар бастагии шароити Шӯравӣ, аз ҳайси диалектика, антитеза, ки мояи ҷудоии руҳи миллати тоҷик аз аҳкоми ҳоким бар фазои фикрии Шӯравӣ буд, ҳамин ду меҳвари мунъакис шуда дар шеъри ин ду насл буд, ки баъдҳо асоси миллият ва ҳувияти Тоҷикистони мустақилро шакл дод ва онро дар масири такомул андохт. Дуруст ба ҳамин далел аст, ки шеъри касоне монанди хонум Гулрухсор тавонист садои зеҳн ва дили умуми мардуми тоҷик шавад, ва аз ҳамин рӯ аст, ки дар осори ҳамнаслони хонум Гулрухсор на танҳо мазмунҳои пешин ҳамчун илтифот ба табиъат ва гилоя аз рӯзгор, балки нигоҳҳои маънавӣ - ирфонӣ ва таваҷҷуҳ ба муноҷоту ёди худо ва ишороту талмиҳоти динӣ ва ҳамчунин зикри машохири ватанӣ ва ёдоварии шукуҳи торихӣ ва фарҳангии ниёконро пуртапиш меёбем. Шеъри ин насл аз ин ҷиҳат рӯйе ба ҷониби гузашта ва рӯйе ба суйи оянда дорад: Аз суйе комёбиҳо ва сарафрозиҳои бумӣ ва миллии пешинро ёдовар мешавад ва аз тарафе зимни нақди хештан ва осебшиносии фарҳангӣ - иҷтимоъии қавмӣ ва кашфи сирри ин аз асб афтодан ва ҷастани сарчашмаҳои ин ба гумномӣ гаройидан, ба оянда умедвор аст ва манзаре бояста ва ормонӣ, аммо воқеъгароёна ва дастёфтани аз фардои миллате ба даст медиҳад ва тарсим мекунад, ки саранҷом, тавфиқи бозёбии асолатҳои хешро ёфтааст.

gulrukhsor 00101Ба бовари ман, агар ғайир аз латоифи адабӣ ва завқварзиҳои мукаррар ё бадеъи шоъирона нукоти дигаре барои ҷаззобтар шудан ва аҳамияти дубаробар ёфтани шеъри ҳамнаслони хонум Гулрухсор қобили баршуморӣ бошад, дақиқан ҳамин маворид болост. Ва ҳамин тадриҷи бозгашт ба бозёфтани усул аст, ки ҳатто бархе "дар роҳи будан"-ҳои фаннӣ ин наслро низ дар назди чу мане пазируфтанӣ ва қобили дарк мекунад. Шоҳидам барои ин нигоҳи ҳамдилона ва одилона ба вижагиҳои шеъри ин насл аз шоъирони тоҷик, яке масалан таҳлил ва решаҷӯйии кайфияти "вазни арузӣ" (дар ростои ҳамин гузор ба сӯи бозёфти шеваи савоб) ба ҷои инкори он ё тасхар задан ба он аст. Ёдоварӣ мекунам, ки ҳамин нукот вазне хосро бархе ба чубдаст барои саркуфт ва ҳуҷчате барои камсаводӣ бадал кардаанд. Ба муъҷазтарин шакл агар бихоҳам назари шахсиамро дар ин боб бигӯям, агар диди ман чунин нукоте дар шеъри ҳамнаслони хонум Гулрухсор ду ваҷҳ доранд: Бахше аз онҳоро бояд ба ҳисоби лаҳҷа ва гӯйиши тоҷикӣ гузошт ва шавқварзона аз онҳо даргузашт ва бахшеро албатта омӯхтаҳои ин насл аз наслҳои дурафтодатари пешин донист ва ба чашмпӯшӣ ва бо ҳусни занн (пиндори нек) дар онҳо нигарист. Чунон ки радди пойи сайри фаннии осори ҳамин наслро низ агар дақиқ бингарем, муҳимтарин вижагиаш, "машйи такмили" он дар тӯли замон ва ба иқтизои шароити рӯзомади фарҳангӣ аст. Ва чунон ки мебинем, бо шикастани ҳажмунии он ҷавви ғолиби боздоронда ва бо тақвияти равобити фаромарзӣ ва дигар лавозими амр, ин "мушкилот" дар осори наслҳои пасин ба ҳадди ақал мерасанд ё ба кулӣ нопадид мешаванд. Нуктаи дигаре, ки бояд дар ҳамин боб афзуд, он аст, ки муҳим мардуми тоҷик ҳастанд: Мухотабони ин гуна шеърҳо, ки бо шеваи арузии ин даста аз сурудаҳо канор омадаанд ва онро дилнишин меёбанд. Камо ин ки худи мо порсизабонони кунунии Ирон низ бо ҳамин вазну меъёрҳои арӯзи пазируфташуда ва муназзамшудаи академикиамон ва бо завқу писанди имрӯзимон метавонем масалан абёти мутаъаллиқ ба садаҳои сабки хуросониро "мушкилдор" бидонем:

Некуйи ту чист ва хуш чи? Эй барно

Дебост туро наку ва хушҳалво.

                                       (Носири Хусрав)

Ҳарчанд навбаҳори ҷаҳон аст ба чашм хуб,

Дидори хоҷа хубтар: Он меҳтар ҳасиб.

                                                    (Рӯдакӣ)

 Аммо ақрони ҳамон қурун ин байтҳоро солим медонистаанд… Ё мо алъон ба сахтӣ метавонем битамома бо ваҷҳи зебойишинохтии мусиқии ин байти Носири Хусрав канор биёем;

 Он бе тану ҷон кист, к- ӯ равон аст,

Ки шунид равоне, ки беравон аст?

 Ва магар арӯз чист ҷуз қарордоди писандидагии оҳанги калом байни гуруҳе аз шунавандагон?

Ё дар бораи лаҳҷа, хуб аст ин байт аз Ҳофиз- шоъири мақбули ҳамаи порсизабонон ва порсидӯстонро мисол бизанам: Байте, ки ҷуз бо дар назар гирифтани лаҳҷаи шерозии ӯ наметавон онро аз ҳайси қавоъиди пазируфташудаи "қофия" солим донист

Салоҳи кор куҷову хароб куҷо?

Бубин тафовути раҳ  к-аз куҷост то ба куҷо

Аммо аз ин фароз бигзарам ва ба сари сухан боз шавам… Як далел (на чандон жарфнигарона, вале муҳим) аз миёни далоили қобили зикр дар тайиди арҷ ва қурб хонум Гулрухсор дар миёни насли худ, он аст, ки эшон дар миёни шоъирони ин насл танҳо занест, ки ҳампойи мардон ва гоҳе болотар аз онон ва ҳам тавониста билохира ба қуллаи муқаддар ва мақдур бирасад. Ва ҳамчунин ин ки дар бархе аз арсаҳои дигари адабии тоҷик низ Гулрухсор нахустин зани хатшикан аст. Аммо агар бихоҳам дар як калом бигӯям, ки чи хусусияти зотие шеъри хонум Гулрухсорро то ин моя дар нигоҳи ман хостанӣ ва арҷманд ва шоёни таъзим кардааст, бе шаку бе таъаммул рӯйи ин нукта ангушт хоҳам гузошт, ки муҳтаво ва хамираю бунмояи шеъри ӯ дар як нигоҳи кулӣ ҳомили паём ва тасвири дилпазири "посдошти инсоният" аст.

Шеъри хонум Гулрухсор ба қавли Ҳофизи Шерозӣ "бас нукта ғайри ҳусн" дорад, аммо он ки кӣ дар назари ман беш аз ҳар чизи дигар шохисаш мекунад, таъкидаш бар "ҳурмату каромати инсон" аст. Ин дақиқа, аз суйе дар миёни осори ҳамнаслони вай, ҷуз аз отифаи модарворзане чун Гулрухсор баромаданӣ набудааст, ва аз ҷониби дигар, аз қофилаи шоъирони он насл, ҳеч шоъири дигаре (то ҷойе, ки ман дидаам ва хондаам) то ин ҳадд ба амду ихтиёр, иҳтимоми хос ва таваҷҷуҳи вижа нисбат ба ин мавзӯъ нишон надодааст.

Медонем, ки Гулрухсор ҳамзоди сулҳ аст: Ӯ тақрибан дар ҳангомае зода шуда, ки сарони башар, пас аз ду ҷанги вайронгари ҷаҳонӣ саранҷом сулҳро баргузидаанд! Ва дуруст пас аз он буд, ки дар гуфтмони ғолиби ҷаҳон бар пошнаи "арзиши каромоти инсон ва ҳуқуқи ӯ ва лузуми парвариш ва ҳифзи он" чархид. Бо ин нигоҳ чандон ғариб нест, ки шеъри Гулрухсор низ себи ғалтони ҳамин руд ва балки мавҷе аз амвоҷи ҳамин рӯдхона буда бошад. Чакидаи сухан он ки камтар шеъре аз сурудаҳои Гулрухсор ҳаст, ки раде аз нигоҳи ситоишгарона ба шаъни инсонро натвон ба наҳве дар он суроғ гирифт. Ва ин танҳо як далел аз ҳазору як далеле аст, ки ман барои сар фуруд овардан дар баробари шеъру шахсияти Гулрухсор дар остин дорам.

Муҳаммад Ҷаводи Осмон, шоъир ва пажуҳишгари иронӣ

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97