Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Нишасти СҲШ чӣ суде дошт?

Дидгоҳ 19.09.2014 16:16

SHOS dushanbe 2014Суоли рӯз:

Дастоварди нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе барои ин созмон бар сурати умумӣ ва ба таври хос барои Тоҷикистон чӣ аст?

Аҷамшоҳ Калонов, пажӯҳишгари тоҷик дар Олмон:

- Бо назардошти вазъияти ногуворе ки имрӯз дар ҷаҳон шоҳидаш ҳастем, бо шумули буҳрони Украина, таҳримҳои пай дар пайи ғарб алайҳи Русия, буҳрони сиёсӣ ва амниятии Афғонистон аз интихобот то ҷанг бо толибону тақдири ояндаи НАТО дар ин кишвар, ва дигару дигар, мушкилоти дохилӣ дар Осиёи миёна, интизор мерафт, ки кишварҳои узви СҲШ дар нишасти мазкур ба масъалаҳои ҷиддитаре бипардозанд. Аммо навобаста аз он ки баъзеҳо ин нишастро ҷиддӣ баррасӣ карда бошанд, ба назарам ҳеч як дастоварди ҷиддие дар тасмимгириҳо барои ояндаи минтақа ва ҷаҳон надоштанд. Ҳамон суҳбатҳои умумӣ ва боядҳову шоядҳое ки ҳамеша гуфта шудаву мешавад. Яъне ҳеҷ дастоварди ҷиддиеро барои тақвияти худи созмон ва таъсиргузории он дар оянда чи дар сатҳи минтақа ва ҷоҳон шоҳид набудем.Он чи ки дар боло оварда шуд дар мавриди он буд ки оё ин нишаст дастоварде барои ин созмон дошт ва ё хайр, ки ҷавобаш ҳам рушан шуд.

Аммо агар ба дастовардҳои ҷузъи ва масхсусан дастовардҳое ки барои Тоҷикистон ҳамчун мизбони ин нишаст кӯмак кардаанд, бипардозем чанд нуқтаро метавонем, муҳим арзиёби намоем. Аввалан баргузории як чунин чорабинии муҳими минтақавӣ дар Душанбе барои боло бурдани имиҷӣ байналмиллалии Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Мизбони як чунин чорабинии муҳим он ҳам бо баргузории чорабинӣ дар сатҳи баланд, метавонад як имконият ва мавқеъи хуб барои барқарор кардани робитаҳои судманд бо соири кишварҳои узв ва нозир бошад. Аммо чи гуна аз ин имконият дипломатияи тоҷик истифода карда, ин аз салоҳияту тавонӣ он вобастагии калон дорад. Дуввумин нуқта ва аз ҳама ҷолибе ки мешавад болои он ишора кард, ин иштироки президенти Узбакистон Ислом Каримов дар ин нишаст ва ташрифаш ба Душанбе ва дидани нармиҳову майлҳо дар муносибати байни президенти Тоҷикистон ва Узбекистон буд.  Яъне нишасти СҲШ ва таҳримҳои Руссия аз тарафи ғарб имконият ва шароитеро ба вуҷуд оварданд, ки оғози наздикшавии тарафҳо ва обшудани ях миёни онҳо эҳсос шавад. Аммо ба ҳар сурат ҳоло хеле зуд аст, ки ба таври қатъи қазоват кунем, чун ҳанӯз қадамҳои амалӣ ва ҷиддие сурат нагирифтааст. Танҳо аз ин иқдомот метавон умедвор буд. Севвум, мешавад кӯмакҳои Чин барои рушди иқтисодӣ Тоҷикистонро ва талошҳову майлҳои тарафи Тоҷикистонро барои наздик шудани робитаҳо бо Чин унвон кард. Аз ҳар иқдоме ки барои рушди иқтисодӣ кишвар суръат мегирад, бояд пуштибонӣ кард аммо инҷо як суоли баҳсбарангез аст, ки ин қарзҳо то ба кай ва он ҳам аз Чине ки бештар як 1 млрд аз он қарздор ҳастем? Яъне бо назардошти вазъи имрӯзӣ дар ҷаҳон ва бесарусомонӣ дар равобити байналмилал, ки баъҳеҳо доранд кучактару баъзеҳо бузургтар мешаванд, бояд мо дар ин масъалаҳо хеле эҳтиёткор бошем.

Номвар Қурбонов, ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии  илмии АИ ҶТ:

- Нишасти имсолаи роҳбарони мамолики аъзои СҲШ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле хуб ва дар сатҳи олӣ баргузор гардид. Дастоварди муҳимтарини нишасти сарони кишварҳои аъзои СҲШ бошад, пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки мақоми кишвари соҳибистиқлоли мо - Тоҷикистонро дар минтақа ва умуман ҷаҳон боло бурд. Яъне вақте дар ин нишаст кишварҳои Ҳиндустону Покистон ва Ирон, ки барои ба ҳайати он шомил гардидан, даъват ба амал оварданд, албатта, дар ин кор нақши Тоҷикистон ва сарвари он назаррас аст. Бинобар ин метавон гуфт, ки баъд аз нишаст обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар минтақа афзуда, умед аст, ки ба як кишвари рушдкардаи олам табдил меёбад.  Баъд аз ин нишаст муносибатҳои дипломатӣ ва робитаҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои ҳайати он хуб мегардад.

Ҳуринисо Ғафорзода, фаъоли ҷомеъаи маданӣ (шаҳрвандӣ):

- Ин як ташкилоти бонуфузи сиёсии ҳарбӣ ҳаст, ки дар минтақаи Авро-осиё як қувваи ҳифзкунанда дар муқобили гегемонияи ғарб фаъолият мекунад. Ва ин нишонаи устувории СҲШ (ШОС) аст, ки дигар давлатхои рӯ ба тараққӣ хоҳиши шомил шудан ба ин  созмонро доранд.

Мо дорем мебинем, ки ин созмон на танҳо эътимоди сиёсии ҳарбӣ дорад, балки барномаҳои  ҷадиди омӯзишӣ ва иқтисодиро дар бар мегирад.

Барои Тоҷикистон, худ шомили ин ташкилот будан як обрӯ аст. Ва дар сатҳи олӣ пазироӣ кардани  дигар аъзо ва меҳмонон худ гувоҳи он аст. Аммо хуб мешуд, ки Тоҷикистон аз потенсиали ин ташкилот барои ҳалли масъалаҳои марзӣ ва иқтисодӣ ба манфиати кишвар дуруст истифода мебурд.

Акмал Қадам, таҳлилгари тоҷик, муҳоҷир дар Амрико:

- Пас аз чандин соли дурии ду ҳамсояи наздик ҷанобон Раҳмону Каримов боз дасти ҳамдигар фишурданд. Дар пушти дарҳои баста аз Роғун ҳарф заданд ва агар манъи раводид байни ду кишвар номаълум боқӣ монд, аммо умеде дар дили миллионҳо нафар андохт. Ошноии бештари хонаводаҳои сарони ду кишвар, Тоҷикистону Чин ва дар як вакт ваъдаи миллиардҳо доллар сармояи Чин ба иқтисоди кишвар барои Тоҷикистон барои чанд соли оянда саҳифаи наве боз кард.

Бозингари асосии ин нишаст ҷаноби Путин тавонист нишон диҳад, ки то андозае ӯ метавонад гирди худ "гладиатор"-ҳои тозае ҷамъ орад, ки истодагарӣ бар зидди блоки қувваҳои ғарбӣ кунанд. Аз он ки нишонаи махсуси ин созмон дар фарқият аз дигар аъзои он ӯ дар галстукаш монд шояд нишон дод, ки Русия чун Шӯравӣ метавонад акнун қувваҳои тозае ҷамъ орад, ки метавонанд системеи тозаи ҷаҳони якрангро (якқутба) шикаст диҳад. Таҳлилгарони рус аллакай СҲШ (ШОС)-ро як гоми қавии Путин шуморида, бо қабули тартиби нави аъзои ин созмонро сипаре аз қатъномаҳои тозаи ғарбӣ мешуморанд.

Маҳфуза Ҳакимова,  мушоҳидагари умур:

- Ба фикри ман агар СҲШ васеътар шавад ва аъзои он зиёдтар гардад, алалхусус Ҳинд, Ирон узви он шаванд, ин метавонад ҷойгузини созмони Шартномаи Варшава, ки дар даврони Шӯравӣ мавҷуд буд ва дар баробари НАТО қарор дошт, бошад. Ман аз он рӯ чунин мепиндорам, ки дар замони ҳассоси муосир, мисли даврони ҷанги сард абарқудратҳо бо ҳам дар ҳоли бархурд ҳастанд ва хоставу нахоста қудтарҳо ба ду ҷино тақсим мешаванд. Ва тавре ки шоҳиди он ҳастем, СҲШ чунин як ташкилоти байналхалқӣ мебошад, ки дар худ ду қудрати ҷаҳони Чин ва Русия ва инчунин мамлакатҳои як минтақаи аз ҷиҳати геостратегӣ муҳим - Осиёи Марказиро дар бар мегирад. Ва он гуна ки қаблан қайд кардам, дигар қудратҳое, ки дар боло аз онон ном бурда шуд ва дар минтақаи худ мавқеъи муҳим доранд, узви он шаванд, СҲШ метавонад ба як лагери пурзӯри ҷаҳонӣ табдил шавад.

Беҳрӯзи Забеҳулло, таҳлилгар:

- Ҳамвор кардани роҳ барои пазириши аъзои ҷадид бо ҳадафи таҳкиму густариши созмони Шонгҳой, тавофуқ барои ифтитоҳи бунёд ва бонки рушди СҲШ, омодагӣ барои эҷоди минтақаҳои озоди тиҷории муштарак ва пешниҳод барои муттасил кардани шабакаҳои барқ, роҳи оҳану мошингард ва таъсиси сохтори воҳиди зудамали созмон аз дастовардҳои муҳимми созмони ҳамкории Шонгҳой дар Дунанбе буд.

Ҳамчунин барномарезии дақиқ ва танзими умури идории иҷлос дар шаҳри Душанбе, роҳандозии маркази воҳиди муҷаҳҳази иттилорасонӣ барои 500 хабарнигори ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ, ташрифи Ислом Каримов- раиси ҷумҳури Узбакистон дар нишасти СҲШ дар Душанбе, ҳузур пайдо кардани мақомоти баландпояи кишварҳои узви нозир ва меҳмон дар Созмон аз дигар нишонаҳои мусбате буданд, ки бидуни шак чеҳра ва ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ тақвият хоҳанд кард.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97