Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Гулрухсор дар китоби сурхи фардо...

Дидгоҳ 03.07.2014 14:38

Gulrukhsor dar kitobiТо шеър ҳаст, ин миллат мондагор хоҳад буд.

Гулрухсор ахиран чанд намунаи ахири шеърашро ба идораи "Миллат" барои нашр фиристодааст. Онро дар остонаи Рӯзи ваҳдат тақдими миллати шеъру шоирпарвар мекунем.

Дар китоби сурхи фардо...

"Дар оғоз сухан буда ва сухан бо Худо буда ва сухан Худо буда! (Аввал сатри китоби " Аҳди Ҷадид",  Инҷили Юҳанно)

Бар  ҳоли сухан гирист бояд,

Бар  ҳоли паёми осмонҳо.

К-аз чарх  расида ҳамчу эҳдо,

Чун мӯъҷизапайки пешавло!..*

Ба ҳоли каломи безаволӣ,

Бар ҳоли мақоми арши аъло.

Бар ҳоли муқаддасе, ки  дорад,

Пайғоми муҳаббати ду дунё.

Бар ҳоли шикасти лаъли маънӣ,

Бар ҳоли шикасти дурри якто,

Бар  ҳоли сухан гирист бояд,

Ба ҳоли Масеҳи дар Чалипо!..**

Бар ҳоли  адаб гирист бояд,

Бар ҳоли адибу сатру маъно,

Бо дидаи ҷон гирист бояд,

Дар марги калому ҳарфи воло.

Дар марги мароми  фазли инсон,

Дар  фаҳми  мақоми ҷаҳлдоно...

…Ҳар ҳарзакитоб дар таги каш,

Ҳар фазли сароб дар сурайё,

Ҳар ҷоми фиреб дар кафи даст,

Ҳар пинаи фитна дар кафи по,

Ҳар карда фирор аз таги дор,

Ҳар ҳарзашиори масту гумро,

Ҳар ҳуш ба пову пой бар гӯш,

Ҳар ҷинзада, фолбин, ҷинзо,

Ҳар хору  хаси шамоловард,

Ҳар кас шуда нокаси риёзо,

Ҳар дуздаки бесаводаки пӯч,

Ҳар почакашолаки тайи по,

Имрӯз  "суханвар"- у ҳариф аст,

Дар анҷумани пур аз фани мо!..

З- ин шеваи марги дастаҷамъӣ

З- ин меваи анчари мадоро..,

З - ин мазҳака саҳфае бимонад,

Чун фоҷиа дар китоби фардо!..

--------------------------------------

* Чалипо, салиб. ( крест)

ЧАРХ

Гирд-гирди хеш,

                        дар гирди ҳама, 

Чархи гардун мезанад чарх,

Чархи бебунёди холӣ,

Шоҳиди норастагиям,  

Пеши гӯши хастагиям,

Боди холӣ

            мезанад фарёди холӣ.

Гурги умри рафтаам

Аз гуспанди  вақти одамхор

                          бетамаъ нест,

Миннати  имдоди холӣ...

Бо ҳавои боди бодӣ,

                            умрҳо, бояст,

Шармаке нанмуда аз аҳли риё,

Ҳарза арзид,

                     шона рақсид,

Бо ҳавои каф-дафи ҷамъияти саршор

                                          аз эҷоди холӣ...

Дар кафи дасти муросову мадороям,

Чун сари пасти ҳавасҳоям,

Мезанад чарх,

                   мезанад чарх,

                                    мезанад чарх,

Чархи гардун,

                      чархи бебунёди холӣ!..

БОНГИ ОЖИР!

(Аз силсилаи "ОЙИНИ ОЙИНАҲО…")

Рӯбарӯйи як ду се ойинаи зангорбаста,

Як ду се гул монда аз як боғ, як боғи биҳиштӣ,

Як ду се гул монда аз як фасл,

Як фасли пур аз сору патунӣ,

Ин ду се гулро, мабод,

Бо неши нохӯнҳои кунди худ начинед!..

Нашканед ойинаҳоро!

Нашканед ойинаҳои ҳақнаморо,

Нашканед ойинаҳои ҷаннату дузахнаморо,

Бе нигоҳи тозаи ойинаҳо, 

Сурати чиркинаки худро чӣ сон хоҳед дидан?

Нашканед ойинаҳо, дилҳои ошиқро,

Ки аз санги қазо

Бишкастани қалби сафоли хешро

Ҳаргиз набитвонед бишнидан!

Аз барои дидани нури ҷамоли як, ду, се

                                                   ойинадастур,                                            

Мазҳаби покизагӣ созед ойини тамошоро.

Чашмҳои хешро шӯед бо нури булӯр,

Нашканед ойинаҳоро,

Нашканед ойини покии сафоро!..

Нашканед ойинаҳоро!..

КИРО БИНАМ?

Дар ойина киро бинам?

Касе нест!

Касе  гар ҳаст

Беҳтар аз хасе нест!

БЕТАҲРИР        

Дарде, ки дар бунёди мост,

Буранда аст,

                    баранда аст,

Сӯзе, ки хоси  ҷони мост,

Шарманда аст,

                      шарманда аст.

Рӯҳе, ки бе мо мепарад,

Паранда аст,

                    парранда аст,

Вақте, ки моро мехӯрад,

Даранда аст,

                    дарранда аст…

БЕМАЪНӢ

Дар муҳити мурдаёри зиндахор,

Бо таманнои ишқу баҳор,

Зиндагонӣ осон нест.

Дар бӯстони пур аз хазанда,

Дар гулситони пур аз газанда,

Гулфишонӣ бемаънӣ, 

Гулшинонӣ бемантиқ

Боғбонӣ осон нест…

БА ДОВАРИ ОХИРЗАМОН

Ба баддуоии  нашукуфтан,

Ба бадҳавоии нарустан,

Ниҳоли сабзи меҳри  маро

Кундаи  хушки бед макун!

Ба чашмбандии надидан,

Ба гӯшсангии нашунидан,

Маро чу нур сиёҳ,

Хешро чу ангишт сафед макун!

Ман аз ҳазор  гӯри ноумедӣ

Бо мадори  умед омадам берун,     

Ту, эй довари гуноҳгори замон,

Дубора бо ситезу ҳарзаву бӯҳтон,      

Умеди боумеди маро,

Ноумед макун, ноумед макун!

БЕОВО          

Ҷилои зарҳалии моҳ

                                тира шудаст,

Нигоҳи шабчароғи ошиқон

                                 хира шудаст,

Моҳи бечора

                       на он маҳи рӯъёст!

Шабони сиёҳ маҳи бегуноҳ

                      ба души ситорагон

Сар ниҳода мегиряд

Зи шарми миллати Инсон,

Ки ба фарқи сараш

Пой ниҳоду узр нахост!...

Дарранда аст!

ХУНИ РӮҲ

Боз аз шарми аёни безабонӣ,

Боз аз сӯзи ниҳони нотавонӣ,

Ранги хуни  қалби ман сурхи сиёҳ

Бо  гули рухсораи зардам

                                        таҷанг аст.        

Лек  ранги хуни рӯҳи ман,

Ки аз сӯзи  муросову мадоро

Зарра-зарра хушк хоҳад шуд,

Ман намедонам чӣ ранг аст!

ҲАМРОҲ

Дар ин шаҳре, ки барқаш тиранур аст,

Ба роҳи ошиқон хишту қубур аст,

Хаёлатро, бигӯ, бо ман биёяд,

Ки шаб торику роҳи хона дур аст!

ҚОНУН

Соати  вақтро ба пас раҳ нест,

Дар масири дақиқаву ҳафта.

Рафтаҳоро зи раҳ нагардонед,

Рафтаҳо

                 рафтаанд,

                                    норафта!

ШИША

Шавқе, ки хумори динагӣ дошт,

Сӯзи назараш ситора мекошт,

Дар пойи ҳавас фитода бишкаст,

Ишқе, ки вуҷуди шишагӣ дошт! 

ДУО

Дар ин шаҳре, ки бенурист нураш

Меҳр арзон бод,

Ба як сомонӣ бифрухта маро

Ганҷат фаровон бод!

ЗАВРАҚИ ХОЛӢ

Заврақе дур мешавад аз ман,

Заврақи бемусофири холӣ,

Заврақи ишқ, ишқи бебунёд,

Дар дили баҳр,

                       баҳри бадфолӣ…

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97