Ҳизбҳои сиёсӣ ба чӣ дарде мехӯранд?

Дидгоҳ 24.06.2014 20:07

Саволи рӯз:

Оё аҳзоби сиёсӣ воқеан барои Тоҷикистони имрӯз лозиманд?

Агар бале, ба чи дарде мехӯранд?

Ва агар не, чаро нолозиманд?

Behruzi zabehuloБеҳрӯзи Забеҳулло, таҳлилгар:

- Агар мо муддаии бунёди ҷомеаи демукротик ва ҳуқуқбунёд бошем, пас вуҷуди аҳзоби сиёсӣ на танҳо лозим, балки зарурӣ аст. Ҳар системаи сиёсӣ аркони хоси худро дорад ва аҳзобу созмонҳои гуногун ҷузъи ташкилдиҳандаи ҷомеаи маданӣ маҳсуб мешаванд. Дар як ҷомеаи демукротик фазо бояд ба гунае ҳоким бошад, ки ҳукумат ва мардум ба аҳзоб ба унвони рақиби сиёсӣ нигоҳ кунанд на душман. Дар ҳақиқат аҳзоби сиёсӣ дар як ҷомеа мудофеи ҳуқуқ ва манофеи мардум дар баробари қудрати ҳоким маҳсуб мешаванд. Саркубӣ аҳзоб дар ҳар кишваре ба маънои зуҳури диктотурӣ ва қатли гуногунандешӣ ва озодиҳои фардӣ дар дохили ҷомеа аст. Агар ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба таври дилхоҳ амал намекунанд, ба маънии нолозим будани онҳо нест, балки ҷомеаи мо таҷрибаи кофии фаъолият дар системаи сиёсии бисёрҳизбиро надорад. На аҳзоб таҷрибаи кофӣ доранд, на мардум собиқаи зиндагӣ дар системаи озод ва на ҳукумат таҳаммули бардошти рақибро дорад. Ин се омил заминаро барои гуруҳи хосе ҷиҳати яккатозӣ дар қудрати сиёсӣ ҳамвор кардааст. Аз суи дигар, аҳзоби сиёсӣ низ ба далели камтаҷрибагӣ, бетафовутии мардум ва заъфи имконоти моливу таблиғотӣ дар мавқеияти баде қарор гирифта, аз зарфияти ками таъсиргузорӣ дар афкори умумӣ бархурдор ҳастанд. Мо агар хостори бунёди ҷомеаи маданӣ ҳастем бояд мутобиқи қонуни асосии кишвар шароитро барои фаъолияти яксони аҳзобу созмонҳои сиёсӣ фароҳам намоем. Ин танҳо роҳи ҷилавгирии афрод аз гаройиш ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ ва пинҳонкор аст, зеро амнияти воқеӣ танҳо дар муҳити озод шакл мегирад. Ин се омил заминаро ҷиҳати яккатозии гуруҳи хосе дар қудрати сиёсӣ ҳамвор мекунад.

Suhrobi ziyСуҳроби Зиё, хабарнигор:

- Бидуни шак, аҳзоби сиёсӣ рукни муҳими як ҷомеъаи демукротик ба ҳисоб мераванд. Агар миёни ҳизбҳо дар ҳар кишваре рақобати солим барои расидан ба қудрати сиёсӣ вуҷуд дошта бошад, он боиси пешрафту шукуфоийи ин кишвар мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳам ҳашт ҳизби сиёсӣ фаъол ҳастанд. Аммо ба ҷуз аз се ҳизб, яъне ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, наҳзати исломӣ ва коммунист аҳзоби дигар дар ҷомеъа ҷойгоҳе надоранд ва танҳо дар остонаи интихоботҳо садояшон шунида мешавад. Ба назари ман, Тоҷикистон барои расидан ба як ҷомеъаи воқеъан демукротик ба вуҷуди аҳзоби сиёсии қавӣ ниёз дорад. Аз аҳзоби ба истилоҳ “кисаӣ”  барои кишвар суде нест ва онҳо дар пайкари кишвар ангушти шашуми дастро мемонанд.

Аз тарафи дигар, бо таваҷҷӯҳ ба бофти сиёсии Тоҷикистон ба саҳна омадани аҳзоби воқеъан мустақил ва қавӣ дар солҳои наздик ғайримумкин ба назар мерасад.

MehmonshohМеҳмоншоҳ Шарифов, пажуҳишгар:

- Бале, ҳизби сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ зарур аст, агар мақсад аз доштани ин чизҳоро дар ҷомеа дуруст шинохта бошем. Бубинед, мақсад аз доштани фарҳанги сиёсӣ ин доштани муносибат ва сохтани ҳаёт дар сатҳи баландтари инсонист. Барои фаҳмо шудани ин фикри содда ва санҷидашудаи инсоният як мисол меорем. Масалан, дар мо то ҳол овардани таърифи Арастуии "сиёсат"-ро дар бораи санъати роҳбарӣ кардан дӯст медоранд, вале як чизро воқеан дарк накардаанд, ки Юнониёни қадим барои маънии ҳаётро ифода кардан калимаҳои гуногун доштанд. Масалан, барои мафҳуми "ҳаёт", ки ҳама мавҷудоти зиндаро то ҳайвон, инсон ва худоёнашонро дар бар мегирифт, калимаи zoe -ро истифода мекарданд, барои шакли дигари ҳаёт, ки махсуси инсонҳо ва шахсиятҳо буд, bios - ро истифода мекарданд. Мақсад аз ин ҳарфҳо ин аст, ки дар мо имрӯз як чизи одӣ, вале муҳимро дарк накардаанд, ки ҳаёт ин шаклҳои худро дорад ва маънии "сиёсат" ин танҳо ишорат ба politikos масъалаҳои шаҳрдорӣ нест, балки боз ишорат ба муносибатҳои мардум дар сатҳи баландтар ва ё шакли нави ҳаёти инсонӣ ҳам ҳаст. Вақте ки мо дар бораи сиёсат дар Тоҷикистон ҳарф мезанем, ҳамин ҳаёт ва инчунин сохтани шакли мувофиқи инсонии ҳаётро барои мардум дар назар дорем, ки фаромуш шудаанд ва ё ҳанӯз аз тарафи сиёсатмардони мо дарк нашудааст. Ва онҳое ки ин чизро дарк мекунанд ва шакли нави замонавии ҳаёти мардумро дар доираи қонун ва истиқлол сохтан метавонанд, воқеан сиёсатмадоранд... Фикр мекунам, имрӯз дар Тоҷикистон барои сохтани ҳаёти мардум на бо гап, балки дар амал воқеан ҳизбҳои пухтаи сиёсӣ заруранд. Ва ҳукумати Тоҷикистон набояд моли касе, гуруҳе ва ҳизбе бошад, бояд шароитро барои ташкили фазойи солими сиёсӣ ба вуҷуд биёрад. Дигар чиз, аз ин падида, ки баъзеҳо мегӯянд "сиёсат чизи ифлос аст" бояд даст кашид. Ва инчунин аз фарҳанги исломии худ набояд ҳаросид. Ин фикри ман нест, балки фикри мутафаккирони пештози имрӯз Ҳабермас ва дигарон аст, ки барномаи дунявияти ғарбро ноқис ва нопурра меҳисобанд. Аз тарафи дигар вақте мардуми Тоҷикистон имкони гуфтугӯи сиёсӣ доранд ва худ дар сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол ҳастанд, барои ҷараёнҳои бунёдгаро, барои террор ва хушунат дар ҷомеъа ҷой намемонад. Хулоса, мақсад аз сиёсат, ин доштани ҷомеаи шаҳрвандӣ, бехатарии иҷтимоӣ ва вуҷуди маруми Тоҷикистон аст..

Lola olimovaЛола Олимова, таҳлилгари байналмилалӣ:

- Системаи бисёрҳизбӣ ба монанди рақобат дар бозор аст. То чанде рақобат тезу тунд шавад, ҳамон қадар барои мизоҷон хуб аст, чунки нарх арзон мешавад, хидматрасонӣ хубтар мешавад ва чандин ниёзҳои дигар ҳам. Дар шароити имрӯзи Тоҷикистон мо инро намебинем. То чанде ҳокимият бузургтар мешавад, ҳамон қадар хидматрасонӣ ба халқ заифтар мешавад. Рушди иқтисодӣ, агар то андозае дида мешавад, аммо рукуд дар бисёре аз соҳаҳо, алалхусус дар бахшҳои инсонӣ ба назар мерасад.

Ҳар ҳокимияти мутлақе талош мекунад, ки ба танҳоӣ ҷомеъаро идора кунад ва моил ба табдили ҳукумат нестанд. Ин бад аст, зеро вақте ҳизби ҳукмрон аз рақобат намеҳаросад, дар ин сурат як навъ дур шудан аз ҳақиқат ба миён меояд. Дар чунин ҳолати адами тавозун миёни мардум ва ҳокимият дер ё зуд боиси табдил шудан бо хушунати ҳокимият мегардад. Барои он ки ҳукумат бояд хидматгузори мардум бошад, на мардум хидматгори ҳукумат. Ин қонуни илоҳӣ низ ҳаст. Ҳар ҳизби сиёсӣ, бояд инро бидонад. Аммо на танҳо дар мо, балки дар аксари кишварҳои дигар низ неруҳои сиёсӣ инро аз ёд мебаранд.

Ҳадаф аз талоши ба даст овардани ҳокимиятро низ барои гирифтани имтиёз барои худ ва гуруҳи хурде аз афрод медонанд. Мушкили ҳамаи ҳизбу гуруҳҳои сиёсии мо ҳамин аст. Ин ақида ғолиб аст, ки ҳоло ҳар касе ба қудрат бирасад, пеш аз ҳама барои пур кардани ҷайбҳои худ талош мекунад. Ҳамин гумон шояд дуруст бошад, зеро дар мо фарҳанги сиёсии ҳокимият ҳоло расм нашудааст. Барои ҳамин аст, ки мардум дигар ба ҳамаи гуруҳҳои сиёсӣ бебовар шудааст.

Abubakri FayzaliАбубакри Файзалӣ, хабарнигори муҳоҷир, Русия:

- Аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон, чун дар дигар кишварҳои демократӣ, лозим ҳастанд, зеро аҳзоб дар баробари ВАУ василаи акси садои мардум гаштааст. Аммо мавзӯи дигар он аст, ки онҳо чӣ гуна фаъолият доранд ва аз дасташон чӣ коре ҳам меояд? Аксари онҳо мусолиҳакор ҳастанд ва онҳое, ки мусолиҳакор нестанд, ба ҷуз аз танқиди ҳукумати вақт, ягон барномаи ҷиддии раҳоии кишвар аз бунбасти иқтисодиро надоранд ва танҳо тақозои раҳоӣ аз бунбастҳои сиёсӣ ва ё васеъ кардани онҳоро бонг мезананд.

Агар ин аҳзоб пешниҳодҳои дар самти беҳтар кардани шароити зисти мардум мекарданд, дар ВАУ пешниҳод мекарданд, чун дар порлумон аз ин пешниҳодҳо сарфи назарҳое ҷой дорад, ва агар онро баъди чанде ҳукумат аз номи худаш ҳам пиёда мекард, беҳтар мешуд ва хоҳу нохоҳ маълум мегашт, ки ин пешниҳоду барномаи кӣ буд, ва агар он пешниҳоду барнома ҷолиб аст, ҳукумат илоҷ надорад, ки онро напазирад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97