Занги охир садо намедиҳад. Чаро?!

Дидгоҳ 12.06.2014 16:40

zangi okhir sado namedihadСуоли рӯз: Назари шумо ба маросимҳои Занги охир, ҷамъоварии маблағ барои хатми мактаб ва кордзании мактаббачагон, ки ахиран бар асари чунин ҳодисае як хонандаи мактаби 66-и Душанбе ба номи Баҳриддин Зарифов кушта шуд, чист? Ин ҳолат баёнгари чист?

Siyvush -01Сиёвуш Ҷунайдӣ, шоири муҳоҷир, Бишкек:

- Ростӣ барои ман шевае, ки Шумо масъаларо матраҳ кардед, ҷолиб аст. Маросими Занги охир - ҷамъоварии маблағ-кордзании мактаббачагон. Аз ин суол дармеояд, ки ин се падида бо ҳам муртабит ҳастанд. Оё дар воқеъ чунин аст? Ман, ки аз воқеъиёти имрӯзи Тоҷикистон ҷисман дурам, ба мантиқ ва натиҷагирии Шумо бовар мекунам, ки ҳаминтур аст, ки мефармоед. Ҳарчанд набояд интур бошад.

Ин падидаи бисёр таассуфбарангез аст. Занги охир, дар ҳар сурат, як ид аст, иди бисёр муҳим дар ҳаёти навҷавононе, ки таҳсилоти мактабиро хатм мекунанд ва по ба дунёи ноошнову мармузу ҷаззоб ва ҳамзамон махуфу пурбиму бегона мегузоранд. Агар давлат наметавонад ин Идро барои навҷавонон, ки пайваста бар ояндаи кишвар будани онҳо аз меҳробу минбарҳои мухталиф таъкид мекунад, созмон диҳад ва пушиши молии онро ба уҳда гирад, ҷамъоварии маблағ барои таҷлили сазовори он на танҳо бад нест, балки кори хайр ва савобе ҳаст. Ба муаллимҳои мактаб бисёр сахт нагирем. Аммо дар хусуси кордзанӣ… Чанд дӯсти хориҷӣ дорам, ки муқими Тоҷикистон ҳастанд. То чанд соли пеш дар ҳар тамосе, чи ҳузурӣ ва чи телефониву интернетӣ бароям аз амнияти Тоҷикистон таъриф мекарданд. Бархе, ки ба тақозои фаъолияти худ дар кишварҳои мухталифи пасошӯравӣ сафар мекарданд, Тоҷикистон ва Душанберо аз амнтарин кишвар ва шаҳрҳо дар ин ҳавза медонистанд. Ман ҳамон вақт эҳсос мекардам, ки ин эманӣ ва ин бехатариро чандин далоил ва авомил аст, ки муҳимтарини онҳо - фазои баъдиҷангии кишвар ва руҳияи баъдиҷангии мардум ва контроли саросарӣ ва густардаи давлат бар тамоми равандҳои ҷомеъа аст. Амнияте, ки бар ин омилҳои машкук ва шикананда какор дорад, ҳаргиз пойдор ва устувор нахоҳад буд. Насли ҷавони Тоҷикистон як ҷамъияти бузургест, ки дар хусуси ҷанг ё аслан тасаввуре надорад, ё як тасаввури мавҳум ва парокандае дорад. Бар касе пушида нест, ки Тоҷикистон тамоми солҳои истиқлоли пас аз Шӯравиро бидуни идеологияи равшан ва возеҳи миллӣ вуҷуд дошта ва дорад. Идеологияи Шӯравӣ ин ҳама сол ё ба масхара ва нафрин ёд мешуд, ё бо ҳасрат ва носталжии он замони амну серу пур, ки ин ҳар ду шева барои ҷавонон бегона ва ғайри қобили пазируфтан аст. Идеологияи миллатдӯстӣ ва миҳанпарастӣ, ки дар воқеъ омӯзае шариф ва муқаддас аст, мутаассифона комилан таҳриф ва беэътибор шуд. Дар ин робита як ҳарфи бисёр забонзада ва пешипоуфтодаро мегӯям, ки ҳақиқати ҳоли мо ҳамин аст. Яке аз корбарони интернет дар пойи як мақолаи бисёр бодабдаба ва мутантани муаллифи тоҷик навишта буд: "Бошад, дар рӯзҳои таътил Ориёиҳои Бузург бошед, аммо дар рӯзҳои корӣ биштобед ба назофати ҳоҷатхонаҳои Маскав! Ин ҷумла он қадар бароям зананда ва муассир буд, ки ман дар ҳофизаи компютерам ҳифзаш кардам. "Ладно, по выходным будьте Великими Арийцами, а по будням марш, чистить московские сортиры!" Ҳоло баргардам ба суоли Шумо. Мо аз ҷавононе, ки дар чунин муҳит ва бо чунин руҳия калон шудаанд, чи интизоре метавонем дошта бошем? Ман намехоҳам калоғи шумхабар бошам, аммо ба назар меояд, ки ин ҳама ҳоло танҳо оғоз аст. Ин наслест, ки вақте ҳанӯз волидайни онҳо аз шоки ҷанг берун наомада буданд, вориди зиндагӣ шуданд. Наслест, ки ҳатто наметавон гуфт орзу, умед ва самимияту ихлосро аз он рабуданд, зеро ин наслест, ки орзу, умед ва самимияту ихлосро намедонад, ки чист. Ин насл ҳоло "ҳадя"-ҳои бисёреро барои мо дар бағал дорад. Танҳо ҳамин даст пеши бар гирифтанҳои маҷбуриаш пеши мо бузургон нархи бисёр гароне дорад, ки феълан барои мо эълон накарда аст!

Қатли як ҷавоне дар остонаи зиндагӣ, албатта фоҷиъае пурдард ва ғамангез аст. Ман ба волидайни Баҳриддин Зарифов ҳамдард ва ғамшарик ҳастам. Хушунат ва зургӯйӣ дар байни наврасон, дар мактабҳо ҳамеша вуҷуд дошт. Ҳатто дар замони шӯравӣ. Аз назари равонӣ ва равоншиносӣ навҷавонӣ давронест, ки як фард тоза шуруъ ба худшиносӣ мекунад, талош мекунад, ки мавқеъи худро дар ҷомеъа, ё сотс(ц)иум, ташхис ва таъйин кунад. Яке аз шеваҳои таъйиди худ дар ҷомеъа ҳамин хушунат ва зуроварӣ бар дигар ҳамсолон аст. Аммо камоли бадбахтист, агар ин шева ба падидаи густурда ва саросарӣ табдил ёбад, ки мутаассифона нишонаҳои онро дар Тоҷикистон мушоҳида мекунем. Вале дардноктар аз ҳама ин хушунат ва зургӯийи бузургон ба кӯдакон аст. Хушунати муаллимон ба шогирдон. Ҳамзамон бо ҳодисаи қатли Баҳриддин Зарифов мо ҳамагӣ аз тариқи расонаҳо аз ҳодисаи нангбори лату куб шудани Меъроҷ Азизхонов ном як мактаббача ба дасти Аҳрор Мирзоҷонов, муаллими тарбияии ҷисмонӣ (!) барои надоштани либоси мактабӣ огоҳ шудем. Чунин афрод сазовори ҳама гуна муҷозот ва мукофоти амал ҳастанд. Аммо дар мавриди аввал агар мешавад бо ҳукми додгоҳ иктифо кард, дар мавриди дуввум бояд ҷомеъаи маданӣ назари худро ба гунае иброз намояд. Масалан аз роҳи накуҳиши ҳамагонӣ. Як устоде, ки бар сари як кӯдак даст боло мекунад, бояд дар дарёи нафрат ва нафрини ҳамагонии мардум ғарқ шавад! Вале, ростиро ман зиёд некбин нестам. Қазияи дар садамаи бо ширкати фарзанди як мақоми олӣ кушта ва захмӣ шудани афрод ва аз шикояту даъво даст кашидани наздикони онҳо, рӯйдоде буд, ки вазъияти имрӯзаи Тоҷикистон, ҷомеъаи шаҳрвандӣ, руҳия ва хулқу хислати мардуми моро барои ҳамагон намойиш дод. Ҳамин ҳастем, мутаассифона.

Rano ZoirdukhtРаънои Зоирдухт, шоир:

- Бубинед,ки суҳбатҳои судманде, ки тариқи расонаҳои хабарӣ манзури омма мегарданд, суолеро ба миён меоварад; «Оё ин ҷонсӯзии аҳли қалам, ки бозкушоии захмҳои ҷомеа ҳастанд, мавриди вокуниш дар ҷойҳо мешаванд? На! Ҳама ба кори худ сарбанданд. Чӣ парвои кушташудаву мурда доранд?! Занги охир ба як маъракаи оммавӣ мубаддал гаштааст Духтарони хатмкунанда чун аз солонҳо (ороишгоҳҳо) дар ин рӯз берун меоянд, кас фикр мекунад, ки шаби арӯсии бону бошад. Писарон бо ороиши мӯйҳои рӯйи чеҳра уфтодаи хеш, гӯӣ, ки ба истилоҳ «парик» пушидаанд, касро дар шигифт мегузоранд. Ҳич кас ва ҳатто худи масъулини ин соҳа дар ин хусус чораандешӣ надоранд. Тарбиятдиҳандагон-устодон боз ҳам худ ба суоли мо посухи мушаххас медиҳанд; «Хайр монед занги охир дар ҳаёташон як маротиба мешавад», «пешсафон»-и ин «мусобиқа»-и худнамоӣ киҳоянд?! Вазорат оё қабл аз Занги охир қарори гузаронидани ин маъракаро таҳлил мекунад? Масъулини шуъбаҳои маъориф ояндаи ҷомеаи кишварро дар чи мебинанд, тоҷирӣ дар ин муассисот афзудааст. Ин бонги хатар аст. Ин соҳаро, яъне хонандагонро «спонсори омӯзгорон» ном мебаранд. Боз ҳам на ҳамаи онҳо албатта ин гуна ҳастанд. Ин самт таҳлили ҷиддӣ мехоҳад. Суҳбатҳо, вохӯриҳо, озмунҳо, дарсҳои иловагӣ, сафарҳои хонандагон ба дигар шаҳру навоҳии кишвар робитаи дӯстии хонандагонро ба роҳ гузоштан метавонад ба кам шудани ҷиноят дар сафи ноболиғон мусоидат кунад.

Sadii MahdiСаъдии Маҳдӣ, устоди ДМТ:

Маросими Занги охир, ки барои хатмкунандагон аст ва онҳо ёздаҳ соли таҳсили якҷояашонро ҷамъбаст мекунанд, хусусияти рамзӣ дорад. Солҳои ахир он ба як маросиме, ки натиҷааш ба бадӣ меоварда, тарсим гашта истодааст. Ёд дорам, ки дар Занги охирини охирин автомобили Шамсиддин Раҳимов - бародари ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов ба мошини хатмкунандагон бархурд, ки дар натиҷа як шахси бегуноҳ - Шамсиддин - довари дараҷаи олии гуштии миллӣ аз дунё чашм пушид. Ростӣ ман он вақт матлабе бар зидди ин одати бад низ навишта будам. Вазорати маориф ва илм дуруст кард, ки баргузории Занги охирро дар доираи мактаб таъин кард. Албатта гузаронидани Занги охир дар доираи мактаб бошад, ин кор дигар асту кордзании мактаббачаҳо ҷиноят. Пас якеро ба дигаре набояд қотӣ кард. Вале агар ба хотири як амали ҷинояткорона як расми мактабиро барҳам диҳем, ин беинсофӣ мебуд. Гарчанде ман муқобили Занги охирам, вале росташро гуфтам.

SHoira RahimjonШоира Раҳимҷон, хабарнигор:

- Занги охир зеботарин ва хотирмонтарин рӯз буд. Ман аз ҳаёти мактабӣ танҳо имрӯзро хуб ёд дорам ва муҳим ин ки ба некӣ. Он замон пул ҷамъ карда намешуд, аммо дар сатҳи олӣ таҷлил мешуд Занги охир. Фикр мекунам, агар Занги охир таҷлил мешуд, кордзанӣ дар арафаи ин рӯз шояд ба вуқуъ намепайваст. Баъдан хеле сабаби ҷиддӣ бояд бошад, ки ба чунин амали мудҳиш даст бизанӣ. Сабабро бояд донем.

Khurshedi AtХуршеди Атовулло, сардабири «Фараж»:

- Ин ҳолат баёнгари он аст, ки мақомоти маҳаллӣ, махсусан нозирони минтақавӣ умуман кор намекунанд. Соли 2011, вақте гурӯҳи авбошон дар рӯзи иди фитр бо "бейсболная бита" ба ман ҳуҷум карда буданд, мақомоти интизомии ноҳияро огоҳ карда будам: «Имрӯз инҳо бо чубдаст мебароянд ба кӯча, фардо бо корд ва пасфардои дигар бо яроқи оташфишон хоҳанд баромад". Перомуни авбошони маҳаллӣ, махсусан наврасон, тамоми нозирони минтақавӣ медонанд, ном ба ном онҳоро мешиносанд, аммо метарсанд, метарсанд аз пешгирӣ кардани амалҳои авбошона. Танҳо вақте хун рехт, баъд пушти қазия мешаванд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97