ИМЗОЕ, КИ ДАР ВАРАҚИ «МИЛЛАТ» МОНД

Дидгоҳ 16.01.2014 16:01

halifabobo hamidovҲафтаи гузашта Халифабобо Ҳомидов, собиқ вазири адлияи Тоҷикистон даргузашт. Аммо расонаҳое, ки ин хабарро пахш карданд, нагуфтанд, ки Халифабобо Ҳомидов қабл аз вазирӣ яке аз раҳбарони ҷунбиши озодихохӣ ва Созмони Мардумии Растохез дар Тоҷикистон буд. Касе буд, ки барои ҳамеша Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон ва нахустин тарҳи Қонуни асосии кишвар ба номи ӯ робита мегирад. Ӯ дар гузашта ҳамчунин вакили порлумон, собиқ мушовири давлатӣ ва узви Комисиюни оштии миллӣ низ буд. Мо вазири собиқи бисёре дорем, ки рӯзмоҳу солдармиён мемиранд, вале касе ба ёдашон намеорад. Танҳо кори мондагори як шахсият аст, ки ба ӯ ифтихор меоварад ва сазовори ёдоварӣ мешавад. Ба ҳамин асос месазад, ки даргузашти Халифабоборо ба мардуми тоҷик таслият гуфт. Зеро Халифабобо Ҳомидов яке аз дастандаркорони Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон ва ҳамчунон аз нависандагони Сарқонун ё Конститутсияи Тоҷикистони мустақил буд. Низомхон Ҷӯраев низ пулдор ва тоҷири муваффақу вакил буд, мансаб дошт, аммо чаро боздошту қазияи ӯ мисли қазияи тоҷири дигар Зайд Саидов ҷомеъаро такон надод ва таваҷҷуҳи мардуму расонаҳоро ҷалб накард? Аммо чӣ карду чӣ шуд, ки дар сояи Зайди кӯчак гуму нопадид шуд? Хабарнависони расонаҳо ғайри ихтиёри шуур менависанд, ки собиқ вазири адлия даргузашт. Аммо таҳти шуури онҳо медонад, ки чӣ менависад ва чаро аз ҷамъи вазиру вакили зиёде, ки дар мегузаранд, танҳо хабари даргузашти яке дуторо менависанд. Яъне исми Халифабобо Ҳомидов дар таърихи Тоҷикистон сабт аст. Ва то ин ватан ҳаст, ҳади аққал ба хотири он ки яке аз нависандагони Эъломияи истиқлолият ва Сарқонуни аввалини он аст, боқӣ хоҳад буд.

Воқеият ин аст, ки шахсияти Халифабобо Ҳомидов чанд вижагие дошт, ки бояд бозгӯӣ шавад. Ӯ дар ҳақиқат як давлатмарди донишманд ва дар айни замон суханвари беназир буд. Бо ҳифзи эҳтиром ба ҳамаи дӯстони соҳибмақом, бояд гуфт, ки мо феълан чунин соҳибмансабе, ки чунин вижагиҳоро аз худ ба намоиш гузошта бошад, надорем, ё шояд ман ӯро намешиносам. (Мебахшед, устод Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисодӣ ва савдоро қариб буд аз ёд мебурдам, узр. Бояд гуфт, ки Шарифзода низ устоди шоиста, бо фаросату ахлоқ ва донишманд аст ва дар рӯзи мансуб шуданаш ба раёсати Бонки миллӣ аз ӯ иқтибосе аз Саъдӣ роҷеъ ба иқтисод шунидам, ки мани таҳсилкарда дар риштаи адабиёт ва таърих ин нуктаро ҳаргиз намедонистам. Кори мардон иқор аст, не?) Аммо ӯ, Халифабобо Ҳомидов, устоди донишманду суханвар, мансабдори соҳибандешае буд, ки метавонист фикри худро ба сароҳат ва ба фасоҳат баён кунад. Дар суханварӣ бо ҳавсала ва бо завқ буд. Мантиқи суханаш расо ва қавӣ буд. Сухан, ки мегуфт, тақрибан ҳарфи ба дур аз мавзӯъи мавриди баҳс надошт. Бо ду забони форсии дарии тоҷикӣ ва русӣ дар сатҳи устоди донишгоҳ суҳбат мекард. Инро низ бояд гуфт, ки устод Ҳомидов устоди донишгоҳ низ буд ва шоистаи ин унвон низ, ин хосияти дигарест, ки ба ӯ эътибор ва баландболӣ мебахшад. (Иттифоқан, на ҳар касе дар чордевори факултаҳои донишгоҳ бар сари донишҷӯ ҳайёҳу мекунад, устоди донишгоҳ аст.) Устоди донишгоҳ буданаш ҳам барои ман муҳимтар аз мақоми вазирии ӯ буда ва ҳаст. Фикр намекунам, ки мо ба ин зудиҳо, дар яку ду ва панҷу даҳ соли дигар як Халифабобои вазири ҳуқуқдону забондони суханвар ва бо виқори хоси тоҷикии дигаре медошта бошем. Ҷои ӯ ба унвони як вазири донишманд солҳо ва солҳо холӣ хоҳад буд, бидуни шак.

Дар тирамоҳи соли 1989 ба таври расмӣ нахустин созмони мардумӣ дар Тоҷикистон ба номи Растохез таъсис шуд, ки ҳастаи онро устодони донишгоҳҳо ва зиёиёну рӯшанфикрон ташкил медоданд. Ба навиштаи шоҳидон, ҷаласаи таъсиии Растохез дар бинои Донишгоҳи давлатӣ сурат гирифта будааст. Тоҳири Абдуҷаббор раҳбари ин созмон ва ду устоди донишманди Донишгоҳи миллӣ Халифабобо Ҳомидов ва Шарофиддин Имомов ба унвони муовинони ин созмони сиёсӣ баргузида шуданд.

Ҳаёти сиёсӣ дар поёни умри Шӯравӣ дар ин сол ва соли баъдӣ сайри бесобиқа дошт. СССР ва Ҳизби Коммунисти ҳоким ба истиқболи марги худ шитобзада пеш мерафтанд. Аммо нируҳои истиқлолталаби миллӣ, ки пайомади ин таҳаввулотро дарк мекарданд, дар пайи омодагӣ барои мустақилият ва зистан дар шароити нав буданд. ҲК ва давлати Шӯравӣ ба ин талошҳои озодихоҳӣ мухолифат мекард ва умед дошт, ки худ ва давлатро наҷот медиҳад. Аммо бехабар аз он ки марги худро наздик месозад. Ба ин далел буд, ки дар соли 1990 масъалаи қабули Эъломияи истиқлол пеш омад ва дар тобистони он сол ду тарҳи ин Эъломия омода буд; яке Эъломияи расмӣ, ки Тоҷикистонро ҳамчунон пойбанди Маскав мемонд, дигаре, Эъломияи алтернативӣ, ки Тоҷикистонро давлати мустақил, демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълом мекард. Эъломияи дувум дар тобистони он сол дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо ҳиммати бонуи соҳибэҳтиром Талъат Нигорӣ нашр шуд, ки як саҳифаи хосу пурифтихори таърих аст. Зери ин Эъломия чанд нафар имзо гузошта буданд, аммо нависандаи аслии он Тоҳири Абдуҷаббор бо ҳамдастии Халифабобо Ҳомидов буданд. Рӯзи 24 августи соли 1990 ин Эъломия ба Шӯрои Олӣ пешниҳод шуд. Вале Шӯрои Олии иборат аз аъзои ҲК ба ин тарҳи Эъломия раъйи мухолиф дод. Тоҳири Абдуҷаббор дар ҷараёни маҷлис тарҳи севвумро пешниҳод кард, ки иборат аз як ҷумла буд: «Тоҷикистон давлати мустақил, демокартӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад». Ин тарҳ низ рад шуд ва тарҳи расмӣ, қабул шуд, ки Тоҷикистон ҳамчунон вобастаи Маскав боқӣ монд. ҲК бо ин талошҳои худ кӯшиш мекард, бақои умри давлати Шӯравӣ ва ҳамчунон ҳукмронии худ бар ин давлатро ҳифз кунад. Аммо ин иқдомҳои ҲК давлати Шӯравиро ба партгоҳи таърих наздиктар мекард. Таҳавввулот дар Шӯравӣ сайри Саъудӣ дошт ва солҳои 1990-91 солҳои сарнавиштсоз барои мардуми ин маҳдуда буд. Дигар шикасти Шӯравӣ ва ё ҳадди ақал тағйири сохтор барои ин давлат як амри қатъӣ буд. Ба ҳамин далел нируҳои огоҳ ва ватанпараст дарк карданд, ки барои бозсозии сиёсати миллӣ ва зистан дар шароити истиқлол бояд омода шуд. Аммо унсурҳои коммунистӣ, русиягаро ва ҳамчунон бархе аз муҳраҳои ҳоким талошҳои озодихоҳонро бар зиёни худ медонистанд. Як сол баъди қабули Эъломияи ба ном мустақилияти Тоҷикистон, дар Шӯравӣ кӯшиши табадуллот сурат гирифт (ГКЧП), ки пошхӯрии Шӯравиро суръат бахшид ва ба дунболи он чанд ҷумҳурӣ истиқлолии давлати худро аз Маскав эълон карданд. Элитаи ҳоким дар Тоҷикистон мустақилиятро намехост. Аз ин рӯ, 29 августи соли 1990 дар майдони Озодӣ, дар рӯбарӯи ШО гирдиҳамоии нирӯҳои мардумӣ ба хотири Эълони Истиқлоли Тоҷикистон аз тарафи порлумон оғоз шуд. Халифабобо Ҳомидов муроҷиъатномаи иборат аз 17 банди ширкатдорони гирдиҳамоиро ба унвони ШО қироъат кард, ки муҳимтарин асли он эълони Истиқлолияти давлати Тоҷикистон буд. Рӯзи 30 август раиси ҷумҳур Қ. Маҳкамов ба истеъфо рафт. Аммо Истиқлол ҳамчунон эълон нашуд. Танҳо дар таърихи 9 сентябр, баъди он ки Узбакистон истиқлолияти худро эълон кард, ШО Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро ночор пазируфт, ки сархати он ҳамон пешниҳоди созмони Растохез буд: «Тоҷикистон давлати мустақил, демокартӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад».

(Дар интихоботи нахустини раёсати ҷумҳурии соли 1991 дар моҳи ноябр, Халифабобо Ҳомидов аз номзадии Раҳмон Набиев ҷонибдорӣ кард ва ба тими ӯ пайваст. Дар ҳоле ки яке аз раҳбарони нируҳои мардумӣ буд. Ва ин нируҳо Давлати Худоназарро номзад пешбарӣ карда буданд. Шоҳидони таҳаввулоти он замон мегӯянд, ӯ талош кард, ки Растохез ва раҳбарони онро низ ба ин иқдом ҷалб кунад. Ӯ баъд аз сари қудрат омадани Р. Набиев низ ба ин талошаш идома дод, то нирӯҳои мухолифин ва раҳбарони Растохез бо ҳукумати мунтахаб ҳамкорӣ кунанд. Аммо муваффақ нашуд.)

Бо ин ҳама, касоне, ки барои ба истиқлол даст ёфтани Тоҷикистон мубориза кардаанд ва ҳамзамон, онҳое, ки ба ҷонибдории Эъломияи истиқлоли кишвар дар 9-уми сентябри соли 1991 (бо вуҷуди мухолифаташон дар ибтидои таҳаввулот) раъй додаанд, ба таври расмӣ аз поягузорони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Аммо касоне, ки барои истиқлол мубориза ва талош доштанд, ҳаққи баробари худро аз Макскав мехостанд, на ҷудоӣ ва парокандагиро. Дар сафҳаи таърих сабт шудааст, ки дар моҳи январи соли 1991 Тоҳири Абдуҷаббор бо ҳамкории Халифабобо Ҳомидов тарҳи дигареро «Созишномаи Иттиҳоди давлатҳои соҳибистиқлол», ки баъдан ба «Союзный договор» маъруф шуд, омода карданд. Ин дар ҳоле буд, ки тарҳи Қонуни асосии нави Тоҷикистонро низ омода буд. Онҳо барои аз ҳам нарехтани зерсохторҳои иттиҳоди Шӯравӣ ҳамзамон талош низ кардаанд, ки Тоҷикистон дар баробари соҳиби истиқлол будан дар иттиҳоди оянда вуҷуд дошта бошад. Акнун Шодӣ Шабдолов, раиси ҲК Тоҷикистон дар минбару маҷлис мегӯяд, ки Горбачев ва Яковлеву Елтсин хоинанд. Аммо то вопасин лаҳза ин ҷанобон амру дастури ин «хоинон»-ро иҷро карданду ҷое нагуфтанд, ки ин амали шумо хиёнат аст. Имрӯз Маскавро интиқод кардан осон аст, зеро дигар комиссия СК барои баррасӣ намеояд.

Вале охирин хотира аз ин марди донишманду ботаҳаммул бароям арзишманд аст. Дар баҳору тобистони соли 2005 борҳо сабти номи нашрияи «Миллат» рад шуд. Бисёриҳо баъди аз нашр мондани чанд нашрия мегуфтанд, ки мақомот дигар нашрияеро иҷозаи сабти ном намедиҳад. Сабти номи ҳафтаномаи «Миллат» низ моҳҳо тӯл кашид, то кор ба худи вазир оид шуд. Рӯзи имзои шаҳодатнома гуфт: «интиқод кунед, камбудиҳо ислоҳ шаванд, ҳар киро фикр мекунед, сазовори танқид аст, интиқод кунед. Фақат ҳар кореро мекунем, бояд бидонем, ки барои ҳамаи мо як чизи асосӣ ва муқаддас мавҷуд аст, – давлат, давлате ба номи Тоҷикистон. Амният ва суботи ҳамин давлат барои ҳамаи мо яксон бояд муқаддас бошад, халос».

Ӯ рафт, вале имзояш дар варақи «Миллат» монд.

Аммо саранҷом як ду мулоҳизаи дигарро ҳам бояд гуфт. Тавре гуфтем, ду муовини ҳаракати Растохез дар ҳукумати баъдӣ мушовиру вазир ва сафир шуданд. Ҳарду ҳам шахсиятҳои донишманд ва қобили эътиром ва шоиста буда ва ҳастанд. Шарофиддин Имомов ва Халифабобо Ҳомидов. Аммо ҳарду ҳам агарчи масъулият гирифтанд, вазиру сафир шуданд, вале бо ҳифзи эҳтироми бениҳоят ба ин шахсиятҳо бояд гуфт, натавонистанд вобаста ба ниёзҳои шароити нав худро аёр бисозанд. Ва то поён ҳамчунон барафрозандаи парчами истиқлол бошанд, ки онро ба эҳтизоз дароварда буданд. Мисле, ки ҳамаи раҳбарони ҳаракатҳои мардумӣ натавонистанд чунин бикунанд.

Аммо ин ҳама заъф ҳаргиз ба маънои костан аз эҳтирому эътибори онҳо нест, зеро ин ду тан рисолати худро дар назди миллат ва давлат анҷом додаанд.

Раҳматкарими ДАВЛАТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97