«Ҳарчи суроғи падарро гирифтам, гуфтанд дар Кӯлоб аст, ин ҷо нест»

Дидгоҳ 23.09.2013 14:43

Аҳмад Масъуд сукути дувоздаҳсоларо шикаст

Masud va pisarashСаранҷом Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳ ва қаҳрамони миллӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд сукути дувоздаҳсоларо шикаст ва ҷараёни шаҳо-дати падарро шарҳ дод.

Бо арзи салом хидмат тамомии шумо азизон ва дӯстони гиромӣ…

… Дар ҳоли ғизо хӯрдан будам, ки қошуқ аз дастам афтод, модаркалонам гуфт, чи шуда бачам? Гуфтам, намефаҳмам кадом чизе падарамро шуда? Модаркалон ҷавоб дод: Бадӣ ба дилат роҳ надеҳ.Чизе нашуда, худованд ҳамроҳашон аст. Аммо ҳеч қонеъ намешудам ва ба шиддат ноором будам. Хуб кӯдакӣ ва фаромӯшӣ машғули бозӣ шудам. Чанде нагузашт, ки инҷинер Ашрафӣ, ки қаблан раёсати амнияти Панҷшерро ба уҳда дошт, вориди хонаи падаркалонам шуд ва суроғи ишонро гирифт. Ба шиддат саросема маълум мешуд. Падаркалон ва момои калонамро гирифта ба охирин табақаи хона рафтанд ва маълум мешуд чизе шуда. Ним соате гузашта буд пойин омаданд ва инҷинер Ашрафӣ сареъ берун рафт. Момои ман ҳамроҳи падаркалонам вориди хонае шуданд. Падаркалонамро медидам лабони худро дандон мегирифт ва чашмонаш пурашк мешуд.

Дигар медонистам, ки кадом чизе шуда, аммо қалби кӯчаки як кӯдаке ҳеч гоҳе тасавури набуди қаҳрамон ва падари хешро бовар намекунад.

Чанде гузашт ва ҳама ба гӯшае хазида буданд, ки момои калонам омад ва ҳамаи моро ба хонаи худамон дар Ҷангалак бурд. Ҳама чиз тағйир карда буд ва ҳамагӣ чеҳраи мутафовит доштанд. Ҳар кас то манро медид ба гӯшае мехазид. Ором -ором ба самти хона рафтем. Момои ман рӯ ба модарам кард ва гуфт, ки Омир соҳиб шуморо ба Тоҷикистон хоста, модарам гуфт: Ба ман ки чизе нагуфт. Мо тоза ба ин хона кӯчкашӣ кардаем. Чӣ гуна ба ин сурат моро хоста?! Модарам асабонӣ шуд ва гуфт телефон биёваред бо худаш суҳбат кунам, ҳади ақал як-ду рӯз пеш мегуфт, чӣ гуна ба ин суръат омода шавем.       

Хулоса ҳар чӣ карданд модарам қабул накард ва гуфт, намешавад, то ин ки гуфтанд, ки Омир соҳиб захмӣ шуда. Руҳу ранги парида ва мутаъҷиби модарамро ҳанӯз ба ёд дорам. Бовараш намешуд, гӯё хоб дида аст. Модаркалонам дасташро гирифта ва мегуфт, чизе нест бачем, Иншоаллоҳ хуб мешавад як захми кӯчак аст. Ҳеч ёдам намеравад модарам қабул намекард ва мудом мегуфт, ӯ захмӣ намешавад, ҳатман шаҳид шудааст. Хонаи мо қиёмате буд. Ҳар кас ба гӯшае машғули розу ниёз ва гирён.

Хонаи мо дигар он сафои қадимиро надошт, садое аз касе баланд намешуд, хоҳаронам гирдогирди модарам нишаста ва ором-ором мегиристанд. Таҳаммули дидани ин вазъро надоштам. Ба манзили боло рафтам то каме  аз баранда ба ситораҳое, ки ҳамеша ба ман оромиш медодаро нигоҳ кунам. Дигар ҳатто ситораҳо ҳам барои хушҳол сохтану ором намудани дили ғамдидаи ман кофӣ набуд. Аз баранда дидам, момоям тавре, ки ҳамеша бо мо мебуд даври ҳавз қадам мезанад ва гиря мекунад. Дуртар момои дигарам буд, ки ба деворе такя дода буд ва сарашро бо дастонаш пӯшонида. То он замон ҳам қалбам бовар намекард ва намехост ҳам бовар кунад. Ҳанӯз фикр мекунам, ки шояд ҳамаи инҳо як хобе бошад, ки рӯзе аз он баланд мешавам ва садои меҳрубони падариро мешунавам, ки садоям мекунад: "Аҳ-мад, баланд шав, вақти намоз аст".

Намедонам чи гуна он шаби сиёҳ саҳар шуд ва бо тулуъи хуршед бо савори ҳелекуптар (чархбол) шудем ва ба самти Тоҷикистон парвоз кардем. Бисёр вақтҳо бо худаш аз Панҷшер то Тоҷикистон мерафтем, агарчи гоҳе танҳо низ сафар карда будам, аммо ин бор ҷои холии ӯ ба шиддат ҳис мешуд. Аз ҳар замони дигаре бештар мехостам, ки дар ҳелекуптар ҳамроҳи мо бошад ва дилдорӣ диҳад, ки ин таконҳо чизе нест. Ба Тоҷикистон расидем, хонаи мо дар он ҷо сардтар аз ҳар ҷои дигаре буд. Тамоми нур ва баракати хона рафта буд. Ҳар чи суроғи падарро гирифтам, гуфтанд, ки ин ҷо нест, дар Кӯлоб аст. То ин муддат фикр мекардем, ки дар Душанбе аст. Ҳоло мегуфтанд, хайр дар Кӯлоб аст.

Касе ором ва қарор надошт, ҳар касе дар ғами хеш ғарқ буд. Модарам доим мегирист, ба ғайр аз вақте, ки намоз мегузошт. Дуъо мекардам, ки ҳамеша намоз бихонад, то шояд аз гиряҳои ӯ кам шавад. Таҳаммули ашкҳои ӯро надоштам ва бароям ғайри қобили таҳаммул буд, махсусан, ки бо гирёни эшон хоҳаром низ давр то даври ӯ нишаста ва бо ҳам мегиристанд. Ҳар рӯз як хабаре мерасид, яке мегуфт, ки ҳолаш хуб аст, як мегуфт, чашмонашро боз карда, яке мегуфт, имрӯз баланд шуд ва амри ҷадиде содир кард. Телевизони "Хабар"-и Ирон мегуфт, Масъуд кушта шудааст.

Дигар таҳаммули хабареро надоштам. Модарам ва модаркалонам дархост карданд, ки бираванд ва падарамро бубинанд. Момоям омад ва гуфт, ки калонҳо мухолифат мекунанд. Бояд чанд рӯз сабр кунед. Хуб ёд дорам, модаркалонам ба шиддаст асабонӣ шуд ва билохира маҷбурашон сохт, ки шароити дидорро муҳаё созанд. Билохира рӯзи мавъуд фаро расид. Рӯзе, ки ай кош намерасид. Ману модарам ба ҳамроҳии падаркалонам ва момои калонам ба самти Кӯлоб равон шудем. Дар ҳелекуптар момоям, Рашиддудин маро дар оғуш гирифт ва достони ҳазрати Муҳаммадро бароям гуфт. Борҳо шунида будам, аммо намефаҳмидам, чаро дар чунин шароите барои ман бояд достон бигӯяд. Бисёр таъкид дошт, ки ҳазрати Муҳаммад ятим буд. Ба дунё наёмада буд, ки падар аз даст дода буд ва ҳанӯз кӯдак буд, ки модар низ аз дунё рафт. На аз муъҷиза мегуфт ва на аз ҳикмат. На аз ҷанг ва на аз шамшер. Тамоми қисса ҳамин буд. Ӯ низ ятим буд.

То билохира ба майдони ҳавоии Кӯлоб расидем. Ҳелекуптар ором-ором нишаст. Мошине суроғамон омад ва тарафи шифохона роҳ уфтодем. Эҳсоси аҷибе буд ҳама дар дилашон набуд. Мошин омро аз канори шифохона гузашт. Тааҷуб кардем чаро ба самти шифохона намеравад. То дар канори утоқе фулузӣ қарор гирифт. Гуфтанд ҳанӯз пиёда нашавед. Дарҳо боз шуд ва чизе сафедранг бар рӯи замин гузошта шуд. Гуфтанд, биёед, рафтем, ки чизе сафедранг ба рӯи замин ҳаст ва тикка (мато) -и сафедранге бар рӯяш гузошта шудааст. Намедонистам чист. Дар умрам чунон чизеро надидам будам. Падаркалонам гуфт, Аҳмад дасти росташ бинишин. Ман нишастам, ки падаркалонам ором тикаро канор зад. Падарам буд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97