Бархез, ки меравад зимистон,

Дидгоҳ 23.03.2013 12:49

Sadi SHeroziСаъдии Шерозӣ

Бархез, ки меравад зимистон,

Бигшой дари саройи бӯстон.

Норанҷу бунафша бар табақ неҳ,

Манқал бигузор дар шабистон.

В- ин парда бигӯй то ба якбор

Заҳмат бибарад  ба пеши айвон.

Бархез, ки боди субҳи Наврӯз

Дар боғча мекунад гулафшон.

Хомӯшии булбулони муштоқ

Дар мавсими гул надорад имкон.

Овози дуҳул ниҳон намонад

Дар зери гилему ишқ пинҳон

Бӯйи гули бомдоди Наврӯз

В-овози хуши ҳазордастон

Бас ҷома фурӯхтасту дастор

Бас хона, ки сӯхтасту дӯкон.

Моро сари дӯст  бар канор аст,

Онак сари душманону сандон.

Чашме, ки ба дӯст баркунад дӯст

Барҳам наниҳад зи тирборон.

Саъдӣ, чу ба мева мерасад даст

Саҳл аст ҷафои бӯстонбон.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97