Лола Исмоилова даргузашт

Дидгоҳ 12.12.2012 20:30

LOLAРӯзи 11 декабр дар шаҳри Душанбе профессор Лола Исмоилова, доктори илмҳои биологӣ дар синни 83 баъди бемории кутоҳмуддат аз олам даргузашт.

Лола Исмоилова бо нашри як аксаш дар маҷаллаи "Огонёк", дар  декабри соли 1949 дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ номи Тоҷикистонро муаррифӣ кард ва унвони "Маликаи ҳусн"- и СССР- ро соҳиб шуд.

16-уми апрели соли 1950 дар шаҳри Гурзуфи Қрим Петр Миргородский муҷассамасози машҳур ба хотири Лола Исмоилова ҳамчун тимсоли зебоии зан пайкарае сохт.

Аммо Лола Исмоилова аз ҷумлаи камназир соҳибҷамолоне буд, ки дар баробари ҳусни расо доштан, нозанин будан, мағрур набуд ва ба ҳайси як рӯшанфикр ҳатто ба ҳангоми бознишастагӣ саъйю талош мекард, ки дар рушди кишвар саҳм бигирад.

Чанд соли пеш ҳатто дар хонаи худ базми Наврӯзӣ барпо карда, бо вуҷуди солмандӣ бонувони фарҳангиеро, ки кайҳо ба умқи фаромӯшӣ уфтода буданд, сари хони Наврӯзӣ даъват кард ва базми ҷамшедие орост, ки наворбардорони телевизион ҳам он ҷо ширкат доштанд. Вале бо кадом сабаби номаълуме он сабт ба эфир нарафт. Аммо Лола Исмоилова аз ин гуна бозиҳои пуштипардагӣ руҳафтода намешуд ва боз ҳам ҳамин гуна шамъи маҳфилҳои худҷӯши фарҳангӣ буд.

Ҳатто вақте ҳам, ки номи Қандил Ҷӯраев, ҳамсари вафодори ӯро аз девори донишгоҳи омӯзгории пойтахт барканданд, ӯ ҳамоно устувору бовиқор дар баробари ин зарба ҳам воистод. Ва гуфт, ки "Қандил ҳеч гоҳ пас аз марги худ дар фикри гузоштани номаш ба ин донишгоҳ набуд ва ҳамеша орзу мекард, ки донишгоҳи омӯзгорӣ бояд ба номи муаллими ахлоқ Саъдии бузургвор бошад." Ӯ тимсоли олии як бонуи шарқии ба хонаводаву ҳамсар содиқ дар ёдҳо боқӣ хаҳад монд. Лола Исмоилова фарзанди яке аз муборизони роҳи пойдории Ҳукумати Шуроҳо дар Тоҷикистон Иброҳим Исмоилов буд.

Ҳамин гуна Лола Исмоилова  намунаи олии зани оқилаву зебои тоҷик буд, ки ҳамон гуна зебову ҷасуру бовиқор ин дунёро падруд гуфт.

Падруд, Лола Исмоилова, бонуи соҳибҷамол! Манзили ахиратат обод ва фирдавси барин маъвоят бод!

"Миллат"

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97