Шакурӣ охирин Садри Зиё буд!…

Дидгоҳ 15.10.2012 16:12

shakuri(Дар сӯгвории устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ)

Гулрухсор

Шакурӣ марди дил, марди Худо буд,

Сафири ишқу армону вафо буд.

Зи ирфони рафоқат қиссапардоз,

Дар имони садоқат бебаҳо буд.

Қаламро бо алам бинмуда пайванд,

Зи пургӯёни беҳосил ҷудо буд.

Ҳама хунёгарӣ озори тоърих,

Ҳама зангӯладори ёди мо буд,

Зи "Ҷӯйи Мӯлиён"-и чун лабаш хушк,

Шакурӣ қатраи оби сафо буд,

Шакурӣ шамъи рӯҳафрӯзи миллат,

Шакурӣ мӯҳраи пайванди мо буд.

Бухоро, навҳа кун, овоз андоз,

Шакурӣ охири Садри Зиё буд.

Бухоро қудрати зодан надорад,

Шакурӣ охирин Садри Зиё буд!...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97