Охирон чирики замин

Дидгоҳ 23.09.2012 18:13

Ahmad-Shah-MassoudҲусайни Ҷаъфариён: «Муборизе бе тамаъ ва безор аз ҷифаи дунё, мусалмоне исроргар, марде, ки аз сӯи мафияи қудрат мисли ҳазорон "ҷонбоз" - и дигар дар ҳошия ва фаромӯшӣ партоб шудаанд».

Китоби Ҷаъфариён дар боби Афғонистон бо номи "Дар пойтахти фаромӯшӣ" ахиран мунташир шудааст. Ин ҳам шеъре аз Ҷаъфариён ба шодравон, Аҳмадшоҳ Масъуд:

Охирин чирики замин

Обрӯи хок!

Ту охирин чирики замин будӣ

Паёми хулосаи мо ба худованд

Ишораи замин ба Каҳкашонҳои дурдаст

Ҳоло ҳар шаб аз аъмоқи осмон

Ситорае нуронӣ

Нигарони рӯшноии кӯчак дар дарае дур афтодааст

Ҳоло ҳар шаб дар даҳони пурситораи Афғонистон

Туйи ки сарзаминатро ба номи кӯчак мехонӣ

***

Омирсоҳиб!

Ин дараҳо қадди баланди туро аз ёд нахоҳанд бурд

Ва ин осмон

Вақте ҳар шаб дар осмонашон метобӣ

Ва нигарони ин хокӣ бар баландои осмон.

Омирсоҳиб!

Чӣ буди ту?

Ҷанговаре маҳкум?

Қаҳрамоне маъсум?

Дарахте ваҳшӣ, ки танҳо дар оғӯши сангҳои "Панҷшер" мерӯйид?

Моҳе танҳо дар осмони бе ситораи кишварат?

Ё дасти худоҳофизии худованд барои дунёе, ки туро нашинохт?

Дасте, ки ҳанӯз аз лобалои абрҳо такон мехӯрад,

Чӣ буди ту?

***

Ҳанӯз пажвоки ҳар фарёде дар кӯҳистонҳои "Ҳиндукуш"

Сахраҳо посух хоҳанд дод:

Аҳмадшоҳ Масъуд!

***

Эй "Ҳирот"! Эй "Қандаҳор"!

Эй қарияҳои ятимшудаи шимолӣ!

Ва эй Панҷшери шаҳиддода!

Шеърам марҳаме бод бар рӯи захмҳои бепоёнатон

Дастмоле барои сутурдани борони ашкҳоятон

Дар ғами фироқи алафзоре анбӯҳ, ки аз шумо дареғ шуд

Дар андӯҳи пиёлаи об, ки ба лабҳоятон нарасид

Пиёлае об, ки оташи кинаҳо, тазвирҳо ва ҳасодатҳо табхираш кард

Ҳамчунон сиёҳпӯш аст,

Дар андӯҳи номе, ки ҳама барандагони ин сарзамин

То қиёмат такрор мекунанд,

Ғамгини убури марде ғариб,

Ки барои илтиёми тамоми нокомиҳои ин хок зуҳур кард.

Худро оташ зад, то Афғонистон дар зимистони торих, ях назанад.

Худро оташ зад, то дар шабҳои торики Кобул

Хонаҳои "ошиқону орифон" равшан бимонад.

Сӯхт то гургҳои гурусна дар патуи шаб

Ба даридани кӯдаконатон сар нарасанд.

Хокистар шуд

То нақшаи Афғонистон дар атласҳои ҷаҳон хокистар нашавад.

Оҳ Масъуд!

Бидуни ту ҳатто талаффузи номи Афғонистон дар ҳанҷараи ҷаҳон сахт аст,

Бидуни ту Афғонистон буғзе мешавад дар гулӯям

Ва Панҷшер қатраи ашке калон дар чашмам.

Омирсоҳиб!

***

Ман баргаштаам

Аммо пас аз солҳо сафар ба сарзамини ҷангзадаат

Акнун Афғонистонро бидуни шумо наметавонам бишносам.

Масъуд! Масъуди пок!

Паланги танҳо! Дар издиҳому ҳам-ҳамагуфторони ҷаҳон

Ин кишвар садои туро кам дорад

Ва ин тилвизиюн тасвири пурҳарорататро

Бо он кулоҳи афсонаӣ

***

Омирсоҳиб!

Чи қадар ҷоятон холӣ аст!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97