Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҷони миллионҳо нафарро аз байн бурд

Хабари хуб 16.11.2018 08:54

Теъдод ва арқоми кушташудагони ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба далели прапагандаҳои кишварҳои даргир то ҷое ба воқеъият фосила доранд. Бо ин ҳол, тибқи омор ва арқоми сабтшуда метавон гуфт теъдоди куштаҳо дар миёни низомиён 10 миллион нафар ва ҳамчунин оташ ин ҷанг ҷони 10 миллион ғайри низомӣ ро низ гирифтааст. Дар матлаби зер ба бархе аз нукоте дар бораи ин ҷанг ишора хоҳад шуд, ки шояд то кунун нашунидаед.

Даҳҳо кишвар аз соли 1914- и мелодӣ даргири ин ҷанг мешаванд. Наздик ба 800 миллион шаҳрванди курраи хокӣ дар саросари ҷаҳон ин ҷангро таҷриба мекунанд ки дар он замон ниме аз ҷамъияти инсонии курраи заминро ташкил медоданд.

Дар замони сулҳ танҳо 20 кишвари ҷаҳон буданд ки ба ҳеч унвон нақше дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ ифо накарданд, бештари онҳо дар Омрикои ҷанубӣ ва Урупои шимолӣ ҳастанд.

Наздик ба 8 миллион фаронсавӣ ва 13 миллион олмонӣ дар ин ҷанг ширкат карданд.

Беш аз 1 миллиону 400 ҳазор нафар аз сарбозони Бритониё дар ин ҷанг шаҳрвандони мустаъмароти ҷазира аз ҷумла ҳиндӣ буданд.

Русия бо эъзоми 18 миллион низомӣ ба майдонҳои набард бештарин омори низомиёни машғул дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ ро ба худ ихтисос дод.

Бештарин талафот нисбат ба мизони аҳолӣ аз он кишвар Сербистон шуд бо 135 ҳазор кушта.

Дар ин ҷанг наздик ба 1.3 миллиард гулулаи тӯп андохта шуд. Танҳо дар Фаронса рӯзона 12 ҳазор гулӯла сохта мешуд.

Аввалин ҳамла бо гази кимиёӣ дар ин ҷанг сурат гирифт. Дар 22 апрели соли 1915 артиши Олмон бо гази кимиёӣ дар наздикии Брюсел ба ҷабҳаи Фаронса ва Бритониё ҳамла кард. Пеш аз 5 ҳазор низомии фаронсавӣ дар ин ҳамлаи кимиёӣ кушта шуданд.

Дар ин ҷанг ба далели ҳузури мардон дар ҷабҳаи набард занон ҷои онҳоро дар корхонаҳо гирифтанд. Танҳо дар Фаронса дар рӯзҳои поёнии ҷанг беш аз 400 ҳазор зан дар корхонаҳои Фаронса кор мекарданд. 

Аввалин оташбаси муҳимми ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар 7 ноябри соли 1918 дар соати 8 шаб ба дастури генерали фаронсавӣ дар минтақаи Лани ин кишвар ба даст омад. Чаҳор рӯз ёздаҳуми ноябр тамоми тарафҳои даргир ба як сулҳи чандҷониба тан доданд то аввалин ҷанги ҷаҳонии қарни бистум ба поён бирасад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97