ХАБАР

Хариду фурӯши муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” дар интернет рӯ ба афзоиш аст

Хабар 14.11.2018 14:16

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” натиҷаҳои фаъолнокии муштариёни худро дар сомонаи бузургтарини эълонҳои кишвар – «somon.tj» ҷамъбаст намуд. Ба шарофати дастрасии бемаҳдуди интернет теъдоди муштариёни сомонаро истифодакунанда дар давоми ним сол ба андозаи беш аз 30% афзоиш ёфт. Ҳаҷми трафики аз ҷониби онҳо истифодашаванда бошад, 25% афзоиш ёфт.

Ҳамарӯза дар сомонаи «somon.tj» ҳазорҳо эълонҳо гузошта мешавад. Дар он амволи ғайриманқул, молҳову хизматрасониҳои мухталиф фурӯхта шуда, таҷҳизоти мухталиф харида мешаванд. Хонаву утоқҳои корӣ ба иҷора супурда шуда, барои худ ё кормандон ҷойҳои корӣ пайдо карда мешаванд. Ҳамаи имкониятҳои сомонаи маъруфро бидуни нархгузории трафик муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” аз апрели соли равон истифода карда метавонанд. Маҳз дастрасии озод сабаби афзоиши мизоҷони оператор гардид.

Ҷамшед БОБОАЛИЕВ директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”дар робита ба ин гуфт,“Рӯз ба рӯз теъдоди муштариёни “рақамӣ”-и мо афзоиш меёбад. Бо назардошти дархосту хоҳишҳои онҳо мо ба манбаъҳои маъруфтарини Шабакаи ҷаҳонӣ дастрасии озодро таъмин менамоем. Дар тарофаҳои “Биё!” истифодаи бемаҳдуди мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Сомонаи somon.tj-ро бошад, ҳамаи мизоҷони мо ройгон истифода карда метавонанд. Боиси хурсандист, ки интернети мобилии мо ҳаррӯза ба теъдоди ҳарчӣ бештари сокинон дар ҳалли вазифаҳои мухталиф кӯмак мерасонад”. 

Тавре аз омор бармеояд, манбаи somon.tj-ро аз ҳама бештар сокинони пойтахт истифода мебаранд – ҳиссаи онҳо 50%-и тамоми трафикеро, ки аз ҷониби муштариён дар шабака истифода карда шудаанд, ташкил медиҳад. Дар ҷойи дуюм ноҳияи Рӯдакӣқарор дорад, нишондиҳандаи он аз 10% иборат аст. Дар ҷойи сеюм бошад, сокинони ноҳияи Ваҳдат қарор доранд, онҳо 4%-и трафики умумиро истифода бурдаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамаи муштариёни Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар 98%-и ҳолатҳо сомонаҳоро тариқи смартфонҳо аз назар мегузаронанд ва танҳо дар 2%-и ҳолатҳо планшетҳо истифода мешванд.

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97