Бузак ҳанӯз намурдааст, аммо баҳор ҳам наомад

Дидгоҳ 10.11.2011 11:45

Ба Президенти ҶТ

Ба Раиси Маҷлиси Миллӣ

Ба Раиси Маҷлиси намояндагон

      Дигар БАС аст!

Гӯри моро ба зиндагиамон кандан

Klinton_va_ShamЗамоне ки Ҳиллари Клинтон ба Тоҷикистон омад ва дар баробари матраҳ кардани амбитсия ва хостаҳои кишвараш Амрико, ки худро ҳомии озодиҳои ҳуқуқи инсон ё башар муаррифӣ мекунад, аз ҷумла ишорае ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон кард ва ҳамчунин таъкидаш бар рӯйи ҳодисаҳои Андиҷон, маро ба ин фикр овард, ки ҳуқуқи башар қартаи козери кохнишинони Амрикост. Ба мисли ҳамон қанди остини кампиракҳои деҳи мо, ки ба ҳангоми гиря кардани кӯдакон онро аз остин бароварда, намоишкорона ба кӯдак медиҳанд. Ва маҳз ҳамин дипломатияи амрикоӣ аз ҳамин шеваи кампиракҳои мо кор мегиранд ва ҳар вақт аз ин остини сеҳрнокашон сюрпризе (армуғоне) барои башар ба намоиш дармеоваранд. Ҳама медонад, ки кӯдакон бибиҳои пур аз остини қандро бештар аз дигарон дӯст медоранд, аммо кудакон намедонанд, ки бибиҳо пуле барои харидории ин қанд сарф намекунанд, балки бибӣ гоҳе пинҳону гоҳе ҳам рушод онро аз лаълии пур аз қанди ҳамсоя барояш армуғон меоварад. Вагарна агар Клинтон воқеан барои мо дил месӯзонад, чаро фикри беш аз 7 миллион (-муҳоҷирон) тоҷикро, ки дар шароити сахти сахти буҳрони иқтисодӣ қарор доранд, намекунад ва таъкид мекунад, ки бояд мунтазири ташхиси Бонки ҷаҳонӣ бошем, то сарнавишти моро ун ҳал бикунад, ки мо барои зинда мондан ниругоҳи сарнавиштсози "Роғун"-ро бисозем?! Магар кӯдакони мо, ба хусус аз мо(!) чаро ҳаққи зиндагии шоистаро надошта бошанд ва кӯдакони сарсахттарин диктаторон барои мудофеъони ба ном ҳуқуқи инсон - Амрико қартаи бозӣ ва дилхушӣ бошанду ҳар гоҳе барои матбуоти ҷуҳудакии онҳо хабарсозӣ кунанд?! Чаро ин ҳомии ҳуқуқи башар меояд бо диктаторони минтақаи мо бозиву дилхушӣ мекунаду номуси тамоми мардумони ин минтақаро ба қимор мезанад? Ин мардумон таҳқир мешаванд, аз сӯи абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва аввалтар аз ҳама Амрико ва бо дастони диктаторони минтақа, ки оқибат ба мисоли саг мемиранд; дар мисоли Саддому Қаззофӣ.

Ин диктаторон ба мисоли асбоббозие шудаанд, ки Амрико ба вижа бо онҳо ва ба сарнавишти миллатҳо бозӣ мекунад.

Аммо ин баҳонаро барои Амрикоиҳо мо худамон фароҳам мекунем. Агар мехоҳед, ки сарнавишти Саддому Қаззофӣ домангиратон набошад, биёед, худатон сарнавиштатонро ҳамроҳ бо сарнавишти мардум ба самти мусбат роҳӣ бисозед.

Бубинед, ҷашни 20 соли истиқлол гуфтему ҳай худро такондему давидему кафки даҳон парондем, акнун ки диламон холӣ шуд, биёед, ба мағзамон фикр кунем, ки магар ин миллат сазовори зиндагии шоистатаре нест?!

Ҳудуди 10 сол аст, ки мардум аз рӯшноӣ, маҳрум аст, он чи ки Аҳуромаздо бо Аҳриман танҳову танҳо ба хотири он мубориза мебурданд. Фалсафаи зиндагии инсоният. Аммо мардуми бечораи тоҷик ворисони Аҳуромаздо аз ин неъмат бо сад баҳона маҳрум аст. Бубинед, ҳеч як падари солим нони даҳони бачаҳояшро ба бозор намебарорад ва ҳамеша дар фикри он аст, ки хонаводааш бо ғизову зиндагии беҳтаре таъмин бошанд ва тамоми фалсафаи зиндагиаш ҳам аз ҳамин иборат аст. Ва танҳо ин падари майзада ва асолатбохта аст, ки ҳеч дар фикри авлодҳои худ нест ва ҳаққи бачаҳояшро сарфи ин ҳаром мекунад. Ҳатто ашёи зарурӣ барои хонаву хонаводаашро сарф мекунаду ба савдо мезанад. Ҳеч монандие миёни ин падари бад ва масъулони таъминоти иҷтимоии мардумро шумо мебинед? Ман возеҳ мебинам!

Бар ивази саломати мардум масъулони мо барқи моро мефурушанд ва ҳеч дар фикри он нестанд, ки сармо бадани ин миллатро мехӯрад?!

Дар фасли сармо дар хонаи сарду торики бетонӣ бидуни барқ соатҳо мондани мардум маҳкум кардани онҳо ба марг аст, на чизи дигар.  

Аммо дигар бас аст, мо мурдан намехоҳем. Ба хусус мо мурдан намехоҳем!!! Балки ба таври таҳқиромез, ба сурати ғайритабиӣ мурдан намехоҳем. Мо зиндагӣ кардан мехоҳем, ба таври шоиста, он гуна ки ҳаққи табиии ҳар инсон аст.

Имсол дигар ин ҳақро мо бар шумо намедиҳем, ки барқи моро хомӯш кунед. Ва ҷони бачаҳои моро ба хатар андозед.

Дигар БАС аст!

Мо намурдем, аммо баҳор ҳам наомад. Накунад, ки баҳоре мисли "баҳори араб" биояд!

Сардабир

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97