Эҳдо ба устод Ато Муҳаммади Нур - шери жиёни Балх

Дидгоҳ 05.10.2011 18:53

Ато Муҳаммади Нур:" Ato_Muhammadi_Nur_-_Sheri_giyonОшкоро бигӯем, ки мехоҳанд моро бемард бисозанд, бе мардҳои пайкоргар бисозанд, сарони моро аз мо бигиранд қурбонӣ намоянд ва бақияи моро мисли гӯсфанд чӯпонӣ кунанд. Мо инро намехоҳем ва ҳаргиз чунин нахоҳад шуд. Мо аз хаққи инсонӣ, исломӣ ва афғонии хеш ҳимоят мекунем!"

Худой ҳифз кунад мар туро Муҳаммади Нур,

Ҷавонмарди далеру шуҷо Муҳаммади Нур.

Наҷоти миллати мо дар изои ҳиммати туст,

Баландҳиммату Рустамнамо Муҳаммади Нур,

Силоҳи хеш маяндоз, сипоҳи хеш биёр.

Сипоҳдори сипоҳи Худо Муҳаммади Нур,

Зи Балх то ба Бухоро муриду сарбозем.

Биё, ки хатм кунем моҷаро Муҳаммади Нур,

Магар зи Балх набуд хонадони Сомонӣ?

Фузуд иззату фарҳанги мо, Муҳаммади Нур,

Ту аз табори бузургону Сарбадоронӣ.

Ту ҳам наводаи бар Мустафо Муҳаммади нур (с),

Ман аз хиёнати душман зиёд метарсам.

Ту бар Худой бикун иттико Муҳаммади Нур!

Ба ин қабилагароёни қибласӯз бигӯ,

Ки заҳр бод ба коми шумо Муҳаммади нур.

Давои дарди дили шоирон хиёлот аст,

Муроди пиру набӣ, авлиё Муҳаммади нур (с).

Баҳои зиндагии мо ҷиҳоду пайкор аст,

Зиҳӣ муборизи бемуддао Муҳаммади Нур.

Ман аз диёри Варорӯд дуруд мегӯям,

Ба шоҳи Балху Бухоро Ато Муҳаммади Нур!


Қасидаи ашку хун

Чӣ мотам аст дар ин рӯзгор дар Кобул,

Сипоҳӣ фитна намуд инфиҷор дар Кобул.

Сафири сулҳи Ватанро гулула мебанданд,

Дигар ба сулҳ машав интизор дар Кобул.

Мабош ғарра ба ришаш, ки ҳомили бомб аст,

Ба зери лояи дастори ёр дар Кобул.

Ба номи Карзаю дар коми толиб аст Ватан,

Варои ин ҳама ҳарфу шиор дар Кобул.

Тамоми лашкари НАТО ба иддаои бузург,

Накард амнияташ барқарор дар Кобул.

Куҷост ваъдаи пирӯзӣ, меравӣ тарсу,

Ба танку тӯп ба гаштугузор дар Кобул.

Чаро ба гург шумо дасти дӯстӣ додед?

Чаро ки "Янкӣ" кунад ифтихор дар Кобул.

Барои чидани бангу ҳашиш омадаанд,

Хушанд бо задани кӯкнор дар Кобул.

Тамоми ҳодиса ин ҷо фиребу найранг аст,

Чӣ ҷангу сулҳ, ки шуд бешумор дар Кобул.

Ба пушти пардаи ин саҳна як муомила аст,

Баҳона фитнаи Толиб, шикор дар Кобул.

Ҳадаф на сулҳу саъодат барои афғон аст,

Ҳадаф ҳамин, ки шаванд мондагор дар Кобул.

Кунун ба хок расид он тане, ки ҷони азиз,

Барои сулҳ намуди нисор дар Кобул.

Дареғи шаҳри бузургон, ки шуд хазони хазон,

Дареғи мардуми шабзиндадор дар Кобул.

Зиҳи ба лафзи дарӣ бо тамомӣ дар ба дарӣ,

Ҳақиқатест ҳанӯз устувор дар Кобул,

Чӣ солҳо, ки гузашту гуле дигар нашукуфт.

Чӣ солҳо, ки наёмад баҳор дар Кобул.

Дилам барои ту эй, шаҳри ошиқон хун аст,

Илоҳи сулҳ шавад пойдор дар Кобул.


Сафири сулҳ

Дар рӯзи шаҳодати ҷонгудози устод Раббонӣ

Замони фитнаву макру риёст, торик аст,

Ба ҳар куҷо, ки диле мубталост тоҷик аст.

Чу устухон ба гулӯи ситамгарон маҳкам,

Ва Юсуфе, ки ба доми балост тоҷик аст.

Ҳазор сол маро куштаанду хоҳанд кушт,

Сари бурида, ки дар Карбалост, тоҷик аст.

Чӣ кинаест ҷаҳонро ба қавми озода,

Ки душманаш ҳама аз чапу рост тоҷик аст.

Ба ҳар куҷо, ки шавад инфиҷор метарсам,

Ки ҳар кӣ тӯъмаи ин моҷарост тоҷик аст.

На шарқ ҳамдами мо буд, на ғарб дар ғами мо,

Ки душмани ҳамагӣ рӯирост тоҷик аст.

Ҳадаф зи ҳамла ба Афғонситон Усома набуд,

Касе ки дар ҳадафи Амрикост тоҷик аст.

Дареғи ҳиммати Масъуду фаҳми Раббонӣ,

Шаҳиди тоза, ки дар кибриёст, тоҷик аст.

Беҳрӯзи Забеҳулло


©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97