Рӯсиёҳӣ дар Русия, бенангӣ дар Тоҷикистон

Дидгоҳ 14.09.2011 15:41

ё парчами сарафрохта ва миллати сарафканда

tojiki_sar_buridaБоз тоҷикеро мисли гӯсфанд дар Русия сар буриданд.

Дар кишваре, ки имрӯз ба унвони рӯзидеҳу рӯзирасон ёд мешавад ва ҳазорон ҷигаргӯшаи паҳлавони тоҷик он ҷо заҳмат мекашанду замбар мебардоранд, хона месозанду шаҳрҳо обод мекунанд, бар ивазаш бори ҳазор миннату таънаву мушту лагаду теғро мекашанд. Чӣ кунанд? Бори нанги тифлону занони дар Ватан мондаашонро мекашанд, на барои он ки аз духтарону писарони ноздонаи раисону вазирон кам наоянд, балки гурусна намонанд. Муҳоҷирбачаи навҷавони тоҷикро нанг меояд, ки хонаводааш нимгуруснаву нимбараҳна мегардад. Ишқу ҷавониву роҳати зиндагиро ба зиндагии мушкилу сагонаи муҳоҷирӣ тарҷеҳ медиҳад. Аз нангу номуси дунёӣ. Вале чаро бояд бори нанги ин миллат рӯйи шонаҳои нозуки ин навниҳолон бошад? Чаро бояд хоби нози ин навҷавонон ҳаром шавад? Чаро бояд ҷавру ҷафои бемасъулиятӣ, ноуҳдабароӣ, ғофилӣ, бенангиву беномусии раҳбаронро ин навҷавонон бикашанд? Чаро бояд ин навҷавонон бо гардани буридаи худ ин ҳама бебандубориро дар кишвар ҷуброн кунанд? То кай ин миллату ин мардум бояд ҷавр бикашанд, то масъулон аз ғафлат ба худ биёянд ва сари дар рӯғани гардан ғӯтахӯрдаи хешро боло бикашанду андеша кунанд, ки чӣ бояд кунанд, ки бачаҳои ин миллатро чун чӯҷаи гунҷишк дар ғарибӣ шикор накунанд?

Хабари сар буридани тоҷики бахтбаргашта дар Интернет сару садоҳоеро ба вуҷуд овардааст. Як теъдод афроди хушному беном аз пушти компутери худ дар майдони баҳси "Озодӣ" ҳай ҷавлон мекунанд. Дақиқан мисли ҳамоне, ки чанд ҳафтаи пеш шунидем, ки дар матлабе нафаре тоҷики ба дасти фашистони саркали рус афтодаву бечораро наҳ задаву тарсу хондаву бонги мардонагӣ задааст.

Каси бехабар ҳатман гумон мекунад, сар буридани тоҷик тасодуфе шудааст, вагарна чунин мардумони боғайрату ҷасурро кӣ ҷуръати сар буридан мекунад(?). Аммо огоҳони таърих нек медонанд, ки Темури ланг аз каллаи буридаи тоҷик калламанора сохта буд. Ва дар Русияи қарни темурӣ не, балки қарни ХХ1 тоҷики сарбурида нафари аввалу дувум нест, ки чун мурғ калаканаш мекунанд.

Аммо куҷостанд онон, ки доди ҷавонмардиву номусу нанг дар медиҳанд?! Фурсаташ акнун фаро расида, ки ҷасорати худро ба намоиш бигузоранд.

Ҳарчанд гардан меёзему дар сафҳаи Интернет, ки бештар тоҷикон онро майдони китфтакониву тентакии (ба ибораи устод Бозор) худ сохтаанд, ғайрати ҳамватанонро ҷустор мекунем, ғайрату ҳиммате тоҷикона намо намедиҳад. Варақпароканӣ, номанависӣ, доду вовайло… пушти ному имзоҳои мустаору пурдабдаба. Аммо аз ин ҷо то Маскаву Ландану Амрикову Қораи Ҳинду Чин тоҷике бонангу ор пайдо нест, ки то дари сафорати Русия биравад, ва ин амалкарди ваҳшиёнаву асримиёнагиро маҳкум бикунад. Ҳадди ақал ба ҳадди як бачаи кӯчаки фаластинӣ, ки бидуни ҳеч силоҳе дар муқобили сиёсати фашистӣ ва танку тупҳои Исроил муқовимат мекунад, як тан аз ин миллати беш аз 7 миллиона пайдо нест, ки аз худ дарак бидиҳад. Ва бигӯяд; ин миллат бесоҳибу бенанг нест!!!

Дар сафҳаи ҷустор, ҳама ҷо ҳарфи баландтарин парчами парчамдорони сарбурида пайдост, ки боиси бештар хандахариш шудани мо шудааст. Масъалагузорӣ возеҳ аст: Парчами сарафрохта ва миллати сарафканда.

На ба мошинҳои гаронбаҳои хориҷиву на ба карру фарру вилаву қасру кӯшк ва на фарзандони нозпарварду ноздонаатон кор дорем. Аммо хунбаҳои ин тоҷики сарбуридаро кӣ мехоҳад?!

Фаромӯш накунед, Ӯ аввалину охирин тоҷик нест, ки дар шахси ӯ миллати мо таҳқир мешавад!!!

Ҷойи Ҷонибеки шаҳиду сарбурида ҷаннати барин аст. Ҷойи онҳое, ки имрӯз бо амри Худованд масъулияти ин миллатро бар уҳда доранд, куҷо хоҳад буд?!

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97