Гург набояд чупонӣ кунад!

Дидгоҳ 12.09.2011 15:01

Паёми Шайх Саъдӣ ба диктаторон

Накунад ҷаврпеша султонӣ…

SaaDI_SHErozi_02Саъдӣ дар саросари осори хеш зулмро накӯҳиш ва адлу додро ситойиш кардааст. Вай муътақид аст, ки ҳар ҳукумате дар натиҷаи зулми ҳокимон фурӯ мепошад. Шоир дар "Гулистон" дар ин бора чунин мефармояд:

Накунад ҷаврпеша султонӣ,

Ки наояд зи гург чӯпонӣ.

Подшоҳе, ки тарҳи зулм фиканд,

Пойдевори мулки хеш биканд.

Саъдӣ низ мисли назарияпардозони низоми демократӣ, ҳукуматдоронро хидматгузорони мардум медонад, на ин ки мардум хидматгори инҳо бошанд:

Подшаҳ посбони дарвеш аст,

Гарчӣ неъмат ба иззи давлати ӯст.

Гӯсфанд аз барои чӯпон нест,

Балки чӯпон барои хидмати ӯст.

Агар шоҳ золим аст, баракат аз мулк меравад

Сабаби таваҷҷӯҳи зиёди Саъдӣ ба мавзӯи зулм ин аст, ки дар ҳар кишваре, ки ҳокимон бар мардум ситам раво доранд, осойишу баракат аз байн меравад ва дар ваҳдату якдилии мардум, ки шарти бақои ҳар кишваре аст, халал ворид мегардад. Дар натиҷаи зулм мардум ноумед ва парешон мешаванд ва заминаи фитнаву ошӯб барои фитнагарон фароҳам мегардад. Аз ин рӯ шоир дар "Бӯстон"-и хеш дар ин бора мефармояд:

Шунидам, ки дар вақти назъи равон,

Ба Ҳурмуз чунин гуфт Нӯшервон:

Ки хотир нигаҳдори дарвеш бош,

На дар банди осойиши хеш бош.

Бирав поси дарвеши мӯҳтоҷ дор,

Ки шоҳ аз раъият бувад тоҷдор.

Раъият чу беханду султон дарахт,

Дарахт, эй писар бошад аз бех сахт.

Макун то тавони дили халқ реш,

В-агар мекунӣ, меканӣ бехи хеш.

Фарохӣ дар он марзу кишвар махоҳ,

Ки дилтанг бинӣ раъият зи шоҳ.

Дигар кишвар обод бинад ба хоб,

Ки дорад дили аҳли кишвар хароб.

(идома дорад)

Беҳрӯзи Забеҳулло

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97