Шаб омаду торикӣ

Дидгоҳ 06.08.2011 13:18

MUmin Qanoat

Наздик ба як сол ин ҷониб номи Муъмин Қаноат луқмаи даҳони ғайбатгарони хушомадгӯ, туҳматгарон қаламфарсоён ва мавриди иҳонати ба истилоҳ адибону олимони дарборӣ аст. Аввал бояд гуфт, ки дар ин муддат собит шуд, ки Қаноат ҳанӯз ҳам андешаманди тавоно ва шахсияти дараҷаи аввали Тоҷикистон аст. Як изҳори назари ӯ собит кард, ки вазни сухани ӯ, дар воқеъ баробари вазну тамкини замин будааст. Пештар фикр мекардам, ки тавони сухани ӯ баробари изҳороти муштараки ҳашт ҳизби сиёсии фаъол дар кишвар бошад. Аммо болотар аз ин гумонро ёфтам, дақиқан. Ҳамлаи унсурҳои кинахоҳ ва барканории шоир аз мақоми муовинати Кумитаи ҷоизаҳои Рӯдакӣ ин ҳақиқатро бозгӯ мекунад.

 Дилам ба Қаноъат намесӯзад, ки аз мақоме ӯро барандохтаанд, ман ҳаргиз ба мансаби ӯ наандешидаам. Муҳим чизи дигар аст, Қаноат бо изҳори назари худ дар баробари масоили ҷомеъаи худ нишон дод, ки виҷдони бедори тоҷик аст. Масъулияти як рӯшанфикри ҳақиқӣ посух ҷустан ба мушкилотест, ки миллаташ ба он гирифтор бошад. Ва тамоми "гуноҳи" Қаноат ҳамин аст, ки талош кардааст, барои масъала роҳи ҳал пайдо кунад.

Вақте ман хабари озурдасозии Қаноатро шунидам, беихтиёр ба ёдам воқеъаи барканории ӯ аз раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ба ҷои ӯ таъйин шудани Аскар Ҳаким расид. Ин тарҳи ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамов, ки андак-андак эҳсоси истиқлол аз Кремл ҳадди ақал дар масоили сиёсати адабиро мекард ва ба ҷои Қаноати машҳур ва матраҳу бебаҳс Аскари ҳамшаҳрии ношинохтаро овард. Ва дар ёдам ҳаст, ки журналисти саршинос Абдуқаюми Қаюмзод дар гузориши худ аз анҷумани Иттифоқи нависандагон навишта буд; "дилам ба миллате месӯзад, ки Муъмин Қаноатро ба Аскар Ҳаким иваз мекунад".

Вақте дар 21 соли пеш ҳукумати Маҳкамов Муъминро ба Аскар табдил кард, оинаи қаднамои бовари миллат шикаст. Меъёрҳои пазируфташуда, боварҳо, урфу ҳаё дар ҷомеаи суннатӣ шикасту рехт. Пас аз ин воқеъа буд, ки Бобишо Шоев ва Бӯрихон Салимов ба худ иҷоза доданд, ки даъвои раёсати ҷумҳурӣ кунанд ва номзади раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Ҷанги фикрҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳамон ҷо оғоз шуд.

Акнун ҳукумати феълии Тоҷикистон ҳам дақиқан иштибоҳи ҳукумати Маҳкамовро такрор кард. Аммо ба шеваи дигар; ҳукумати имрӯзӣҳамшаҳрии шоир надорад ё камтар дорад, бад-ин манзур барои иваз кардани Қаноат яке дигарро ба орият ё вом гирифтааст. Аммо Муъмин Қаноат шахсият ва шоири бебадал аст. Намешавад, касеро ҷойгузини ӯ кард. Дар 21 соли пеш Қаноат ба нишони орият аз барканорияш аз мақоми раёсати Иттифоқи нависандагон ва беэҳтиромии ҳукумати Тоҷикистон ба шахсияташ дар интихоботи раёсати Кумитаи умури байналмилалии Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат кард ва баранда шуд. Ҳеҷ тоҷике дигар то кунун ба ин баландии вазифа дар шӯравии пешин нарасидааст, агар мансабҳои ҷадвалии муовинони раиси Совети вазирон ва Шӯрои Олиро истисно кунем. Як далели дигари канор задани Қаноат ва сиёҳ кардани ӯ ва шахсиятҳои дигар дар рашки раҳбарии он вақти Тоҷикистон нуҳуфта буд. Албатта раҳбарияти ҳукумати он замон наметавонист нуфуз ва шӯҳрати саросариеро, ки Давлати Худоназар, Гулрухсор ва Муъмин Қаноат касб карда буданд, таҳаммул кунад. Ба ин далел Аскар Ҳакимро ҷойгузини Қаноат кард, вале ҳаргиз ҷои ӯро нагирифт. Акнун Қаноат ин навбат "интиқом" намегирад, ё боз кӣ медонад? Ба ҳар сурат, аз ранҷидани шоир бояд нигарон буд. Гап дар сари ин аст, ки дар сатҳи ҳукумат як фикри ғалате шакл гирифтааст, ки гӯё бар ивази меҳрубоние, ки ба шоирон мешавад, адибон бояд аз давлат қарздор бошанд. Ин пахтаро ҳар кас бояд аз гӯши худ бигирад, ки Қаноат аз касе қарздор нест, балки чӣҳукумати имрӯз ва чӣҳукуматҳои оянда ва ҳамчунин афроде аз миллат, ки ба сатҳи худшиносӣ расидаанд, мадюни Қаноъат ҳастанд. Яъне, ба маънои аслии калима, аз ӯқарздор ҳастанд. Зеро Қаноат бо шогирдони худ миллат сохтааст. Бо Лоиқ, Бозор ва Гулрухсор. Ҳар шахсияти дигареро аз таърихи 50 соли охири миллати тоҷик бихоҳед, ҳазф кунед, чизи зиёде ҳадди аққал тағйир намекунад. Аммо бо ҳазфи ҳар яке аз ин шахсиятҳо ва ё ҳамагии онҳо халои бузурге ҳосил хоҳад шуд, ки ҳеҷ касе ҷои онро пур нахоҳад кард. Қаноат ба масобаи як хишти устувор дар пойдевори миллат аст. Ва ба маҳзи даровардани ӯ ин девор мутазалзил хоҳад шуд. Ин шахсиятҳо ҳофизаи таърихи як давраи томи миллатро сохтаанд, мо аз онҳо қарздор ҳастем. Ҳукумат низ дар ин фикри худ бояд бознигарӣ кунад.

Раёсати Иттифоқи нависандагонро ба Қаноат ҳукумати Тоҷикистон надода буд ва ҳатто устод Турсунзода ҳам. Ӯ бо ишораи Брежнев, раҳбари кишвари абарқудрати Шӯравӣ, ки дар як маҳфил дар Украина ба Ҷаббор Расулов, сарвари вақти Тоҷикистон гуфта буд, "хороший хлопец, берегите его Джабар" муовини раиси Иттифоқи нависандагон ва баъдан, ки ба авҷи шӯҳрат расида буд, раис шуд. Ва бо фароҳам шудани аввалин имкон сулолаи ҳокими вақт ӯро канор зад.

Ва Қаноат аз нигоҳи дигар, шарти бузурги солорӣ дар фарҳанги форсро ба ҷо овард. Ӯ мегӯяд, "шарти шоир будан дар Иронзамин ворид будан ба чанд илм ва чира будан ба чанд ҳунар аст". Вале ба назари ман, шоирӣ ва бузургӣ дар ин ватан як шарти дигар ҳам дорад ва он дар солмандӣ мавриди номеҳрубонии ҳокимони давр қарор гирифтан аст. Чун шоирӣ дар тафаккури иронӣ фаротар аз мафҳуми шоир дар фикри миллатҳои дигар аст. Шоирони мо ҳама мутафаккир ва рӯшанфикр буданд ва нозимони зиёде ҳам доштем. Рӯшанфикр дар гузаштаҳо шоиронамон буданд, чун яке аз шартҳои бузургӣҳам баёни фикр дар қолаби шеър буд. Ва ҳамаи бузургон, баргирифта аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Ҳилолӣ, Ҳаллоҷ, Саъди Салмон, Имом Абӯҳанифа ва дигарон ба ҷуз фикрашон барои чизи дигаре мавриди номеҳрубонии ҳокимон нашудаанд. То замоне, ки ҳукуматҳо мардумӣ нашавад, ин мушкил ҳамчунон идома хоҳад дошт. Аммо мутмаинан, замоне боз як ҳукумати дигар барои таблиғи худаш Кумитаи ҷоизаи Қаноат ё Лоиқ таъсис хоҳад кард. Ин хислати ҳукуматҳост, барои мардум нишон додани табиати гӯё мардумӣ.

Қаноат ҳам фақат воқеъиятеро гуфтааст, ки мебинад ва ҳарфи ӯ акси садои виҷдони шоир аст. Он мушовироне, ки аз болои Қаноат ба болояшон шикоят менависанд, шарм намедоранд?

Ӯ гуфтааст, пайкараи миллат сохта нашудааст, ин магар дурӯғ аст? Дар куҷо сохта шудааст ин пайкара? Даъвои беҳуда аст, ки мо миллат шудаем, миллат арзиши муштарак ва идеяи миллӣ дорад, ки ин ҳарду ҳанӯз шакл нагирифтааст. Вагарна ба мисли устод Қаноат шоиреро беэҳтиромӣ намекарданд. Ин ҷо гапи наве нест, ҳамон андешаи Иқбол аст, ки мегӯяд, «миллат аз якрангии дилҳост», он чи ки мо ҳанӯз надорем. Ё Лоиқҳам ҷои ҳамин таърихро сареътар такид мекунад, ки "миллати ман миллати яклахт нест". Ҳадафи Қаноат ҳам ин буд, ки андешаи миллӣ ва идеяи воҳиди миллӣҳанӯз шакл нагирифтааст. Онҳое, ки ба Қаноат дарафтодаанд, дақиқан ин мафҳумҳо барояшон бегона аст. Тафаккури онҳо дар дарки ин мафоҳим оҷиз аст, шояд. Ҳоло ҳамин мақомот ҳар тақдире аз Лоиқҳам бикунанд, барои худашон мекунанд, дар назари ман самимӣ наметобад, зеро дар соли 1997, дар интихоботи раёсати Иттифоқи нависандагон айни бархӯрди бо Қаноатро ба Лоиқ низ раво диданд. Муҳим ин аст, ки мардум медонад, ки кӣ чи гуна шоир аст ва кӣ шоир нест.

Акнун аз масоили фикрӣ бигзарем ва бирасем ба чизҳое, ки агар дар бораашон гап задем, мунаққидони Қаноат ҳам фаҳмида бошанд.

Ӯ мегӯяд, ки Тоҷикистон ҷавононе дорад, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд, чанд забонро медонанд, ба муҳимтарин масъалаҳо дар як он посух мегӯянд, аммо чун инҷо меоянд ва мебинанд, ки яке мегӯяд, "ин дарахти ман аст", "ин роҳи ман аст", чизе боқӣ намондааст, дилашон хунук мешавад, ноумед мешаванд ва бар мегарданд. Нодуруст гуфтааст? Магар дар атрофи Душанбе як ваҷаб замини нофурӯхта боқӣ мондааст?

Ӯ гуфтааст, ки "ҷанги Тоҷикистон бе силоҳ идома дорад", магар як сол ба ин ҷониб ҳатто шоҳиди ҷанги бо силоҳ ва гарм набудем?

Қаноат асрори тамаллуқкоронро фош кард, гуфт, ки инҳо дар пеши ҳукумат тамаллуқ мекунанд, дар пушти саҳна, вақте ба ҷамъи худ расиданд, "ҳукумати дохундаҳо" унвонаш мекунанд. Ана ҳамин нуктае буд, ки онро таҳаммул карда натавонистанд ва ба тамоми қувва ба талоши туҳмат задан ба Қаноат пардохтанд.

Аслан ба назари ман, на ниёзе ба Иттифоқи нависандагон мондааст ва на ба Ҷоизаи Рӯдакӣ, зеро на нависанда дорем акнун ва на асари сазовори номи Рӯдакӣ. Ба назарам, шоирони мо ҳанӯз ҳам Қаноат, Бозор, Лоиқ ва Гулрухсор ҳастанд, ки унвони Рӯдакиро доранд, (албатта яке ду нафари дигар, мисли Фарзона ва Сиёвуш истисност), ки ниёзе ба ин ҷоиза надоранд, ба дигаронаш ман, масалан ҷоиза намедодам. Ҳар вақте асари арзанда ба майдон омад, ҳамон вақт бояд ҷоизаи Рӯдакӣ низ эъто шавад.

Дили ман ба Муъмин Қаноат намесӯзад, зеро ӯ болотар аз мансаб аст, балки ба Меҳмон Бахтӣ ва Абдулҳамид Самад месӯзад. Меҳмон зирак аст, роҳашро меёбад, дар хушомад гуфтан ҳам чира аст, акаи Абдулҳамид дили соф дорад, бечора тамаллуқҳам карда наметавонад, барои ҳамин каме лоғар шудааст. Дилам ба ӯ бештар аз ҳама месӯзад. Аъзои дигари соҳибвазифаи иттифоқҳам мисли ин ду раҳбари худ ду тариқанд. Дилам ба ояндаи миллате месӯзад, ки шоир надорад ва шоирнамоҳояш андешаро буғӣ мекунанд.

Ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон бар сари ду поя ё асл устувор шудааст, яке пули муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигаре фасоди молӣ. Камокон 3 миллиард долларе, ки мусофирони корӣ ворид мекунанд, шароити маишати хонаводаҳоро фароҳам мекунад. Ва тасаввур кунед, ки агар ин се миллиард ва ҳамчунин имкони гирифтани пораро аз як мансабдор, ки он ҳам манбаи таъмини маишати хонаводааш бошад, бигирем, ин ҷомеа ба чӣ рӯзе гирифтор мешавад? Ба чоҳи бетаг фурӯ меравад. Аммо то кай ин вазъи носолим идома пайдо бояд кунад, модари тоҷик фақат муҳоҷир бизояд ва фасоди ҷомеа густариш дошта бошад? Оё ин масъалае нест, ки ба ҷои сияҳномнависӣ аз болои якдигар роҳи ҳалле барои он пешниҳод шавад?

Ахиран дар Шӯрои ҷамъиятӣ шиквае аз ин шунида шуд, ки мардум завқи чандоне ба ҷашни Истиқлол надорад ва ҳол он ки имсол бояд 20 солагии бузургтарин неъмати миллӣ - Истиқлол таҷлил шавад. Посухи ин хеле сода аст - «ҳар он кас арзон харад, арзон фурӯшад». Ва дигар ин ки чунин вазъ хеле табиӣ ба назар менамояд, ҳоло бояд шукр гуфт, ки агар истиқлолбезор нашуда бошад ин миллат. Агар рифоъ ва зиндагӣ ба сатҳи хубтар аз замони пеш аз истиқлол мерасид, мо дақиқан аз истиқлол бештар шукргузор мебудем. Баъди истиқлол якеҳо ба суръат доро шуданд, чанд баробари пеш аз истиқлол, аммо аксаран зиндагии худро аз даст дод. Ва онҳое, ки аз истиқлол безор буданд, вале чун ба он расиданд, доро шуданд, месазад, ки аз истиқлол таҷлил кунанд ва ман ба онҳо воқеъан истиқлолро табрик мегӯям. Аммо онҳое, ки истиқлол аз онҳо марди муҳоҷири мардикор сохт ва ба модароне, ки бе падар ва дар рӯҳияи занона фарзандони худро бузург мекунанд, чӣ бигӯям?

 Ҳарчӣ накунем, боз ҳам мерасем ба Бозор Собир:

Дастат, ки агар ба тоқи нонат нарасад,

Хиште, ки ба зери по ниҳӣ,Қуръон аст.

Талаби озодӣ ва истиқлолро миллатҳо ба орзуи расидан ба рӯзи саодат ва зиндагии хубтар мекунанд, аммо чун ба ҷои миллат гурӯҳҳои ҷудогона бой шуданд, ин маънои бозтақсими нодурусти неъматҳои моддиро дар замони истиқлол дорад.

Инҳо масоилест, ки Қаноат ба унвони рӯшанфикри миллӣ дар атрофашон иҳзори назар кардааст ва рисолати як зиёӣҳамин аст, такопӯе дар ҷустуҷӯи роҳи ҳал. Ин кор гуноҳ нест, ин савоб аст. Ӯро маҳкум накунед!!!

Тафаккури "мурдапарварӣ" ва "зиндакушӣ"-ро ин мардум ба ҷузъи фарҳанги иҷтимоии худ табдил кардааст ва хоса вақте масъулини умур аз ин фарҳанг пуштибонӣ мекунанд, он ривоҷ хоҳад ёфт. Аз кадом истиқлол ва андешаи миллӣ ва гулгулшукуфӣҳарф мезанед, ки дар гармии охири апрели имсол дар хонаи намзадаву сарди Устод Шакурӣ бо Толибшоҳ ним соат бештар тоқати нишастан накардем. Устод ба ваъдаи мақомот барои расидан ба истиқлоли энержӣ бовар кардааст, вале ҳоло дар ин шароит бо ҷома ва кӯлоҳи пашмӣ дар хонааш нишаста аст. Офарин ба ӯ, ки дар чунин шароите зимистонро пушти сар гузоштааст.

Боз ҳам дар ҳузури Бозор Собир ва Латифи Пидром аз Устод Қаноат суол кардам, ки Бозор шуморо "ҳайкали хомӯшӣ" ном гузошта буд, ба далели он ки ба таҳаввулоти солҳои навади асри гузашта бо хомӯшӣ назар мекардед. Чаро ба ин ҳаракатҳо ҳамроҳ нашудед? Гуфт; «барои он ки мумкин набуд, агар мо ба ин ҳаракатҳо мепайвастем, таҳаввулоти он замон сайри саудӣ мекард ва шитоби таҳаввулот аз идора хориҷ мешуд. Аммо баъдтар, ки низоъ оғоз шуд, ман дар ҳеҷ тарафе қарор нагирифтам, чаро ки тарафи ҳақ дар ҷанги Тоҷикистон вуҷуд надошт». Акнун ман ба ин воқеъият тардид надорам, ки воқеъан як ишораи шоире бо рӯҳи ҳаммосӣ баробари амали як артиши бузург корсоз воқеъ шудааст. Як сол боз мавҷи вокуниш ба шоир қатъ намешавад, ин нишони аҳамият ва вазну қиммати сухани Қаноат аст.  

Ба ҳар сурат, як таҳаввули фикрӣ дар андешаи рӯшанфикрони тоҷик баъди суханони Қаноат пеш омадааст. Ин раванд бебозгашт аст. Изҳороти Гулрухсор, ба лаҳну ҷасорате, ки танҳо хоси ӯст, далели ин гуфтаҳост. Касе дигаре ин суханонро гуфта наметавонад. Аммо ӯ дар ин пуштибонӣ аз устоди худ андаке таъхир кард. Ҳарчанд устодаш ба ҳимоят ниёз надорад. Дигар ин ки ҳамраъйии саршиностарин чеҳраҳои фарҳангии Тоҷикистон дар ҳимоят аз номзадии журналист Толибшоҳи Сайидзода ҷасорат аст ва онро бояд табрик гуфт. Ва ҳар гуна талоши ҷилавгирӣ аз таҳаввули андешаи рӯшангарӣ ба зиёни ҷомеа анҷом мешавад.

Аз он метарсам, ки мабодо нафраткардаи Қаноъат нагардем ва такрори таърихро шоҳид нашавем.

Раҳматкарими Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97