ЮНЕСКО бозичаи дасти кист?!

Дидгоҳ 14.03.2011 09:00

Unesco_012455Матне, ки ба салоҳдиди мухлисони ҳафтаномайи "Миллат" пешниҳод мешавад, як бахши гуфторест, ки баройи анҷумани файласуфони ҷаҳон дар Теҳрон (21-23 ноябри соли 2010) тарҳрезӣ кардаам.  Азбаски маро роҳбари илмии панели "Тақоруби фарҳангҳо" таъйин карда буданд, салоҳи оғози кор донистам, ки ба унвони муқаддима нахуст дар борайи нақши фарҳангии фалсафа ва фитнайи байналмилалие изҳори назар намоям, ки умдатан ҳамойиши фалсафиёнро дар Теҳрон вайрон кардан мехост.

Ман худам, ба қавле, бо сабабҳойи техникӣ, аз Амрико ба Ирон сари вақт парвоз карда натавонистам ва аз иштирок дар ҷамъомади ҳамкасбонам маҳрум мондам. Бинобар ин лозим медонам, ки ба унвони як навъ узри маъзур оғозу анҷоми суханрониамро интишор намоям.

 

Душман ба ғалат гуфт, ки ман фалсафиям, 

Эзид донад, ҳар он чӣ ӯ гуфт, наям. 

Лекин чу дар ин ғамошён омадаам, 

Охир кам аз он ки ман бидонам, ки киям. 

Умари Хайём

Фалсафа ба сони ҳамон найи машҳури Мавлонойи Рум аст, ки зикри шиквааш "Маснавии маънавӣ"-ро ҳусни оғоз бахшида; ҳикмати назарӣ ҳам "аз ҷудойиҳо шикоят мекунад"! Чаро ки ҳикмат сириштан нируйи ақлонии мунҳасир ба фард бувад ба сират ваҳдатгарою ба сурат ваҳдатсаро. Ва маҳз ӯст, ки ҳамчун пайвандгари зоҳиру ботин, аразу ҷавҳар ва арзу само аз қадим боз бо саъйи комилу азми шомил сарчашмайи ягонагии Одаму Оламро меҷӯяд. Нахли умедаш на ҳамеша самар медиҳад, вале ба исрори тамом мекӯшад дар ормоншаҳраш сад хонаеро, ки обод намояд, ки аз хуноби дилаш вайрон аст...

Ин нуктаро маҳз дар ҷашни байналмилалии фалсафа ва маҳз аз минбари анҷумани ҷаҳонии файласуфон таъкид кардан мебояд, зеро ҳакимон намояндайи куллитарин илми назаристанд, ки монанди илми риёзӣ ба сиёсату сиёсатбозиҳойи замона аслан коре надорад. Вале агар фалсафаро фарҳанги тафаккуру тафаҳҳум унвон кунем, онгоҳ нағз мефаҳмем, ки чаро аз аҳди Суқрот ин ҷониб нисбат ба як илми дар назари аввал мавҳум ва ҳатто мубҳам хусумати сиёсию хушунати рӯҳонӣ қатъ намешавад. Охир, манзумаҳойи муҷарради фалсафӣ усулан ягон хатари мушаххаси  иҷтимойӣ эҷод намекунанд. Асл дар дигар ҷост: мантиқу маслаки тафаккури фалсафӣ интиқодгирою инқилобгарост! Зимнан, инро Муҳаммади Ғазолӣ баъди мӯшикофона хонда баромадани осори Абӯалии Сино зиракона дарёфта буд.

Дар воқеъ, фалсафа  -- на танҳо ҳикмати хирадгарое мисли назарияи Закариёи Розӣ ё Абӯалии Сино, ки бар пояи мантиқу маслаки илмӣ такя мекунад, балки инчунин таълимоти динию ахлоқие чун тасаввуф -- бо истифода аз неру ва нуфузи маънавие, ки дорад, қудратҳойи исёнгари ақлонӣ ва иҷтимойиро аз қувва ба феъл оварда метавонад. Ба ҳар ҳол инқилобҳойи бунёдие, ки маҷройи таърихи ҷаҳонро дигар кардаанд, ба инқилоби фалсафӣ ҳамзамон набошанд ҳам, рӯҳан решапайванд буданд.

Аз ҷумла афкори суннатии Ховар то он дараҷае, ки таърихшиносони Бохтар гумон мекарданд, ба худ печида аз ҳоли одаму олам ғофил намонда буд. Чунончӣ, дар Аҷам ҳикмат ба сурати шеъри ғанойӣ (лирикӣ) даромада пайваста кӯшидааст, ки бо нури ҷонбахшаш пиряхи ҳавасу ҳавсалайи мардумро об кунад. Ҳатто каломи мухайяли шоирони сӯфимашраб -- онҳое, ки дар замони шӯравӣ ба унвони тарғибгари беғайратию бепарвоии иҷтимойӣ мавриди таъни забони мафкурашӯёни марксисттарош қарор гирифта буданд, -- чунон ки ба ман устод Шарифҷони Ҳусейнзода талқину таъкид мекарданд, аз исёни маънавӣ саршор буд. Бубинед, ки Ҷалолиддини Балхӣ ба чӣ моя суханҳойи сабзу пӯстканда муосирони гӯлу гумроҳашро аз ғафлаткадайи рӯзгорашон берун афгандан ва ҳамзамон рӯҳбаланд кардан хостааст:

Онҳо, ки талабгори худоед, худоед, 

Берун зи шумо нест, Шумоед, Шумоед! 

Зотеду сифотеду гаҳ аршу гаҳе фарш,

Дар айни бақоеду муназзаҳ зи фаноед!..

Ва низ бесабаб нест, ки дар Ирону Турон илми ҳикмат маҳз дар чаҳорчӯби назм (хосса дар қолаби рубойӣ ва маснавӣ) ба камоли маънавӣ расидааст. Гарчанде ки сарчашмайи яке (шеър) ғолибан дилу ҳис асту азони дигар (фалсафа) асосан ақлу мантиқ, ҳар ду навъи шуури фардию иҷтимойӣ сириштан томгарост. Томгаройӣ бошад, ба пиндоштам, аз тинати тафаккури ориёӣ бармеояд, ки зотан таркибгар бувад, то таҳлилгар. Бинобар ин Абӯнасри Форобӣ ҳаққонӣ гуфта, ки ҳикмат ба симати илми куллию  назарӣ нахуст дар муҳити маънавии ориёзамин пайдо шуда сонӣ аз он ҷо ба Миср, Сурия ва Юнон густариш ёфтааст.

Пас аз якуним ҳазор сол ҳикмати ховарзод ба сурати фалсафайи хирадгаройи юнонӣ даромада ба куҳандиёраш баргашт ва дар тарҳрезии тамаддуни Арабу Аҷам ширкат варзид. Ва гарчанд ки фалсафа дар сарманзилаш худро дар хонайи падар будагӣ барин ҳис намекард, дар муҳити маънавии меҳанаш зотан бегона ва воқеан бечора набуд. Ҳикмати куҳанпир ба унвони як қисми таркибии рӯҳи ориёзамин ҳатто дар арзи "ду қарни сукут" бедору ҳушёр буд. Ба ҳар ҳол Абӯалии Сино дар баробари Абулқосими Фирдавсӣ "Аҷам зинда кардаст бад-ин порсӣ". Ва агар бо вуҷуди ин фалсафайи даврайи Эҳёи Аҷам ҷиҳати нуфузи фарҳангию иҷтимойӣ маҳдуд монда бошад, иллати таърихиаш он аст, ки ҳакимон таҳти фушуру фишори ҳокимон (ба маънии васеъ - ҳам аҳли давлат ва ҳам аҳли шариат) буданд. Ҳокимони ҳар ду қаламрав бошанд, як мақсади муштарак доштанд: хиради инқилобиро ром карда қудрати маънавиашро баройи тақвияти ҳукумати сиёсӣ ва ё вусъати ҳокимияти рӯҳонӣ истифода (дурусттараш: суиистифода!) кардан.

Ин азму иродайи ҳукмфармойӣ, ки худкомию хешбинӣ ҳамрадифи ҳамешагии ӯст, дар "насиҳати" зерини Султон Маҳмуд ба Абӯрайҳони Берунӣ таҷассум ёфта (нақли Арӯзии Самарқандӣ): "Ё Бӯрайҳон! Агар хоҳӣ, ки аз ман бархурдор бошӣ, сухан бар муроди ман бигӯ, на бар салтанати илми хеш!" Фармудайи Маҳмуд фақат оз ё нози шахсии ҳокими туркнажоду тоҷкипарвард набуд; роҳнамуди таҳтуззеҳнӣ ва фарозамоние бувад, ки дар даҳру даврҳойи гуногун ба сурату сирати мухталиф ба вуқӯъ пайвастааст. Чунончӣ, дар тӯли андаряк ҳазор сол (асрҳойи VI-XVI милодӣ) -- замоне, ки дар даврабандии таърихии Урупо "садаҳойи миёна" (ба форсии Ирон, "қуруни вусто") гӯянд, -- ҳамаҷиҳата фишор овардаанд, ки фалсафаро ба ғуломи халқабаргӯши дини рошидин табдил диҳанд. Минбаъд, дар "замони Нав" (садаҳойи XVI-XIX милодӣ) илми табиатшиносӣ маснаднишин шуда фалсафаро ҳам ба худаш тобеъ кардан хост. Дақиқтар гӯям, ин корро худи файласуфони идеологиязада аз номи илм  мекарданд. Баъди он ки аввал ҳайатшинос Коперник ва сонӣ ҳаётшинос Дарвин афсонаҳойи Тавроту Инҷилро бо далелҳойи қотеъ рад карданд, ҳамонҳо ду хулосайи куллӣ бароварданд. Як: илм дар ҷанги ғоявиаш бо дин тамоман "пирӯз" шуд. Ду: акнун фалсафаро набоястӣ ва нашоястӣ аз пеши худ тарҳи "низоми олам"-ро кашидан ва бар "фанҳойи дақиқ" мисли дин ҳукмфармойӣ намудан.

Дар замони Шӯравӣ бошад, баройи фалсафа гӯё даври қасос фаро расид. Болшевикони рус як равияи моддагаройи фалсафайи урупойиро, ки ҳатто дар зодгоҳаш (Олмон) ҳукумати маънавӣ надошт, ба унвони марксизм-ленинизм то сатҳи идеологияи давлатӣ баланд бардоштанд. Ин мафкурайи ҳамадону ҳамагире, ки "ягона идеологияи илмӣ" мехонданд, ба қуввату қудрати сиёсии Давлати Шӯравӣ такя карда дар давоми 60 сол ҳамчун методология ва ҷаҳонбинии ҳамагонӣ аз болойи на фақат ҷумла бахшҳойи илми ҷомеашиносӣ, балки ҳатто илмҳойи табиатшиносӣ низ фармонфармойӣ кард. Кор то дастдарозиҳо ба физика барин илми дақиқ расид. Ва, ба қавли олими барҷаста ва шинохтайи Шӯравӣ академик П. Л. Капитса,  фақат таркиши ҷаҳонкаркунанда ва ваҳшатангези бомбаи атомӣ буд, ки идеологҳойи фалсафитарошро ба худ овард! Ва аммо ин зилзилайи илмӣ садсутуни кибриёи идеологияи муқтадирро ларзонда тавонист.

Пас аз чоряк аср дар фалсафа ҷунбиши инқилобие сар шуд мавсум ба пасонавгаройӣ (постмодернизм), ки метавон  як навъ ошӯби рӯҳи эҷодгарӣ хонд. Вай аввал дар муҳити адабу ҳунар бархоста сонӣ ба илмҳойи инсоншинохтию ҷомеашиносӣ нуфуз кард. Исёни фалсафии постмодернизм зотан вокуниши назарие буд дар муқобили  бедодгариҳойи идеологии марксизм-ленинизм, аз як сӯ ва, аз сӯйи дигар, иддаҳойи эпистемологии ба истилоҳ фалсафаи таҳлилӣ (як шакли неопозитивизм), ки ба канду кови мантиқии мафҳумҳойи илм ва забони урфӣ шуғл меварзад. Вале нияти нек на ҳамеша оқибати нек дорад, ки дар ин маврид ҳам бармалост.

Агар позитивистони насли аввал асотиру адён, метафизика ва илмро қад-қади як хатти рости инкишофи таърихӣ рост карда бошанд, постмодернистон аз байни дину устура, аз як ҷониб, ва илму фалсафа, аз ҷониби дигар, садҳойи пешинро бардошта, бад-ин тариқи ботил нодираву худвижа будани мақому мартабайи илмро дар низоми донишҳо инкор карданд. Позитивизми пешин табиатшиносии навинро ойинайи ибрат дониста роҳи "илмгаройӣ" (сайентизм)-ро пеш гирифта бошад, постмодернизм адабиёту ҳунарро барояш намуна хонд. Натиҷа ҳамин шуд, ки пасонавгароён меъёру маҳакҳойи маъмули воқеиятшинохтию ҳақиқатпазириро беқурб гардонида дар ниҳояти кор худи ақлу хирадро низ наҳ заданд. Тасодуфӣ нест, ки ин амру амали носазо бо эҳёи саноати танҷим (астрология), сеҳру ҷоду ва фолбинӣ барин ҳунарҳойи хурофотӣ тавъам омад...

Илму фалсафайи пешин ба сони ойинайи қаднамо одаму оламро пурра акс мекард. Постмодернизм бошад, ин ойинаро шикаста партофт. Ва акнун ҳар як ойинапора рӯзгори муосирро ба таври хос, яъне аз кунҷи назари худаш, акс мекунад. Гузашта аз ин, шикастабанде нест, ки шикастаҳойии маънавии замонаро мумиёйӣ кунад!

Хушбахтона, ҳосили коргаҳи ақлу хирад ин ҳама нест!

 ҚАЛЛОБИҲО ДАР ИНТИХОБИ РАИСИ НАВИ ЮНЕСКО

Файласуфону фарҳангиёни порсигӯ қарори ЮНЕСКО-ро дар бобати дар Теҳрон гузаронидани  ҷашнворайи навбатии "Рӯзи Байналмилалии Фалсафа" бо камоли ифтихор пазируфта буданд. Вале ҳайҳот: ба қавли як мақоли тоҷикӣ, навбат, ки ба мо расид, балеро бало навишт. Лекин кӣ?! Инаш оғози қиссаест, ки гӯям - гуфта, нагӯям ғусса! Ҳамагӣ яку ним ҳафта пеш аз оғози анҷумани ҳакимони Шарқу Ғарб, дар сурате, ки ҷумла меҳмонони хориҷӣ билети рафтуомадро аз маркази тадорукоти иронӣ гирифта омодайи сафар буданд, раёсати ЮНЕСКО ногаҳон аз сари паймон гузашта қарори пешинаашро расман бекор кард...

Баройи ба сабабу оқибатҳойи ин рафтори носавоб сарфаҳм рафтан лозим меояд, ки аввал ба воқеае дидайи эътибор дӯзем, ки яку ним сол пеш дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Порис рӯй дода буд. Манзури назарам маъракайи интихоботи райиси нави муассисайи мазкур аст, ки қаблан  расмияти қаторӣ ба шумор мерафту ин дафъа ба як воқеайи тезутунди сиёсӣ табдил ёфт.

Иллаташ ҳам ойина барин равшан буд; дар баробари дигарон вазири фарҳанги Миср Форуқ Ҳуснӣ низ баройи расидан ба мақоми олӣ дар ЮНЕСКО мубориза мебурд, ки албатта айбу аҷаб нест. Ва аммо... вақте ки вай дар се даври аввали интихобот аз ҳамаи номзадҳо дида бештар раъй гирифт, ин хабар як навъ бонги хатар шуд! Чаро ки вакили кишварҳойи мусулмон  махсусан ба давлатҳое маъқул набуд, ки ба истилоҳ "Ҷанги умумиҷаҳонӣ бар зидди террор"-ро ҳамчун бархӯрди тамаддунҳойи Шарқи исломӣ ва  Ғарби яҳудию насронӣ қаламдод мекунанд. (Ҳоли ҳозир аз истифода, дурустараш суйистифодайи ин мафҳуми куллан бемаънӣ даст кашидаанд, вале худи ҷанг давом дорад ва ҳатто вусъат ёфта акнун Покистонро ҳам фаро гирифтааст. Гузашта аз он, идеологҳойи адоватзадайи ин ҳарби низомию зарби тарғиботӣ, ки аз хаёлҳойи ботили Тротский илҳом гирифтаанд, пайваста мекӯшанд бо ягон баҳонайи сохтаю бофта Иронро ҳам ба оташдонаш тела диҳанд.)

Аз ин рӯ, чун дар давраи чорум ва панҷум дар рӯйхати номзадҳо фақат ду нафар - Ҳуснӣ Форуқ ва намояндайи Булғористон Ирина Бокова монданду эҳтимоли ғалабайи фиристодайи Миср яқин шуд, сафиру сафоратҳойи давлатҳойи ҳавасманд ҳамон замон ба бозиҳойи пасипардагӣ пардохтанд. Ҳатто матбуоти Русия, ки Боковаро ҳамчун cоҳиби ду дипломи хориҷӣ (шӯравӣ ва амрикойӣ) муаррифӣ намуда, ҳаводори намояндайи Булғористон буданашро руст намекард, иқрор овардаст, ки дар идораи ЮНЕСКО ҳангоми ба истилоҳ овоздиҳии пинҳонӣ қаллобию сиёҳкориҳо ва хусусан харида гирифтани раъйҳо бар рӯйи кор омаданд. Яъне айни ҳамон усулу услубҳойи носавобу норавое, ки истифодайи онҳо дар рафти интихоботи сиёсӣ дар Ховару Бохтар, аз ҷумла кишварҳое, ки худро бо ифтихори тамом "демократия" мехонанд (чӣ расад ба кишварҳойи пасмондаю тақлидкори пасошӯравӣ!), як амру амали муқаррарист. Албатта булғорҳо аз уҳдайи чунин амру амал намебаромаданд; ба истилоҳ корҳойи ташкилиро дигар нирӯҳойи зӯртару чолоктар (ба қавли маъруф; "мушкилосонкункасон"!) иҷро карданд.

 ДАР ЮНЕСКО ИНСОФ НЕСТ,  ТАМАЪ ҲАСТУ МАНФИАТҶӮӢ

Дар натиҷа мубориза баройи ишғоли вазифайи раҳбари ЮНЕСКО рангу раванди бармалойи идеологию сиёсӣ пайдо намуд. Ба ҳар ҳол коршиноси СММ Андреас Вестервинтер рафти интихоботи гузаштаро "набарди тамаддунҳо" унвон кардааст, ки чандон муболиға нест..

Амрикоиён як масал доранд: there's no (such thing as a) free lunch.  (Зарбулмасали тоҷикии "Муфт?! Аз сараш гардам, кӣ гуфт?"-ро, ки аз танзу таън рангин шудаст, метавон шабеҳи тоҷикии масали амрикоӣ донист.) Барандайи ҷоизайи Нобел Милтон Фридман маҳз ҳамин ҳикмати омро ба аксиомайи иқтисоди бозаргонӣ табдил дод, ки бар хилофи эътиқоду эътимоди худи ӯ таҷассуми фасоди маънавии низоми сармоядорист. (То чӣ андоза харобиовар будани назарияҳойи иқтисодии Фридманро хусусан таҷрибайи фоҷиабори Русияи пасошӯравӣ баръало исбот кард; солҳойи навадум думравони беинсофи ӯ, ки пиндору рафтори табоҳкоронаашонро Александр Солженитсин ҷумлатан "гай-чубайсигарӣ" унвон карда буд, молу мулки бо нӯги сӯзан ҷамъовардайи халқи ғофилро миёни ҳаннотону қаллобони гузаро бо панҷшох тақсим карданд!)

Дар сиёсат чӣ? Президенти пешини Амрико Ҳаррӣ Трумэн гуфта будаст: "Агар шумо ба нияти гирифтани  пули мардум ба онҳо дурӯғ гӯед, ин қаллобист. Агар шумо ба нияти гирифтани раъйи мардум ба онҳо дурӯғ гӯед, инаш сиёсат аст." Хуб, баҳс  намекунам, зеро фарде, ки инро гуфтааст, ҳам таҷрибайи ғании кори сиёсӣ дошту ҳам одоби сиёсии ҷаҳони муосирро аз ман дида нағзтар медонист. Фақат гуфтайи Трумэнро бо мушоҳидаҳойи худам дар Амрико ва берун аз он татбиқ ва таъмим карда мегӯям: акнун дар ҳар ду бахши фаъолияти иҷтимойӣ - чӣ иқтисодӣ ва чӣ сиёсӣ - ахлоқ на қурб дораду на нуфуз. Ба хусус аз мафҳуми инсоф ному нишон намондааст; фақат манфиати гурӯҳӣ ҳасту тамаъйи шахсӣ.

 

ҚАРЗҲОИ БАҒДОДӢ ВА ҒАРАЗҲОИ ИРИНА БОКОВА

Irina_Bokova_012Cиёсатбозиҳойи кунуниро дар боргоҳи ЮНЕСКО аз ҳамин мавқейи назар тақвиму тақдир кардан бояд. Даставвал донистан шояд, ки ҳаводорони Ирина Бокова чӣ манфиати ниҳонӣ доштанд.  Он ҳама миёнравиҳо, дасттофтанҳо, мағзшӯйиҳо ва ваъдаҳойи суду зиён баройи "интихоб" шудани ӯ маҳз ба хотири чӣ буд? Комилан равшан аст, ки саъю кӯшишҳойи дипломатию ғайридипломатӣ беғаразона набуданд, ба ҷумлагӣ як навъ воми сиёсие буданд, ки қарзи ҳасана хондан нашояд; тоҷикон онро қарзи Бағдод меноманд. Шарти чунин навъи вом он аст, ки агар дар вақташ бознагардонанд, фоизаш ду баробар меафзояд! Аз ин рӯ соати бархӯрди Бокова бо қарзхоҳон дур набуд...

Манзури назарам ҳамон паймоншикании ЮНЕСКО  аст. Давлатҳое, ки тирамоҳи гузашта  бар зидди қарори пешина дар бобати дар Теҳрон ҷашн гирифтани "Рӯзи байналхалқии фалсафа" ҳангома бардоштанд, парерсол хомӯш буданд, зеро медонистанд, ки раиси онвақтайи ЮНЕСКО (намояндайи ҷопон Койчиро Матсуура) аз қавлаш намегардад. Лекин ҳамин ки раиси нав ба сари кор омад, мухолифин иғворо сар карданд, чун медонистанд, ки ин дафъа тирашон ба нишон мерасад.

Бино ба ровиёни ахбор, фишор ба роҳбарияти ЮНЕСКО аз се тараф ба се шакл сурат гирифт. Аввал ба номи Бокова сиёҳномаҳо навишта талаб карданд, ки ЮНЕСКО қарори қаблиашро расман бекор кунад. (Номайи нахустинро се узви лоббии байналмилалии Исроил имзо кардаанд, ки миёни онҳо махсусан файласуфи тазвирӣ Бернар-Анри Левӣ фаъол буд.) Сонӣ дар баъзе донишгоҳу анҷуманҳойи илмию фарҳангӣ ҷамъомадҳойи "эътирозӣ" ташкил карданд. (Яке аз коргардонҳойи ин гуна ҳангомаҳо файласуфи иронию канадагӣ Ромин Ҷаҳонбеглу буд, ки аҷаб нест ба умеди гирифтани Ҷоизайи Сулҳи Нобел бошад - насиб кунад, чаро ки ин мукофоти байналмилалӣ кайҳо беобрӯ шудааст!) Сеи дигар намояндагони баъзе давлатҳо-аъзойи ЮНЕСКО роҳи дахолату далолати расмию ғайрирасмиро пеш гирифтанд. Бо такону талқини исроилиҳойи ҳавасманд хусусан дипломатҳойи Фаронса ва Амрико ҳадафмандона амал карда охир ба муроду мақсади шефи идеологиашон расиданд (ҳалолашон мабод!): Бокова худаш аз номи ЮНЕСКО ба ҷамъомади байналмилалии файласуфон дар Теҳрон "бойкот" эълон кард.

Тасодуфӣ нест, ки нахустин вокуниши хаттӣ аз ҷониби ожонси тилгрофии яҳудӣ (JTA) интишор ёфт, ки шахсан Боковаро таҳсину офарин гуфтаст: "Қарори Директори Генералии ЮНЕСКО Бокова дуруст буд ва мо ӯро ба ин кораш мадҳ мекунем!" Ба қавли тоҷикон, ҳама гап занад ҳам, ту гап назан! Умедворем, ки Викиликс мукотибайи намояндайи Амрико дар ЮНЕСКО Давид Киллионро бо хонум Бокова низ ба рӯйи об бароварда моро аз ҳарбу зарби пасипардагӣ дар атрофи интихоби Райиси нави ЮНЕСКО ва бойкоти конфронси Теҳрон огоҳ хоҳад кард. Дар зимн аҷаб нест, ки дар номайи махфии сафири Иёлоти Муттаҳида  ба машварату маслиҳатҳояш бо намояндайи Исроил ишорайи ҷолибе бошад! (Ҳаракати Сар бо амри Дум баройи ҷумла мавҷудоти зинда, хосса арбоби сиёсате, ки худро нофи замин мепиндорад,  шарму айбест ношустанию нобахшиданӣ!)

 

РАИСИ ЮНЕСКО  БАДХОҲИ ИРОН ВА ОЛАМИ ИСЛОМ

Ва низ сазовори ёдоварист, ки Бокова баъди раис "интихоб" шуданаш бо олиҳимматие,  ки "ғолиби мусобиқа"-ро бояд, ба нахустин гуфтугӯйи матбуотиаш рӯзноманигорони арабро даъват кард ва тавассути онҳо ба "олами мусулмон" гуфт: "Ман ягон хурофот надорам, зеро ин олам ва ин фарҳангро мешиносам. Ман баройи иҷройи кори муштарак ва бартараф сохтани ҷумла иштибоҳ даст дароз мекунам". Валекин... бойкоти конфронси Теҳрон аз ҷумлайи "иштибоҳҳое" набуд, ки одами ширихомхӯрда ғайрииродӣ ва ё ногаҳон содир мекунад; он амре буд, ки хонуми соҳибмартаба бо ғарази ҳадафмандонаи сиёсӣ ва ба хотири тақозойи  душманони кунунии Ирон аз номи ЮНЕСКО қабул кардааст! Дар воқеъ, магар Ҷумҳурии Исломи Ирон  узви айнан ҳамон "олами мусулмон" нест, ки Бокова  гӯё  нағз мешиносад ва ба он дасти ҳамкорӣ дароз мекунад? Пас, чаро ӯ корро аз ҳамкорӣ бо он кишвар сар накард, ки зимнан узви комилҳуқуқи СММ ва ЮНЕСКО мебошад?! Охир, хонум Бокова метавонист худаш ба Теҳрон омада дар маросими оғози ҷаласайи олимон шахсан ширкат варзад ва ҳам савияи донишашро дар соҳаи ховаршиносӣ ва ҳам дараҷайи ҳурмату эҳтиромашро нисбат ба фарҳанги исломӣ дар ҳузури ҳамагон намойиш бидиҳад!

Вале ман ба як чиз амин дорам: Бокова ва дигар зодагони Урупойи Шарқӣ, ки дирӯз Шӯравипараст буданду имрӯз Амрикодӯст шудаанд,  Ховарро ҳамчуноне, ки буду ҳаст, намешиносанд, вагарна аз рӯйи гуфтаю фармудайи "шарқшиносон"-и мунофиқ кор намекарданд!

Аҷаб нест  Бокова ҳуҷҷатеро хонда бошад, ки бунёдгузорони ЮНЕСКО дар заминайи таҷрибайи рӯзгори гузашта навиштаанд. Он ҷо омада, ки "дар тайи тамоми таърихи одамизод маҳз адами ҳусни тафоҳум бойиси бадгумонӣ ва нобоварии халқҳо гардид ва дар натиҷа мухолифати назарҳойи онҳо басе ба ҷанг оварда расонд". Дар шароити нозуки кунунӣ, вақте ки бар асари иғвою дасисаҳойи Исроил, ки бо ҳар восита бархӯрди мусаллаҳонайи Амрикоро бо кишварҳойи мусулмон вусъат бахшиданист (аз ҳисоби ҷанг андохтан бо Покистон ва хоса Ирон, ки онро душмани ҳастизудойи худ эълом медорад), ЮНЕСКО-ро боястӣ маҳз баройи оҳиставу пайваста хушк кардани сарчашмаҳойи "бадгумонӣ ва нобоварии халқҳо" саъю кӯшиш кардан. Ирон айнан ҷузву рамзи ҳамон олами гуногунранги иҷтимоию фарҳангист, ки ЮНЕСКО эътирофу эътибор мекунад. Теҳрон айнан ҷое буд, ки дар он хотуни ЮНЕСКО метавонист аз тариқи муколамаю мусоҳабайи хайрхоҳона тааммулпазирии эълонкардаашро дар амал собит намояд

 

ЮНЕСКО ТАЛАБҲОИ АМРИКОРО БАРОВАРДА МЕСОЗАД

Бокова дар шарҳи қарори носавобаш гуфтааст: "Азбаски ҳамайи ҷиҳатҳойи масъалайи баргузор кардани ин ҳамоийиши байналмилалиро бо котиботи ЮНЕСКО  ба таври муфассалу густурда машварат накарда буданд, Директори куллӣ тасмим гирифт, ки шартҳое риоя нашудаанд, ки баройи дар сатҳи ЮНЕСКО самаранок гузаронидани конфронси мазкур заруранд".

Дар ҳошияи ин баёнияи аҷаб саргум ду саволи оддӣ, вале ҷиддӣ қомат меафрозад:

1. Ҳангоми пазируфтани пешниҳоди Ирон дар боби дар Теҳрон баргузор кардани таҷлили Рӯзи байналмилалии фалсафа роҳбарияти собиқи ЮНЕСКО маҳз кадом ҷиҳати ташкилии конфронсро ба назар нагирифта буд?

2. Маҳз кадом шартҳойи самаранок гузаштани конфронсро роҳбарияти нави ЮНЕСКО ба миён монда буду онҳоро Ирон иҷро накард?

Дар изҳороти сарвари навкори ЮНЕСКО ба ин саволҳо ҷавобе нест, лекин метавон ба осонӣ пай бурд, ки ба фикри ӯ боз кадом ҷиҳатҳоро ба назар гирифтан мебоист; ҷиҳатҳойи мазкур рангу раванди сиёсию идеоложикӣ доштанд, ки ба кӯр ҳам асост! Ва лозим ба ёдоварист, ки ҳамон ҷиҳатҳойи сабил ба ҳадафу вазифаҳойи асили ЮНЕСКО комилан бегонаанд, вале ба мадди назар гузоштани онҳоро Амрико ва шарикони ӯ талаб мекарданд!

Дар ҳошияи нақлу нақде, ки зикраш гузашт, донистани як чизи дигар  муҳим гирифтан дар боби бойкот кардани конфронсе, ки муассисаш худи ЮНЕСКО буд, Ирина Бокова бо дигарон (хусусан Сардиректори собиқи муассисайи мазкур Койчиро Матсуура, ки ташкили анҷумани навбатиро дар Теҳрон маъқул дониста буд) ба "машварати муфассалу густурда" пардохта бошад?

Аз қавли Мавлонойи Рум хулоса мекунам:

Нақзи аҳду тавбайи асҳоби сабт

Мӯҷиби масх омаду эҳлоки сабт!

ЮНЕСКО ОБРӮЯШРО АЗ ДАСТ ДОДА ВА  ОЙИНОМААШРО ШИКАСТА

"Нақзи аҳд" ё паймоншикании ЮНЕСКО хусусан аз он ҷиҳат номаъқулу носавоб буд, ки вай ҳам ба асолату рисолати ин муассисайи байналмилалӣ ва ҳам ба мароми аслию вазифайи ҷории Соли байналхалқии тақоруби фарҳангҳо (2010) комилан зид аст. Охир, ҷавҳари маънавии соли мазкур тафсири ин ду ҳарф аст; ҳусни тафоҳум, ки бе муколамаю мубоҳиса ҳосил намегардад! Аз ин рӯст, ки дар маромномайи Созмони Милали Муттаҳид ва ҷумла ташкилоту шӯъбаҳояш маҳз таҳаммул (толерантият) ва гуфтушунид (диалог) ба унвони муҳимтарин роҳу тариқи фаъолияти байналхалқӣ сабт шудаанд!

Хусусан ҳаминаш ҷолиб аст, ки чунин одоби муоширати байналхалқиро замоне қаламӣ карда буданд, ки ҷанги сард оҳиставу пайваста қувват мегирифт. Пас, аҷобат инҷост, ки акнун, пас аз бист соли анҷом ёфтани ҷанги сард, боз дар Соли байналхалқии тақоруби фарҳангҳо, ЮНЕСКО сарҳалқайи ойинномаашро шикаста аз муколама бо аҳли фазлу дониши кишваре гардан тофт, ки яке аз қадимтарин сарчашмаҳойи тамаддуни ҷаҳонӣ буда, ҳикмати суннатиаш ақлпарасту адлҷӯст!

Ба ғайр аз ин, масъала дигар як ҷиҳати нозук дошт, ки ба одоби шарқӣ рост намеояд. Ҷумҳурии Исломии Ирон дар баробари Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Русия ва Украина яке аз давлатҳое буд, ки бо ибтикори онҳо ЮНЕСКО соли 2010-ро Соли Байналхалқии тақоруби фарҳангҳо эълон кард. Файласуфон дар Теҳрон айнан бо мақсади таҳқиқу татбиқи рукнҳо ва роҳҳойи ба ҳам наздик кардани фарҳангҳойи мухталиф гирди ҳам омада буданд! Пас, ҳукми сиёсатзодаю сиёсатзадайи роҳбарияти ЮНЕСКО ба ҷуз файласуфони Шарқу Ғарбро аз саодати дидор ва гуфтугӯ маҳрум кардан, боз чӣ натиҷайи матлуб дода метавонист? Фақат обрӯйи байналмилалии ин муассисайи сириштан инсонпарвар косту бас!

АЗ ТАҲРИМҲОИ БАЙНAЛМИЛАЛӢ СУДЕ НЕСТ

Ин тарафи кирдори номуносиби ЮНЕСКО, махсусан бар асари таҳрими (санктсия) сиёсию иқтисодие бармалост, ки чанде пеш Шӯройи амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳти фишори Амрико ва ҳамраъйии Русияю Хитой (сабабашро дар торномайи "Викиликс" хонед, ки бо истифода аз навтарин технологияи иртибот сирри сиёсати ҷаҳониро чӯб бар нақора мекунад!) ба Ҷумҳурии Исломии Ирон андохта бад-ин тариқи ботил ӯро баройи "гуноҳи" ҳанӯз собитнашуда ҷазойи байналхалқӣ дода буд. Аслан ҳар гуна таҳрими байналмилалӣ як навъ муҷозоти сартосарии халқу кишвар буда, ба ягон ҳуқуқи байналмилалӣ рост намеояд ва низ на он қадар муассир аст, ки сиёсатмадорони аз кӯчайи ҳаққу ҳуқуқ нагузашта гумон мекунанд. Муҳосирайи иқтисодии Ироқро ба ёд овардан кофист, ки гӯё ба хотири ҷазо додани Саддом Ҳусейн ташкил карда буданд; натиҷааш ҳамин шуд, ки худи Аълоҳазрати худкомро ҷин назад, вале аз касофати хидмати хуконайи "хайрхохони" хориҷӣ  ҳазорон тифлони бегуноҳ қурбон шуданд!

РОҲБАРИ ЮНЕСКО БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?

Як сабаби ба арсайи сиёсатбозиҳо кашида шудани роҳбарияти ЮНЕСКО риоя нашудани қойидаест, ки дар ойинномааш набошад ҳам, дар оғози таърихаш ҳамчун ойинайи ибрат корбаст шуд. Азбаски ин бахши Созмони Милалро ба хотири мусоидат кардан ба рушди илму фарҳанг ва маориф дар миқёси дунё ташкил карда буданд, аз худи мантиқи ин тадбир бармеомад, ки роҳбари чунин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ бояд худаш шахсияти барҷастаю шинохтае бошад аз аҳли илму фарҳанг, бархурдор аз обрӯю эътибори ҷаҳонӣ. Аз ин рӯст, ки олими дунёшинохта Ҷулиан Ҳакслиро нахустин Райиси ЮНЕСКО таъйин карда буданд. Мутаассифона, минбаъд курсии баланди раис ба талошгоҳи дипломатҳойи мансабпарасту сиёсатмадорони ҷоҳталаб табдил ёфт, ки ба камоли матлуби ЮНЕСКО беасар набуду нахоҳад буд.

Бо вуҷуди ин моро набоястӣ ба рафтори ҳакиме тақлид кардан, ки бо забони Ҳофиз гӯям, ба "шӯъбадайи чархи ҳуққабоз" ситеза карда, "ҳангома бозчиду дари гуфтугӯ бибаст"...

ШОҲ ЛИР МУРД! ЗИНДА БОД ФАЛСАФА!

Тақдири таърихии фалсафаро баъзан ба сарнавишти подшоҳи ривоятии Британия Леир ташбеҳ медиҳанд, ки тавассути "Шоҳ Лир" ном фоҷиайи иҷтимоию ахлоқии Уилям Шекспир  маъруфу машҳур шудаст. Мояи муқойиса ин аст; ба мисли қаҳрамони асотирии мо Кайхусрав, ки тарки мулк гуфта ҷаҳонро ба умарояш қисмат карда буд, қаҳрамони бадеии Шекспир низ дар пиронсолӣ давлаташро миёни духтаронаш бахш карда, охир худаш бенавою бечора гашт. Ва аммо баъд ин ташбеҳ мелангад: Лирро ду духтари калониаш ба биёбон ронда буданд ва ӯ ба сахтӣ ҷон дод, фалсафа бошад, ҳанӯз зинда аст! Фарзандони маънавиашро низ аз хонааш нарондааст; онҳо алоқадри камолашон аз хонаводаашон баромада рафта бошанд ҳам, ҳеҷ кадом тарки алоқайи қаробат накарда...

Аз ин ҷиҳат фалсафаро ба падар не, балки ба модар ташбеҳ додан ба воқеияти таърихӣ наздиктар мебуд. Решайи ҷамеи илму фанҳойи бунёдӣ (аз физикаю биология гирифта то  антропологияю сотсиология) аз сарчашмайи тафаккури аҳди қадим об мехӯрад; ҳамагӣ дар хоки маънавии фалсафа рӯйида дар домани фарохаш ба камол расидаанд.

Дар "Ахлоқи Носирӣ" омада, ки "ҳикмат дар урфи аҳли маърифат иборат аст аз донистани чизҳо". Ин ҷо муайян кардан муҳим бувад, ки фалсафайи онвақта (садайи XIII) донистани маҳз кадом чизҳоро мавзуйи худ қарор дода буд. Азбаски Насириддини Тӯсӣ узви мактаби шарқии машшоъ буд,  ба осори яке аз бунёдгузорони ин мактаб Абӯалии Сино рӯ овардан салоҳи кор аст. Дар "Донишнома" Шайхурраис "ҳар илмеро чизе ҳаст, ки андар он илм аз ҳоли вай огоҳӣ ҷӯяд" мегӯяд ва зимнан улуму фунуни замонашро тасниф мекунад. Аз нигоштайи эшон бармеояд, ки аз назари пайравони Арасту андарёфти тамоми ашёи маръӣ ва номаръӣ, аз ҷумла моваройи  олами кавну фасод, мавзӯйи фалсафа будаст. Ҳикмат ҷумла бахшҳойи донишро фаро мегирифт - аз илми худ ва илми тадбири хона сар карда то илми фарҳангу риёзат, аз илми ҳайъати олам ва илми мусиқӣ гирифта то илми ҳиял ва "илми он чӣ сипаси табиат аст". (Аз ин ҷиҳат дар симойи ҳаким муҷассам шудани файласуф ва табиб, ки аз рӯйи ихтисосашон ягон майлу манфиати муштарак надоранд, далели таърихиест зоҳиран мавҳум, вале ботинан мафҳум.)

ФАЛСАФА ШОҲИ ПАРОКАНДАЛАШКАР ШУД

Хулосайи калом, дар тайи беш аз ду ҳазор сол (то оғози садайи XYI милодӣ) фалсафа аз рӯйи маҷоз уммулъулум (модари илмҳо) буду аз рӯйи ҳақиқат ҳикмати шомила. Фалсафа, чун сойири модарони меҳрубон, хосса модари серфарзанди тоҷик, тифлҳояшро дар оғӯши гарму нармаш тарбия кард. Ва ҳам акнун, вақте ки фарзандони ба камол расидааш худ соҳиби хонаву дар шудаанд, дар ҳаққи набераву абераҳояш ҳам пайваста ғамхорӣ мекунад...

Дар замони мо доирайи маънии мафҳуми "файласуф" ба ҳадди назаррас танг шуд. Гузашт замоне, ки файласуф ба унвони фарохназартарин  донишманди давру даҳр на фақат калиди рози Коинотро аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал дар даст дошт, балки инчунин  роҳи аз банди ҳар макру ҳиял берун ҷастанро низ медонист. Акнун файласуф, мисли ховаршинос  ё таърихнигор, соҳибтахассус шудаст, яъне ки тамоми дониши андӯхтайи фалсафаро дарбар намегирад ва ё ҳамайи соҳаҳояшро баробар намедонад; маъмулан вай мутахассиси ягон соҳайи алоҳидайи фалсафа (метафизика, эпистемология, историософия ва монанди инҳо), равия ё ҷараёни фалсафӣ (калом ё тасаввуф), ягон даврайи муайяни таърихи фалсафа (аҳди бостон, асрҳойи миёна ва ҳоказо), донандайи фалсафайи ягон минтақа ё кишвар (он ҳам мансуб ба даврайи мушаххаси таърихӣ ё бӯъди муайяни афкори фалсафӣ, масалан, афкори ахлоқии Ирони Бостон ва ё фалсафайи таърих дар Ҳиндустони асрҳойи миёнагин)  ё осори ягон файласуф (фаразан, Абӯалии Сино ё Носири Хисрав) мебошад.

Аз нимайи дуйӯми садайи гузашта сар карда дарахти дониш ниҳоятдараҷа шоху барг паҳн карда, падидаеро тавлид кард, ки дар роҳравҳойи илмӣ "каррии ихтисосзадагӣ" ё ҳатто "ҳафтафаҳмии ҳирфайӣ" (кретинизми профессионалӣ) меноманд. Акнун кор то дараҷае расид, ки фаслгаройӣ (дифференсиатсия) фалсафро ҳам фаро гирифта "илми илмҳо"-ро ба шоҳи парокандалашкар табдил дод.

МУРОД АЗ МУЛОҚОТИ ОЛИМОН ЧИСТ?

Дар натиҷа томият ё ваҳдати фалсафа аз ҷиҳати ҳам мавқеъ ё бӯъди назар ва ҳам мавзӯъ ё ҳадафи андеша қариб аст, ки аз байн равад. Возеҳу равшан бувад, ки дар чунин шароит фалсафайи муосир ба унвони ҷаҳонбинии илмӣ нақши иҷтимоияшро, чунон ки  бояду шояд, иҷро карда наметавонад. Аз ин ҷиҳат созмон додани вохӯриҳо, ҷамъомадҳо, конфронсу кунгураҳо, ба вижа дар сатҳи байналмилалӣ, ки хушбахтона кайҳо одат шудаст, бисёр муҳимму муфид бувад. Масъала фақат болойи низому тарзи ташкил кардани чунин гирдиҳамойиҳост, вагарна ҳам лаъл ба даст намеояду ҳам ёр меранҷад!

Асл инҷост, ки тартибу тариқи созмондиҳии кунгураҳойи ҷаҳонии файласуфон кӯҳна шудаст -- айни усули кунгураву конфронсҳойи мутахассисони илмҳой таърих, ховаршиносӣ ва сиёсатшиносӣ, ки низ дар ҷодайи фаслгаройӣ даступо мезананд. Дар воқеъ, умдайи мурод аз вохӯриҳойи олимон худаш чист? Магар фақат шиносоии шахсӣ, хариду фурӯши китобҳо, иштирок дар бозори заҳмати ақлонӣ ва ё ба истилоҳ туризми илмист? Умдайи нияти ҷамъомади илмӣ мубодилайи афкор, тақвим ва таъмими дараҷайи амиқрафту вусъати дониш ва дар ин замина арзёбӣ кардани чашмандози рушди минбаъдайи ӯст.

Мутаассифона, барномайи кори анҷумани фалсафии Теҳрон низ аз як масъалайи мушаххасу муштарак иборат набуд; мавзӯъйи асосии ҷамъомадро "Фалсафа: назария ва амалия" унвон кардаанд, ки воқеан тамоми таърихи сеҳазорсолайи илму ҳикматро фаро мегирад. Дуруст аст, ки онро ба қисмҳо ҷудо карда ба шаш ҷаласа (панел) ихтисос додаанд. Вале ягон панели ҷузвӣ  суханронии куллие надошт, ки проблемаҳойи муҳимму мубрами соҳайи мазкури таҳқиқоти фалсафиро таснифу таҳлил ва таъмим намуда самтҳойи таҳқиқи минбаъдаро таъйин ва таъйид карда бошад. Албатта дур нест, ки чунин тариқи масъалагузориро қаблан ЮНЕСКО тарҳрезӣ карда бошад.

"РӮЗИ ФАЛСАФА" ВА "ҲАФТАИ ВАҲДАТИ ДОНИШ"

Мавзӯйи умдайи ҳамойиши навбатии файласуфони ҷаҳонро дарТеҳрон "Тақоруби фарҳангҳо" унвон карда бӯъдҳойи муштарак ва мушаххаси онро ба муҳокимайи ҳамагон гузошта ба муколамайи гуногунҷиҳата пардохтан айни муддао мебуд. Баройи чунин тариқи корбандӣ ду сабаб буд. Аввалан, соли гузашта "Рӯзи байналмилалии фалсафа" дар чаҳорчӯби "Соли тақоруби фарҳангҳо" баргузор шуд. Сониян, мавзӯйи мазкур идомайи барномайи "Гуфтугӯйи тамаддунҳо" мебуд, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Исломӣ ба арсайи байналмилалӣ баромада мавриди таваҷҷӯҳи аҳли маърифат ва арбоби сиёсат қарор гирифт.

Акнун ҳар сол дар "Рӯзи байналхалқии фалсафа" гузаронидани анҷумани ҷаҳонии аҳли ҳикмат расмӣ шудаст, ки албатта мӯҷиби хушнудист. Вале дар айни замон дигар суннати илмӣ ҳам барҷост; аз ибтидойи садайи гузашта ин ҷониб панҷ сол дар миён кунгурайи умумиҷаҳонии файласуфон низ баргузор мегардад. Ин ду ҷамъомади фалсафиро ҳам аз рӯйи мавзӯъ ва ҳам аз ҷиҳати тариқи созмондиҳӣ ташхис кардан даркор аст, вагарна онҳо якдигарро беқурб хоҳанд кард.

"Рӯзи фалсафа"-ро ба "Ҳафтайи ваҳдати дониш" табдил дода, ба он на фақат файласуфон, балки инчунин донишмандонеро низ даъват кардан салоҳи кор аст, ки дар буридангоҳи илму фанҳойи мушаххас ва фарҳангу тамаддунҳо таҳқиқот мебаранд, пеш аз ҳама фарҳангшиносон ва диншиносонро. Бино ба муроҷиатномайи райиси собиқи ЮНЕСКО (Кочийро Матсууки), ки ба муносибати ҷамъомади навбатии файласуфон (2004) интишор ёфта буд, мурод аз баргузор кардани "Рӯзи байналмилалии фалсафа" мусоидат кардан ба тааммули масъалаҳойи куллиест, ки ҷомеайи муосир рӯбарӯ мешавад. Лекин баройи он ки тааммули фалсафии масъалаҳойи мазкур натиҷайи матлуби илмӣ диҳад, ҳар сол бояд танҳо як мавзуйи доғи рӯзу рӯзгор интихоб шавад ва ҷиҳатҳойи мухталифи он дар маҳфили васейи мутафаккирон мавриди муҳокимаву мулоҳизайи ҳаматарафа қарор гирад. Дар ин маврид ҳам панҷ ангуштро якбора ба даҳон андохтан нашояд. Вагарна анҷумани файласуфони гуногунихтисос ба сони ҷамъомади ҳамсароёни кар бесуду бесамар хоҳад буд. Ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ:

Муродеро зи аввал то надонӣ,

Куҷо дар охираш ҷустан тавонӣ...

Акбари Турсон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97